Ҳукумат бо ин барнома ба дунболи чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Суоле, ки матраҳ аст ва посух мехоҳад ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо таҳия ва пахши барномаи ахираш дар шабакаи якуми телевизиюни кишвар, чӣ ҳадаферо дунбол мекунад, ва ба сухани дигар, ин барнома чӣ паёмеро дарбар дорад, ки ҳукумат ба дунболи расондани он аст?

Ба назари ман, ҳукумат бо пахши ин барнома, ба дунболи таҳқиқи се ҳадаф аст, ё дурусттараш, ба дунболи расондани се паём аст, ки дутои он мартуб ба хориҷ аз марзҳост, ва яке ҳам марбут ба дохил.

1) Ҳадафи аввал, қонеъ кардани кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба хусус Русия, ба ин матлаб аст, ки дар нишасти ояндаи ин созмон, ин кишварҳо ҲНИТ-ро ба унвони як гурӯҳи “теруристӣ” эълом бикунанд. Ин ки дар ин барнома рӯйи кушта шудани афсарони пойгоҳи низомии Русия ба дасти гурӯҳе, ки — ба иддаои таҳиякунандагони ин филм — вобаста ба ҲНИТ будаанд ва тамаркузи беш аз андоза бар ин масъала дар ин филм, ҷуз инро намерасонад.

2) Паёми дигари ин филм, мутаваҷҷеҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Паёме, ки ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи пахши ин барнома мехоҳад ба Эрон бирасонад ин аст, ки ё бо мо бош ва ё бо ҲНИТ, роҳи севвуме надорӣ. Яъне, мехоҳад бигӯяд, шароити имрӯз шароити даҳаи 90 нест, ки ҳам бо опозисиюн равобит дошта бошӣ ва ҳам бо ҳукумат. Балки, имрӯз шароит фарқ мекунад, аз ин рӯ бояд байни ин ду, якеро интихоб кунӣ. Агар моро баргузидӣ, бояд куллан равобити худро бо ҲНИТ қатъ ва ба ин ҳизб ҳамчун як гурӯҳи теруристӣ нигоҳ кунӣ.

Аммо агар бихоҳӣ равобити худро бо ҲНИТ ҳифз кунӣ, пас бидон, ки мо бо таҳияи якчунин барномаҳое (ва шояд идома ҳам дошта бошад), метавонем ҳамаи ҷурму ҷиноятҳое, ки дар хилоли ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ба гардани ту бор кунем ва аз ту як чеҳраи бисёр манфӣ ва сиёҳ дар ҷомеаи худамон ироа намоем. Гӯё ин барнома як сигнол аст!

3) Паёми севвум мутаваҷҷеҳи дохил аст. Зеро парвандаи бисёр ҷиноятҳо ва қатлу кушторҳое, ки дар хилоли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ воқеъ шуда буданд, “пӯшида” буданд ва ҷомеа аз ҷузъиёти онҳо ва ҷинояткорони воқеӣ огоҳ набуданд. Ва ҳамин адами огоҳӣ шойеъаҳо ва овозаҳоеро эҷод карда буд ва бисёриҳо бар ин бовар буданд, ки худи ҳукумат пушти он қатлҳо меистад. Ҳоло, зоҳиран замон ва фурсати муносибе барои ҳукумат даст дода, то ҳамаи онҳоро – бидуни истисно – бар гардани касе бор кунанд, ки алъон дар қайди ҳаёт нест, яъне женерол Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода. Ва албатта, ҲНИТ ва як кишвари бегонаро ҳам, дар инҳо дахил намоянд.

* * *

Ҳол, суол ин аст, ки оё ҳукумат метавонад аз тариқи ин гуна барномаҳо, ба ҳадафи худ бирасад? Инро вақт нишон медиҳад. Аммо ба назар мерасад, ин гуна барномаҳо ва ба ин сурат паём расонданҳо, баъид аст, ки гардонандагони онро ба ҳадафашон бирасонад.

Кишварҳо тасмимҳояшонро ҳаргиз бо инфиъол иттихоз намекунанд. Яъне, бисёр баъид аст кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (ба истиснои Чин албатта) бо якчунин бозиҳо ва барномаҳо, тасмим бигиранд ҲНИТ-ро “теруристӣ” эълом бикунанд. Ин бисёр баъид аст.

Ва ҳамчунин, Эрон низ дар робита бо танзими равобиташ бо Тоҷикистон, худро миёни ду гузина, ки ночор бояд якеро интихоб кунад, намебинад. Ин бисёр соддаандешист агар касе чунин фикр кунад. Зеро Тоҷикистон, яъне Тоҷикистон; на ҳукумати танҳо ва на опозисиюни танҳо. Агар қарор бошад Эрон (ва ё ҳар кишвари дигаре) бихоҳад равобиташро бо як кишвар танзим кунад, ҳаргиз “тараф” намешавад. Дар олами сиёсат, “тараф” қарор гирифтан, як иштибоҳи фоҳиш аст. Ҳеч ҳукумати оқиле ин корро намекунад, чӣ Эрон бошад ва ё ғайри он.

Ба назари ман, сиёсатмадорон ва давлатмардони кунунии Тоҷикистон бисёр мунфаъилона бо қазоё бархӯрд мекунанд ва ҳаргиз дурро намебинанд. Инфиъол дар арсаи сиёсат, навъе худкушӣ аст.



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: