Решаи моҷарои ахир аз забони як масъули эронӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баъди пахши барномаи ахир дар телевизиюни Тоҷикистон, ки воқеан ҳеч тафсире то инҷои кор барои он наметавон пайдо кард, саъй кардам бо афроди таъсиргузор дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва касоне, ки дар марокизи тасмимгиранда дар ин кишвар машғул ба кор ҳастанд ва бо онҳо равобити сирф дӯстона дорам тамоси телефонӣ бигирам ва назари онҳоро бипурсам. Аз дишаб ва то ба баъди зуҳри рӯзи чаҳоршанбе (9 август) ҳеч яки онҳоро натавонистам пайдо кунам, ва як нафари эшон низ изҳор дошт, ки бояд мунтазири вокуниши расмӣ бошам. Хушбахтона яке аз онҳо – ки дар яке аз марокизи муҳим машғул ба кор аст – ҳозир шуд назари худро иброз бидорад аммо бароям шарт гузошт, ки феълан бидуни зикри номаш дидгоҳаш мунташир шавад ва ман ҳам қабул кардам. Албатта, гуфт, ки пас аз вокуниши расмӣ, айни ҳамин назароташ аз тариқи яке аз расонаҳои мӯътабари дохили Эрон мунташир хоҳанд шуд. Дар зайл, бахшҳои муҳимме аз сӯҳбатҳои вайро меоварам.

* * *

— Филме дар шабакаи телевизюнии кишварамон дишаб пахш шуд, қатъан аз он иттилоъ доред.

— Гузоришаш расид.

— Бардошти шумо чист?

— Як нуктаро ҷиҳати иттилоъ бароятон арз кунам, ин моҷаро на ба ширкати оқои Кабирӣ дар конфронси ваҳдат дар Теҳрон рабт дорад ва на ба қазияи Бобаки Занҷонӣ, ки сари забонҳост. Оқои Кабирӣ ҳамин чанд ҳафта пеш сафаре дошт ба Молезӣ ва дар як конфронс, ки дар ин кишвар баргузор шуд ширкат кард ва тоза, барояш ҷоиза ҳам эъто шуд. Оё давлати Тоҷикистон ҳамон вокунишеро, ки бо Эрон нишон дод, бо Молезӣ ҳам чунин кард? Садояш дарнаёмад. Моҷаро реша дар чизе дигар дорад, ва мо, яъне Эрон, комилан мутталеъ ҳастем аз он…

— Шояд таваққӯе, ки аз Эрон дорад, аз Молезӣ надорад.

— Иҷоза бидиҳед, арзамро тамом кунам. Бибинед, моҷаро аз замоне шурӯъ шуд, ки Арабистони Саудӣ, ва қатъан Омрико дар пушти вай, як барномаи калонеро дар минтақа дар баробари Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳоли пиёда кардан ҳастанд, ки мутаассифона, дӯстони тоҷикии моро низ вориди ин бозӣ кардаанд. Албатта дар ин пружаи калон, Покистон ва Афғонистон ва Озарбойҷон ҳам қарор буд нақш бозӣ кунанд, ки худи ин кишварҳо аз тариқи конолҳои махсус ба мо иблоғ карданд, ки худро гирифтори он нахоҳанд кард, вагарна барои ин кишварҳо низ аз тарафи Арабистони Саудӣ ваъдаҳое шуда будааст.

Дар нишасти сарони кишварҳои исломӣ-арабӣ бо Омрико дар Риёз, ки мубтакири он Саудӣ буд ва Дунолд Тромп дар он ширкат кард ва сарони ҳудуди 50 кишвари арабӣ ва исломӣ дар он даъват шуда буданд, ин пружа расман калид хӯрд, ва ҳадаф, Ҷумҳурии Исломӣ буд. Инки билофосила пас аз нишаст, бо Қатар дармеуфтанд, дар воқеъ дар ҳамин ростост. Ҳарфи Арабистон ва муттаҳидонаш ба Қатар чист? Мегӯянд, равобити худро бо Эрон бояд қатъ кунӣ.

Рафтори давлати Тоҷикистон низ дар дохили ҳамин пружаи калон бояд қироат шавад. Зоҳиран, аз давлати Тоҷикистон хоста шуда, ба ҳар тариқ, ки шуда, равобити худро бо Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳар баҳонае тира кунад. Ин корҳо, ки алъон мебинед, мисли пахши ин филм, барои ин аст, ки то Ҷумҳурии Исломӣ ба онҳо вокуниши тунд нишон диҳад, масалан, сафирро эҳзор намояд ва шояд кор то қатъи робита ҷилав биравад. Давлати Тоҷикистон зоҳиран намехоҳад оғозгари ин иқдом бошад, мехоҳад Эрон ба чунин иқдоме даст занад. Аммо мо ҳавоссамон ҳаст, мефаҳмем решаи ин моҷаро куҷост, ҳаргиз иҷоза намедиҳем ҳадафи душманони ду миллати Эрон ва Тоҷикистон таъмин шавад.

Мо мушкиле бо Тоҷикистон надоштем. Воқеан арз мекунам, бидуни таъоруф. Ин ҳарфҳо, ки мегӯянд, ин ки масалан оқои Кабирӣ дар конфронси ваҳдат ширкат карда ва ё намедонам, ҳимоят мешавад, инҳо, бовар кунед, ҳама баҳона ҳастанд. Мо агар нияти баде нисбат ба давлати Тоҷикистон дошта бошем, ки ҳаргиз миёни давлат ва опозисиюни ин кишвар саъй намекардем сулҳе бишавад.

Аввал омаданд дафотири иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломиро бастанд. Диданд, вокунише нишон намедиҳем, зеро медонем асли моҷаро чист. Ҳоло имрӯз омаданд ин филмро дуруст карданд. Ҳадаф, ҳама ин аст, ки оғозгари қатъи робита мо бошем, аммо мо мефаҳмем, масаъла чист. Агар кӯтоҳ меойем, ба хотири он аст, ки медонем, ин бадхоҳон ҳастанд, ки давлати Тоҷикистонро вориди ин бозии касиф кардаанд. Вагарна, Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре нест, ки кӯтоҳ биёяд, на дар баробари Омрико кӯтоҳ омада ва на дар баробари ҳеч як аз султахоҳон. Тоҷикистон барои мо на Омрикост, на Урупост, на Арабистони Саудист… Тоҷикистон барои мо воқеан азиз аст. Мо вақте мегӯем, Тоҷикистон барои мо азиз аст, таъоруф, ки намекунем, аз нигоҳи сирф масолеҳ ва манофеъ, ки намегӯем. Бинобар ин, ба назарам давлати Тоҷикистон бояд дар рӯйкардҳо ва ин сиёсатҳо таҷдиди назар кунад.

— Ба назар мерасад, ки эътирози умдаи давлати Тоҷикистон ба равобити Ҷумҳурии Исломӣ бо Ҳизби наҳзати исломист. Оё ба назаратон чунин нест?

— Наҳзати Исломӣ як ҳизби расмӣ буд то яке ду сол пеш, худи давлати Тоҷикистон ҳам мушкиле бо он надошт, то ин ки якдафъа теруристӣ эълон мешавад! Хуб, мо тайи ин ду се сол магар чӣ кор кардем, ки аз дасти мо асабонӣ бишавад давлати Тоҷикистон? Оё Наҳзати Исломӣ дар ҳоли ҳозир дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳузур дорад мисли даҳаи 90-ум ва замон ҷанги шаҳрвандӣ? Кодри раҳбарии ин ҳизб ва бештари аъзояш, ки феълан дар Урупост. Аммо ин ки интизор дошта бошанд, Ҷумҳурии Исломӣ ин ҳизбро як ҳизби “теруристӣ” талаққӣ кунад, ин як интизори бисёр беҷост. Як ҳизби сиёсӣ аст ва дар ҷомеаи Тоҷикистон барои худ тарафдороне дорад, чаро “теруристӣ”-аш бидонем? Чун давлати Тоҷикистон инро мехоҳад? Бибинед, ба ҳамон далел, ки то ҳанӯз ҳеч кишваре, то ҷое, ки медонам, ин ҳизбро “теруристӣ” намедонад, мо ҳам ба ҳамон далел Наҳзати исломиро “теруристӣ” намедонем. Ин интизор аз Ҷумҳурии Исломӣ, ба назарам, як интизори бисёр беҷост.

— Ба назаратон, кор то ба куҷо пеш хоҳад рафт агар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамин минвол идома бидиҳад?

— Воқеан намедонам. Аммо дар ҳар сурат, Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари мусибат нахоҳад буд. Яъне, намехоҳем кор то ба қатъи робита бикашад. Инро мутмаин бошед. Фикр мекунам, дар дохили Тоҷикистон ва дар дохили давлати ин кишвар, афроди оқиле ҳастанд, ки моҷароҷӯёнро ба табаоти ин рафторҳояшон огоҳ хоҳанд кард.

— Ташаккур ҷаноби дуктур!



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: