Фалсафа ва равиши реализм (105)

Зарурат ва имкон (7)

Муқаддима (7)

Оё мавҷуд маъдум мешавад? (2)

Суоли дуввум: Бино бар ин ки “мавҷудият хоссияти зотии вуҷуд аст ва мумтанеъ аст, ки аз вай салб шавад” лозим меояд, ки тамоми вуҷудот воҷиб ба вуҷуби зотӣ бошанд, яъне лозим меояд, ки ҳар вуҷуде воҷибулвуҷуд бошад. Ва чун бино бар асолати вуҷуд, ҳеч чизе ҷуз вуҷуд ҳақиқат надорад ва моҳиятҳо эътибороти зеҳнанд, ва дар мавҷудият ва маъдумият ва вуҷуби зотӣ ва вуҷуби ғайрӣ ва иллият ва маълулият ва қидам ва ҳудус тобеъи вуҷудот ҳастанд, лозим меояд, ки ҳар мавҷуде воҷибулвуҷуд бошад. Ва ин матлаб илова бар он ки хилофи машҳудотест, ки мо аз ҳудуси ашё ва аз нишонаҳои имкони ашё дорем ва илова бар ин ки хилофи муқтазии қонуни иллият ва маълулияти умумист — ки мавҷудотро ба ҳам марбут сохта ва низоме падид оварда ва ҳамаи улум бар пояи ин қонун устувор шудааст — хилофи муддаои худи ин мақола аст, ки гуфта шуд: “Мосивои вуҷуди Борӣ, соири вуҷудот вуҷуби ғайрӣ доранд”. Зеро бино ба баёни фавқ, мавҷудият хоссияти зотии ҳар вуҷуде аст ва ҳар вуҷуде мавҷуди биззот аст ва вуҷуби зотӣ дорад ва наметавонад вуҷуби ғайрӣ дошта бошад.

Ин суол ё ишкол бо суоли аввал фарқ дорад. Суоли аввал ин буд, ки лозимаи ин ки адам бар вуҷуд торӣ намешавад, қадим ва азалӣ ва абадӣ будани ашёст, ва ин суол ин аст, ки лозимаи ин матлаб вуҷуби зотӣ ва нафйи имкони зотии ашёст. Ва бар аҳли фанн пӯшида нест, ки мулозимае байни азалӣ ва абадӣ будан бо вуҷуби зотӣ нест ва ҳарчанд лозимаи вуҷуби зотӣ азалият ва абдият аст, вале лозимаи азалият ва абдият вуҷуби зотӣ нест.

Ин суол низ муъзали муҳиммест ва ҳарчанд мустақиман дар ҳеч ҷо аз китобҳои фалсафа тарҳ нашуда ва мавриди нафйу исбот қарор нагирифта, вале ҳар ҷо, ки дар китобҳои фалсафа ҳудуди матлаб ба инҷо кашида, сахт фалосифаро дучори изтироб сохтааст. Ва ҳамин матлаб аст, ки пояи истидлоли урафо қарор гирифта ва хостаанд аз рӯйи бурҳони ақлӣ, фалосифаро мулзам созанд, ки ба муддаои онон, ки муттакӣ ба кашфу шуҳуд аст, дар боби ваҳдати маҳзи вуҷуд ва нафйи ҳар гуна касрате аз он, иқрор кунанд аз ин роҳ, ки: “Вуҷуд мусовӣ бо вуҷуби зотӣ, ва вуҷуби зотӣ мусовӣ бо ваҳдат аст, пас вуҷуд мусовӣ бо ваҳдат аст”. Ва низ ҳамин матлаб яке аз ҷиҳотест, ки мӯҷиб шуда Шайхи Ишроқ ба эътиборияти вуҷуд раъй бидиҳад ва муддаӣ шавад агар вуҷуд воқеияти айнӣ бошад, лозим меояд, ки вуҷуби зотӣ дошта ва мумтанъеуладам буда бошад.

Вале агар хонандаи мӯҳтарам он чӣ қаблан дар мақоми фарқ миёни “зарурати зотии мантиқӣ” ва “зарурати зотии фалсафӣ” гуфта шуд, дар назар дошта бошад, посухи ин суол барояш равшан аст.

Ин ки мегӯем: “Мавҷудияти вуҷуд зарурати зотӣ дорад” айнан монанди ин аст, ки мегӯем, инсоният ё ҳайвонияти инсон барои инсон, ё тасовии маҷмӯи завоё бо ду қоима аз барои мусаллас, зарурат дорад. Маънои ин зарурати зотӣ, ки мусталаҳи мантиқдонон аст ин аст, ки агар фарз кунем шайъро инсон, бо фарзи инсон будани он шайъ, ҳайвоният барояш зарурист, ва ё агар фарз кунем мусалласеро, бо фарзи мусаллас будани он мусаллас, хоссияти тасовии маҷмӯи завоё бо ду қоима барояш зарурист. Ва аммо ин ки оё инсон ё мусаллас ҳақиқатест маълулӣ ва қоим ба ғайр, ё ҳақиқатест ғайримаълулӣ ва қоим ба зот, хориҷ аз муфоди ин қазия аст.

Ва ҳамчунин, ин ки мегӯем: “Ҳар вуҷуде мавҷуд аст биззарура” яъне ҳар вуҷуди мафрузе дар фарзи ин ки мавҷуд аст, мавҷудият барояш зарурӣ аст. Ва аммо ин ки он вуҷуд ҳақиқатест мустақил ва қоим биззот (воҷибулвуҷуд) ё ҳақиқатест ғайримустақил ва маълулӣ ва қоим ба ғайр, рабте ба ин зарурати зотӣ надорад.

Ва ба иборати дигар, зарурати зотии фалсафӣ дар муқобили “имкони фақрӣ” аст, ки қаблан гуфтем. Имкони фақрии вуҷуд ба ин маънӣ буд, ки ин вуҷуд дар айни ин ки вуҷуд аст ва айни мавҷудият аст, ҳақиқатест мутаъаллиқ ба ғайр ва мӯҳтоҷ ба ғайр, балки айни таъаллуқ ва эҳтиёҷ ба ғайр ва боқист ба бақои ғайр ва маҳфуз аст ба ҳифзи ғайр. Вале вуҷуби зотии як вуҷуд ба ин маънист, ки мавҷудияти он вуҷуд, мустақил ва бениёз ва ғайримуттакӣ ба ҳақиқати дигарест.

Хонандаи мӯҳтарам агар дар он чӣ то кунун дар зимни посух ба ин ду суол гуфта шуд таъаммуқи кофӣ карда бошад, ба ҳалли бисёре аз шубаҳот ва ташкикоте, ки аз тарафи ашхоси мухталифе роҷеъ ба нафйи иллият ва маълулият ва бемаъно будани хилқат ва офариниш ва бутлони ҳудус ва фанои ашё иброз шуда муваффақ хоҳад шуд.

Аз он ҷумла ташкики муҳим ва маъруфест, ки Имом Фахри Розӣ дар мавриди маҷъулият ва маълулияти мумкинот карда ва онро ба сурати амре мумтанеъ ва маҳол ҷилва додааст ва мо баъдан дар мақолаи “Иллату маълул” он ташкикро ба таври машрӯҳ ва возеҳ баён мекунем.

Ахиран яке аз масоиле, ки дар афвоҳи муддаиёни фалсафа шойеъ аст ва китобҳоеро дар атрофи он пур кардаанд ин аст, ки: “Лошайъ шайъ намешавад ва шайъ лошайъ намешавад”.

Қонуни Ловуозе, шимисти маъруфи қарни 18, ки мегӯяд: “Дар ин дунё ҳеч чиз маъдум ва ҳеч чиз мавҷуд намешавад” низ чунонки қаблан гуфта шуд, нозир ба ҳамин матлаб аст. Ин қонунро Ловуозе аз рӯйи таҳқиқ ва озмоишҳои ғайриқобили инкоре баён кард. Чизе, ки ҳаст дар ин қонун муддао аъамм аз далел зикр шуда. Муддао ба ин сурат аст, ки: “ҳеч чиз” маъдум ё мавҷуд намешавад ва албатта возеҳ аст, ки агар муддаоро ба ин сурат тасдиқ кунем, бояд ҳама чизро азалӣ ва абадӣ бидонем ва ҳар гуна тағйиру табдилу ҳаракату таҳаввулу такомулро нафй кунем. Вале вақте, ки ба далоили ин қонун муроҷиа мекунем, мебинем ҳама чиз ин тавр нест, танҳо аҷроми аввалияе, ки моддаи аслии таркиботи шимиёӣ ҳастанд мавҷуд ё маъдум намешаванд. Ба илова, дар назарияи Ловуозе, ки тибқи баёни боло беҳтар аст онро “қонуни бақои модда” бихонем, аз лиҳози бақои модда низ як навъ маҷоз дар таъбир ба кор рафтааст; зеро он чӣ дар ин қонун манзури аслист ин аст, ки маҷмӯи маводди ин ҷаҳон кам ё зиёд намешавад. Ва албатта, ин ки маҷмӯи маводди ин ҷаҳон кам ё зиёд намешавад, аъамм аст аз ин ки ҳар воҳиди модда ҳамеша буда ва хоҳад буд, ё ин ки ҳар воҳиди модда фаразан аз байн биравад, воҳиди дигаре ҷойгузини ӯ хоҳад шуд.

Дар қонуни Ловуозе баъдан аз тарафи донишмандон ислоҳоте ба амал омада ва ҳар чӣ таҳқиқоти донишмандон пеш рафта назарияи адами бақои воҳиди модда яъне табдили маводд ба якдигар ё табдили модда ба энержӣ ва энержӣ ба модда, бештар таъйид шуда ва афкор ба сӯи ин ки ҳеч воҳиди шахсии модда бо ҳифзи шахсият ва воқеият, азалӣ ва абадӣ нахоҳад буд, ҷилав рафтааст.

Ин ки дар боло ба сурат эҳтимол гуфтем, ки воҳиде аз модда аз байн меравад ва воҳиди дигаре ҷойгузини ӯ мешавад, на ба ин маъно мақсуд буд, ки як воҳиди модда маъдуми мутлақ бишавад ва аз катми адам воҳиди дигаре ибдоъ шавад. Зеро ин матлаб тибқи таҳқиқоти дақиқ ва амиқе, ки дар фалсафаи илоҳӣ шуда саҳеҳ нест, балки мутобиқи таҳқиқоти дақиқе, ки дар ин замина аз як тараф аз тарафи фалосифа ба амал омада ва аз тарафи дигар уламои табиӣ онро таъйид кардаанд, ҳар ҳодисе масбуқ ба модда ва муддат аст ва ҳар фонишавандае заминаи пайдоиши ҳодиси ҷадиде аст. Ва албатта ҳамин ки сухан ба инҷо бирасад, баҳси “моддатул-маводд” пеш меояд, ки ниёзманд ба ин аст, ки фасли дигареро мавриди таҳқиқ қарор диҳем, ва он фасл ҳамон аст, ки мавзӯи мақолаи 10 аз ин силсиламақолот воқеъ шудааст.

Ин ки “шайъ лошайъ намешавад ва лошайъ шайъ намешавад” дастовезе барои моддигароён шуда ва онро василаи инкори мавзӯи хилқат ва офариниш қарор додаанд, ғофил аз он ки агар ин матлабро ба мафҳуми урфии вай ахз кунем, бояд қонуни иллият ва маълулияти умумӣ ва қонуни ҳаракат ва такомулро нафй кунем. Ва ҳол он ки инкори ин ду қонун ба манзилаи инкори ҷамиъи улум аст ва худи моддигароён ҳамвора дар китобҳои хеш аз ин ду қонун дам мезананд. Ва агар онро ба мафҳуми “илмиаш” ахз кунем, ки дар боло ишора шуд, мунофоте бо мавзӯи иллият ва маълулият ва хилқат ва офариниш — ва ҳар чӣ мехоҳед ном бигузоред — надорад.

Ба ҳар ҳол, ин назария, ки: “Ҳеч мавҷуде маъдум намешавад ва ҳеч маъдуме мавҷуд намешавад” агар ба маънои омми фалсафии вай гирифта шавад, аз тариқи бурҳонҳои фалсафӣ бояд нафй ё исбот шавад ва ҳам бо забони фалсафа бояд тафсир шавад. Тафсири вай ба забони фалсафа ҳамон аст, ки дар мақолаи 7 ва дар ин муқаддима гузашт, ва чунонки дидем, тибқи ин тафсир, ин қонун на мусталзими азалият ва абдияти ашёст ва на мусталзими нафйи хилқат ва офариниши онҳо.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: