Ислом ва Эронзамин (54)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (17)

Фиқҳ ва фақоҳат (3)

25) Мулло Муҳаммадбоқири Сабзаворӣ, маъруф ба Муҳаққиқи Сабзаворӣ. Аҳли Сабзавор буда ва дар мактаби Исфаҳон, ки ҳам мактаби фиқҳӣ буд ва ҳам фалсафӣ парвариш ёфта ва аз ин рӯ ҷомеъи маъқулу манқул будааст. Номи ӯ дар китобҳои фиқҳӣ зиёд бурда мешавад. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ яке ба номи “Захира” ва дигаре ба номи “Кифоя” аст. Ва чун файласуф ҳам будааст, бар “Илоҳиёти Шифо”-и Абӯалӣ Сино ҳошия навишта. Дар соли 1090 даргузаштааст. Муҳаққиқи Сабзаворӣ назди Шайх Баҳоӣ ва Маҷлисии Аввал таҳсил кардааст.

26) Оқоҳусайни Хонсорӣ, маъруф ба Муҳаққиқи Хонсорӣ. Ӯ низ дар мактаби Исфаҳон парвариш ёфта ва ҷомеъи маъқулу манқул аст. Шавҳархоҳари Муҳаққиқи Сабзаворӣ аст. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Машориқуш-шумус” аст, ки шарҳи китоби “Дурус”-и Шаҳиди Аввал аст. Муҳаққиқи Хонсорӣ дар соли 1098 даргузаштааст. Ӯ бо Муҳаққиқи Сабзаворӣ муосир аст ва ҳамчунин бо Мулло Муҳсини Файзи Кошонӣ ва Мулло Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ, ки ҳар ду аз акобири муҳаддисин ба шумор мераванд.

27) Ҷамолулмуҳаққиқин, маъруф ба Оқоҷамоли Хонсорӣ фарзанди Оқоҳусайни Хонсории собиқуззикр аст. Монанди падар ҷомеъи маъқулу манқул аст. Ҳошияи маъруфе дорад бар Шарҳи Лумъа ва ҳошияи мухтасаре дорад бар “Табииёти Шифо”-и Бӯалӣ, ки дар ҳошияи “Шифо”-и чопи сангии Теҳрон чоп шудааст. Оқоҷамол бо ду восита устоди Сайид Муҳаммади Баҳрулулум аст, зеро ӯ устоди Сайид Иброҳими Қазвинӣ аст ва ӯ устоди писараш Сайид Ҳусайни Қазвинӣ аст ва Сайид Ҳусайни Қазвинӣ яке аз асотиди Баҳрулулум аст.

28) Шайх Баҳоуддини Исфаҳонӣ маъруф ба “Фозили Ҳиндӣ”. Ин мард “Қавоъид”-и Алломаро шарҳ кардааст ва номи китобаш “Кашфул-лисом” аст ва ба ҳамин муносибат худи ӯро “Кошифул-лисом” мехонанд. Оро ва ақоид ва назариёти ӯ комилан мавриди таваҷҷӯҳи фуқаҳост. Фозили Ҳиндӣ дар соли 1137 дар гирудори фитнаи афғон даргузашт. Фозили Ҳиндӣ низ ҷомеъи маъқулу манқул будааст.

29) Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадакмали Беҳбаҳонӣ, маъруф ба “Ваҳиди Беҳбаҳонӣ”. Ин мард шогирди Сайид Садруддини Разавии Қумӣ шореҳи “Вофия” ва ӯ шогирди Оқоҷамоли Хонсории собиқуззикр аст. Ваҳиди Беҳбаҳонӣ дар давраи баъд аз Сафавия қарор дорад. Ҳавзаи Исфаҳон баъд аз инқирози Сафавия аз марказият афтод. Бархе аз уламо ва фуқаҳо, аз он ҷумла Сайид Садруддини Разавии Қумӣ устоди Ваҳиди Беҳбаҳонӣ дар асари фитнаи афғон ба атабот муҳоҷират карданд. Ваҳиди Беҳбаҳонӣ Карбалоро марказ қарор дод ва шогирдони бисёр бориз тарбият кард. Аз он ҷумла аст Сайид Муҳаммади Баҳрулулум, Шайх Ҷаъфар Кошифулғито, Мирзо Абулқосими Қумӣ (соҳиби китоби “Қавонин”), Ҳоҷ Мулло Маҳдии Нароқӣ, Сайид Алӣ (соҳиби “Риёз”), Мирзо Маҳдии Шаҳристонӣ, Сайид Муҳаммадбоқири Шифтии Исфаҳонӣ маъруф ба “Ҳуҷҷатулислом”, Мирзо Маҳдии шаҳиди Машҳадӣ, Сайид Ҷавод (соҳиби “Мифтоҳул-карома”), Сайид Муҳсини Аъраҷӣ.

Илова бар ин, ӯ муборизаи пайгире кард дар дифоъ аз иҷтиҳод ва мубориза бо ахборигарӣ, ки дар он вақт сахт ривоҷ ёфта буд. Шикаст додани ахбориён ва тарбияти гурӯҳе муҷтаҳиди мубраз сабаб шуд, ки ӯро “Устодул-кулл” хонданд. Ӯ тақворо дар ҳадди камол дошт. Шогирдонаш барои ӯ эҳтироми бисёр амиқе қоил буданд. Ваҳиди Беҳбаҳонӣ насаб ба Маҷлисии Аввал мебарад, яъне аз наводаҳои духтарии Маҷлисии Аввал (албатта ба чанд восита) аст. Духтари Маҷлисии Аввал, ки ҷаддаи Ваҳиди Беҳбаҳонӣ аст ба номи “Омина Бегим” аст. Омина Бегим ҳамсари Мулло Солеҳи Мозандаронӣ буда ва зане фозила ва фақеҳа будааст. Бо он ки ҳамсараш Мулло Солеҳ марде бисёр олим ва фозил будааст, гоҳе Омина Бегим мушкилоти илмии шавҳари фозили худро ҳал мекардааст.

30) Сайид Муҳаммади Баҳрулулум. Шогирди бузург ва бузургвори Ваҳиди Беҳбаҳонӣ аст ва аз фуқаҳои бузург аст. Манзумае дар фиқҳ дорад, ки маъруф аст. Оро ва назариёти ӯ мавриди эътино ва таваҷҷӯҳи фуқаҳост. Баҳрулулум ба иллати мақомоти маънавӣ ва сайру сулуке, ки тай карда фавқулъода мавриди эҳтироми уламои шиъа аст ва “толии маъсум” ба шумор меравад. Каромоти зиёд аз ӯ нақл шудааст. Кошифулғито бо таҳтулҳанаки аммомаи худ ғубори наълайни ӯро пок мекард. Баҳрулулум дар соли 1154 ё 1155 мутаваллид шуда ва дар соли 1212 даргузаштааст.

31) Шайх Ҷаъфар Кошифулғито. Шогирди Ваҳиди Беҳбаҳонӣ ва шогирди ӯ Сайид Муҳаммади Баҳрулулум будааст. Ӯ араб аст ва фақеҳи фавқулъода моҳирест. Китоби маъруфи ӯ дар фиқҳ ба номи “Кашфул-ғито” аст. Дар Наҷаф мезиста ва шогирдони зиёде тарбият кардааст. Сайид Ҷавод (соҳиби “Мифтоҳул-карома”) ва Шайх Муҳаммадҳасан (соҳиби “Ҷавоҳирул-калом”) аз ҷумлаи шогирдони ӯянд. Чаҳор писар дошта, ки ҳар чаҳор аз фуқаҳо будаанд. Кошифулғито муосири Фатҳалишоҳ аст. Дар муқаддимаи “Кашфул-ғито” ӯро мадҳ карда ва дар соли 1228 даргузаштааст. Кошифулғито дар фиқҳ назариёти дақиқ ва амиқ дошта ва аз ӯ ба азамат ёд мешавад.

32) Шайх Муҳаммадҳасан, соҳиби китоби “Ҷавоҳирул-калом”, ки шарҳи “Шаройеъ”-и Муҳаққиқ аст ва метавон онро доиратулмаорифи фиқҳи шиъа хонд. Акнун ҳеч фақеҳе худро аз “Ҷавоҳир” бениёз намедонад. Ин китоб мукаррар чопи сангӣ шудааст ва ахиран бо чопи ҳуруфӣ машғули чопаш ҳастанд ва дар ҳудуди панҷоҳ ҷилди 400 сафҳаӣ яъне дар ҳудуди 20 ҳазор сафҳа хоҳад шуд. Китоби “Ҷавоҳир” азимтарин китоби фиқҳии мусалмонон аст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар сатри ин китоб матлаби илмӣ аст ва мутолеаи як сафҳаи он вақт ва диққати зиёд мехоҳад, метавон ҳадс зад, ки таълифи ин китоби 20 ҳазор сафҳаӣ чӣ қадр нерӯ бурдааст. 30 соли тамом яксара кор кард, то чунин асари азиме ба вуҷуд овард. Ин китоб мазҳари нубуғ ва ҳиммату истиқомат ва ишқу имони як инсон ба кори хештан аст. Соҳиби “Ҷавоҳир” шогирди Кошифулғито ва шогирди шогирди ӯ Сайид Ҷавод (соҳиби “Мифтоҳул-карома”) аст ва худ дар Наҷаф ҳавзаи азиме дошта ва шогирдони зиёде тарбият кардааст. Соҳиби “Ҷавоҳир” араб аст. Дар замони худ марҷаъияти омма ёфт ва дар соли 1266, ки аввалҳои ҷулуси Носируддиншоҳ дар Эрон буд даргузашт.

33) Шайх Муртазо Ансорӣ. Насабаш ба Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ аз саҳобаи бузургвори Расули Худо мерасад. Дар Дизфул мутаваллид шуда ва то 20-солагӣ назди падари худ таҳсил карда ва он гоҳ ҳамроҳи падар ба атабот рафтааст. Уламои вақт, ки нубуғи хориқулодаи ӯро мушоҳида карданд, аз падар хостанд, ки ӯро набарад. Ӯ дар Ироқ чаҳор сол таваққуф кард ва аз маҳзари асотиди бузург истифода кард. Он гоҳ дар асари як силсила ҳаводиси ногувор ба ватани хеш бозгашт. Баъд аз ду сол бори дигар ба Ироқ рафт ва ду сол таҳсил кард ва ба Эрон муроҷиат намуд. Тасмим гирифт аз маҳзари уламои билоди Эрон истифода кунад. Озими зиёрати Машҳад шуд ва дар Кошон бо Ҳоҷ Мулло Аҳмади Нароқӣ (соҳиби китоби “Мустанадуш-шиъа” ва соҳиби китоби маъруфи “Ҷомеъус-саъода”, фарзанди Ҳоҷ Мулло Маҳдии Нароқии собиқуззикр) мулоқот кард. Дидори Нароқӣ азми раҳили ӯро мубаддал ба иқомат кард ва се сол дар Кошон аз маҳзари ӯ истифода кард ва он гоҳ ба Машҳад рафт ва панҷ моҳ таваққуф намуд. Шайх Ансорӣ сафаре ба Исфаҳон ва сафаре ба Буруҷерд рафта ва дар ҳамаи сафарҳо ҳадафаш мулоқоти асотид ва истифода аз маҳзари онҳо будааст. Дар ҳудуди солҳои 1252 ва 1253 барои охирин бор ба атабот рафт ва ба кори тадрис пардохт. Баъд аз соҳиби “Ҷавоҳир” марҷаъияти омма ёфт.

Шайх Ансориро “хотамул-фуқаҳо вал-муҷтаҳидин” лақаб додаанд. Ӯ аз касонест, ки дар диққат ва умқи назар бисёр камназир аст. Илми усул ва биттабъ фиқҳро вориди марҳилаи ҷадиде кард. Ӯ дар фиқҳ ва усул ибтикороте дорад, ки бесобиқа аст. Ду китоби маъруфи ӯ “Расоил” ва “Макосиб” китоби дарсии туллоб шудааст. Уламои баъд аз ӯ шогирд ва пайрави мактаби ӯянд. Ҳавошии мутаъаддид аз тарафи уламои баъд аз ӯ бар китобҳои ӯ зада шуда. Баъд аз Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Алломаи Ҳиллӣ ва Шаҳиди Аввал, Шайх Ансорӣ танҳо касест, ки китобҳояш аз тарафи уламои баъд аз худаш мураттаб ҳошия хӯрдааст ва шарҳ шудааст.

Зуҳд ва тақвои ӯ низ зарбулмасал аст ва достонҳо аз он гуфта мешавад. Шайх Ансорӣ дар соли 1281 дар Наҷаф даргузашта ва ҳамон ҷо дафн шудааст.

34) Ҳоҷ Мирзо Муҳаммадҳасани Шерозӣ, маъруф ба Мирзои Шерозии Бузург. Ибтидо дар Исфаҳон таҳсил кард ва сипас ба Наҷаф рафт ва дар ҳавзаи дарси соҳиби “Ҷавоҳир” ширкат кард ва баъд аз ӯ ба дарси Шайх Ансорӣ рафт ва аз шогирдони бориз ва тирози аввали Шайх шуд. Баъд аз Шайх Ансорӣ марҷаъияти омма ёфт. Дар ҳудуди 23 сол марҷаъи алалитлоқи шиъа буд, ва ҳам ӯ буд, ки бо таҳрими танбоку қарордоди маъруфи истеъморро лағв кард. Шогирдони зиёде дар ҳавзаи дарси ӯ тарбият шуданд аз қабили Охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ, Сайид Муҳаммадкозими Таботабоии Яздӣ, Ҳоҷ Оқоризо Ҳамадонӣ, Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Сабзаворӣ, Сайид Муҳаммади Фишоракии Исфаҳонӣ, Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва ғайри инҳо. Аз ӯ асаре катбӣ боқӣ намондааст, вале аҳёнан бархе ороаш мавриди таваҷҷӯҳ аст. Дар соли 1312 даргузашт.

35) Охунд Мулло Муҳаммадкозими Хуросонӣ. Дар соли 1255 дар Машҳад дар як хонаводаи ғайримаъруф мутаваллид шуд ва дар 22-солагӣ ба Теҳрон муҳоҷират кард ва муддати кӯтоҳе таҳсили фалсафа кард ва сипас ба Наҷаф рафт. Ду сол дарси Шайх Ансориро дарк кардааст, аммо бештари таҳсилоташ назди Мирзои Шерозӣ будааст. Мирзои Шерозӣ дар соли 1291 Сомирроро маҳалли иқомати худ қарор дод, вале Охунди Хуросонӣ аз Наҷаф дур нашуд ва худаш мустақиллан ҳавзаи дарс ташкил дод. Ӯ аз мударрисини бисёр муваффақ аст. Дар ҳудуди 1200 шогирд аз маҳзараш истифода мекардаанд ва дар ҳудуди 200 нафари онҳо худ муҷтаҳид будаанд.

Фуқаҳои асри ахир назири Марҳум Оқо Сайд Абулҳасани Исфаҳонӣ, марҳум Ҳоҷ Шайх Муҳаммадҳусайни Исфаҳонӣ, марҳум Ҳоҷ Оқо Ҳусайни Буруҷердӣ, марҳум Ҳоҷ Оқо Ҳусайни Қумӣ ва марҳум Оқо Зиёуддини Ироқӣ ҳама аз шогирдони ӯ будаанд. Шӯҳрати бештари Охунди Хуросонӣ дар илми усул аст. Китоби “Кифоятул-усул”-и ӯ як китоби дарсии муҳим аст ва ҳавошии зиёде бар он навишта шудааст. Орои усулии Охунди Хуросонӣ ҳамвора дар ҳавзаҳои илмия нақл мешавад ва мавриди таваҷҷӯҳ аст. Охунди Хуросонӣ ҳамон касест, ки фатво ба зарурати машрутият дод ва машрутияти Эрон раҳини ӯст. Ӯ дар соли 1329 ҳиҷрии қамарӣ даргузашт.

36) Ҳоҷ Мирзо Ҳусайни Ноинӣ. Аз акобири фуқаҳо ва усулиюни қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ аст. Назди Мирзои Шерозии собиқуззикр ва Сайид Муҳаммади Фишоракии Исфаҳонии собиқуззикр таҳсил кардааст ва худ мударриси олимақом шуд. Шӯҳрати бештари ӯ дар илми усул аст. Ба муъоризаи илмӣ бо марҳуми Охунди Хуросонӣ бархост ва аз худ назариёти ҷадиде дар илми усул овард. Бисёре аз фуқаҳои замони мо аз шогирдони ӯянд. Ӯ китобе нафис ба форсӣ дорад ба номи “Танзеҳул-умма” ё “Ҳукумат дар ислом”, ки дар дифоъ аз машрутият ва мабонии исломии он навиштааст. Ӯ дар соли 1355 ҳиҷрии қамарӣ дар Наҷаф вафот ёфт.

* * *

Хулоса ва баррасӣ

Мо маҷмӯан 36 чеҳра аз чеҳраҳои мушаххаси фуқаҳоро аз замони ғайбати суғро яъне аз қарни севвуми ҳиҷрӣ то кунун — ки ба поёни қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрии қамарӣ наздик мешавем — муаррифӣ кардем. Мо чеҳраҳоеро ном бурдем, ки дар дунёи фиқҳ ва усул шӯҳрати зиёде доранд, яъне ҳамвора аз замони худашон то асри ҳозир номашон дар дарсҳо ва дар китобҳо бурда мешавад. Албатта зимнан номи шахсиятҳои дигар ғайри ин 36 чеҳра низ бурда шуд. Аз маҷмӯи он чӣ гуфтем, чанд нукта маълум мегардад:

а) Аз қарни севвум то кунун фиқҳ як ҳаёти мустамир дошта ва ҳаргиз қатъ нашудааст. Ҳавзаҳои фиқҳӣ бидуни вақфа дар ин 11 қарну ним доир будааст. Робитаи устоду шогирдӣ дар ҳамаи ин муддат ҳаргиз қатъ нашудааст. Агар филмасал аз устоди бузургвори худ марҳум Оятуллоҳ Буруҷердӣ шурӯъ кунем, метавонем силсилаи асотиди фиқҳии эшонро то асри имомони атҳор ба таври мусалсал баён намоем. Чунин ҳаёти мутасалсил ва мутадовими 11 қарну ниме зоҳиран дар ҳеч тамаддун ва фарҳанг ғайр аз тамаддун ва фарҳанги исломӣ вуҷуд надорад. Истимрори фарҳангӣ ба маънии воқеӣ, ки як руҳ ва як ҳаёт бидуни ҳеч вақфа ва инқитоъ, табақоти муназзам ва мураттаб ва мутаволиро дар қуруни инчунин дарозмуддат ба якдигар пайванд диҳад ва як руҳ бар ҳама ҳоким бошад, ҷуз дар тамаддун ва фарҳанги исломӣ натавон ёфт. Дар тамаддун ва фарҳангҳои дигар мо ба савобиқи тӯлонитаре аҳёнан бармехӯрем, вале бо вақфаҳо ва буридагиҳо ва инқитоъҳо.

Ҳамчунонки қаблан низ ёдоварӣ кардем, ин ки қарни севвумро, ки муқорин бо ғайбати суғрост мабдаъ қарор додем, на бад-он ҷиҳат аст, ки ҳаёти фиқҳи шиъа аз қарни севвум оғоз мешавад, балки бад-он ҷиҳат аст, ки қабл аз он аср, асри ҳузури имомони атҳор аст ва фуқаҳои шиъа таҳтушшуъои имомонанд ва истиқлоле надоранд, ва илло оғози иҷтиҳод ва фақоҳат дар миёни шиъа ва оғози таълиф китоби фиқҳӣ, ба аҳди саҳоба мерасад. Чунонки гуфтем, аввалин китобро Алӣ ибни Абирофеъ (бародари Убайдуллоҳ ибни Абирофеъ, котиб ва хазонадори Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом дар замони хилофати он ҳазрат) навиштааст.

б) Бар хилофи тасаввури баъзеҳо, маорифи шиъа ва аз он ҷумла фиқҳи шиъа, танҳо ба василаи фуқаҳои эронӣ тадвин ва танзим нашудааст; эронӣ ва ғайриэронӣ дар он саҳим будаанд. То қабл аз қарни даҳуми ҳиҷрӣ ва зуҳури Сафавия, ғалаба бо аносури ғайриэронӣ аст ва танҳо аз авосити давраи Сафавия аст, ки ғалаба бо эрониён мегардад.

в) Маркази фиқҳ ва фақоҳат низ қабл аз Сафавия Эрон набудааст. Дар ибтидо Бағдод маркази фиқҳ буд. Сипас Наҷаф ба василаи Шайх Тӯcӣ марказ шуд. Тӯле накашид, ки Ҷабали Омил (аз ноҳияҳои ҷанубии Лубнони феълӣ) ва пас аз он ва қисмате муқорин бо он, Ҳилла (ки шаҳри кучаке аст дар Ироқ) маркази фиқҳ ва фақоҳат буд. Ҳалаб (аз ноҳияҳои Сурия) низ муддате маркази фуқаҳои бузург будааст. Дар даврони Сафавия буд, ки марказият ба Исфаҳон интиқол ёфт ва дар ҳамон замон ҳавзаи Наҷаф ба василаи Муқаддаси Ардабилӣ ва дигар акобир эҳё шуд, ки то имрӯз идома дорад. Аз шаҳрҳои Эрон, танҳо шаҳри Қум аст, ки дар қуруни аввали исломӣ, дар ҳамон замон, ки Бағдод маркази фақоҳати исломӣ буд, ба василаи фуқаҳое назири Алӣ ибни Бобавайҳ ва Муҳаммад ибни Қулавайҳ ба сурати яке аз марокизи фиқҳӣ даромад, ҳамчунон ки дар давраи Қоҷор ба василаи Мирзо Абулқосими Қумӣ (соҳиби “Қавонин”) низ эҳё шуд ва бори дигар дар соли 1340 ҳиҷрии қамарӣ яъне дар ҳудуди 56 соли пеш ба василаи марҳум Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирии Яздӣ бори дигар эҳё шуд ва акнун яке аз ду маркази бузурги фиқҳии шиъа аст.

Бинобар ин, гоҳе Бағдод, замоне Наҷаф, даврае Ҷабали Омил (Лубнон), бурҳае Ҳалаб (Сурия), муддате Ҳилла (Ироқ), аҳде Исфаҳон ва давронҳое Қум маркази нишоти фиқҳӣ ва фуқаҳои бузург будааст. Дар тӯли торих махсусан баъд аз Сафавия, дар шаҳрҳои дигари Эрон аз қабил Машҳад, Ҳамадон, Шероз, Язд, Кошон, Табрез, Занҷон, Қазвин ва Тун (Фирдавсии феълӣ) ҳавзаҳои илмияи азим ва мӯътабаре будааст, вале ҳеч як аз шаҳрҳои Эрон ба истиснои Қум ва Исфаҳон ва дар муддати кӯтоҳи Кошон, маркази фуқаҳои тирози аввал набуда ва олитарин ва ё дар радифи олитарин ҳавзаҳои фиқҳӣ ба шумор намерафтааст. Беҳтарин далел бар нишоти илмӣ ва фиқҳии ин шаҳрҳо вуҷуди мадориси бисёр олӣ ва торихист, ки дар ҳамаи шаҳристонҳои номбурда мавҷуд аст ва ёдгори ҷӯшу хурӯшҳои илмии давронҳои гузашта аст.

г) Фуқаҳои Ҷабали Омил нақши муҳимме дар хатти машйи Эрони Сафавия доштаанд. Чунонки медонем, Сафавия дарвеш буданд. Роҳе, ки ибтидо онҳо бар асоси суннати хосси дарвешии худ тай мекарданд, агар бо равиши фиқҳии амиқи фуқаҳои Ҷабали Омил таъдил намешуд, ва агар ба василаи он фуқаҳо ҳавзаи фиқҳии амиқе дар Эрон поягузорӣ намешуд, ба чизе мунтаҳӣ мешуд назири он чӣ дар алавиҳои Туркия ва ё Шом ҳаст. Ин ҷиҳат таъсири зиёде дошт дар ин ки аввалан равиши умумии давлат ва миллати эронӣ аз он гуна инҳирофот масун бимонад. Ва сониян ирфон ва тасаввуфи шиъӣ низ роҳи мӯътадилтаре тай кунад. Аз ин рӯ фуқаҳои Ҷабали Омил аз қабили Муҳаққиқи Каракӣ ва Шайх Баҳоӣ ва дигарон бо таъсиси ҳавзаи фиқҳии Исфаҳон ҳаққи бузурге ба гардани мардуми ин марзу бум доранд.

д) Ҳамон тавр, ки Шакиб Арсалон гуфтааст, ташайюъ дар Ҷабали Омил замонан муқаддам аст бар ташайюъ дар Эрон, ва ин яке аз далоили қатъӣ бар радди назарияи касонест, ки ташайюъро сохтаи эрониён медонанд. Баъзе мӯътақиданд, нуфузи ташайюъ дар Лубнон ба василаи Абӯзари Ғифорӣ, саҳобии муҷоҳиди бузург сурат гирифт. Абӯзар дар муддати иқомат дар минтақаи Шоми қадим — ки шомили ҳама ё қисмате аз Лубнони феълӣ низ буд — ҳамдӯши мубориза бо сарватандӯзиҳои Муовия ва соири умавиён, мароми поки ташайюъро низ таблиғ мекард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: