“Қурбонии аслӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тайи ин яке ду рӯз баъд аз пахши филми “эътирофоти киллерҳо” дар телевизиюни Тоҷикистон, ки хабари тира шудани равобити Теҳрон-Душанбе фазои расонаҳо ва шабакаҳои маҷозиро пур карда ва ҳама бидуни истисно ба таҳлилу баррасии он пардохта (ва ҳанӯз ҳам мепардозанд), дидгоҳҳо ва изҳори назарҳо бештар мутаваҷҷеҳи ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф ва давлати Эрон аз тарафи дигар аст, ва аммо аҳаде дар бораи “қурбонии аслӣ”-и ин бозӣ, ки ҲНИТ бошад, изҳори назар накардааст.

Ин ки гуфтам, “қурбонии аслӣ”, ба ин ҷиҳат аст, ки агар чанд сабоҳе дигар, бар фарз, равобити ин ду кишвар – ҳол ё бо кӯтоҳ омадани Душанбе ва ё кӯтоҳ омадани Теҳрон — рӯ ба беҳбудӣ гарояд ва шароит ба вазъи собиқ баргардад (фарзаш, ки маҳол нест), пас дар ин миён, танҳо ҷиҳате, ки бедалел эътибораш лаккадор гардида, ин ҲНИТ хоҳад буд.

Ба баёни дигар, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири тасфияҳисобҳои худ бо Эрон – ё бо ҳадафи водор кардани ин кишвар ба ақибнишинӣ дар қазияи пулҳои Бобаки Занҷонӣ чунонки бархе бар ин боваранд, ва ё пиёда кардани барномаҳои калони Арабистони Саудӣ дар минтақа, ки иддае дигар бар ин эътиқод ҳастанд – ба коре даст задааст, ки қоъидатан, аз назари ҳар як аз шаҳрвандони шарифи тоҷикистонӣ, як кори бисёр зишт ва ноҷавонмардона ва хилофи инсоният аст.

Яъне, агар ба унвони як инсон ва аз нуқта назари сирф инсонӣ, на сиёсӣ, ба ин масъала нигоҳ кунем, ин суол бояд пешамон посухи худро биёбад, ки агар ту бо як ҳизби сиёсӣ мушкил пайдо кардаӣ ва ба ҳар далел аз он хушат намеояд, оё ин муҷаввизро барои ту медиҳад, ки ҳарчи дилат хост ҳар тӯҳмату иттиҳомеро ба домани ӯ – ки аз фарзандони ҳамин марзу бум аст, на аз Миррих – бичаспонӣ?!

* * *

Ин хитоб албатта танҳо мутаваҷҷеҳи ҳукуматдорони кунунии Тоҷикистон нест, балки ба дигар азизони ҳаммиҳанам низ ҳаст, ки ҳар як аз мо – сарфи назар аз ин ки мувофиқи режими феълӣ ҳастем, ё мухолифи он, мувофиқи бинишҳои сиёсӣ ва динии ҲНИТ ҳастем ё мухолифи он – инсон ва одамем ва як тоҷик. Яъне, набояд фаромӯшамон шавад, ки ҲНИТ, пеш аз он ки як ҳизби сиёсӣ бошад, пеш аз он, муташаккил аз инсонҳоест, ки дар шаҳрвандӣ шарики шумост, одамҳое, ки мисли шумо нафас мекашанд, одамҳое, ки мисли шумо зану баччаву фарзанд доранд, одамҳое, ки замир доранд, одамҳое, ки гуноҳашон фақат ин аст, ки дар сиёсат дидгоҳ ва мавозеъе доранд ғайр аз он чӣ ҳукуматдорон ва ҳокими феълӣ дорад, одамҳое, ки танҳо ба далели доштани андеша ва мавзеъе дигар, имрӯзҳо бо онҳо сахттарин ва ғайриинсонитарин муомилаҳо мешавад; падару модаронашон ва хоҳару бародаронашон дар дохили кишвар таҳти анвоъи фишорҳо қарор мегиранд, одамҳое, ки бидуни баргузории як додгоҳи одилона, равонаи зиндон мешаванд… Хулоса, мо набояд ба масъала фақат аз равзанаи сиёсӣ ва масолеҳ ва манофеъ нигоҳ кунем, ва масалан бигӯем:

Боварӣ дорем, ки ҳарчи зудтар муносибатҳои ин ду кишвари дӯсту бародар (Эрон ва Тоҷикистон) барқарор мешавад. Фикр мекунам, айни ҳол Тоҷикистон ниёзи бештар ба Эрон дорад, на Эрон ба мо. Ягона роҳи ҳалли бӯҳрон ин аст, ки бояд Эрон собиқ ҲНИТ террористӣ эътироф кунад ва аз ҳар гуна кӯмак ба онҳо даст кашад.”

Гирем, Эрон ин корро кард. Аммо барои гӯяндаи ин суханон — ки ба масъала сирф аз равзанаи сиёсӣ ва масолеҳ ва манофеъ нигоҳ мекунад – оё ин суол матраҳ нест, ки ба кадом далел ҲНИТ “теруристӣ” эълон бишавад ва чаро? Оё ҲНИТ як “бозича” аст ба назари шумо, ки агар маслиҳат ва манфиати кишвар тақозо кунад, “терурист”-аш бихонанд?

Нигорандаи ин сутур мутмаин аст, ки бештари ҳамватанонамон ва ҳатто касоне, ки дар дохили ҳукумат машғул ба коранд, ҲНИТ-ро “теруристӣ” намедонанд ва ин тӯҳматҳо ва иттиҳомотро бепоя ва асос мешуморанд, аммо шароит барояшон ин иҷозаро намедиҳад, ки ҳарфи дили худро ошкоро баён бидоранд, зеро имрӯзҳо, чунонки бароям расонданд, ҳатто “лайк” гузоштан зери матлабе, ки марбут ба ҲНИТ аст дар фазои маҷозӣ, ҷурм маҳсуб мешавад, то чӣ расад ба ин ки ошкоро аз он пуштибонӣ кунанд. Яъне, ҳама медонанд, ки ҳақиқат чист ва воқеият кадом аст, аммо наметавонанд ошкор кунанд.

Достони ҲНИТ ва мазлумияташ дар ҷомеа дар имрӯз, достони Имом Ҳусайн ва мардуми Ироқро мемонад, ки Фараздақ, шоири маъруфи садри ислом, хитоб ба Имом Ҳусайн гуфт, ки: “Қулубуҳум маъака ва суюфуҳум ъалайк”. Яъне, вақте Имом Ҳусайн аз ин шоир аз ҳолу вазъи мардуми Ироқ – ки ҳимоят ва пуштибонии худро аз Имом дар баробари Язид эълом карда буданд – пурсиданд, Фараздақ гуфт: “Дилҳояшон бо туст, вале шамшерҳояшон бар зидди ту ва алайҳи ту!” Яъне, он афроде, ки Имомро ба шаҳодат расонданд ва дар қатли ӯ саҳим буданд, ҳама Имом Ҳусайнро дӯст доштанд ва ба ӯ алоқаманд буданд, зеро ҷойгоҳ ва мақоми ӯ дар исломро мешинохтанд ва медонистанд, ки ба тасреҳи ҳазрати Паёмбар (с), ӯ “сарвари ҷавонони аҳли биҳишт аст”, аммо шароит ба гунае буд, ки аз тарси ҷон, дар саффи касоне қарор гирифтанд, ки саранҷом Имомро ба шаҳодат расонданд.



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: