Домулло Саъдидини Рустам бистарӣ шуд

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Саъдидини Рустам, узви зиндонии раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, барои табобати бемории қалб дар шифохонаи мутааллиқ ба маҳбаси рақами аввали Душанбе бистарӣ шудааст. Ӯ тобистони соли гузашта бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Бар пояи ин гузориш, пайвандони Саъдидини Рустам рӯзи 14-уми август ба ин радио гуфтанд, ки бино ба ташхиси пизишкон феълан вазъи саломати ӯ рӯ ба беҳбуд ниҳодааст. Билолиддин Рустамов – писари Саъдидини Рустам – гуфтааст, ҳафтаи гузашта масъулони Идораи зиндонҳо ба онҳо иҷозат доданд, то пизишки худро барои ташхиси падараш ба маҳбас баранд. Вай афзудааст: “Ба мо иҷозат доданд, ки падарамро хабар гирем. Пизишки бурдаамон вазъи ӯро хуб арзёбӣ кард. Диламон пур шуд, ки ҳоло саломаташ беҳтар аст.”

Бори аввал аст, ки ба пайвандони як узви баландпояи зиндонии ҲНИТ иҷозат медиҳанд, то барои ташхиси наздикони худ аз берун табиб баранд. Соли гузашта пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода, узви дигари ҲНИТ гуфта буданд, ки ӯ аз дарди қалб ранҷ мебарад, вале барояшон иҷоза надоданд, то аз берун пизишк ва дору бибаранд.

Як масъули Идораи зиндонҳои Тоҷикистон рӯзи 14-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ба табобат фаро гирифтани маҳбусон дар ин ниҳод раёсати махсуси тиббӣ амал мекунад. Ӯ гуфт, новобаста ба онки зиндониён бо кадом ҷурм ҳабс шудаанд, онҳо яксон бо табобат фаро гирифта мешаванд.

Саъдидини Рустам, узви пешини раёсати олии ҲНИТ тобистони соли гузашта дар қатори 12 мақоми дигари ҳизб ба зиндон маҳкум шуд. Он вақт гуфта буданд, ки Саъдидини Рустам ба 24 соли зиндон маҳбасӣ шудааст. Аммо наздиконаш рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси ҳалномаи Додгоҳи олӣ ӯ бист сол аз озодӣ маҳрум гардидааст.

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи Саъдидини Рустам ва аъзои дигари баландпояи ҲНИТ ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 буд. Аммо ин афрод ҳангоми ироаи сухани охирини худ дар Додгоҳ ба бегуноҳии худ таъкид карда ва аз додгоҳ хоста буданд, ки нисбат ба онҳо ҳукми одилона содир кунад. Онҳо гуфта буданд, ки боздошташон сиёсист.

Реклама


Рубрики:Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: