Фалсафа ва равиши реализм (104)

Зарурат ва имкон (6)

Муқаддима (6)

Оё мавҷуд маъдум мешавад? (1)

Бино бар он чӣ дар ин муқаддима гуфта шуд, ки “зарурат” хоссияти вуҷуд аст ва дар худи ин мақола ба ин сурат истидлол шуда: “Воқеияти ҳастии як моҳият ҳаргиз наметавонад муқобили худро (адамро), ки иртифоъи воқеият аст бипазирад ва воқеияти вай ловоқеият шавад, яъне ҳеч воқеиятеро наметавон аз худаш салб кард агарчи аз ғайри мавриди худаш ҷоизуссалб аст” ва ҳамин матлаб дар мақолаи 7 ба ин иборат гузашт: “Воқеияти ҳастӣ муқобили худро (нестиро) биззот напазируфта ва ҳаргиз ба вай муттасиф намешавад, яъне ҳастӣ нестӣ намешавад”, ду суоли муҳим пеш меояд, ки наметавон нодида гирифт, ва посух ба ин ду суол ғаври фавқулъодаеро дар як ришта масоили мантиқӣ ва фалсафӣ эҷоб мекунад. Он ду суол аз ин қарор аст:

Суоли аввал: Бино бар ин ки мавҷудият хоссияти зотии вуҷуд аст ва аз вай салб намешавад, лозим меояд, ки тамоми вуҷудот азалӣ ва абадӣ буда бошанд, зеро фарз ин аст, ки адам бар вуҷуд торӣ намешавад. Ва лозимаи ин ки адам бар чизе торӣ нашавад ин аст, ки ҳамешагӣ ва абадӣ буда бошад, пас лозим меояд, ки ҳеч вуҷуде маъдум нашавад ва абадӣ буда бошад. Ва лозимаи ин ки вуҷудот абадӣ ва ҳамешагӣ буда бошанд ин аст, ки моҳиятҳо низ абадӣ ва ҳамешагӣ буда бошанд, зеро моҳият тобеъи вуҷуд аст ва чизе, ки вуҷудаш боқист, қаҳран моҳияташ низ боқист. Пас, лозим меояд, ки ҳеч мавҷуде маъдум нашавад ва ҳама чиз абадӣ буда бошад. Ва лозимаи ин қавл нафйи ҳаракат ва нафйи кавну фасод аст. Ва лозим ба гуфтан нест, ки ин назария хилофи ақл ва ҳисс аст.

Посухи ин ишкол ниёзманд ба ин аст, ки мо дар атрофи мавзӯе, ки қаблан дар мақолаи 7 ваъда додем, ба баҳс ва тавзеҳи бештаре бипардозем, ва он ин ки: “Оё мумкин аст мавҷуд маъдум ё маъдум мавҷуд бишавад?”

Аз ду роҳ истидлол шуда бар ин ки ҳеч чизи мавҷуде маъдум ва ҳеч чизи маъдуме мавҷуд намешавад: яке, аз роҳи илмӣ ва таҷрибӣ, ва яке аз роҳи фалсафӣ ва ақлонӣ.

Роҳи илмӣ ва таҷрибӣ ҳамон аст, ки дар қарни 18-ум аз тарафи Ловуозе (Lavoisier), шимисти маъруфи Фаронса паймуда шуд. Ловуозе аз таҷрибиёт ва мутолеоти шимиёии худ ба ин натиҷа расид, ки маҷмӯи маводду аҷроми ин олам — ки масолеҳи аввалияи кохи ин ҷаҳонро ташкил додаанд — собит ва лоятағайяр ҳастанд. Тамоми мавҷуд шудану маъдум шуданҳо ва ҳодис шудану фонӣ шуданҳо ва падид омадану аз байн рафтанҳо, ки дар назари зоҳирбини мо намудор мешавад, ҳеч як аз онҳо мавҷудияту маъдумияти воқеӣ ва ҳудусу фанои ҳақиқӣ нест, балки сирфан кайфиёти мухталифи таҷзия ва таркибҳо ва анвоъи гуногуни иртибототест, ки аҷрому маводди собити ҷаҳон бо якдигар пайдо мекунанд, пас: “Дар ин дунё ҳеч маъдуме мавҷуд ва ҳеч мавҷуде маъдум намешавад”.

Роҳи фалсафӣ ва ақлонӣ ин аст, ки агар бино бишавад мавҷуд маъдум бишавад, ё маъдум мавҷуд бишавад, лозим меояд, ки вуҷуд табдил ба адам, ё адам табдил ба вуҷуд бишавад, ва ақлан маҳол аст, ки вуҷуд ва адам ба якдигар табдил бишаванд, зеро мусталзими таноқуз аст. Он чӣ дар зимни суол баён шуд, ки аз баёноти гузашта истинбот шудааст, баёни ишколи фалсафии матлаб ба тарзи дигар аст.

Чунонки возеҳ аст, ин ҳар ду роҳ моро ба як қонун ҳидоят мекунад ва ба як натиҷа мерасонад, ва он ин ки: мавҷуд маъдум ва маъдум мавҷуд намешавад ва ҳама чиз азалӣ ва абадӣ аст.

Аммо роҳи аввал, ки аввалин бор тавассути Ловуозе паймуда шуда, аз ду ҷанба мавриди хадша ва муноқиша воқеъ шуда: яке, аз ин ҷанба, ки таҷрибиёт ва мутолеоти донишмандони баъдӣ пояи асли бақои моддаро мутазалзил сохта ва собит карда, ки фарзи аҷсом ва маводди фанонопазир ва ғайриқобили завол сиҳҳат надорад. Ва фаразан мо ночор бишавем, ки барои мавҷудоти ин ҷаҳон як мояи аслӣ ва “ҳаюлои уло” қоил шавем ва номи онро “моддатул-маводд” бигузорем, он моддатул-маводд ба дараҷоте соддатар ва баситтар аз аҷром ва маводдест, ки Ловуозе фарз карда. Ва фарзи он моддатул-маводд бо мавҷуд шудану маъдум шудан ва ҳодис шудану фонӣ шудани ҳақиқӣ ва воқеии ашё мунофот надорад. Баҳси моддатул-маводд бо таваҷҷӯҳ ба сайри таърихии он масъала аз қадимтарини замонҳо то асри ҳозир, дар мақолаи 10 хоҳад омад ва дар он ҷо дар атрофи қонуни Ловуозе ва он чӣ илми имрӯз дар бораи ин қонун мегӯяд, баҳс хоҳад шуд.

Дигар он ки: мо фаразан аҷрому маводди мавриди фарзи Ловуозеро собит ва лоязол бипиндорем, наметавонем ба муддаои вай, ки аъамм аз далелест, ки оварда таслим шавем. Зеро ҳаддиаксар далели таҷрибии ӯ ин аст, ки маводду аҷроми ҷаҳон собит ва ҳамешагӣ аст, ва ҳол он ки муддаои вай аъамм аз маводду аҷром аст ва шомили ҳама чиз аст. Яъне Ловуозе ба ҷойи ин ки бигӯяд: “Аҷроми ин ҷаҳон собит ва тағйирнопазир ҳастанд”, гуфтааст: “Ҳама чиз собит ва тағйирнопазир аст”. Ва ба ҷойи ин ки як қонуни илмии шимиро баён кунад, як асли фалсафиро баён кардааст.

Аммо роҳи дуввум (фалсафӣ), ки суоли гузашта низ мутаваҷҷеҳи ҳамон аст, ҳарчанд хеле басит ва содда ба назар мерасад ва ҳар касе худро қодир мебинад, ки онро тарҳ кунад, вале тавфиқ ёфтан ба ҷавоби дақиқ ва холӣ аз муноқишае, барои вай суъубат ва душвории зиёде ҳамроҳ дорад.

Посухи иҷмолие, ки ба ин ишкол бояд дода шавад ин аст, ки оре, мавҷуд маъдум ва маъдум мавҷуд намешавад, вале лозимаи ин ки мавҷуд маъдум нашавад ва маъдум мавҷуд нашавад, азалӣ ва абадӣ будани ашё ва нафйи ҳаракат ва тағйир ва кавну фасод нест. Балки сиҳҳати ин қонун аз даричаи назари фалсафӣ, бо сиҳҳат ва қабули назарияи табдилоти зотӣ ва ҷавҳарии ашё ва ин ки “ҳама чиз дар ҷаҳони табиат дар як тағйири доим аст ва зоти ҳеч чиз дар ду лаҳза боқӣ нест” мунофот надорад; аз ин роҳ, ки адам ҳамвора нисбӣ аст ва ҳар чизе, ки дар як лаҳза мавҷуд ва дар лаҳзаи дигар маъдум мешавад, инъидоми лаҳзаи баъд воқеан адами ӯ нест, яъне дар лаҳзаи баъд воқеан адам бар шахсияти воқеии он шайъ торӣ нашудааст.

Вале посухи тафсилии ин ишкол ниёзманд ба ин аст, ки мо яке дигар аз аҳкоми вуҷудро баён кунем. Ва он ин аст, ки: “мартибаи ҳар вуҷуде муқаввими он вуҷуд аст”. Тавзеҳ ин ки: вуҷудот баъзе иллатанд ва баъзе маълул ва қаҳран иллат тақаддуми зотӣ дорад бар маълул. Ва ҳамчунин баъзе тақаддуми замонӣ доранд нисбат ба баъзе ва тақорун ё таъаххури замонӣ доранд нисбат ба баъзе дигар. Ва бинобар ин, ҳар вуҷуде мартибае аз маротиби тӯлии иллӣ ва маълулӣ ё маротиби тӯлии замониро ишғол кардааст. Акнун мехоҳем бибинем, ҳар вуҷуде чӣ нисбате дорад бо мартибае, ки дар он мартиба ҳаст? Масалан, вуҷуде мартибаи иллият дорад ва вуҷуди дигаре мартибаи маълулият; оё ҳар кадом аз ин ду вуҷуд бо мартибае, ки дорад, чӣ нисбате дорад? Оё ин мартиба хориҷ аз ҳақиқати он вуҷуд аст ё хориҷ нест? Яъне, агар фарз кунем, ки он вуҷуд дар он мартиба набошад, худаш худаш аст ва фақат як амри хориҷӣ аз вай салб шуда? Ё он ки агар фарз кунем, ки он вуҷуд дар он мартиба набошад ва дар мартибаи дигар бошад, худаш худаш нест ва ҳувияти он вуҷуд айни мартибаи он аст? Ва ҳамчунин дар маротиби замонӣ. Масалан, ҳодисае дар як қитъа аз замон воқеъ мешавад ва ҳодисаи дигар дар як қитъаи баъд аз он қитъа, ва ҳодисаи дигар дар як қитъаи дигар қабл аз он қитъа; оё он ҳодиса бо он мартиба аз замоне, ки онро ишғол карда чӣ нисбате дорад? Ва агар фарз кунем он ҳодиса ба ҷойи ҳодисаи қаблӣ ё ба ҷойи ҳодисаи баъдӣ бошад, худаш худаш хоҳад буд ва фақат яке аз аворизи вуҷуди вай, ки “будан дар қитъаи хосс ва мартибаи хосс аз замон” аст, аз вай салб шуда? Ё он ки будани он ҳодиса дар замоне, ки воқеъ шуда хориҷ аз ҳувият ва вуҷуди он ҳодиса нест. Ва агар фарз кунем он ҳодиса дар қитъаи дигар ва дар мартибаи дигар аз замон бошад, дигар он ҳодиса он ҳодиса нест. Яъне замони ҳар мавҷуде муқаввими зоти он мавҷуд аст, ва замон воқеияте хориҷ аз ҳувият ва шахсияти воқеии мавҷудоти замонӣ нест?

Яке аз беҳтарин натоиҷе, ки аз асли “асолати вуҷуд” ва асли “ташкики вуҷуд” истинтоҷ мешавад, ҳамин аст, ки мартибаи ҳар вуҷуде муқаввими зоти он вуҷуд аст ва ҳатто дар маротиби замонӣ низ, замон хориҷ аз ҳувият ва ташаххуси воқеии мавҷудот нест.

Маъмулан замонро ба манзилаи зарфи хориҷ аз ҳақиқати вуҷуди мавҷудоти замонӣ фарз мекунанд, яъне замонро мавҷуде алоҳида ва замониётро мавҷудоти дигаре фарз мекунанд ва чунин мепиндоранд, ки ҳар мавҷуди замонӣ дар як қисмат аз он мавҷуди дигар, ки ба номи “замон” хонда мешавад қарор гирифтааст, айнан монанди ашёе, ки дар як сандуқ ё утоқ ҷо дода мешавад, бо ин фарқ, ки зарфият ва гунҷоиши замон тӯлӣ аст ва зарфияти сандуқ ва утоқ арзӣ. Аз лиҳози тӯлӣ, мавҷудот, ки дар пушти сари якдигар аз лиҳози замон қарор гирифтаанд, айнан шабеҳ ба донаҳои як занҷир аст, ки пушти сари якдигар радиф шудаанд; ва чун замон мавҷудест ва замониёт мавҷуди дигаре, монеъе надорад, ки як ҳодисаи замонӣ, ки дар як қитъа аз замон воқеъ шуда, бо ҳифзи ҳувият ва айният, дар як қитъаи дигар воқеъ мешуд, монанди ин ки фалон шайъи хосс, ки дар фалон гӯшаи сандуқ аст, дар гӯшаи дигари он воқеъ мешуд, ё фалон донаи занҷир, ки дар ин сар аст, дар он сар ё дар васат буд.

Ин тарзи тасаввур, тарзи тасаввури ибтидоӣ ва омиёнаест, ки маъмулан афрод аз замон ва замониёт доранд. Вале ҳақиқат ин аст, ки замон ҳувияти мустақил аз ҳувияти замониёт надорад, ва ба иборати дигар, замониёт ҳувияти хориҷ аз замон надоранд, ва ҳар мавҷуде аз мавҷудоти замонӣ мартибае аз маротиби ҳаракат ва замон аст, ва фарзи мавҷуде дар ғайри он мартиба аз замон, ки воқеъ шуда айнан мисли ин аст, ки фарз кунем он мавҷуд он мавҷуд набошад. Ва мо дар мақолаи 10, ки мустақиллан аз қувваву феъл ва ҳаракату замон баҳс мекунем, ба тафсил дар атрофи ин матлаби олӣ ва арҷманд баҳс мекунем ва назарияҳои ҷадиде, ки ахиран дар таъйиди ин матлаб аз тарафи фалосифа ва донишмандони физик ва риёзӣ иброз шуда баён мекунем. Дар ин ҷо, ба далоили махсуси ин матлаб намепардозем, фақат барои он ки хонандаи мӯҳтарам мақсудро возеҳтар дарк кунад, бо як ташбеҳ матлабро тавзеҳ медиҳем:

Замониётро бо маротиби замониашон набояд ба донаҳои занҷир, ки пушти сари якдигар радиф шудаанд ё ба ашёе, ки дар як сандуқ ё утоқ ҷо дода мешавад, танзир кард. Он чӣ аз ин лиҳоз шабеҳи замониёт ва маротиби замонӣ аст, аъдод ва маротиби онҳост.

Аъдод аз “як” то “ло ниҳоят” маротиберо ташкил додаанд ва ҳар ададе мартибаеро ишғол карда, ки ба мӯҷиби он мартиба, муқаддам бар баъзе ва муаххар аз баъзе дигар аст. Масалан, адади 5 мартибаеро байни 4 ва 6, ва адади 8 мартибаеро байни 7 ва 9 воҷид аст ва ҳамчунин…

Ҳоло бибинем, чӣ нисбате байни ҳар ададе ва мартибаи он адад аст? Ва оё мартибаи ҳар ададе хориҷ аз ҳақиқати он адад аст, ё хориҷ нест балки мартибаи ҳар ададе муқаввими он адад аст? Ва ба иборати дигар, агар як ададро дар ғайри мартибаи худаш фарз кунем — мисли он ки 5-ро ба ҷой 8 ва 8-ро ба ҷойи 5 фарз кунем — он адад худаш худаш аст ва фақат ҷояш тағйир карда, ё он ки дар ин фарз он адад он адад нест? Яъне, оё дар ин сурат 5 ҳамон 5 аст, ки дар ҷойи 8 қарор гирифта ва 8 ҳамон 8 аст, ки дар ҷойи 5 қарор гирифта, ё он ки бо фарзи тағйири мартиба, дигар 5 худи 5 нест, балки ин 5-и фарзии мо ҳамон худи 8 аст, ва 8-и фарзии мо ҳамон худи 5 аст? Албатта, возеҳ аст, ки ҳеч ададеро бо ҳифзи ҳувият ва зот, дар ғайри мартибаи худаш наметавон фарз кард. Мавҷудоти замонӣ дар маротиби замон айнан аз ин қабил аст. Масалан, Саъдӣ дар як қитъае аз замони гузашта буда ва мо дар як қитъа аз замони баъд аз ӯ воқеъ шудаем. Ба ҳасби ваҳми ибтидоӣ, ин суол пеш меояд, ки чӣ монеъе дошт, ки Саъдӣ дар замони мо ё мо дар замони Саъдӣ будем? Вале агар ҳақиқати асолати вуҷудро хуб дарк карда бошем ва ин матлабро низ, ки мартибаи ҳар вуҷуде муқаввими зоти он вуҷуд аст низ дарк карда бошем, ва ба ин матлаб изъон дошта бошем, ки замон хориҷ аз ҳақиқати зоти вуҷудоти замонӣ нест, ба хубӣ мефаҳмем, ки ин суол айнан монанди ин аст, ки аз мо бипурсанд чӣ монеъе дошт, ки адади 5 ба ҷойи адади 8, ва адади 8 ба ҷойи адади 5 буд? Ё он ки чӣ монеъе дошт, ки дирӯз ба ҷойи имрӯз ва имрӯз ба ҷойи дирӯз буд, яъне он қитъа аз замон ба ҷойи ин қитъа аз замон, ва ин қитъа аз замон ба ҷойи он қитъа аз замон буд?

Иллати ин ки муқаввим будани мартибаро дар аъдод ҳама кас ба хубӣ тасдиқ дорад ва лекин муқаввим будани маротибро дар вуҷудот камтар ашхос метавонанд дарк кунанд балки дар анзор бисёр аҷиб ҷилва мекунад, ин аст, ки муқаввим будани мартиба дар аъдод марбут ба “моҳият”-и аъдод аст, ва муқаввим будани маротиби замон ё маротиби иллату маълул, марбут ба “вуҷудот”-и ашё аст, ва моҳияти ашё ин гуна нест, яъне маротиби замон ё иллату маълул муқаввими моҳияти ашё нест. Ва аз тарафи дигар, азҳон ба таври оддӣ моҳиятҳоро мешиносанд, на вуҷудотро, ва баъд аз ҳазорҳо мӯшикофиҳои фалсафист, ки асолати вуҷуд ва эътиборияти моҳият собит мешавад ва дар натиҷа муқаввим будани маротиб барои вуҷудот ва ҳамчунин ҳақиқати замон равшан мешавад. Аз ин рӯст, ки шинохтани муқаввимоти моҳияти ашё чандон суъубате надорад, бар хилофи шинохтани муқаввимоти вуҷудот.

Ин ҷост, ки як бори дигар собит мешавад, ки мо то зеҳн ва эътибороти зеҳн ва хоссиятҳои махсуси зеҳн ва тарзи андешасозии зеҳнро нашиносем, наметавонем фалсафа дошта бошем.

Ба ҳар ҳол, баъд аз ин муқаддима, посухи ин суол равшан мешавад, зеро баъд аз ин ки маълум шуд, ки замони ҳар вуҷуде муқаввими он аст, маълум мешавад агар вуҷуде як мартиба аз маротиби замонро ишғол кард на мартибаи дигарро, на ин аст, ки он вуҷуд дар он мартибаи дигар маъдум шуда ва адам бар ӯ торӣ шудааст, зеро ҳувияти он вуҷуд баста ба ҳамон замонест, ки онро ишғол карда, ва агар бихоҳем он вуҷудро дар мартибаи дигар аз он замон фарз кунем, дигар худаш худаш нест. Ва ҳамчунин ҳамон вуҷуд дар он мартиба аз замон, ки онро ишғол карда ибтидо ва васат ва интиҳое дорад, яъне як вуҷуди мумтадд аст ба имтидоди замон ва ҳар ҷузъи мафруз аз он вуҷудро, ки бо як ҷузъи мафруз аз замон мунтабиқ мешавад дар назар бигирем, он ҷузъе аз замон муқаввими ҳамон ҷузъе аз вуҷуд аст, на муқаввими ҷузъи қаблӣ ва на муқаввими ҷузъи баъдӣ.

Ва агар воқеан бар вуҷуде аз вуҷудоти замонӣ адам торӣ шавад, мебоист он вуҷуд аз ҳамон замони худаш рафъ шавад, ва албатта ин амрест маҳол.

Пас, маълум шуд, ки лозимаи ин ки “мавҷудият хоссияти зарурии вуҷуд аст ва ҳаргиз адам бар вуҷуд торӣ намешавад” ё ҳамон тавре, ки дар матни мақолаи 7 гузашт ва дар ин мақола низ хоҳад омад, ки: “ҳаргиз воқеияти ҳастии як моҳият ловоқеият намешавад”, ин нест, ки ҳар вуҷуде бояд азалӣ ва абадӣ буда бошад, ва ба иборати дигар, ин қонун, ки: “ҳаргиз мавҷуд маъдум, ва маъдум мавҷуд намешавад” қонунест, ки сад дар сад саҳеҳ аст, вале тафсири ин қонун ин нест, ки ҳар мавҷуде вуҷудаш азалӣ ва абадӣ аст, ва ҳар маъдуме адамаш азалӣ ва абадист. Балки ҳамон тавре, ки дар мақолаи 7 гузашт, фақат лозимааш ин аст, ки масалан дар мавриди дарахт бигӯем: “Дарахти беди муайяне, ки дар оби муайян ва ҳавои муайян ва замини муайян ва дар замони муайян сабз ва мавҷуд шуд, ҳаргиз ҳамин қитъаи муайяни замонро бо ҳифзи бақияи шароит аз вуҷуди вай тиҳӣ ва холӣ намешавад фарз кард”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: