“Эътирофот”-и пахшшуда газофае беш набуд

Ёддошти Дориюши Раҷабиён

“Эътирофот”-и мустанади Вазорати кишвар (дохила)-и Тоҷикистон пурсишҳои бисёреро тарҳ мекунаду ҳеч посухе дарбар надорад.

Тағоймурод Ашрафуф, Абдулқодир Абдуллоҳуф ва Сайидмуҳриддин Қудратуф, ки гуфта мешавад аз ҳаводорони дарбанди Абдулҳалими Назарзода ҳастанд, масъулияти қатли шумори бисёре аз шахсиятҳои тоҷикро ба дӯш гирифтаанд. Дар ҳоле ки ҳеч нуқтаи иштироке миёни Сафаръалӣ Кенҷаеф, Отахони Латифӣ, Муҳаммади Осимӣ, Юсуфи Исҳоқӣ, Карими Юлдош, Минҳоҷ Ғуломуф, Сайфи Афардӣ, Фатҳуллоҳхони муфтӣ ва он 20 афсари Русия вуҷуд надорад, то фармони қатлашон аз як маркази воҳид омада бошад.

Агар фарз бар ин бошад, ки маркази фармони қатли ҳамаи ин афрод ягона будааст, дастикам интизор меравад, ки ин афрод мутаъаллиқ ба як синхияти фикрӣ ё як мароми сиёсӣ буда бошанд ва нуқоти иштирок дошта бошанд, ки чунин нест. Сафаръалӣ Кенҷаеф, ки муддате пеш аз маргаш ҳатто номи қотили эҳтимолиашро эълом карда буд, як муҳраи сӯхта буд, ки фақат барои давлати Тоҷикистон дардисар месохт ва барои ҳеч тарафи дигаре ъададе ба шумор намеомад. Муҳаммади Осимӣ дар мақоми раёсати Анҷумани порсии “Пайванд” аз ҳаводорони дуоташаи ҳамгароии Тоҷикистону Эрону Афғонистон буд. Отахони Латифӣ бо Теҳрон миёнаи хубе дошт. Мобақӣ бо Теҳрон ҳеч сарукоре надоштанд.

Қотилони бисёре аз ин афроди кушташуда тайи 15 то 20 соли ахир маълум набуда ва якбора, бо гузашти ин ҳама сол, се нафар “довталабона” худро қотили ҳамаи онҳо медонанд, ки ба худии худ шакбарангез аст. Хуб, бад-ин гуна мешавад таклифи ёфтани қотилони воқеъии он афродро пас аз ин ҳама соли билотаклифӣ аз сари худ раҳо кард. Аммо шояд аз ёди худи мақомҳо ҳам рафта бошад, ки қотилони бархе аз онҳо дар ҳамон солҳои дур эълом шуда буданд. Аз ҷумла гуфта шуда буд, ки “бачаҳои Ризвон” Муҳаммади Осимиро куштаанд. Ва солҳо баъд бо “эътирофоти довталабона”-и ин се ёр он эъломия ба бутаи фаромӯшӣ супурда мешавад (ки боз ҳам суолбарангез аст). Ин ки Теҳрон дар куштани ин ҳама одам бо гароишҳои гуногун чи манфиъате доштааст, муъаммоест ногушуданӣ.

Ду ин ки Эрон зомини сулҳи Тоҷикистон буд. Яъне бидуни фишори Эрон ва албатта Русия паймони сулҳи Тоҷикистон имзо намешуд. Эрон ҳомии яке аз тарафҳои даргир буд ва Русия такягоҳи тарафи дигар. Ҳар ду бо эъмоли фишор бар тарафҳои зери назари худ музокироти сулҳро ба роҳ андохтанду паймони сулҳро ба самар расонданд. Ба дунболи он Эрон дар Тоҷикистон сармоягузориҳои ҳангуфте кард. Сангтӯда-2 ва тунели Анзоб фақат ду тарҳи барҷаста аз пружеҳои иқтисодии бешумори Эрон дар Тоҷикистон буданд. Пас суоли баъдӣ, ки худбахуд падид меояд, ин аст, ки ба чи далеле Эрон дар ъайни сармоягузорӣ дар як кишвар ба фикри ба ҳам задани авзоъ дар ҳамон кишвар бошад. Ташаннуҷи авзоъ дар кишвари мақсади як сармоягузор ҳаргиз ба нафъи сармоягузор набудааст.

Ва он ҳудуди 20 афсари Русия ёдамон нараванд. Гирем, ки баростӣ дастури қатли он афродро Эрон дода бошад, магар мешавад тасаввур кард, ки дастгоҳи ҳаҷиму ъазими ҷосусии Русия ин ҳама сол аз он хабар надошта бошад, то “се ёри Назарзода” бо гузашти 20 сол онро ифшо кунанд? Ва пас аз ифшои он ҳам Русия, ки бар хилофи Тоҷикистон барои ҷони шаҳрвандонаш қимати гароне қоил аст, вокунише нишон надиҳад?

Кӯтоҳсухан, “эътирофот”-и пахшшуда газофае беш набуд. Душанбе барои тасфияҳисоб («разбор»)-и худаш бо Теҳрон даст ба ин “тадбир” задааст, ки метавонад паёмадҳои вайронгаре дошта бошад. Эҳтимолан аз сари нигаронӣ аз ҳимояти мустамарри Эрон аз ҲНИТ ва масоили молие, ки дар пайи муҳокимаи Бобаки Занҷонӣ ва пулҳои гумшудааш дар Тоҷикистон буруз кард ва пардохти саҳми молии Тоҷикистон дар эҳдоси нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва тамоюли ғариби Душанбе ба Риёз… Аллоҳу аълам.

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: