Фалсафа ва равиши реализм (106)

Зарурат ва имкон (8)

Матни мақола:

Дар мақолаи гузашта ба субут расонидем, ки воқеияти ҳастии ҳар моҳияте ҳаргиз нобуд намешавад (бо ҳифзи ваҳдати шароит дар ҳар ду ҳол). Ва ба иборати дигар, ҳар моҳият агарчи назар ба зоти худаш метавонад ба ҳар як аз вуҷуд ва адам муттасиф шавад – масалан, инсонияти инсон мешавад мавҷуд шавад ва мешавад маъдум шавад — вале воқеияти ҳастии як моҳият ҳаргиз наметавонад муқобили худашро, ки иртифоъи воқеият аст бипазирад ва воқеияти вай ловоқеият шавад. (1) Яъне ҳеч воқеиятеро аз худаш намешавад салб кард агарчи аз ғайри мавриди худаш ҷоизуссалб аст. Ҳаргиз намешавад гуфт, дарахте, ки имрӯз ҳаст имрӯз нест, вале мешавад гуфт, дарахте, ки имрӯз ҳаст фардо нест.

Мо ин хоссаро дар баҳсҳои худ номи “зарурат” медиҳем, чунонки хоссаи тасовии вуҷуд ва адамро дар моҳият “имкон” меномем. Пас, маънии “зарурат” воҷиб ва лозим ва ғайриқобили инфикок будан — ва ба истилоҳи илмии ҷадид, ҷабрӣ (2) будан -и вуҷуд аст. Ва маънии “имкон” мусовӣ будани нисбати шайъ бо вуҷуд ва адам мебошад.

Масалан, агар бигӯем: “Ҳар воқеияти хориҷӣ зарурӣ аст”, маънояш ин аст, ки воқеиятро аз худаш салб наметавон кард. Ва агар бигӯем: “Инсон мумкин аст”, маънояш ин аст, ки нисбати моҳияти инсон ба вуҷуд ва адам мусовист агарчи нисбати вуҷуди ин моҳият ба худи вуҷудаш ин гуна нест. (Имкон ба маъонии дигар низ дар истеъмолоти фалсафӣ меояд, ки аз он ҷумла ба маънии “қувва” аст, ки муқобили “феълият” аст. Ва ҳамчунин зарурат гоҳе ба маънии “лузуми адам” низ меояд, ки мутародиф бо имтиноъ ва истиҳола мебошад, чунонки мегӯем: “Салби воқеият аз худаш заруриюладам ва мумтанеъ ва маҳол мебошад.”)

Баёни дигар

Аз ҷумла бадеҳиёте, ки мо кучактарин шакку тардид дар он раво надошта ва муассиртарин силоҳи илмии худ медонем, “қонуни иллият ва маълулият” аст (ҳар ҳодиса иллате дорад). (3)

Ҳар падида, ки падидор мешавад, иллате дорад, ва агар ин иллат набуд, падидаи мафруз низ набуд.

Агар ба дари баста фишор овардем ва боз нашуд, бармегардем ва аз гӯшаву канор ба ҷустуҷӯ мепардозем, яъне мехоҳем бифаҳмем, чӣ каму косте дар иллати боз шудани дар пайдо шуда, ки дар боз намешавад? Чӣ, агар чунин каму косте набуд, фишори даст бо бақияи шароит ҳатман дарро боз мекард. (4) Ва ҳамчунин як нафар меконисян (механик) мошинеро, ки ба кор андохта бо мушоҳидаи кучактарин халале дар ҳаракати мошин, фавран ба кунҷковӣ дар пайкараи мошин мепардозад, яъне мехоҳад бифаҳмад, ки кадом шарт аз шароити иллии ҳаракати мошин мафқуд мебошад? Чӣ, агар чунин воқеае дар кор набуд, мошин ҳаргиз дар ҳаракати худ ланг намешуд, яъне агар иллати томмаи ҳаракат мавҷуд буд, ҳаракат зарурӣ буд.

Пас ночор иллати томмаи ҳар маълул ба маълули худаш зарурат медода ва маълули вай дар дунболи ин зарурат ба вуҷуд меомада.

Бадеҳист, ки агар муҷарради вуҷуди хориҷии иллат дар як замоне (агарчи ба ҳамроҳи маълул набошад) кофӣ буд, ки пас аз нобуди он, маълул худ ба худ ба вуҷуди худ идома диҳад, ҳеч гоҳ ин тафтиш анҷом намегирифт.

* * *

Таълиқот:

(1) Ин ки “воқеияти ҳастӣ наметавонад муқобили худро, ки нестӣ аст бипазирад ва воқеият ловоқеият шавад” хоссияти тамоми вуҷудот аст — аз воҷибу мумкин ва ҷавҳару араз — ва ин ҳамон аст, ки дар охири мақолаи 7 ба ин унвон баён шуд: “Мавҷуд маъдум намешавад” ва дар муқаддимаи ин мақола тавзеҳи кофӣ дар бораи он дода шуд. Ва чунонки дар он муқаддима комилан тавзеҳ додем, ин наҳв аз зарурати зотии вуҷудот на мусталзими нафйи махлуқият ва маълулияти онҳо ва на мусталзими азалӣ ва абадӣ будани онҳост. Зеро ин наҳв аз зарурати зотии вуҷуд аз навъи зарурати зотии мантиқист, ки дар муқаддима шарҳ дода шуд, ки ҳам бо вуҷуби зотӣ ва ҳам бо вуҷуби ғайрии фалсафӣ қобили ҷамъ аст.

Ин наҳв аз зарурати зотӣ дар “вуҷудот” мабнӣ бар асолати вуҷуд аст, яъне бино бар асолати моҳият ин наҳв аз зарурат маъно надорад.

Тафкики ин наҳви зарурати зотӣ дар вуҷуд аз зарурати зотии фалсафӣ ва ин ки лозимаи ин наҳв зарурат на азалӣ ва абадӣ будани вуҷудот аст ва на воҷибулвуҷуд будани онҳо, аз масоили дақиқест, ки бар ғолиби ҳукамо ва фалосифа махфӣ мондааст. Ва чунонки қаблан баён кардем, урафо истидлоли хешро мабнӣ бар мусовӣ будани вуҷуд бо вуҷуби зотӣ ва мусовӣ будани вуҷуби зотӣ бо ваҳдат — ки дар мақолаи 7 гузашт — рӯйи ҳамин адами тафкик бино кардаанд ва Шайхи Ишроқ низ он ҷо, ки бар эътиборияти вуҷуд истидлол мекунад, яке аз умуре, ки вайро музтариб ва мунҳариф кардааст, ҳамин адами тафкик аст.

* * *

(2) Ҷабр ё зарурат ё вуҷуб, ҳама ба як маъност. Ду луғати “зарурат” ва “вуҷуб” аз истилоҳоти қадимаи шойеъ дар мантиқ ва фалсафа аст, вале луғати “ҷабр” дар истилоҳоти фалсафии ҷадид зиёд дар ин маврид ба кор бурда мешавад, ва албатта ҳамон маънои зарурат ва вуҷуб аз ин калима қасд мешавад.

Нуктае, ки дар ин ҷо лозим аст тавзеҳ диҳем ин аст, ки моддигароён калимаи “ҷабр”-ро зиёд ба кор мебаранд, вале онон аз ақсоми заруратҳо ва ҷабрҳо, ки мо дар “муқаддима” ном бурдем, фақат ҷабри иллӣ ва маълулиро, ки иборат аз зарурати билғайри фалсафист мешиносанд, ва аммо зарурати зотии фалсафӣ ва ҳамчунин зарурати зотии мантиқиро онон намешиносанд.

Нашинохтани зарурати зотии фалсафӣ ҳамон аст, ки мӯҷиб шуда дар боби зоти Борӣ тасаввуроти баччагона ва мавҳуме бинамоянд ва оқибатуламр онро нафй кунанд.

Мо анқариб дар поварақиҳои ҳамин мақола қисмате аз тасаввуроти кӯдакона ва мавҳуми моддигароёнро дар мавриди зоти Борӣ, ки ба истилоҳи фалсафӣ “воҷибулвуҷуди биззот” ва “иллатул-илал” хонда мешавад, ба айни иборот нақл мекунем, то хонандаи мӯҳтарам мустақиман бо тарзи тафаккур ва тасаввуроти кӯдаконаи моддигароён дар ин мавзӯи дақиқи олии фалсафӣ ошноӣ пайдо кунад.

Нашинохтани зарурати зотии мантиқӣ мӯҷиби иштибоҳоти аҷибу ғариби дигаре барои онон шуда. Моддигароёни ҷадид, ки худро пайрави мантиқи диалектик муаррифӣ мекунанд ва мантиқи худро мантиқи динамик (таҳаввулӣ) ва мантиқи илоҳиюнро мантиқи истотик (ҷомид) меноманд, чун дар калимоти мантиқдонон ба луғати “зарурати зотӣ” дар мавриди мисолҳое, ки дар муқаддима гузашт бархӯрдаанд, чунин пиндоштаанд, ки маънои он зарурати зотӣ ин аст, ки ҳар зоте (масалан инсон) ҳамеша ба як ҳол боқӣ мемонад ва тағйире дар он рух намедиҳад ва аз ин ҷо натиҷа гирифтаанд, ки мантиқи қадим ҷомид фикр мекунад.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” мегӯяд:

Аз мантиқи ҷомид махсусан эътиқод ба зарурӣ ва доимӣ будан, ба натоиҷи ғалат мерасонад; масалан, нисбати сафедӣ ба барфро зарурӣ ва доимӣ дониста бар рӯйи он истидлол менамоянд, ва мо медонем, ки ранги барф ба таври зарурӣ ва доимӣ сафед нест, сафед ҷисмест, ки тамоми анвоъи нурро пас бифиристад. Дар фазои комилан торик, барф сафед нест. Яъне сафедии барф зарурӣ ва доимӣ нест. Ба ҳамин тартиб, ҳеч ҳақиқати доимӣ вуҷуд надорад, вале ишроқиюн мисли Шаҳобуддин иғроқ карда тамоми сифотро зарурии доимӣ донистаанд, ва ин ҷумуди мутлақ аст.”

Касоне, ки мавориди инъиқоди қазияҳои зарурия ва доимаро мешиносанд, медонанд, ки ин эрод чӣ қадр бесару таҳ аст ва гӯяндаи он то чӣ андоза беиттилоъ аст ва мо махсусан ин қисматро нақл кардем, то гӯяндаи онро беҳтар муаррифӣ карда бошем. Аз он чӣ ба Шайх Шаҳобуддин маъруф ба “Шайхи Ишроқ” нисбат медиҳад, маълум мешавад, ки ҳамин қадр афвоҳан шунидааст, ки вай тамоми қазияҳои муваҷҷаҳаро ба қазияи зарурия ирҷоъ кардааст ва хиёл карда, ки мақсуди вай ин буда, ки нисбати ҳар маҳмуле бо ҳар мавзӯе зарурӣ ва азалӣ ва абадист ва ҳар маҳмуле, ки бо мавзӯе интисоб пайдо кард, азалан чунин будааст ва то абад чунин хоҳад буд ва маҳол аст, ки хилофи он сурат гирад. Ва ҳол он ки агар дуктур Аронӣ ба як нафар, ки филҷумла аз мантиқ иттилооте дошт муроҷиа карда буд, чунин санади фазоҳате ба даст намедод. Мисоли барфу сафедӣ мисолест, ки аз пеши худ ихтироъ кардааст. Мисолҳои зарурат ҳамон тавре, ки мантиқдонон тасреҳ карда ва мекунанд, мунҳасир аст ба мавориди нисбати зоти моҳият ба худаш (инсон инсон аст — мусаллас мусаллас аст) ва мавориди нисбати аҷзоъи зоти моҳият ба моҳият (инсон ҳайвон аст — мусаллас шакл аст) ва мавориди лавозими зотии моҳият ба моҳият (ҳар инсоне шоғили макон аст — мусаллас маҷмӯаи завоёяш мусовӣ бо ду қоима аст). Ва чунонки возеҳ аст, маънои ин қазияҳо ин нест, ки инсон ҳамеша инсон аст ва ба як ҳол боқӣ мемонад ва мусаллас ҳамеша мусаллас аст ва ба як ҳол боқӣ мемонад, балки маънои ин зарурат сирфан ин аст, ки ҳар чизе, ки инсон буд, модоме, ки инсон буданаш маҳфуз аст, маҳол аст, ки инсон набошад (салби шайъ аз нафс) ё ҳайвон набошад ё шоғили макон набошад, ва ҳамчунин мисоли мусаллас.

* * *

(3) Дар муқаддимаи ин мақола “қонуни иллият ва маълулият”-ро таъриф кардем ва гуфтем, ки мутобиқи ин қонун ҳар ҳодисае, ки падид меояд иллате дорад ва вуқӯи судфа ва иттифоқ маҳол аст.

Агар байни ашё робитаи иллӣ ва маълулӣ набошад — хоҳ аз он ҷиҳат, ки вуқӯи ҳамаи ҳаводис рӯйи судфа ва иттифоқ бошад ва хоҳ аз он ҷиҳат, ки ҳамаи мавҷудот воҷибулвуҷуди биззот ва мустағнӣ аз иллат буда бошанд — қаҳран ҳеч робитае байни ҳеч мавҷуде ва мавҷуди дигар нахоҳад буд ва ҳама аз якдигар бегона ва ҷудо ва ғайримарбут хоҳанд буд. Ва албатта дар ин сурат ҳеч қонун ва номусе ҳам вуҷуди хориҷӣ нахоҳад дошт, зеро ҳамаи қонунҳо ва навомиси ҳоким бар табиат, кайфиятҳои хосси иллӣ ва маълулии ашёст. Ва дар ин фарз “илм” низ маъно надорад, зеро илм иборат аст аз: “баёни қонунҳо ва навомис ва равобити воқеӣ байни ашё”. Ва агар байни ҳеч чизе бо чизи дигар робитае вуҷуд надошта бошад, илм ҳам вуҷуд нахоҳад дошт. Пас қонуни иллият ва маълулият поя ва асоси илм аст ва касоне, ки аз тарафе худро мункири қонуни иллият ва маълулият нишон медиҳанд ва дар айни ҳол мақоми илмро низ мехоҳанд ҳифз кунанд, роҳ беҳуда мераванд.

Ин қонун аз пурарзиштарини қонунҳои мавриди истифодаи фалсафаи илоҳист ва дар ҳамин мақола ишора хоҳад шуд, ки ҳамин қонун бо соири қонунҳои муншаъиба аз он аст, ки моро мулзам мекунад, ки тамоми риштаҳои иллӣ ва маълулиро мунтаҳӣ ба як зоти комил ва ғайримаълул бидонем ва ҳамаи низомотро таҳти низоми воҳид ва қоим ба зоти воҳид бишносем.

* * *

(4) Яке аз қонунҳое, ки аз қонуни иллият ва маълулият муншаъиб мешавад, қонуни ҷабри иллӣ ва маълулист, яъне ин ки иллат заруратдиҳанда ба маълул аст ва ҳар маълуле ба вуҷуд омаданаш ва мухтассоти вуҷудиаш ҳама зарурӣ ва қатъӣ ва ғайриқобили иҷтиноб аст.

Дар муқаддимаи ин мақола назарияҳои мухталиферо, ки дар бораи ин қонуни фаръӣ иброз шуда нақл кардем ва як бурҳони содда низ бар сиҳҳати ин қонун иқома кардем.

Аҷаб ин аст, ки дар айни ин ки ин қонун аз қонунҳоест, ки ҳангоме, ки ба сурати як қонуни куллӣ ва умумӣ бар азҳон арза мешавад, мӯҷиби истиҳош мешавад ва саъбулқабул ҷилва мекунад ва тамрин ва муморасатҳои бурҳонии зиёде лозим аст, то ин истиҳоши ваҳмӣ аз байн биравад, дар айни ҳол ҳар касе дар шуъури махфии худ ба он изъон дорад ва ба ҳасби фитрати идрок ва иродаи хеш аз он пайравӣ менамояд. Ҷумлаи матн, ки мегӯяд: “Агар ба дари баста фишор овардем…” то он ҷо, ки мегӯяд: “пас, ночор иллати томмаи ҳар маълуле ба маълули худ зарурат медод…” изъон ва тасдиқи фитрӣ ва амалии ин қонунро дар азҳон баён менамояд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: