Худошиносӣ ва тавҳид дар Маснавӣ (2)

Бахши дуввум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳилми Худованд

Баҳри густохии шӯхи ғаррае

Ҳилмҳо дар пеши ҳилмат заррае.

* * *

Муқоисаи ҳилми Худо ва инсон

Сад падар, сад модар андар ҳилми мо

Ҳар нафас зояд, дарафтад дар фано.

Ҳилми эшон каффи баҳри ҳилми мост,

Каф равад, ояд, вале дарё баҷост.

Худ чӣ гӯям? Пеши он дурр ин садаф

Нест илло каффи каффи каффи каф.

* * *

Ҳилми Худованд лағзишҳои бандагонро мепӯшонад, ва чун бандае густохиро ба авҷ расонд, расвояш мекунад.

Ҳилми Ҳақ гарчи мувосоҳо кунад,

Лек чун аз ҳад бишуд, пайдо кунад.

* * *

Карим будани Худованд

Карим касест, ки ато ва бахшиши ӯ бидуни ғараз ва иваз бошад.

Хилъати ҳастӣ бидодӣ ройгон,

Ман ҳамеша мӯътамад будам бар он.

* * *

Ту магӯ моро бад-он шаҳ бор нест,

Бо каримон корҳо душвор нест.

* * *

Ҳар яке гӯяд ба ҳангоми саҳар,

Чун зи батни ҳути шаб ояд ба дар,

К-эй кариме, ки дар он лаъли ваҳиш

Ганҷи раҳмат бинҳиву чандин чашиш.

* * *

Карим будани Худованд дар ҳамаи ҳастӣ таҷаллӣ кардааст

Шаш ҷиҳат олам ҳама икроми ӯст,

Ҳар тараф, ки бингарӣ, аъломи ӯст.

* * *

Карим будани Худованд, бандагонро ба сӯи олами илоҳӣ мехонад

Ё намедонӣ карамҳои Худо,

К-ӯ туро мехонад он сӯ, ки биё.

* * *

Карим будани Худо одамиро ба камол умедвор мекунад

Мева гар кӯҳна шавад, то ҳаст хом

Пухта набвад, ғӯра гӯяндаш ба ном.

Гар шавад садсола он хоми туруш,

Тифлу ғӯра-ст ӯ бари ҳар тезҳуш.

Гарчи бошад мӯву риши ӯ сапед,

Ҳам дар он тифлии хавф асту умед,

Ки расам? Ё норасида мондаам?

Эй аҷаб, бо ман кунад карм он карам?

Бо чунин ноқобиливу дурие,

Бахшад ин ғӯрай маро ангурие?

Нестам уммедвор аз ҳеч сӯ

В-он карам мегӯядам: “ло тайъасу”.

* * *

Гуфт: эй Мӯсо! Биёмӯзаш, ки мо

Рад накардем аз карам ҳаргиз дуъо.

* * *

Маънии карим будани инсонҳо ва ҷовидонагии карим

Пас карим он аст, к-ӯ худро диҳад

Оби ҳайвоне, ки монад то абад.

“Боқиётус-солиҳот” омад карим,

Раста аз сад офату ахтору бим.

* * *

Карим будани Худо, инсонро ба омурзида шудан умедвор мекунад

Будам уммеде ба маҳзи луфти ту,

Аз варои рост бошӣ, ё уту.

Бахшиши маҳзе зи лутфи беиваз,

Будам уммед, эй карими беғараз!

* * *

Радду қабули дуоҳои бандагон аз карим будани Худост

Худованд дуоҳое, ки ба маслиҳати ҳақиқии банда бошад иҷобат мекунад ва дуоҳое, ки ба хайри онон нест, иҷобат намерсонад.

Шукр Ҳақро, к-он дуъо мардуд шуд,

Ман зиён пиндоштам, он суд шуд.

Бас дуъоҳо, к-он зиён асту ҳалок

В-аз карам менашнавад Яздони пок.

* * *

Эътиқод ба Худо агар дар аъмол ва рафтори инсон асар нагузорад, арзише надорад

Гар бипурсӣ габрро, к-ин осмон

Офаридай кист в-ин халқу ҷаҳон?

Гӯяд ӯ, к-ин офаридай он Худост,

К-офариниш бар худоияш гувост.

Куфру фисқу истами бисёри ӯ

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори ӯ?

Ҳаст лоиқ бо чунин иқрори рост

Он фазиҳатҳову он кирдори кост?

Феъли ӯ карда дурӯғ он қавлро,

То шуд ӯ лоиқ азоби ҳавлро.

* * *

Танзеҳи Худо аз навоқиси махлуқот

Мо барӣ аз поку нопокӣ ҳама,

Аз гаронҷониву чолокӣ ҳама.

* * *

Домани ӯ гир, эй ёри далер!

К-ӯ муназзаҳ бошад аз болову зер.

На чу Исо сӯйи гардун бар шавад,

На чу Қорун дар замин андар равад.

* * *

Остона-в садр дар маънӣ куҷост?

Мову ман, к-ӯ он тараф, к-он ёри мост?

Эй раҳида ҷони ту аз мову ман,

Эй латифай рӯҳ андар марду зан.

* * *

Ин ҳама ҳасту биё, эй амри “кун”,

Эй муназзаҳ аз биёву аз сухун.

* * *

Фоили мутлақ яқин бесурат аст,

Сурат андар дасти ӯ чун олат аст.

* * *

Аз ту, эй бенақши бо чандин сувар,

Ҳам мушаббеҳ, ҳам муваҳҳид, хирасар.

* * *

Худованд муназзаҳ аз иллият аст

Мавлоно робитаи Худо ва мавҷудотро бар мабнои иллият напазируфтааст. Зеро миёни иллат ва маълул синхият ва баъзан муҷонасат барқарор аст, ҳол он ки ҳеч чиз мисл ва ҳамсинхи Худованд нест. Албатта, ин дидгоҳ аз назари ҳукамо мардуд аст.

Он ки бетаълим буд нотиқ, Худост,

Ки сифоти ӯ зи иллатҳо ҷудост.

* * *

Чор табъу иллати уло наям,

Дар тасарруф доимо ман боқиям.

Кори ман беиллат асту мустақим,

Ҳаст тақдирам на иллат, эй сақим!

* * *

Худованд табдилкунанда аст

Мубаддил яке аз асмои Худованд аст. Худованд ҳамаи ҳастиро он ба он таҳаввул мебахшад. Ҳам падидаҳои маҳсуси табииро дар масири такомул қарор медиҳад ва ҳам аҳволи руҳии инсонро иртиқо мебахшад ва ҳамчунин гуноҳони бандагонро ба ҳасанот ва некиҳо дигар месозад.

Эй мубаддал карда хокеро ба зар,

Хоки дигарро бикарда булбашар.

Кори ту табдили аъёну ато,

Кори ман саҳв асту нисёну хато.

Саҳву нисёнро мубаддал кун ба илм,

Ман ҳама хилмам, маро кун сабру ҳилм.

Эй ки хоки шӯраро ту нон кунӣ,

В-эй ки нони мурдаро ту ҷон кунӣ.

Эй ки ҷони хираро раҳбар кунӣ

В-эй ки бераҳро ту пайғамбар кунӣ.

* * *

Гар хато гуфтем, ислоҳаш ту кун,

Муслиҳӣ ту, эй ту султони сухун.

Кимиё дорӣ, ки табдилаш кунӣ,

Гарчи ҷӯйи хун бувад, Нилаш кунӣ.

Инчунин миногариҳо кори туст,

Инчунин иксирҳо асрори туст.

Оброву хокро бар ҳам задӣ,

З-обу гил нақши тани Одам задӣ.

* * *

Чун мубаддал мекунад ӯ саййиот,

Тоатеаш мекунад рағми вушот.

З-ин шавад марҷум шайтони раҷим

В-аз ҳасад ӯ битрақад, гардад дуним.

Ӯ бикӯшад, то гуноҳе парварад,

З-он гунаҳ моро ба чоҳе оварад.

Чун бибинад, к-он гунаҳ шуд тоате,

Гардад ӯро номуборак соате.

* * *

Ҷабборияти Худованд

Ҷаббор яке аз асмои Худованд аст ба маънии шикастабанд. Решаи ин исм “ҷабр” аст ва ҷабр ба маънии ислоҳи чизе тавъам бо қаҳру ғалаба аст. Инки ба Худованд ҷаббор гӯянд, бад-ин хотир аст, ки Ҳақ Таъоло бо ифозаи мудоми худ нақоиси вуҷудии мавҷудотро ҷуброн мекунад, зеро агар ифозаи вуҷудии Ҳақ Таъоло набошад, мавҷудот ба адами маҳз мераванд. Мавлоно мегӯяд, ҷабборияти илоҳӣ аз он рӯст, ки ибтидо вуҷуди мавҳум ва ваҷҳи козиби башариро маҳв мекунад ва он гоҳ бо бақои худ ӯро пайванд мезанад ва ба ҳастии ҳақиқӣ мерасонад.

Чун шикастабанд омад дасти ӯ,

Пас руфӯ бошад яқин ишкасти ӯ.

Гар ту ӯро бишканӣ, гӯяд: “Биё,

Ту дурусташ кун”, надорӣ дасту по.

Пас шикастан ҳаққи ӯ бошад, ки ӯ,

Мар шикастагаштаро донад руфӯ.

Он кӣ донад дӯхт, он донад дарид,

Ҳар чиро бифрӯхт, некӯтар харид.

Хонаро вайрон кунад зеру забар,

Пас ба як соат кунад маъмуртар.

Гар яке сарро бибуррад аз бадан,

Садҳазорон сар барорад дар заман.

* * *

Ҷабборияти Худованд, мӯҷиби нафйи ихтиёри одамӣ нест

Мавлоно мӯътақид аст, ки вақте банда ба ваҷҳи ҷабборияти илоҳӣ дарменигарад, ҷамиъи илал ва асбобро соқит мешумурад ва ҳар феълеро мустақиман бад-ӯ мансуб медорад. Ва ин бо ҷабри мусталаҳ тафовут дорад, чунончи оёти Қуръони Карим низ ба каррот бад-ин сон сухан гуфтааст.

Ту зи Қуръон бозхон тафсири байт,

Гуфт Эзид: “Мо рамайта из рамайт”.

Гар бипарронем тир, он на зи мост,

Мо камону тирандозаш Худост.

Ин на ҷабр, ин маънии ҷабборӣ аст,

Зикри ҷабборӣ барои зорӣ аст.

* * *

Поёни мақола

* * *

Қисмати аввали мақола

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Бишнав аз най..., Ислом, Маснавии Маънавӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: