Бен Салмон хитоб ба омрикоиҳо: “Мехоҳам аз ҷанги Яман хориҷ шавам”

Нашрияи Middle East Eye фош кард, валиаҳди Арабистони Саудӣ ба омрикоиҳо гуфтааст, қасди хуруҷ аз ҷанги Яманро дорад.

Бар пояи ин гузориш, емайлҳои ифшошудае нишон медиҳанд, ки Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, барои ду мақоми омрикоӣ эътироф карда, хостори хуруҷ аз ҷанги дусола дар Яман аст, ки худаш оғозгари он буд.

Ин нашрия дар гузориши ихтисосӣ навиштааст, валиаҳди 31-солаи Арабистони Саудӣ, ба Мортин Индик (Martin Indyk), сафири асбақи Омрико дар сарзаминҳои ишғолӣ ва ба Стивен Хедли (Stephen Hadley), мушовири асбақи амнияти миллии Омрико гуфтааст, бо ҳамкории Вошингтун ва душмани аслии Арабистони Саудӣ яъне Эрон мушкиле надорад.

Аз замоне ки Бен Салмон ҷанги Яманро оғоз кард, беш аз ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 40 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд ва дар ҳоли ҳозир шуюъи бесобиқаи вабо ин кишварро фаро гирифта ва беш аз 300 ҳазор нафар аз мардуми Яман ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Middle East Eye идома дод, аз оғози ҷанг то кунун, ду севвуми ҷамъияти Яман, ки беш аз 18 милюн нафар аст, ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд ва беш аз 7 милюн нафар аз суитағзия ранҷ мебаранд.

Дар емайлҳои миёни Мортин Индик ва сафири Аморот дар Вошингтун, дар бораи “маслиҳатгароӣ”-и шоҳзодаи саудӣ сӯҳбат шудааст.

Юсуф Утайба, сафири Аморот дар Вошингтун, рӯзи 20 апрел навишта буд: “Фикр намекунам ҳаргиз раҳбаре маслиҳатгаротар (аз Бен Салмон) дар он кишвар бибинем. Ба ҳамин далел аст, ки ҳамкорӣ бо онҳо хеле муҳим аст.”

Вай тасреҳ карда буд, Бен Салмон беҳтарин гузина дар Арабистони Саудӣ барои расидан ба натоиҷи бештар аст.

Сафири асбақи Омрико дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳам дар посух навишта буд, ки тамоми талоши худро барои ин амр анҷом медиҳад.

Дар емайлҳои дигаре бо Мойкл Мурел (Michael Morell), муовини асбақи CIA, дар бораи табодулоти иттилоотӣ миёни Анвар Муҳаммад Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷаи Аморот ва Борборо Лиф (Barbara Leaf) сафири Омрико дар Аморот, сӯҳбат шуда буд, ин ду тараф дар бораи Яман, Ҳусиҳо ва Абдуллоҳ Солеҳ ва эҷоди шикоф дар ҳизби вай ҷаласа доштанд.

Дар ҷаласае, Қарқош ба Лиф гуфта буд, бояд фосилае байни Солеҳ ва Ҳусиҳо эҷод шавад. Қарқош бар аҳаммияти ҷудоӣ миёни Ҳусиҳо ба унвони таҳдиди истротежик ёд карда ва гуфта буд, аммо худи Солеҳ, ки “унсури харобкор” аст, таҳдиди истротежик нест.

Лиф ҳам дар ин ҷаласа гуфта буд, Солеҳ ба шиддат дар талош буд бо Омрико музокира кунад, аммо Омрико ба вай эътимод надорад.

Дар емайлҳое миёни Элиот Обромз (Elliott Abrams), мушовири собиқи сиёсати хориҷии давлати Ҷорҷ Буш ва Утайба, сафири Аморот дар Вошингтун гуфта буд, кишвараш ангезаи раҳбарии минтақаро дорад ва шикофе дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс зуҳур кардааст. Элиот Обромз ҳам дар посух аз ибороте ҳамчун “ҳежмунии тоза” ва “имперотурии Аморот” истифода карда буд.

Утайба ба Обромз гуфта буд, барои муддате тӯлонӣ Аморот метавонад бар Арабистони Саудӣ таъсиргузор бошад ва равобити ду кишвар бар пояи умқи истротежик ва муҳимтар аз он бар асоси умеде аст, ки битавонанд бар рӯйи саудиҳо таъсир бигузоранд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: