“Ин иттиҳомот ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест”

Муртазо Саффори Натанзӣ, раиси Кумитаи равобити хориҷии Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон, бо ишора ба иттиҳомоти ахири вазорати кишвар (дохила)-и Тоҷикистон ба Эрон мабнӣ бар ҳимоятҳои молӣ аз қатлҳои сиёсатмадорон ва донишмандони тоҷик дар тайи солҳои 90, гуфт: “Мақомоти тоҷик барои ин ки ба наҳве аз зери суолҳои мардуми худ нисбат ба қатъи равобит бо Эрон фирор кунанд, даст ба ин қабил иттиҳомот ба Эрон мезананд, ки ин амр ба навъе тавҷеҳи умур аст.”

Вай дар гуфтугӯ бо хабаргузории Мизон таъкид кард: “Ин иттиҳомот ба ҳеч ваҷҳ мавриди таъйид набуда ва дуруст нест.”

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон афзуд: “Ин танҳо як иттиҳом аст ва ба далели тавҷеҳи рафтори ахири мақомоти Тоҷикистон дар иртибот бо Эрон матраҳ мешавад.”

Ин намояндаи Маҷлиси Эрон тасреҳ кард: “Дар ҳоли ҳозир мақомоти тоҷик зери суол ҳастанд, ки чаро равобити Эрон ва Тоҷикистон бад-ин шакл шудааст, аз ин рӯ Эрон ҳамеша нисбат ба тавсиъаи равобит бо Тоҷикистон тамоюл дошта ва кишваре, ки ҳамвора монеъи ин равобит буда, Тоҷикистон аст.”

Раиси Кумитаи равобити хориҷии Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Эрон бо баёни ин ки мақомоти Эрон ҳамвора гуфтаанд, ки мақомоти тоҷик нисбат ба равобити фимобайн монеътарошӣ мекунанд, баён дошт: “Эрон дар бахшҳое, чун энержӣ, роҳсозӣ ва барқ, ба тоҷикҳо кӯмакҳое доштааст, бинобар ин тоҷикҳо барои ин ки ба наҳве аз зери суолҳои мардуми худ нисбат ба қатъи равобит бо Эрон фирор кунанд, даст ба ин қабил иттиҳомот ба Эрон мезананд, ки ин амр ба навъе тавҷеҳи умур аст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: