Киссенҷер хитоб ба Тромп: “ДОЪИШ бояд ҳифз шавад!”

Вазири умури хориҷаи пешини Омрико хитоб ба мақомоти ин кишвар, тавсия карда, ки агар хоҳони ҷилавгирӣ аз шаклгирии имперотурии Эрон дар минтақа ҳастанд, бояд ДОЪИШ-ро ҳифз кунанд.

Ба гузориши Independent, Ҳенри Киссинҷер дар мақолае, ки барои CapX навиштааст, ба давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури ин кишвар гуфтааст, набояд бо нобуд кардани ДОЪИШ заминаро барои тавсиъаи қудрати Эрон дар минтақа фароҳам кард; зеро бо султаи Теҳрон ва нерӯҳои муттаҳидаш бар сарзаминҳои озодшуда аз чанги ДОЪИШ, як “имперотории эронӣ” шакл хоҳад гирифт.

Киссинҷер, ки дар замони риёсати ҷумҳурии Ричорд Никсун, вазири умури хориҷаи Омрико буд, ба давлати Тромп ҳушдор медиҳад, шикасти ДОЪИШ ба қудрат гирифтани Эрон дар саросари минтақаи Ховари Миёна мунтаҳӣ мешавад.

Ҳенри Киссинҷер дар ёдошти худ овардааст: “Дар ин шароит, масали суннатӣ, ки мегӯяд: “Душмани душмани шумо метавонад ба унвони дӯсти шумо бошад” дигар корбурде надорад. Дар Ховари Миёнаи кунунӣ, душмани душмани шумо метавонад душмани шумо бошад. Ховари Миёна бо навасони идеулужӣ ва бо иқдомоти хоссе, ҷаҳонро таҳти таъсир қарор додааст.”

Ӯ дар идомаи матлаби худ, бо матраҳ кардани иддаоҳое алайҳи Эрон овардааст: “Ҷанги дунёи берунӣ бо ДОЪИШ метавонад як мисол бошад. Ағлаби қудратҳои ғайридоъишӣ аз ҷумла Эрон бар зарурати нобудии ДОЪИШ иттифоқи назар доранд. Аммо кадом як аз онҳо вориси сарзаминҳои ДОЪИШ хоҳад буд? Эътилоф саудиҳо? Ё як ҳавзаи нуфуз, ки таҳти султаи Эрон аст?

Вай афзуда: “Посухи он чандон возеҳ нест; зеро Русия ва кишварҳои узви НАТО аз ҷиноҳҳои мухталифе ҳимоят мекунанд. Агар сарзаминҳои таҳти контроли ДОЪИШ аз сӯи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон ё нерӯҳои омӯзишдида ва мудириятшудаи онҳо тасарруф шаванд, дар натиҷаи он як камарбанд аз Теҳрон то Бейрут эҷод мешавад, ки метавонад нишонае аз зуҳури як “имперотурии эронӣ” бошад.

Вай дар идомаи ёддошти худ муддаӣ шудааст: “Дар ҳоле ки иқдомоти Омрико ба бархе нерӯҳои вежа дар ҷабҳаҳои заминӣ ва бомбборон аз тариқи ҳавопаймоҳои ҷангии эътилоф маҳдуд мешавад, Эрон аммо дар ҳоли султа бар ҳар ду кишвар аст. Ба ҳамин далел, барқарор мондани ДОЪИШ кӯмаки бузурге ба маҳдуд кардани қудрати нуфузи Эрон хоҳад кард.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: