«Санг ҳам диле дорад, инсонҳо чӣ тавр?»

Ёддошти Сайид Расули Мӯсавӣ, мушовири вазири умури хориҷаи Эрон ва сафири собиқи ин кишвар дар Тоҷикистон

Хабари намоиши филме таъассурбарангез дар телевизиюни Тоҷикистонро дар сафҳаи фейсбукии дӯсти фарҳехтаам Шаҳоби Фаррухёр хондам. Ҷустуҷӯ кардам филмро ёфта ва бо чашмони ашколуд ва буғз дар гулӯ ба тамошо нишастам. Аслан дар ҷойгоҳе нестам, ки ба доварӣ биншинам, вале ба панҷ нукта, ки комилан назари шахсӣ аст ишора мекунам:

1) Касоне, ки Осимӣ ва Олимпур ва Карим Юлдошев ва Отахон Латифӣ ва Ҳабиб Сангинов ва дигар олимонро терур карданд ба ҳамон мизон, ки душмани мардуми Тоҷикистон ҳастанд, душмани мардуми Эрон ва душмани фарҳанг ва тамаддуни муштараки мо мебошанд.

2) Кори касоне, ки уқдаҳо ва кинаҳои даврони ҷанги дохилиро бозмегушоянд корест ҳамонанди кори он теруристҳо. Агар инсонҳоро терур карданд, бозгушоии кинаҳо ва уқдаҳои ҷанги шаҳрвандӣ терури инсоният аст.

3) Касе, ки дар филм иддао мекунад Эрон бо терури олимони Тоҷикистон мехост саҳнаи Тоҷикистон холӣ аз фарҳанг шавад, фақат кофист ба анбӯҳи корҳои фарҳангии анҷомшуда дар ҳамон даврони ҷанги дохилӣ — яъне замони оқои Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва инҷониб аз бозсозии мақбараи Сайидалии Ҳамадонӣ ва мақбараи Одамушшуаро Рӯдакӣ то интишори даҳҳо китоби олимони тоҷик ба сурати ройгон дар чопхонаи «Пайванд» ва интишори нашриёт ва маҷаллоти мухталиф ва эҳдои ҳазорон ҷилд китоб ба китобхонаҳои Тоҷикистон ва дастгирӣ барои баргузории даҳҳо маросими фарҳангии марбут ба саромадони фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон ва гушоиши пажӯҳишгони Фарҳанги форсӣ ва тоҷикӣ ва чандин китобхона ва маркази фарҳангии дигар — нигоҳе биафканад.

4) «Санг ҳам диле дорад», таълифи профессор Аҳрор Мухторов фақат яке аз китобҳое буд, ки дар он даврон бо муқаддимаи инҷониб мунташир шуд. Ин китоб ихтисос ба катибаҳо ва сангнавиштаҳои мавҷуд дар Тоҷикистон дошт. Китоб ба хатти тоҷикӣ буд ва мехост бигӯяд, ки сангҳо ҳам гувоҳи фарҳанг ва тамаддуни тоҷик ҳастанд.

5) Оё ин аст посухи касоне, ки дар солҳои ҷанг барои фурӯзон нигоҳ доштани шӯълаи фарҳанг ва адаб ва таълиф ва таҳқиқ дар Тоҷикистон талош карданд?

Бале, санг ҳам диле дорад, инсонҳо чӣ тавр?

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: