“Мурдаро монда тутхӯрӣ”

Маҳмудхон Бурҳонов

Ин зарбулмасали тоҷикӣ, ки мегӯяд: “Мурдаро монда тутхӯрӣ”, имрӯз беш аз ҳар замони дигаре, дар ҷомеаи мо маънову мафҳум пайдо кардааст.

Аз тутхӯрии ҳукуматдорон дар суги марги миллат, чандон ҷои тааҷҷуб нест, зеро ин кори ҳамешагии инҳо будааст. Вале тааҷҷубу шигифтӣ аз тутхӯрии фарзандони ин миллат дар суги марги тадриҷии хеш ва миллати хеш аст.

Бархе аз фарзандони ин миллат, ки унвони озодандешӣ ва озодихоҳӣ доранд, бо камоли тааҷҷуб ва нобоварӣ, гаҳ-гоҳе об ба осиёби душман мерезанд. Ва ҳамон тавре ки сад зарба задани афроди қаторӣ, баробари як зарба задани ин “бузургворон” аст, ҳамчунин сад далв об рехтани афроди қаторӣ ба осиёби душман, баробари як қатра об рехтани “бузургон” ба осиёби душман, мебошад.

Аз ин бурургворон интизор мерафт, мояи дилгармиву якдилӣ ва иттиҳоду якпорчагӣ дар роҳи пурфарозу нишеби озодихоҳӣ бошанд. Ва аз таҷрибаи гаронбҳои худ кучактарҳоро биомӯзанд, ки “қуввати душман аз парокандагии мост”, бинобар ин мабодо, ки ҳадаф ва мақсади ягонаи худро фидои иштибоҳоти сари роҳӣ намоед.

* * *

Бархе дигар аз фарзандони ин миллат, ки унвони равшанфикрӣ ва донишмандӣ ҳам доранд, ба ҷои пешниҳоди роҳи бурунрафт аз ин бунбасти маргбор ва ба ҷои боз кардани гиреҳе аз корҳои садгиреҳаи он, чанд гиреҳи дигар бар кораш мезананду намак бар захмаш мепошанд.

Аз ин донишмандон интизор мерафт, ки ба ёрии миллат биштобанд ва дониши худро дар роҳи раҳоӣ аз ин бунбасти худсохтаи ҳукумат дар “масири зиндагӣ”-и мардум, ба кор банданд. На ин ки бо қадам гузоштан дар ҷои пои ҳукумат, илова бар бунбастхои эчодкардаи он, бикӯшанд то чанд бунбасти дигар дар “масири дин”-и мардум эҷод намоянд.

Албатта, кӯшиш дар ҷиҳати бастани роҳи мардум ба сӯи дин, кӯшиши беҳудаест. Агар чунин кӯшишҳое ба натиҷа мерасид, кӯшиши атеистон ва ҳукумати Шӯравӣ натиҷа медод, бинобар ин кӯшиши бесамари Шӯравӣ дар ҷиҳати бастани роҳи дин, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳеч монеъе садди роҳи дин шуда наметавонад. Зеро нерӯи дин аз сиришт ва фитрати поки инсонӣ сарозер мешавад, ки торихи башар беҳтарин гувоҳи он аст.



Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: