Кабирӣ: “Русия бояд аз пуштибонии ҳукуматҳои фасодзада ва ғайримардумӣ даст бикашад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар гуфтугӯ бо сойти “Варорӯд”, гуфт: “Агар Русия мехоҳад дар дарозмуддат ин кишварҳоро шарики стратегии худ нигаҳ бидорад, бояд аз пуштибонии бечунучарои ҳукуматҳои фасодзада ва ғайримардумӣ даст бикашад.”

Раиси ҲНИТ, дар бахше аз мусоҳибаи худ бо хабарнигори ин сойт, бо баёни ин ки “як нигоҳи дигар дар Русия солҳои охир шакл мегирад, ки оянда метавонад қавитар шавад ва шояд ахиран ба мавзӯи ҳизби мо таваҷҷӯҳ кардани расонаҳои русӣ ба ҳамин нигоҳ рабт дошта бошад” гуфт: “Суоли як идда аз масъулин ва коршиносони рус ин аст, ки Русия то кай бояд аз ин диктотурҳои минтақа пуштибонӣ кунад? Ва оё ин ба манфиати дарозмуддати ин кишвар ҳаст ё не? Оё вақти он нарасидааст, ки иртиботро бо мардум ва нерӯҳои мардумии ин кишварҳо ҳам барқарор кард ва танҳо ҳукуматдорон шарики худ надонист? Чун, нокомии аслии сиёсати хориҷии Русия дар минтақаи пасошӯравӣ ҳамин будааст, ки танҳо ба ҳукуматҳои фасодзада такя кардааст, на ба нерӯҳои миллии озодандеш ва ояндадор. Ҳамин буд, ки мардуми Украина ва Гурҷистонро аз худ дур кард.”

Кабирӣ афзуд: “Агар Русия мехоҳад дар дарозмуддат ин кишварҳоро шарики стратегии худ нигаҳ бидорад, бояд аз пуштибонии бечунучарои ҳукуматҳои фасодзада ва ғайримардумӣ даст бикашад.”

Раиси ҲНИТ дар идома ёдовар шуд: “Ин нуктаҳоро ман ошкор ба Евгений Примаков ҳангоми мулоқот гуфта будам, ва инсофан, ӯ комилан розӣ буд ба ин назарҳо ва ҳатто гуфт, ки бояд Кремл ин ҳарфҳоро ҷиддӣ бигирад.”

Вай афзуд: “Ин суолҳо рӯз то рӯз дар зеҳни масъулини рус ҳам бештар мешавад, ки чаро Русия бояд доиман ин ҳукуматҳоро аз мардумашон ҳимоят кунад? Чаро як роҳбари худкома ба хотири мансабу сарваташ бо миллати худ мушкилӣ дошта бошаду Русия ӯро доим аз миллаташ дифоъ кунад? Агарчӣ ин тарзи масъалагузорӣ ҳоло васеъ нест, вале алакай ҷо ҷое пайдо мешавад ва оянда ҳатман бештар хоҳад шуд.”

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: