Чаро ҳукумати Тоҷикистон бо ҳиҷоби исломӣ мухолифат мекунад?

Гузорише дар сойти Iqna

Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ бо ҷамъияте ҳудуди 8 милюн нафар кишварест, ки бештари ҷамъияти он мусалмонанд. Худи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар низ мусалмон мутаваллид шуда, аммо як секулор аст ва талош мекунад, ки озодиҳои диниро бо муртабит кардани диндорӣ бо ифротгароӣ мутаваққиф кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 бар маснади қудрат нишаст, ба таври фазояндае дар тӯли солҳо ба самти истибдод гаравида ва зиндагии хусусӣ ва гуфтумони сиёсӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро маҳдуд кардааст.

Раҳмон дар суханронии худ дар соли 2015 эълом кард, пӯшидани ҳиҷоб ва кӯр-кӯрона тақлид кардан аз фарҳанге, ки барои мо бегона аст, нишонаи волоии ахлоқ ва ақида дар байни занон нест.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дастури ташкили як кумисиюни вежа барои назорат бар либос ва пӯшиши “муносиб” барои мардону занонро содир кардааст. Таърифи “либоси муносиб” шакли дигаре аз саркӯби режими истибдодии Тоҷикистон аст, ки бар мардуми худ эъмол мекунад.

Ин тасмим пас аз он иттихоз шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии Рӯзи модар дар моҳи март занонро ба хотири пӯшидани либоси сиёҳи “бегона”, мавриди интиқод қарор дод.

Ишораи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба либоси исломии мишкӣ буд, ки маҳбубияташ дар миёни мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди мухолифатҳое, ки бо он мешавад, дар ҳоли афзоиш аст.

Эмомалӣ Раҳмон аввалин бор дар соли 2015 мухолифати худро эълом кард ва пас аз он кампине алайҳи ҳиҷоб оғоз шуд ва руасои ниҳодҳо ва муассисот аз коркунони худ хостанд, ки бо ҳиҷоб сари кор наёянд.

Дар муассисоти омӯзишии Тоҷикистон низ пӯшиши ҳиҷоб ва рӯсарӣ барои занон мамнӯъ аст ва барои мардон доштани риш манъ шуда ва барои ҷавонони камтар аз 18 сол рафтан ба масҷид мумкин нест.

Ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, кумисиюни ҷадиди назорат бар пӯшишу либоси мардуми Тоҷикистон вазифа дорад, бо фарҳанги “бегона” муқобила кунад ва либосҳое бо дар назар гирифтани “суннатҳои тоҷикӣ” ва “зиндагии мудерн” тарроҳӣ хоҳад кард. Ин вазоратхона намунаҳое аз либосҳои миллии занона ироа хоҳад кард, то аз пӯшидани либосҳои бегона (ҳиҷоб) ҷилавгирӣ шавад.

Вай хитоб ба заноне, ки либосҳои исломии мишкӣ мепӯшанд, ононро “муқаллидони мӯди бегона” номид ва гуфт, ҳеч кас фардеро, ки зери ин порчаҳо пинҳон шудаанд, намешиносад.

* * *

Ҳарос аз рушди диндорӣ

Мавзеъгирии хашмгинонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон алайҳи пӯшиши исломӣ, натиҷаи норизоятӣ аз афзоиши диндорӣ миёни умуми мардуми Тоҷикистон баъд аз суқути Шӯравии собиқ аст.

Пас аз суқути Шӯравӣ масоҷиди ҷадиде дар Тоҷикистон сохта шуда, ки афроди бештареро барои намозҳои ҷамоат мизбонӣ мекунанд ва занони бештаре ба пӯшидани либосҳои исломӣ алоқа нишон медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои теруристӣ низ дар манотиқи марзӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон фаъол шудаанд, ки метавонанд мавриди истифодаи бадхоҳон қарор бигиранд.

Дар соли 2015, Русия пешниҳод дод, ки нерӯҳои муҳофизати марзии Русия контроли марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро дар даст бигиранд, то низомиён ва теруристҳоро дур кунанд.

* * *

Ифротгароии исломӣ; афсонае, ки санаде барои исботи он вуҷуд надорад

Таҳқиқоти Андешкадаи ангилиси Chatham House дар мавриди ифротгароии гурӯҳҳои исломгаро дар Осиёи Марказӣ ҳокӣ аз он аст, ки шавоҳиди қобили истиноде дар мавриди хушунати сиёсӣ ва ифротгароии исломгароёна дар ин минтақа вуҷуд надорад. Агар ҳам вуҷуд дорад, маҳаллӣ, маҳдуд, мунзавӣ ва маҳсур аст. Ин таҳқиқот нишон медиҳад, ки иддаои вуҷуди хатари ифротгароии исломӣ дар минтақа, афсонаест, ки санаде барои исботи он вуҷуд надорад.

Ин афсона ба унвони абзоре барои машрӯият бахшидан ба секулоризми низомии режимҳои заъиф ба кор меравад ва дар ҳақиқат абзорҳои саркӯбгароёнаи раисиҷумҳури Тоҷикистон нишон медиҳад, ки секулоризми ӯ ҳатто хатарноктар аз ифротгароии хушунатомез аст.

Калимоте, ки дар суханрониҳои раисиҷумҳур ва вазири фарҳанги Тоҷикистон матраҳ шуда, мутаноқиз, баҳсбарангез ва гоҳе тавҳиномез аст.

Ба унвони мисол, комилан номушаххас аст, ки чӣ гуна як либоси исломӣ метавонад мутаноқиз бо “суннатҳои тоҷикӣ” талаққӣ шавад?! Дар даврони Шӯравӣ манзур аз суннат ҳамвора ислом будааст.

Ҳамчунин, мушаххас нест, ки манзур аз либосҳои суннатӣ чист? Бо вуҷуди ин воқеият, ки беш аз 90 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, суннатҳои тоҷикӣ умдатан таҳти таъсири фарҳанги исломӣ ҳастанд. Ҳатто ҳукумати қудратманд ва секулори Шӯравӣ низ ҳаргиз мардумро аз бархӯрдорӣ аз суннатҳои исломии худ то ба ин андоза маҳрум накарда буд.

Аммо он чи дар ин миён комилан мушаххас аст маънои сиёсии “тарҳи миллии либос” ё дастури “навъи пӯшиш” аст. Ин яъне дахолат дар зиндагии шахсии мардум ва таҳмили либосҳои тарроҳишуда ба онон аст.

* * *

Талош барои ҳазфи Ҳизби наҳзати исломӣ

Ин иқдомот бояд дар чорчӯби талошҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон барои танг кардани арса барои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ шавад; ҳизбе, ки Раҳмон дар панҷ соли гузашта амалан онро аз кор андохтааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи ҳукумати Тоҷикистон ба равшанӣ ҳазфи ҲНИТ аст, ки фаъолиятҳояш мамнӯъ шуда ва аъзои он ё дар зиндон ва ё дар табъид ҳастанд.

Дар созишномаи сулҳи 1997 миёни раисиҷумҳур Раҳмон ва ҲНИТ муқаррар шуд, ки ин ҳизб 30 дарсади мақомҳои вазоратиро дар ихтиёр дошта бошад. Аммо инак ин ҳизб ҳеч намояндае дар парлумон надорад. Мумкин аст, ки аъзои ҲНИТ фаъолиятҳои динӣ дошта бошанд, аммо иртибот додани онҳо бо гурӯҳҳои теруристии исломгаро ва тавсиф кардани онҳо ба гурӯҳе, ки алайҳи амният таҳдид маҳсуб мешаванд, хилофи воқеъ аст.

Аз сӯи дигар, Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконот барои бардоштани маҳдудияти замонии давраи риёсати ҷумҳурӣ ва табдил кардани риёсати ҷумҳурии 5-солаи худ ба як риёсати ҷумҳурии модомулумр аст, ки баъд аз худаш ҳам писараш онро ба ирс бибарад.

Iqna



Рубрики:Бонувон, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: