Ислом ва Эронзамин (56)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (19)

Адабиёт (1)

Мақсуд наҳву сарфу луғату балоғату шеъру торих аст. Дар ин қисмат, эрониён хадамоти фаровоне кардаанд. Хадамоти эрониён ба забони арабӣ беш аз худи арабҳо ба ин забон буда ва хеле беш аз хадамоти ин мардум ба забони форсӣ будааст. Эрониён ба ҳукми як ангезаи муқаддаси динӣ ба хидмати забони арабӣ ҳиммат гумоштанд. Эрониён монанди ҳамаи мусалмонони покниҳоди дигар, забони арабиро забони қавми араб намедонистанд, онро забони Қуръон ва забони байналмилалии исломӣ медонистанд. Аз ин рӯ, бидуни ҳеч гуна таъассуб ва бо шӯру нишот ва алоқаи фавқулъодае ба фарогирӣ ва забту тадвини ин забон пардохтанд.

Улуми адабии арабӣ аз дастури забони арабӣ яъне наҳв оғоз мешавад. Муаррихони исломӣ иҷмоъ ва иттифоқ доранд, ки мубтакири илми наҳв Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом аст. Алломаи ҷалил марҳум Сайидҳасани Садр дар китоби нафиси “Таъсисус-шиъа” далоил ва шавоҳиди ғайриқобили инкори ин матлабро зикр кардааст. Алӣ алайҳис-салом ба Абуласвади Дуалӣ, ки фавқулъода боистеъдод будааст, усули наҳвро омӯхт ва дастур дод, ки бар ин асос таъаммул кунад ва бар он бифзояд. Абуласвад тибқи дастур амал кард ва чизҳое афзуд ва он чӣ медонист ба иддае ва аз он ҷумла ду писараш Ато ибни Абиласвад ва Абоҳарб ибни Абиласвад ва Яҳё ибни Яъмур ва Маймуни Ақран ва Яҳё ибни Нӯъмон ва Анбастулфил омӯхт. Гӯянд, Асмаъии араб ва Абӯубайдаи эронӣ, ду адиби маъруфи исломӣ, шогирдони Ато писари Абуласвад будаанд.

Дар табақаи баъд аз ин табақа афроде дигар аз қабили Абӯисҳоқи Ҳазрамӣ ва Исои Сақафӣ ва Абӯамр ибни Ало — ки аз қориёни сабъа ва бисёр ҷалилулқадр аст — қарор гирифтаанд.

Абӯамр ибни Ало марде луғавӣ ва ориф ба забон ва адабиёт ва махсусан ашъори араб буд. Аз камоли тақво, дар моҳи мубораки рамазон ҳаргиз шеър намехонд. Дар сафари ҳаҷ навиштаҳои худро аз он рӯ, ки мутазаммини ашъори араби ҷоҳилӣ буд аз байн бурд. Асмаъӣ Юнус ибни Ҳабиби Наҳвӣ, Абӯубайда, Саъдон ибни Муборак назди вай шогирдӣ кардаанд.

Халил ибни Аҳмади Арӯзӣ, ки аз муҷтаҳидон ва соҳибназарони дараҷаи аввали наҳв аст ва аз навобиғ ба шумор меравад, дар табақаи баъди ин табақа қарор гирифтааст. Сибавайҳи маъруф, соҳиби “Алкитоб” шогирди Халил будааст ва Ахфаши маъруф назди Сибавайҳ ва Халил таҳсил кардааст.

Аз ин ба баъд наҳвийин ба ду ниҳлаи куфийин ва басрийин тақсим мешаванд. Касоии маъруф ва шогирдаш Фарроъ ва Абулаббоси Саълаб шогирди Фарроъ ва Ибнул-Анборӣ шогирди Абулаббоси Саълаб, аз ниҳлаи куфӣ будаанд ва аммо Сибавайҳ ва Ахфаш ва Мозинӣ ва Мубаррад ва Зуҷоҷ ва Абӯалии Форсӣ ва Ибни Ҷанӣ ва Абдулқодири Ҷурҷонӣ, ки ба тартиб устоду шогирд будаанд, аз ниҳлаи басрӣ ба шумор мераванд.

Аз инҳо, ки баршумурдем, иддае эронианд:

1) Юнус ибни Ҳабиб, вафотёфта дар соли 183. Ибни ан-Надим мегӯяд, аъҷамиюласл аст. Китобе ба номи “Маъони ал-Қуръонил-Карим” таълиф кардааст. Гӯянд, издивоҷ накард ва умри 87-солаи худро вақфи илму дониш кард.

2) Абӯубайда Муаммар ибни ал-Мусанно, вафотёфта дар 210. Ба гуфтаи Ибни ан-Надим, Абӯубайда низ эронӣ аст.

3) Саъдон ибни Муборак. Торихи вафоташ ба даст наомад. Бино ба навиштаи “Райҳонатул-адаб” аслан аҳли Тахористон аст ва нобино будааст.

4) Абӯбашар Амр ибни Усмон ибни Қанбар, маъруф ба Сибавайҳ, вафотёфта дар ҳудуди соли 180. Сибавайҳ аҳли Форс аст. Дар Байзо мутаваллид шуд ва ҳаёти илмии хешро дар ҳавзаи илмияи Басра тай кард ва сафаре ҳам ба Бағдод рафт. Сибавайҳ дар сафаре, ки ба Бағдод рафт, достони маъруфе бо Касоӣ дорад, ки ба қиссаи занбӯрия маъруф аст. Пас аз сафари Бағдод ба Форс баргашт ва 40 сол бештар надошт, ки дар ҳамонҷо даргузашт ва дар мавлиди хеш дафн шуд. Китоби маъруфи Сибавайҳ дар наҳв ба номи “Алкитоб” маъруф аст ва аз беҳтарин китобҳои ҷаҳон дар фанни худ яъне аз қабили Маҷастии Батламюс дар Ҳайъат ва Мантиқи Арасту дар мантиқи сурӣ талаққӣ шудааст. Борҳо дар Порис ва Берлин ва Калкатта ва Миср чоп шудааст. Сайид Баҳрулулум ва дигарон гуфтаанд, ҳамаи уламо дар наҳв аёли Сибавайҳ мебошанд. Дар ин китоб ба 300-у чанд оят аз Қуръони Маҷид истишҳод шудааст. Мозинӣ, наҳвии маъруфи араб, ҳозир нашуд ин китобро ба яке аз аҳли зимма тадрис кунад бо он ки пули зиёде ба унвони ҳаққуттадрис ба ӯ дода мешуд, танҳо ба ин далел, ки дасти ғайримусалмон оятҳои Қуръонро ламс накунад.

5) Саъид ибни Мисъада маъруф ба Ахфаш ё Ахфаши Авсат. Ин мард аз акобири дараҷаи аввали наҳвийин аст. Китобҳои зиёде таълиф карда ва як баҳри арӯзӣ бар он чӣ собиқан Халил ибни Аҳмад вазъ карда буд афзудааст. Ин мард бино ба гуфтаи Ибни ан-Надим, хоразмӣ аст. Дар айни ҳол ӯро муҷошиъӣ низ хондаанд. Мусаллам нест аслан араби муҷошиъӣ бошад ва бинобар ин аз эрониёни арабнажод аст ва ё интисобаш ба як қабилаи араб, паймонӣ ва илҳоқӣ аст он чунон ки дар он аҳд марсум будааст. Ахфаш дар соли 215 ё 221 даргузаштааст.

6) Алӣ ибни Ҳамзаи Касоӣ, ки қаблан дар шумори қориён зикраш гузашт. Касоӣ қатъан эронӣ аст. Номи ҷадди аълояш Фирӯз аст. Дар ҳудуди соли 200, ки бо Ҳорунаррашид ба Хуросон мерафт, дар Рай даргузашт.

7) Фарроъ. Ин мард низ эронӣ аст ва қаблан дар шумори қориён ва муфассирон ӯро муаррифӣ кардем.

8) Муҳаммад ибни Қосими Анборӣ маъруф ба Ибнул-Анборӣ. Аҳли Анбор аст, ки махзани ғаллоти Соcониён будааст. Шогирди Абулаббоси Саълаб буда ва дар ҳудуди соли 327 даргузаштааст.

9) Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Сарӣ ибни Саҳл, маъруф ба Зуҷоҷ. Шогирди Мубаррад ва Саълаб будааст. Барои имрори маъоши худ дар овони таҳсил булӯртарошӣ мекард ва аз ин рӯ ба “Зуҷоҷ” маъруф гашт. Гӯянд, ҳамарӯза як дирҳам ба устоди худ Мубаррад бобати ҳаққуттаълим аз дастмузди худ мепардохт. Дар ҳудуди соли 310 даргузаштааст.

10) Абӯалии Форсӣ. Аҳли Фасои Форс ва муосири Даёлима аст. Дар соли 288 мутаваллид шуд ва дар 377 даргузашт. Бархе ӯро хотами наҳвийин донистаанд. Дар “Таъсисус-шиъа” аз китоби “Алмисбоҳ”-и Салома ибни Аёзи Шомӣ нақл мекунад, ки гуфтаанд:

فتح النحو بفارس وختم بفارس

Яъне наҳв аз Форс ба василаи Сибавайҳ оғоз гашт ва дар Форс бо рафтани Абӯалии Форсӣ поён ёфт. Бадеҳист, ки дар баёни боло муболиға ба кор рафтааст.

11) Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ, адиби наҳвии луғавии маъонии баёнии маъруф. Бештари шӯҳрати Абдулқоҳир дар фанни балоғат яъне маъонӣ ва баён аст. Дар айни ҳол аз наҳвийин низ ба шумор меравад. Аз Абдулқоҳир китобҳои нафисе дар илми балоғат дар даст аст, ки арзиши худро ҳанӯз ҳам ҳифз кардаанд аз қабили “Асрорул-балоға”, “Далоилул-эъҷоз”, “Эъҷозул-Қуръон” ва ғайра. Вай дар соли 471 ё 474 даргузаштааст.

Илова бар ин афрод, ки ном бурдем, гурӯҳи дигаре аз акобири наҳвийин эронӣ мебошанд ва ба таври ишора ва мухтасар номашонро мебарем аз қабили Халафи Аҳмар дар қарни дуввум, ва Абӯҳотами Сиҷистонӣ ва Ибни Сиккити Аҳвозӣ ва Ибни Қутайбаи Динаварӣ соҳиби китобҳои нафиси “Адабул-котиб”, “Ал-маориф”, “Уюнул-ахбор” ва ғайраҳо, ва Абӯҳанифаи Динаварӣ, ки илова бар ҷанбаи адабӣ марде ҳаким ва риёзидон ва муаррих будааст, ва Абӯбакр ибни ал-Хайёти Самарқандӣ дар қарни севвум, ва Ҳасан ибни Абдуллоҳ ибни Марзбони Сирофии Шерозӣ, ки аз як хонаводаи маҷусӣ буд ва падараш Абдуллоҳ мусалмон шуд, ва Юсуф ибни Ҳасан ибни Абдуллоҳ ибни Марзбони Сирофӣ ва Абӯбакри Хоразмии табаристониюласл ва Ибни Холуяи Ҳамадонӣ дар қарни чаҳорум, ва Абӯмуслими Исфаҳонӣ дар қарни панҷум, ва Наҷмулаъиммаи Астарободӣ маъруф ба Разӣ дар қарни ҳафтум.

Ва ҳамчунин гурӯҳе аз уламои фасоҳат ва балоғати исломӣ эронианд аз қабили Абдулқоҳири Ҷурҷонии собиқуззикр ва Муҳаммад ибни Умрони Марзбонии Хуросонӣ вафотёфтаи 371, ки гуфта мешавад возеъи аввали илми баён ӯ буда, на Абдулқоҳири Ҷурҷонӣ, ва Замахшарии собиқуззикр ва Соҳиб ибни Уббоди Толиқонӣ вафотёфта дар 385 ва Саккокии Хоразмӣ вафотёфта дар қарни ҳафтум ва Қутбуддини Шерозӣ шореҳи “Мифтоҳ”-и Саккокӣ вафотёфта дар 710 ва Тафтозонии Насоӣ ё Сарахсӣ вафотёфта дар 791 ва Мир Сайид Шарифи Ҷурҷонӣ вафотёфта дар 816.

Дар миёни луғавийин низ иддаи зиёде эронианд аз қабили Ҷавҳарии Нишопурӣ соҳиби “Сиҳоҳуллуға” вафотёфта дар ҳудуди нимаи дуввуми қарни чаҳорум ва Роғиби Исфаҳонӣ вафотёфта дар 565 ва Маҷдуддини Фирӯзободӣ соҳиби “Қомусуллуға” вафотёфта дар 816 ва Майдонии Нишопурӣ соҳиби “Ассомӣ фил-асомӣ” ва “Маҷмаъул-амсол” вафотёфта дар 518 ва ғайри инҳо.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: