Дархости расмии Арабистон аз давлати Ироқ барои миёнҷигарӣ байни Эрон ва Арабистон

Вазири кишвари (дохилаи) Ироқ дар дидор бо ҳамтои эронии худ гуфт: “Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, расман аз ман дархост кард, то Ироқ воситае байни Эрон ва Арабистон барои коҳиши танишҳо бошад.”

Ба гузориши Irna, Қосим ал-Аъраҷӣ, вазири кишвари Ироқ, рӯзи якшанбе (13.08.2017) дар дидори Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон, ба сафари ахири худ ба Арабистон ва дидор бо валиаҳди ин кишвар ишора ва изҳор кард: “Муҳаммад бен Салмон расман аз ман дархост кард, то Ироқ воситае байни Эрон ва Арабистон барои коҳиши танишҳо бошад.” Пеш аз ин низ Малик Салмон ин дархостро дода буд.

Вазири кишвари Ироқ, бо ишора ба ин ки “ман ҳам ба онҳо гуфтам, ки шумо бояд бо эҳтиром ва беҳтарин ваҷҳ бо ҳоҷиёни эронӣ рафтор кунед” афзуд: “Мо мӯътақидем, равобити дӯстонаи Эрон ва Арабистон, ба таъмини амнияти минтақа кӯмак мекунад.”

Бино бар ин гузориш, Раҳмонии Фазлӣ низ дар посух ба вазири кишвари Ироқ гуфт: “Мо ҳамеша ба дунболи равобит бо Арабистон будаем. Сиёсати Эрон ҳамкории муассир бо кишварҳои минтақа аст ва мо дар қатъи равобит ҳеч гоҳ пешқадам набудаем.”

Вазири кишвари Эрон афзуд: “Умедворем, кишварҳои минтақа бо ҳимояти мардуми худ ва дурӣ аз душманони воқеии ислом ва даст дар дасти ҳам, ба дунболи ҳалли масоили мусалмонон бошанд.”

Вазири кишвари Ироқ ҳамчунин дар ин дидор, бо таъкид бар ин ки равобити ду кишвари Эрон ва Ироқ истротежик аст, гуфт: “Миллати Эрон ҳамеша дар канори миллати Ироқ буда ва мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон нисбат ба гурӯҳҳои теруристӣ ва ДОЪИШ-ро мо ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем.”

Ал-Аъраҷӣ идома дод: “Таъсири Эрон дар мубориза бо ДОЪИШ комилан равшан аст; ҳузури довталабонаи мусташорони эронӣ дар Ироқ нишондиҳандаи равобити бародарона миёни ду кишвар аст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: