Баёнияи матбуотии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар посух ба иттиҳомоти ахир

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо интишори баёнияе, таъкид кардааст: “Пахши ин қабил филмҳои муғризона баъд аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон ҷиҳати ширкат дар маросими таҳлифи риёсати мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки бархе гароишот ва маҳофил таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд.”

Ин баёния ёдовар шудааст: “Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манофеи ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносиботи бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро барнаметобанд.”

Ба гузориши сойти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар ин баёния омадааст:

“Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе иддаоҳои беасоси матраҳшуда дар филми муаррахи 8 августи 2017-и телевизиюни Ҷумҳурии Тоҷикистонро такзиб менамояд ва аз он мутаассиф аст.

Тардиде нест, ки таҳиякунандагони ин филм муваффақ ба тахриби пайвандҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ ва дӯстии таърихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон нахоҳанд шуд.

Иддаоҳои матраҳшуда дар филм тавассути эътирофкунандагони маҳбус ва ба нақл аз касонест, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва табиатан наметавонад эътиборе дошта бошад.

Ҳофизаи таърихии миллати шарифи Тоҷикистон хуб ба ёд дорад ва фаромӯш нахоҳад кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бониён ва тазминкунандагони аслии сулҳи Тоҷикистон ва мизбони музокироти тарафҳои даргир чӣ нақши созандае дар ҷиҳати поён додан ба ҷангҳои дохилии ин кишвар дар даҳаи 90 ифо намуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пешгоми сохти таъсисоти зербиноӣ назири тунели истротежики “Истиқлол” (Анзоб) ва садд ва нерӯгоҳи барқи “Сангтӯда-2” ва бемористони Ибни Сино дар Тоҷикистон буда ва ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ тавассути Ҳилоли Аҳмар ва имдодрасонӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпараст ё бадсарпарасти тоҷик тавассути Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ (р), эҷоди марокизи варзишӣ, тармими биноҳои таърихӣ, омӯзиши ҷавонони тоҷик дар марокизи донишгоҳӣ, кӯмак ба марокизи илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва садҳо иқдом аз ин навъ аз дигар иқдомоти Эрон буда, ки мафҳуме ҷуз кӯмак ба таҳкими субот ва тавсиъа ва кӯмак ба ҳифзи истиқлол ва амнияти пойдори Тоҷикистон ва истеҳкоми пояҳои давлати он надорад.

Муборизаи Эрон бо теруризм барои ҳамагон ошкор аст ва Эрон худ аз аввалин ва бузургтарин қурбониёни теруризм аст. Амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаҳои майдони мубориза бо теруризм чун офтоб барои ҳамаи ҷаҳониён ошкор аст.

Пахши ин қабил филмҳои муғризона, баъд аз сафари ахири вазири энержӣ ва захоири обӣ ва раиси тоҷикии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба Теҳрон, ҷиҳати ширкат дар маросими таҳлифи риёсати мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури мӯҳтарами Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки бархе гароишот ва маҳофил таҳаммули оддӣ шудани равобит ва тақвияти дӯстӣ байни ду кишварро надоранд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки иқдомоти тафриқаандозона дар чорчӯби хост ва манофеи ду миллат нест ва тавассути касоне дунбол мешавад, ки муносиботи бародаронаи Эрон ва Тоҷикистони ҳамфарҳанг ва ҳамзабонро барнаметобанд.”

Бахши матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 мурдоди 1396 (9 августи 2017)

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: