Ислом ва Эронзамин (55)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (18)

Фуқаҳои аҳли тасаннун

Чунонки медонем, дар миёни фуқаҳои аҳли тасаннун чаҳор нафар ба унвони соҳибмазҳаб ва соҳибмактаб хонда мешаванд ва тасаннун тобеи яке аз ин чаҳор пешво мебошад, яъне Абӯҳанифа, Шофеӣ, Молик ибни Анас, Аҳмад ибни Ҳанбал. Вале инҳисори мазҳаб ва мактаб ба ин чаҳор нафар дар қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ рух дод. Қаблан дар ҳудуди даҳ мактаб ва мазҳаб дар миёни аҳли тасаннун мавҷуд буд.

Мо баҳси худро дар бораи фуқаҳои аҳли тасаннун ба се бахш тақсим мекунем: давраи пеш аз пешвоёни мазоҳиб, давраи пешвоён, давраи баъд аз пешвоён.

Давраи қабл аз пешвоён давраи тобеин аст, давраи касонест, ки Расули Акрамро дарк накардаанд, аммо саҳобаи он ҳазратро дарк кардаанд. Дар ин давра ҳафт нафар дар Мадина буданд, ки ба “фуқаҳои сабъа” маъруфанд. Ва онҳо иборатанд аз:

1) Абӯбакр ибни Абдурраҳмон ибни Ҳорис ибни Ҳишоми Махзумӣ. Ин мард аз Қурайш аст. Дар соли 94 даргузаштааст.

2) Саъид ибни Мусайиби Махзумӣ. Ин мард низ аз Қурайш аст. Ба зуҳду ибодат маъруф аст. Гӯянд, панҷоҳ сол шабзиндадорӣ кард ва бо вузӯи намози ишо намози субҳро хонд. Саъид ибни Мусайиб дар ҳудуди соли 91 даргузаштааст.

3) Қосим ибни Муҳаммад ибни Абӯбакр. Наводаи Абӯбакр ва ҷадди модарии Имом Содиқ аст. Модари Қосим — чунонки маъруф аст — яке аз духтарони Яздгирди соcонӣ аст. Бино бар ин нақл, Қосим аз тарафи падар қурашӣ ва аз тарафи модар эронӣ аст. Вай дар фосилаи солҳои 100 ва 110 даргузаштааст.

4) Хориҷа ибни Зайд ибни Собити Ансорӣ, вафотёфта дар ҳудуди соли 99. Ин мард писари Зайд ибни Собити Ансории маъруф аст.

5) Сулаймон ибни Ясор. Ин мард аз маволӣ ва эҳтимолан эронӣ аст. Дар ҳудуди соли 94 даргузаштааст.

6) Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Утба ибни Масъуд, вафотёфта дар ҳудуди соли 98. Ин мард бародарзодаи Абдуллоҳ ибни Масъуд саҳобии маъруф аст.

7) Урва ибни Зубайр, вафотёфта дар ҳудуди соли 94. Ин шахс писари Зубайр ибни Аввом саҳобии маъруф аст.

Чунонки маълум шуд, аз ин ҳафт нафар як нафар (Сулаймон ибни Ясор) эҳтимолан эронист, як нафари дигар (Қосим ибни Муҳаммад) бино бар як нақл — ки чандон мӯътабар нест — аз тарафи модар эронист, боқӣ ҳама араби холиси маккӣ ё маданӣ мебошанд. Дар ин давра афроди барҷастаи дигаре ҳастанд, ки баъзе аз онҳо эронӣ мебошанд. Аз ҷумла Рабиъатур-раъй фақеҳи машҳур аст. Вай устоди Молик ибни Анас пешвои моликиён будааст. Амал ба қиёсро ӯ ибдоъ ва ибтикор кард. Рабиъатур-раъй дар соли 136 даргузаштааст.

Ва аз он ҷумла Товус ибни Кайсон аст. Товус аз маволии эронӣ ва муосири фуқаҳои сабъа аст. Ӯ дар 104 ё 106 даргузаштааст.

Дигар, Сулаймони Аъмаш аст, ки эронӣ аст. Аз фуқаҳои қарни аввал шумурда мешавад. Қаблан аз ӯ ёд кардем.

Дигар, Икрима ғуломи Ибни Аббос аст. Икрима як ғуломи барбарӣ аст ва эронӣ нест. Икрима ба мақоми фақоҳат ва тафсир ноил шуд. Дар китобҳои фиқҳ ва тафсир аз ӯ ном бурда мешавад.

* * *

Аммо табақаи пешвоён:

1) Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Зутӣ ё Нӯъмон ибни Собит ибни Нӯъмон ибни Марзбон, вафотёфта дар соли 150. Абӯҳанифа як нафар эронист, ки Имоми Аъзам мехонанд. Дар ҷомеаи тасаннун, баъд аз Пайғамбари Акрам ва хулафои рошидин ва Ҳасанайн алайҳимас-салом ҳеч кас ба андозаи Абӯҳанифа мӯҳтарам нест. Пайравонаш дар Эрон бисёр андаканд, аммо дар ғайри Эрон беш аз 100 милюн пайрав дорад.

2) Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ, вафотёфта дар соли 204. Шофеӣ араби қурашӣ аст. Шофеӣ аз назари касрати пайравон монанди Абӯҳанифа аст ва шояд беш аз ӯ пайрав дошта бошад.

3) Молик ибни Анас, вафотёфта дар соли 179. Молик араби қаҳтонӣ аст. Билоди Мағриб ғолибан пайрави Молик ибни Анас мебошанд.

4) Аҳмад ибни Ҳанбали Шайбонӣ, вафотёфта дар соли 241. Аҳмад аз лиҳози нажод араб аст, вале зоҳиран хонадонаш дар Эрон (Марв) мезистаанд. Ибни Халлакон менависад: “Модараш дар вақте, ки ӯро дар раҳм дошт, аз Марв хориҷ шуд ва дар Бағдод вазъи ҳамл кард.” Аҳмад ибни Ҳанбалро метавон ҷузъи эрониёни арабнажод маҳсуб дошт. Бинобар ин, аз чаҳор имоми аҳли тасаннун яке эронӣ, дигаре араби аднонӣ, дигаре араби қаҳтонӣ, чаҳорумӣ эронии арабнажод аст.

Ҳамчунонки қаблан ишора шуд, дар табақаи пешвоён иддаи дигар низ будаанд, ки акнун амалан мазҳабашон мансух аст, аз қабили Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, вафотёфта дар соли 310 ва Довуд ибни Алии Зоҳирии Исфаҳонӣ, вафотёфтаи 270. Довуд ибни Алӣ ҳамон аст, ки мактаби зоҳириро дар фиқҳ ба вуҷуд овард. Ин мактаб навъе ахборигарӣ аст. Ибни Ҳазми Андалусӣ аз назари фиқҳӣ тобеи Довуд ибни Алии Зоҳирӣ аст.

Гурӯҳе дигар аз фуқаҳои бузурги аҳли тасаннун мебошанд, ки баъзе соҳиби мактабу мазҳаб будаанд ва баъзе на, бархе эронианд ва бархе на. Мо барои ин ки меъёре аз саҳми эрониён дар фиқҳи аҳли тасаннун ба даст дода бошем, иддаеро ном мебарем:

1) Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, шогирди Абӯҳанифа, аз мулозимини Ҳорунаррашид ва вафотёфта дар соли 189. Ин мард аслан димишқӣ аст. Дар Восити Ироқ мутаваллид шуд ва дар сафаре, ки бо Ҳорун ба Эрон меомад, дар Рай даргузашт ва ҳамонҷо дафн шуд.

2) Абӯюсуф, шогирди дигари Абӯҳанифа ва қозиюлқузоти Маҳдӣ ва Ҳодӣ ва Ҳорун, ва вафотёфта дар соли 192. Ин мард зоҳиран насаб ба ансори Мадина мебарад.

3) Зуфар ибни Ҳузайл, вафотёфта дар соли 158. Зуфар араби аднонӣ аст ва аз пайравони Абӯҳанифа ба шумор меравад.

4) Лайс ибни Саъди Исфаҳонӣ, фақеҳи Миср, вафотёфта дар соли 175. Лайс аз соҳибони макотиб ба шумор меравад, гӯ ин ки гуфта мешавад, ки пайрави Абӯҳанифа будааст.

5) Абдуллоҳ ибни Мубораки Марвазӣ. Аҳли Марв аст. Шогирди Абӯҳанифа ва Молик ва Саврӣ буда ва дар соли 181 даргузаштааст.

6) Авзоъӣ, Абӯамр Абдурраҳмон ибни Амр, вафотёфтаи 157. Шогирди Зуҳрӣ ва Ато ибни Абирибоҳ буда. Сокини Шом буд ва пешвои мутлақи шомиён шумурда мешуд. Авзоъӣ аз фуқаҳои соҳиби мактаб аст. Маълум нест араби асили яманӣ аст ва ё аз усарои Яман аст.

Инҳо маъорифи фуқаҳои аҳли тасаннун мебошанд. Ғайримаъориф аз ҳадди шумориш хориҷ аст. Дар миёни маъориф дар табақоти мухталиф афроди эронӣ ва ғайри эронӣ фаровонанд.

Дар қуруни баъд, аз имомон ва маъорифи фуқаҳои аҳли тасаннун, ки бигузарем, аз Ибни Сурайҷи Шофеӣ ва Абӯсаъиди Истахрӣ ва Абӯисҳоқи Марвазӣ дар қарни чаҳорум ва Абӯҳомиди Исфароинӣ ва Абӯисҳоқи Исфароинӣ ва Абӯисҳоқи Шерозӣ ва Имомулҳарамайни Ҷувайнӣ ва Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Абулмузаффар Хавофӣ ва Киё ал-Ҳаросӣ дар қарни панҷум ва Абӯисҳоқи Ироқии Мавсилӣ дар қарни шашум ва Абӯисҳоқи Мавсилӣ дар қарни ҳафтум ва Имом Шотибии Андалусӣ дар қарни ҳаштум бояд ном бурд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: