Шарҳи Маснавӣ (205)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (31)

* * *

Тафсири қавли ҳаким (5)

* * *

Деҳ закоти рӯйи хуб, эй хубрӯ!

Шарҳи ҷони шарҳа-шарҳа боз гӯ.

Эй маъшуқи зеборухсор! Закоти зебоиятро бидеҳ, ва шарҳи аҳволи он ҷонеро, ки аз фироқи ту пора шуда бозгӯ кун.

К-аз карашми ғамзае ғаммозае

Бар дилам бинҳод доғи тозае.

Он маъшуқ бо карашмаву нозу ғамзааш, доғи тозаеро бар дилам ниҳод.

Карашм: Ҳаракоти дилангези чашму абрӯ, ки маъшуқону зеборӯён ба кор баранд. Ғаммоза: Дар инҷо зане хушандом, пурғамза. Ғамза ба маънои ишораи чашму мижгон аст.

Нукта: “Ғамза” киноя аз ҷилваест аз сифоти ҷалолияи Ҳақ Таъоло. Ӯ ба мӯҷиби исми “мумит” ва “моҳӣ” ва “қаҳҳор” ва “қобиз” ҳастии изофӣ ва мавҳуми оламро ба нестӣ мебарад. (Шарҳи Гулшани роз, с.571)

Ман ҳалолаш кардам ар, хунам бирехт,

Ман ҳамегуфтам: ҳалол, ӯ мегурехт.

Он маҳбуб агарчи хунамро рехт, вале ман ҳалолаш кардам, ва чун ба ӯ мегуфтам: Хунам рехтӣ, ҳалолат бод!, ӯ аз ман мегурехт, яъне маърифаташ бароям ҳосил намешуд.

Нукта: “Гурехтан” дар инҷо киноя аз адами давоми таҷаллӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.131) Баъзе гуфтаанд, намегузошт фаноям боқӣ монад. Сабзаворӣ гӯяд: “Хунам бирехт яъне вуҷуди табииямро мабуддал кард ба вуҷуди нуронӣ.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.566)

Чун гурезонӣ зи нолай хокиён,

Ғам чӣ резӣ бар дили ғамнокиён?

Эй маъшуқи ҳақиқӣ! Ту, ки аз нолаи хокиён гурезонӣ, чаро ғамро бар дили ғамнок фурӯ мерезӣ?

Ғамнокиён: Андӯҳгинон.

Эй ки ҳар субҳе, ки аз Машриқ битофт,

Ҳамчу чашмай мушриқат дар ҷӯш ёфт.

Эй шоҳи ҳақиқии вуҷуд! Ҳар бомдод, ки аз ховар метобӣ, туро ҳамонанди чашмаи тобнок яъне монанди офтоб, дар ҷӯшу хурӯш меёбад.

Машриқ: Ховар. Чашмаи мушриқ: Маҷозан ба маънии офтоби оламтоб аст.

Нукта: Ҳақ Таъолоро ба офтоби ҷаҳонтоб ташбеҳ фармуда ба иллати он ки файзи ҳазраташ аладдавом бар мумкинот ва мавҷудот сотеъ ва фоиз мегардад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.567)

Чун баҳона додӣ ин шайдотро?

Эй баҳо на шаккари лабҳотро.

Эй шоҳи вуҷуд! Ту, ки дорандаи ҷуду бахшиш ҳастӣ, чаро барои ин шефта ва шайдоят баҳона меоварӣ? Эй, ки лабҳои шакаринатро қимат ва баҳое нест!

Шайдо: Саргашта ва шефта.

Нукта: “Лаб” дар истилоҳи ирфонӣ, ҳамон “нафаси раҳмонӣ” аст, ки бар ҳамаи мавҷудот ифозаи вуҷуд мефармояд ва ба сурати ашё таҷаллӣ мекунад. (Шарҳи Гулшани роз, с.568)

Эй ҷаҳони кӯҳнаро ту ҷони нав,

Аз тани беҷону дил афғон шунав.

Эй Худо! Ту, ки бо таҷаллиёти нав ба нави худ ин ҷаҳони кӯҳна ва фарсударо монанди як ҷони тоза бонишоту нав кардаӣ, аз ин колбади беҷону ин дил нолаву фиғонро бишнав ва иҷобат фармо.

Шарҳи гул бигзор аз баҳри Худо,

Шарҳи булбул гӯ, ки шуд аз гул ҷудо.

Аз барои Худо, шарҳи гулро раҳо кун ва шарҳи булбули ишқро, ки аз гули ҳақиқат ҷудо гаштааст баён кун!

Нукта: Мавлоно дар инҷо аз тавсифи худ дар бораи маъшуқ (гул) ба тавсифи ҳоли ошиқ (булбул), ки ҳолатест варои шодиҳо ва ғамҳои ин ҷаҳон рӯй мекунад. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.278)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: