“Мухолиф мувофиқ мешавад, вале мунофиқ…”

Посухи Муҳаммадсаид Ризоӣ, Узви Раёсати Олии ҲНИТ, Раиси шуъбаи фарҳанг ва иршод ба номаи ахири Абдуллоҳ Раҳнамо

Ҷаноби оқои Абдуллоҳи Раҳнамо!

Ассалому алайкум.

Бандаи камина бо ин ёддошт, на мехоҳам шуморо ба хотири ҷонибдориатон аз ҳукумат маҳкум ва айбдор кунам, зеро ин ихтиёри шумост, ва на мехоҳам дар бораи дидоре, ки бо собиқ сафири Эрон дар Тоҷикистон дар Бомиёни Давлати Исломии Авғонистонд доштаед ва чӣ сӯҳбатҳое байни шумо ва ӯ радду бадал шудааст изҳори назар кунам, ин марбут аст ба шумо ва он сафир. Балки мехоҳам дар бораи чанд матлабе, ки дар мақолаи ахиратон хитоб ба эшон навиштаед ва мустақиман ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон марбут аст, бо шумо сухан бигӯям.

1) Матлаби аввал ин ки дар ҳар ҷое, ки ифои вазифа менамоед ва хидмат мекунед, барои Худо, Ватан ва Миллат бошад, на ба хотири ягон ғарази дигар. Имрӯз ҳам, ки дар хидмати ҳукумати кунунӣ сахт камар бастаед ва коршиносӣ мекунед, умедворам “холисона” бошад, на ба хотири он ки дар яке аз майдонҳои пойтахт бароятон “муҷассамаи симин” насб кунанд. Зеро агар хидмат холисона набошад, оқибаташ ин мешавад, ки вақте шароит иваз шуд, одам ҳар чӣ қадр “донишу эътибор” ҳам дошта бошад иваз мешавад ва рӯи рост суханони дурӯғ мебофад, ҳамон тавре ки ба ҲНИТ имрӯз ошкоро дурӯғ мебофед, ки дар идомаи сӯҳбат ба он ишора мекунам.

2) Шумо дар бахше аз номаатон ба оқои Сайидрасули Мӯсавӣ навиштаед: “Аз куштори 17 ҳазор нафардар табааи 70 миллионии ҶИЭ ёдрас шудаву дастандаркорони ин амалҳоро террорист меномед, лекин афсӯс, ки дасти дигар гурӯҳи террористӣ, яъне ҲНИТ-ро дар қурбон шудани 150 ҳазор нафар фарзандони як миллати дар ҳамон рӯзҳои сахт 6 миллиона қабул надоред.”

Шумо бо ин суханатон, гуфтанӣ ҳастед, ки 150 ҳазор нафар қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ, ҳама ба дасти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон будааст! Намедонам, оё Шумо худатон ба ин сухан бовар доред? Яъне, воқеан ин рақам шуҳадо ҳама ба дасти ҲНИТ кушта шудаанд? Мутмаиннам, ки худи Шумо ба ин бовар надоред.

Аммо фарз кардем (ба фарзи маҳол) ин суханатон рост аст ва он ҳамаро ҲНИТ куштааст. Дар ин сурат, оё медонед Шумо бо ин сухан дар навбати аввал худатонро маҳкум кардаед, на каси дигареро? Зеро дар он рӯзгор – яъне замоне, ки гӯё ҲНИТ кораш фақат қатлу куштор будааст! – шумо як узви боризи ИНОТ маҳсуб мешудед; боре дар канори марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р) қарор гирифта будед ва бори дигаре зери боли устод Тӯраҷонзода. Оё ҷурме болотар аз ин қобили тасаввур аст, ки одам бо узвият (он ҳам як узви барҷаста) дар як гурӯҳи “террористӣ”, шарики ҷиноятҳои он гурӯҳ дар қатли 150 ҳазор нафар бошад?

Агар ин суханатон рост бошад, ки: “Агар рӯйхати ҳама амалҳои террористӣ, ҷиноятҳои содирнамудаи ҲНИТ ва сарварону аъзоёни ин ташкилоти террористӣ оварда шаванд, навишта то садҳо саҳифа тӯл мекашад”, дар ин сурат, Шумо дар канори сарварону аъзоёни ин гурӯҳ чӣ “ғалат” мекардед?!

Дар ҳоле, ки худатон медонед, ин ҳарф як дурӯғи ошкор аст. Ман рӯзҳоеро ба ёдатон меоварам. Ёдатон ҳаст, ману шумо дар канори ҳам будем, дар назди бинои шаҳрдорӣ, бинои кории шодравон Мақсуд Икромов, замоне, ки он бино “Қасри Сафед” ном гирифт ва дар он рӯз устодон, донишмандон, санъаткорон, мардуми оддӣ, пиру ҷавон, хоҳарону бародарон ва тамоми озодихоҳон, ки барои истиқлоли кишвари худ эҳсоси хатар мекарданд, гирди ҳам ҷамъ омада буданд. Шумо бо сурудани ашъори ҳамосаии худ ҳамаро ташвиқ мекардед. Он ибораҳои шево, баёни ҷаззоб ва боангезаи шумо, ки ба ҳама руҳия мебахшид, ҳанӯз ёдамон ҳаст. Ва медонед, ки он гирдиҳамоӣ, дар баробари мухолифони истиқлоли Тоҷикистон -ки дар майдони Озодӣ, рӯ ба рӯи бинои Шурои Олӣ ҷамъ омада буданд- шакл гирифта буд. Мову Шумо ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор озодихоҳи дигар, ангезае ҷуз ҳимоят аз озодӣ ва истиқлоли кишварамон надошем ва дар баробари касоне истода будем, ки шиъорашон “Нест бод озодӣ!”, “Нест бод ислом!”, “Ношигрии СССР бзанатон!” буд.

Хуб ёдатон ҳаст, ки харобкорон ва омилони қатлу куштори тоҷикон, маҳз аз миёни анаҳамин мухолифони истиқлоли кишвар ва гӯяндагони “Ношигрии СССР бзанатон!” бархост. Онҳо буданд, ки ба беназмӣ ва бо роҳ андохтани мавҷҳое аз қатлу куштор, даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳро водор ба ҳиҷрат ба Афғонистон намуданд, аз ҷумла худи Шумо ҳамон айём чорае ҷуз ҳиҷрат ба Афғонистон надоштед, вагарна ба дасти он ҷиноятпешаҳо (нафари 150 ҳазору якӯм) шаҳид мешудед!

Оё воқеият ғайр аз ин аст ҷаноби Раҳнамо?! Оё ин воқеиятҳо метавонад аз ёдҳо фаромӯш шавад?! Агар бо иваз шудани шароити замона таҳриф ҳам шаванд, таърих ҳақиқати онҳоро дар худ барои баъдиҳо нигоҳ медорад.

Биноан, шумо бо кадом рӯй ва кадом далел, ошкоро ҲНИТ-ро дар қатлу куштори 150 ҳазор шаҳиди ин сарзамин муттаҳам мекунед?

Инсон мумкин аст барои расидан ба мақому мансаб, ба ҳар коре ҳозир шавад, вале набояд инсони шариф, шараф ва виҷдонашро фурӯшад, сарфи назар аз ин, ки чӣ шароите ба сари ӯ меояд.

3) Роҷеъ ба “террористӣ” эълон шудани ҲНИТ аз тарафи Суди Олӣ пас аз моҷарои генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода, Шумо дар айни ин ки эътироф мекунед, “аз баъзе ҷузъиёти ҳукми ҲНИТ” огоҳ набудаед, вале бо тамоми пуррӯӣ ҳукми Суди Олиро мепазиред ва дар тавҷеҳи он мегӯед: “Эътироф накардани ҳукми Суди Олии кишвар ба маънои эътироф надоштани тамоми низоми давлатӣ ва инкори худи давлат аст. Ин аст фаҳмиш ва фарҳанги ҳуқуқии мо.”

Зоҳиран Шумо чашмпушӣ кардаед, ки ин додгоҳ чӣ гуна баргузор шуд. Оё гузориши ҷузъиёти ин додгоҳ то кунун расонаӣ шуд? Оё касе аз он огоҳ шудааст? Оё “муттаҳамон” тӯҳматҳои воридшуда ба худро қабул карданд ё рад намуданд? Ба илова, оё фаромӯшатон шуд, ки чӣ балое ба сари вакилони дифоъи “муттаҳамон” оварда шуд? Дар ҳоли ҳозир абармардон, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Махкамов куҷоянд?

Биноан, оё қабули “тамоми низоми давлатӣ” ба ин маъност, ки агар Суди Олӣ золимона ва хориҷ аз меъёрҳои одилона, қарор қабул кунад, бояд онҳоро бипазиред?

Фарз кунед, фардо яке аз наздикони шуморо бе ҳеч далел маҳкум кунанд ва ба зиндон андозанд ва террорист эълон намоянд, оё бояд қарори онро бипазиред?

Бинобар ин, баҳс дар ин миён, дар пайравӣ аз қонун ва ин ки бояд инсон аз қонун итоъат кунад нест, балки дар қарори ғайриодилона ва сиёсии Суди Олист? Ҳар касе қарори Суди Олиро ғайриодилона бидонад, ба маънои он нест, ки ӯ пайрави қонун набудааст. Ин дуро набояд ҷаноби коршинос ба ҳам омехта кунанд.

4) Ростӣ, пеши донишу коршиносии Шумо дар хиҷолатам. Мегӯед: “Созмони ҳамкории Шанхай Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба Феҳристи ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ин созмон манъшуда ворид намудааст. Бар хилофи баъзе инкорҳои таблиғотӣ, ин қарори СҲШ дар сомонаи сохтори зиддитеррористии он эълон шудааст”.Сипас бе он ки дар ин матлаб таҳқиқ карда бошед, менависед: “Шумо метавонед бо нишонии http://ecrats.org/ru/news/6910 муроҷиат фармоед. Ин феҳрист бар пояи мувофиқаи расмию хаттии тамоми кишварҳои узв тартиб ёфта, эътироф ва риояти он барои тамоми давлатҳои узви СҲШ ҳатмист.”

Бароятон тавсия мекунам, ки як бор мунсифона дар ин хусус таҳқиқ кунед, ки дар он сурат хоҳед фаҳмид, ин иддаои шумо чӣ қадр хандаовар аст! Хоҳед фаҳмид, ки ин санад оё санаде қабулшуда аз тарафи аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аст ё пешниҳод аз тарафи яке аз аъзои ин созмон?!

5) Дар поён як тавсия бародаронаи дигар “аз сари ахлоқи тоҷикию мусулмонӣ” дар баҳои давроне, ки бо ҳам будем бароятон мекунам. Ҳаргиз дар қазоватҳо саросема нашавед, дурро бубинед, на пеши поятонро. Устод Рустами Ваҳҳоб сухани ҳакимонае доранд: “Мухолиф мувофиқ мешавад, вале мунофиқ…” Дур нест рӯзе мухолифу мувофиқ бо ҳам тавофуқ кунанд. Дар он миён, боз ҳамон касоне, ки аз ҷоддаи инсоф берун рафтаанд, дар хиҷолатанд..

Муҳаммадсаид Ризоӣ

Узви Раёсати Олии ҲНИТ

Раиси шуъбаи фарҳанг ва иршод

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: