Washington Post: “Қатар аз дифоъ ба ҳамла рафт”

Рӯзномаи Washington Post дар гузорише навишт, кишвари кучаки Қатар на танҳо дар баробари таҳримҳои 4 кишвари ҳамсояи худ истодааст, балки дар ин бӯҳрон ҳолати ҳуҷумӣ ба худ гирифтааст.

Ин рӯзнома дар матлабе менависад: “Қатар пас аз гузашти 2 моҳ аз оғози таҳримҳо, милёрдҳо дулор аз дороиҳои худро барои беҳбуди авзоъи иқтисодӣ ва амниятиаш ба кор гирифтааст.”

Washington Post афзуд: “Қатар ҳамчунин даст ба ислоҳоте задааст. Ин кишвар равобити худ бо Туркия ва Эронро низ беҳтар кардааст, ки ин амр шояд заминаро барои ташкили эътилофҳое дар минтақа фароҳам кунад.

Ин рӯзнома ҳамчунин таъкид кард, ки талоши Омрико барои миёнҷигарӣ байни муттаҳидони наздикаш ба бунбаст расидааст ва ҳалли бӯҳрони кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс ба ҷойи миёнҷигарӣ, аз тариқи конолҳои диплумотик ва ҳуқуқӣ пайгирӣ мешавад.

Washington Post дар гузориши худ афзуд: “Қатар барои муқобила бо таҳримҳои ҳамсоягонаш, ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ шикоят карда ва аз Созмони байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ низ хостааст, ки ин масъаларо баррасӣ кунад, ки: оё Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш бо бастани ҳарими ҳавоии худ ба рӯйи ҳавопаймоҳои қатарӣ тавофуқномаҳои байналмилалии мусофирати ҳавоиро нақз кардаанд ё на?

Қатар ҳамчунин равобити худ бо дигаронро афзоиш дод, то битавонад хасоратҳоеро, ки аз муттаҳидони собиқаш мутаҳаммил шудааст, ҷуброн кунад. Қатар ҳафтаи гузашта эълом кард, ки 7 киштии ҷангии итолиёӣ ба арзиши 6 милёрд дулор харидорӣ кардааст ва моҳи июли гузашта низ аз Омрико чанд ҷангандаи F-15 ба арзиши 12 милёрд дулор харидорӣ карда буд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: