Шарҳи Маснавӣ (204)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (30)

* * *

Тафсири қавли ҳаким (4)

* * *

Ин ману мо баҳри он барсохтӣ,

То ту бо худ нарди хидмат бохтӣ.

Эй ҳақиқати воҳид! Ту ин таъайюноти мутакассир ва мухталифро барои он сохтӣ, то ту бо худ нарди хидмат бибозӣ. Яъне, мазоҳир ва мавҷудот барои ин зоҳир шуданд, то Худо ҷамоли худро дар ойинаи офариниш ҷилвагар бибинад. Бад-ин гуна аст, ки Худо бо худ нарди ишқ мебозад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.564)

Нукта: “Ман” ва “мо” ва “мард” ва “зан” киноя аз таъайюнот ва ташаххусоти вуҷуд аст.

То ману туҳо ҳама як ҷон шаванд,

Оқибат мустағриқи ҷонон шаванд.

Ҳаминки “ман”-ҳо ва “ту”-ҳо ҳамагӣ ба як ҷон табдил шуд ва ихтилофу изофот соқит гардид, саранҷом дар вуҷуди воҳиди ҷонон мустағриқ мешаванд, ва ҳама яке гарданд.

Ин ҳама ҳасту биё, эй амри “кун”,

Эй муназзаҳ аз биёву аз сухун!

Ин ҳама “ман”-у “мо”, ки зикр шуд, вуҷуд доранд, ва инак, эй калимаи халлоқа, эй он ки аз ҳар гуна баёну васф муназзаҳӣ, биё ва таҷаллӣ фармо!

Нукта: “Кун” ишора аст ба ояти 117 сураи Бақара:

وَإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُن فَيَكُونُ

Ва чун офаридани чизеро ирода фармояд, ба маҳзи он ки гӯяд: “Мавҷуд бош!”, пас мавҷуд шавад.”

Ҷисм ҷисмона тавонад диданат?

Дар хаёл орад ғаму хандиданат?

Оё ҷисме, ки дар сифоти модда ва ҷисм ғарқ шуда ва сифоти ҷисмонӣ дорад, метавонад туро бибинад? Ва оё касе метавонад дар хиёли худаш ғаму хандаро ба ту нисбат диҳад?

Нукта: Байти фавқро бояд ба сурати истифҳоми инкорӣ қироат кард, то маъно фосид нашавад. Акбарободӣ мегӯяд: “Чашми ҷисмонӣ наметавонад Ҳақро шуҳуд кунад, балки фақат қодир аст мазоҳир ва суварро бибинад. Пас, касе, ки муқайяди мушоҳидаи сурӣ ва хиёлӣ аст, лоиқи шуҳуди зотии ӯ нест.” (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.130)

Дил, ки ӯ бастай ғаму хандидан аст,

Ту магӯ, к-ӯ лоиқи он дидан аст.

Диле, ки муқайяд ба шодиву ғам аст, ту ин ҳарфро назан, ки ӯ метавонад лоиқи он дидан бошад. (Зеро диле Ҳақ Таъолоро тавонад дидан, ки аз қайди касрат ва таъайюн раҳида бошад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.565))

Он кӣ ӯ бастай ғаму ханда бувад,

Ӯ бад-ин ду орият зинда бувад.

Касе, ки вуҷудаш вобаста ба ҳолот ва нумудҳои ориятӣ ва муваққатӣ назири шодиву ғам аст, зиндагониаш ба ҳамин нумудҳои табиӣ ва ориятӣ баста аст ва ҳеч асолате надорад.

Боғи сабзи ишқ, к-ӯ бемунтаҳост,

Ҷуз ғаму шодӣ дар ӯ бас меваҳост.

Боғи сабзу тозаи ишқи илоҳӣ, ки ниҳоят ва ғоят надорад, ба ҷуз ғаму шодӣ меваҳои фаровони дигаре низ дорад.

Ошиқӣ з-ин ҳар ду ҳолат бартар аст,

Бебаҳору бехазон сабзу тар аст.

Ошиқӣ аз ин ду ҳолати ориятӣ бартар ва олитар аст ва бидуни омадани баҳору хазон боз ҳам тару тоза ва сабз аст. Яъне баҳори ошиқӣ ҷовидона аст.

Нукта: Мавлоно дар абёти ахир мефармояд, ки ғаму шодӣ аз инфиъолоти сареъуззаволи нафсонӣ аст ва сӯфии софӣ касест, ки руҳе фаъол дошта бошад, на мунфаъил. Яъне шодиофарин бошад, на шодипазир, чунонки Ҳақ Таъоло низ муассир аст ва таъсирпазир нест. Ба ҳар ҳол, сӯфӣ бояд аз марҳилаи таквин бигзарад. (Шарҳи Маснавии Шариф, дафтари 2, с.711)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: