Давлати Миёнмор дар ҷиноёт алайҳи мусалмонони Руҳингиё шарик аст

Шӯрои машваратии мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор эълом кард: “Давлати Миёнмор шарики ҳамаи ҷурму ҷиноётест, ки алайҳи ақаллияти мусалмони Руҳингиё дар вилояти Рохин анҷом мегирад.

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Шӯрои машваратии мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор эълом кард, давлати Миёнмор дар ҷиноёте, ки алайҳи ақаллияти мусалмонони Руҳингиё дар ин кишвар анҷом мегирад, шарик аст.

Ин ниҳод эълом кард, давлат бо рад кардани иттиҳоми поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият, ки дар ин минтақа анҷом мегирад, амалан дасти омилони ин ҷиноётро барои идомаи кори худ боз гузоштааст ва аз ҳамин рӯ, давлат низ ҳамдасти ҳамаи ҷиноётест, ки дар ин минтақа аз Миёнмор анҷом мегирад.

Ин шӯро, аз ин ки давлат ҳозир нест вуқӯъи ҷиноят алайҳи башарият дар ин минтақа ва куштори ғайринизомиён дар вилояти Рохинро бипазирад, ба шиддат ибрози нигаронӣ кард.

Ин баёнияи Шӯрои машваратии мусалмонони руҳингиёӣ баъд аз интишори гузориши давлатӣ дар Миёнмор мунташир шуд, ки дар он, ҳар гуна масъулияти давлат дар ин куштор рад ва таъкид шудааст, ки давлат ҳеч гуна масъулияте дар ин даргириҳо надорад. Аммо масъулони руҳингиёӣ мегӯянд‏: “Бо ин гуна иқдомот виҷҳаи давлати Миёнмор дар арсаи байналмилал тиратар мешавад. Чун бо ин гуна мавзеъгирӣ, замина барои куштори бештари ақаллияти мусалмон фароҳам мешавад.”

Дар бахши дигар аз гузориши ин шӯро омадааст, ки давлат танҳо коре, ки дар ин муддат анҷом додааст ин буда, ки омилони ин ҷиноётро табриъа кунад. Натиҷа он ки ҷиноёте, ки бархе аз аъзои артиши Миёнмор ва дигар нерӯҳои амниятӣ алайҳи мусалмонони ин кишвар анҷом додаанд, то кунун бемуҷозот мондааст ва онҳо бо итминон аз ин ки муҷозоте дар интизори онҳо нест, ҳамчунон ба ҷиноёти худ идома медиҳанд.

Шӯрои машваратии мусалмонони руҳингиёӣ дар идомаи гузориши худ, аз давлат хостааст иҷоза диҳад, ки як кумисиюни мустақилли байналмилалӣ, ки аъзои онро Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ташкил дода бошад, таҳқиқеро дар ин минтақа анҷом диҳад.

Фил Робертсун, мудири бахши осиёии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, дар гуфтугӯ бо Онотулӣ гуфт: “Гузорише, ки муовини раисиҷумҳури Миёнмор дар бораи авзоъи ҳоким бар вилояти Рохин мунташир кардааст, ба ҳеч ваҷҳ қонеъкунанда нест ва афкори умумӣ, ҷомеаи байналмилалӣ, ба вежа Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Урупо ва созмонҳои ғайридавлатии фаъол дар умури ҳуқуқи башарӣ, ин гузоришро намепазиранд.”

Вай афзуд, ин гузориш аслан одилона ва бетарафона нест ва танҳо талош шудааст, омилони ҷиноёт алайҳи мусалмонони руҳингиёӣ табриъа шаванд.

Ба ибтикори Тин Чиёу, раисиҷумҳури Миёнмор, кумисиюне муташаккил аз 13 узв барои таҳқиқ дар бораи ҳаводисе, ки дар вилояти Рохин алайҳи мусалмонони руҳингиёӣ рух дода буд ташкил шуд. Ин кумисиюн баъд аз ҳашт моҳи таҳқиқ, бо камоли таъаҷҷуб эълом кард, ҳеч ҷинояте алайҳи башарият, ҳеч поксозии қавмӣ ва наслкушӣ дар чорчӯби амалияти давлат дар ин минтақа рӯй надодааст.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: