“Мехоҳед бидонед, чаро Исроил ва Арабистони Саудӣ алайҳи “Алҷазира” муттаҳид шуданд? Ин аст ҷавоби он.”

Роберт Фиск, таҳлилгари аршади масоили Ховари Миёна, дар ёддоште дар рӯзномаи Independent, ба шарҳи далоили иттиҳомпароканиҳои ахири Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ алайҳи шабакаи хабарии “Алҷазира” пардохтааст.

Вай менависад: “Аюб Коро, вазири иртибототи режими саҳюнистӣ, чанд рӯз пеш аз таътилии дафотири “Алҷазира” дар Фаластини ишғолӣ ва ботил шудани муҷаввизҳои хабарнигорони ин шабакаи хабарӣ, хабар дод. Ин дар ҳолест, ки муддате қаблтар Арабистони Саудӣ таътилии “Алҷазира”-ро яке аз шурути ҳаллу фасли бӯҳрони диплумотики кишварҳои арабӣ бо Қатар унвон карда буд. Вақте шабакаи моҳвораии “Алҷазира” бо дархости исроилиҳо ва саудиҳо барои таътилиаш рӯ ба рӯ мешавад, эҳтимолан корҳое анҷом додааст, ки саҳеҳ будаанд. Гирди ҳам овардани ҷаллодони саудӣ ва ишғолгарони исроилӣ дар қолаби як эътилоф, худ навъе дастовард аст.”

Фиск дар идома навиштааст: “Аммо зиёд ҳам ба ин моҷаро румонтик нигоҳ накунед. Донистаҳо ҳикоят аз он доранд, ки вақте сарватмандтарин афроди саудӣ бемор мешаванд, барои дармон, дар беҳтарин бемористонҳои Исроил бо ҳавопаймоҳои шахсии худ ба Телавив парвоз мекунанд. Ва вақте бомбафканҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ ва исроилӣ раҳсипори осмон мешаванд, метавон итминон дошт, ки онҳо қасди бомбборон кардани мусалмонони шиъа дар Яман ё Сурияро доранд. Ва вақте ки Малик Салмон ангушти иттиҳомро ба самти Эрон ба унвони бузургтарин таҳдид алайҳи амнияти халиҷи Форс нишона мегирад, метавон итминон дошт, ки Бенёмин Натонёҳу ҳам дақиқан ҳамин корро анҷом медиҳад; бо ин тафовут, ки албатта “амнияти халиҷи Форс”-ро бо иборати “амнияти Исроил” ҷойгузин мекунад.”

Фиск дар идома ба нуқтаҳои муштараки Телавив ва Риёз дар мубориза бо озодии расонаҳо пардохта ва бо ишора ба изҳороти вазири иртибототи режими саҳюнистӣ дар бораи таътилии “Алҷазира” навиштааст: “Аюб Коро дар воқеъ аз ҳамгунони араби худ хатт гирифтааст. Худаш ҳам ба ин мӯътариф аст. Ӯ гуфт, ки Исроил “маҷбур аст алайҳи расонае, ки тақрибан тамоми кишварҳои арабӣ онро ҳомии теруризм медонанд ва мо худ низ ба он яқин дорем, иқдомоте анҷом диҳад.”

Ин таҳлилгари аршади масоили Ховари Миёна менависад: “Бинобар ин, ин тавр ба назар мерасад, ки исроилиҳо ҳоло доранд дарси озодии расонаро аз “кишварҳои арабӣ” ёд мегиранд. На фақат аз саудиҳо, балки аз “тақрибан тамоми кишварҳои арабӣ”, ки расонаҳои бидуни маҳдудияташон сангарҳои ҳақиқатгӯӣ ва мухолифони сарсахти режимҳои мустабид ҳастанд ва қонуни асосӣ аз онҳо дар баробари суистифодаи диктотурҳо муҳофизат мекунад. Узрамонро бобати садои ханда бипазиред, вале оё воқеан ин он таърифеаст, ки Исроил мехоҳад аз худаш ироа диҳад?

Фиск дар идома дар посух ба суоле, ки худаш матраҳ карда менависад: “Бале, гумон мекунам ҳамин аст, зеро агар эътилофи нонавиштае дар воқеъ байни Арабистони Саудӣ ва Исроил барқарор аст, он гоҳ ҳамаи гузинаҳо рӯйи миз ҳастанд. Ҳабси бидуни муҳокима, эъдомҳои фароқонунӣ, нақзи ҳуқуқи башар, фасод, ҳукумати низомӣ — бигузоред якбора инро бигӯем — тамоми ин вежагиҳо мутаъаллиқ ба “тақрибан тамоми” кишварҳои арабӣ ва мутаъаллиқ ба Исроил дар сарзамине, ки ишғол карда ҳастанд. Ва дар бораи “ҳомии теруризм” будан (ки вазири исроилӣ Коро мегӯяд) боисте ин суолро пурсид, ки чаро кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс пайкорҷӯён ва пулашонро ба самти хабистарин гурӯҳҳои ифротӣ дар Ховари Миёна равона кардаанд? Ва баъд бояд пурсид, ки чаро Исроил ҳаргиз ҳамин мавҷудоти шарурро бомбборон накарда? Дар воқеъ бояд пурсид, ки чаро Исроил пайкорҷӯёни захмии Ҷабҳатуннусра — яъне аъзои Алқоъида ва муртакибони ҳодисаи 11 сентябр -ро дар бемористонҳояш дармон карда ва дар ҳамон ҳол гурӯҳи Ҳизбуллоҳ ва Сурияро ҳадафи ҳамла қарор додааст?

Фиск, иттиҳоди Омрико бо ҷабҳаи саудӣ-исроилиро ҳам мавриди интиқод қарор додааст. Менависад: “Инро низ набояд фаромӯш кард, ки раисиҷумҳури нобихради Омрико ва режими ғайриоддиаш ҳам ҷузъе аз эътилофи Исроил-Саудӣ аст. Муомилаи таслиҳотии мушмаизкунандаи 350 милёрд дулории Тромп бо саудиҳо, иттиҳомзаниҳои ӯ ба Эрон ва танаффураш аз расонаҳои ҷаҳон ва конолҳои телевизионӣ, вайро ба узве худамонӣ аз ҳамин эътилоф табдил мекунд.”

Ин таҳлилгари аршади масоили Ховари Миёна дар идома, бо ёдоварии шабоҳатҳои рафторӣ ва сиёсати Ҷорҷ Буши писар, раисиҷумҳури асбақи Омрико бо Дунолд Тромп, натиҷа гирифта, ки мусалласи омрикоӣ-саудӣ-исроилӣ, аз собиқаи тӯлонӣ бархӯрдоранд.

Вай менависад: “Дар воқеъ, вақте ба иқдомоти яке аз пешиниёни бехирадтари Тромп, яъне Ҷорҷ Буш нигоҳ мекунем, мебинем, ки ин ҳампаймонии Омрико-Саудӣ-Арабистон, аз собиқаи нисбатан тӯлонӣ бархӯрдор аст. Ҷорҷ Буш ҳам аз Эрон мутанаффир буд, Арабистони Саудиро такрим мекард ва ҳатто бо Тони Блер дар бораи бомбборони мақарри “Алҷазира” дар Қатар сӯҳбат кард ва ҳамон касе буд, ки баъд аз 11 сентябр шароити хуруҷи хонаводаи сарватманди Бен Лодан аз Омрикоро фароҳам кард.”

Фиск менависад: “Ба унвони як хушбини ғайримантиқӣ, дар сӯи дигари пӯстаи харошхӯрдаи рӯзноманигории ман ҷиҳатҳои маъсум вуҷуд дорад, ки ҳанӯз ба шафқат бовар дорад. Ҳанӯз исроилиҳои қобили эҳтироме ҳастанд, ки мутолибагари кишвар барои фаластиниҳо ҳастанд. Ҳанӯз саудиҳои таҳсилкардае ҳастанд, ки бо ваҳҳобияти девонаворе, ки подшоҳии кишварашон бар он бино шуда мухолифанд. Милюнҳо омрикоӣ аз карон то бекарон ҳастанд, ки мӯътақид нестанд, ки Эрон душмани онҳо ва Арабистон дӯсташон аст. Аммо мушкили имрӯз, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб, ин аст, ки ҳукуматҳои мо дӯстонамон нестанд. Онҳо ҷаллодон ё арбобони мо, саркӯбгарони ҳақиқат ва ҳампаймонони норостӣ ҳастанд.”

Фиск дар идома навиштааст: “Натонёҳу мехоҳад дафтари “Алҷазира” дар Байтулмуқаддасро бибандад. Валиаҳд Муҳаммад бен Салмон мехоҳад дафтари “Алҷазира” дар Қатарро бибандад. Буш ба воқеъ дафотири “Алҷазира” дар Кобул ва Бағдодро бомбборон кард. Терезо Мей тасмим гирифт ҷилави интишори як гузориши давлатӣ дар бораи таъмини молии теруризмро бигирад, мабодо, ки асбоби ранҷиши саудиҳо шавад.”

Фиск дар поёни ин мақола таъкид кардааст: “Баъд мо мепурсем, ки чаро дар Ховари Миёна ба ҷанг меравем?! Ва мепурсем, чаро ДОЪИШ, ки тавассути Исроил бомбборон намешавад ва таҳти ҳимояти молии аъроби халиҷи Форс қарор дорад ва руасои ҷумҳур ва нахуствазирони мо нозашро мекашанд, ҳанӯз вуҷуд дорад?! Фикр мекунам, бояд муроқиби “Алҷазира”, то замоне ки побарҷост, бошем.”



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: