Ислом ва Эронзамин (57)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (20)

Адабиёт (2)

Гурӯҳе аз муаррихони исломӣ низ эронианд аз қабили Абӯҳанифаи Динаварии собиқуззикр ва Ибни Қутайбаи Динаварии собиқуззикр ва Табарии собиқуззикр ва Билозарӣ (вафотёфта дар 279), Абулфараҷи Исфаҳонӣ (вафотёфта дар 356) ва Ҳамзаи Исфаҳонӣ (вафотёфта дар 350).

Муаррихони исломӣ хеле зиёданд. Шояд дар камтар риштае монанди риштаи торих таълиф шуда бошад. Ҷорҷи Зайдон мегӯяд:

Мусалмонон беш аз ҳар миллати дигар (ба истиснои милали асри ҷадид) дар торих пешрафт карда ва китоб навиштанд, ба қисме, ки дар “Кашфуз-зунун” номи 1300 китоби торихӣ зикр шудааст. Ва ин адад ба ҷуз китобҳоест, ки дар шарҳи он таворих навишта шуда ва ё китобҳое, ки дар талхиси он таворих таълиф шуда ва ё китобҳое, ки дар торих тадвин шуда буд ва аз даст рафта, ки номи ҳеч як аз онҳо дар “Кашфуз-зунун” нест… Масъудӣ дар муқаддимаи китоби “Муруҷуз-заҳаб”-и худ номи даҳҳо китобҳои торихиро бурда, ки дар замони ӯ мавҷуд буда…

Дар тадвини торихи исломӣ милали гуногун ширкат кардаанд, аз андалусӣ гирифта (монанди Ибни Абдулбарр ва Ибни Бишкувол ва Ибни Обор) то мисрӣ (монанди Миқризӣ ва Ҷамолуддин Қифтӣ) ва димишқӣ (монанди Ибни Асокир ва Сафадӣ) ва ироқӣ (монанди Хатиби Бағдодӣ ва Абдурраҳмон ибни ал-Ҷавзӣ ва сибти вай Шамсуддин Абулмузаффар ибни ал-Ҷавзӣ ва Ибни Халлакони Арбилии эрониюласл) ва тунисӣ (монанди Ибни Халдун).

Ба илова, анвоъе торихнависӣ дар ислом вуҷуд доштааст, аз сира ва торихи шахси муайян гирифта (монанди сираҳои набавӣ ва таворихи махсуси бархе подшоҳон) то таворихи шаҳрҳо (монанди Торихи Қум ) ва торихи кишварҳо (монанди Торихи Миср ва Торихи Димишқ ) ва торихи улум яъне торихи аҳли як фанн (монанди “Табақотул-ҳукамо” ва “Табақотул-атиббо” ва “Табақотул-ҳуффоз”) ва таворихи умумӣ (монанди Торихи Яъқубӣ ва Торихи Табарӣ). Илова бар ҳамаи инҳо, бархе ҷуғрофиёнавис будаанд монанди Ал-мақдисӣ соҳиби “Аҳсанут-тақосим” ва Истахрии Форсӣ соҳиби “Суварул-ақолим” ва “Масоликул-мамолик”.

Ба ақидаи Ҷорҷи Зайдон ба пайравӣ аз Суютӣ, аввалин муаррихони давраи ислом ду нафар будаанд ҳамзамони якдигар: яке Муҳаммад ибни Исҳоқи Мутталибӣ, ки аз маволии Айнуттамр аст, ва дигар Урва ибни Зубайр, ки насаб ба Зубайр ибни Аввом, саҳобии маъруф мебарад. Вале Аллома Сайидҳасани Садр собит кардаанд, ки аввалин торихро дар давраи ислом Убайдуллоҳ ибни Абирофеъ котиби Амирулмӯъминин алайҳис-салом навиштааст, ки нисбат ба Қибт мебарад ва мисрӣ аст. Китобе, ки ӯ таълиф кардааст дар бораи номи афроде аз саҳоба аст, ки Алӣ алайҳис-саломро дар давраи хилофат ҳамроҳӣ кардаанд.

Агар Муҳаммад ибни Исҳоқи Мутталибӣ (ки нависандаи сираи набавӣ аст ва “Сираи Ибни Ҳишом” ҳамон “Сираи Ибни Исҳоқ” аст ба ривояти Ибни Ҳишом) эронӣ бошад ончунонки аз калимаи “мавло” бармеояд, бояд бигӯем, баъд аз Ибни Абирофеъи қибтии мисрӣ, ду нафаре, ки пешқадам дар торих будаанд, яке эронӣ ва дигаре араби қурашӣ будааст, бо ин тафовут, ки айни китоби Муҳаммад ибни Исҳоқ дар даст аст, вале китоби он ду нафари дигар зоҳиран дар даст нест.

Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” ном гурӯҳе аз муаррихони қуруни аввали исломиро зикр мекунад, ки ба истилоҳ “мавло” будаанд.

Маволӣ зоҳиран ғайриараб будаанд. Ман акнун ба таври қатъ намедонам, ки ин калима танҳо бар эрониён итлоқ мешуд ва ё бар соири милали ғайриараб ва ё араб, ки навъе паймон бо яке аз қабоили араб доштаанд низ итлоқ мешудааст. Ба ҳар ҳол, Ибни ан-Надим иддаеро бо қайд “мавло” ном мебарад ва баъзеро тасреҳ мекунад, ки аз билоди Эрон будаанд, аз ҷумла: Воқидӣ муаррихи маъруф (вафотёфта дар 207), Абулқосим Ҳаммод ибни Собури Дайламӣ (вафотёфта дар 156), Абуҷунод ибни Восил ал-Куфӣ, Абулфазл Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Абдулҳамид ал-Котиб, Алони Шуъубӣ Кулайнии Розӣ ва ғайри инҳо.

Албатта набояд муболиға ё ғафлат кард ва пиндошт, ки адабиёти араб аз луғату наҳву сарфу балоғату ториху ғайра яксара ба дасти эрониён тадвин ёфтааст. Дар миёни удабои арабӣ, аз ақвоми дигар низ, ки табаррузи фавқулъода доштаанд ёфт мешавад, ки бархе араб ва бархе андалусӣ ва бархе мисрӣ ва бархе шомӣ ва бархе курд ё турк ё румӣ будаанд. Мо дар гузашта ишорае ба ин матлаб карда ва барои эҳтироз аз татвили бештар, аз зикр онҳо худдорӣ мекунем.

Дар миёни китобҳои адабии арабӣ чаҳор китоб аст, ки аз аркони адабиёти араб ба шумор меравад: “Адабул-котиб”-и Ибни Қутайбаи Динаварӣ, “Ал-комил”-и Мубаррад, “Ал-баёну ват-табйин”-и Ҷоҳиз, “Наводир”-и Абӯалии Қолӣ.

Аз муаллифони чаҳоргонаи ин чаҳор китоб, танҳо Ибни Қутайба эронӣ аст. Мубаррад араби аздӣ аст ва Ҷоҳиз араби кинонӣ аст ва Абӯалии Қолӣ диёрбакрӣ аст.

Аҳмад Амин дар “Зуҳал-ислом” аз китоби “Ал-мизҳар” нақл мекунад, ки дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ се нафар падид омаданд, ки пешвои дигарон дар шеъру луғати араб ва улуми араб ба шумор мераванд. На пеш аз онҳо ва на баъд аз онҳо монанде барои эшон наомадааст; ҳама ҳар чӣ доранд аз ин се нафар доранд:

1) Абӯзайди Ансории Хазраҷӣ, вафотёфта дар 215.

2) Асмаъӣ адиби луғавии маъруф, вафотёфта дар ҳудуди 215.

3) Абӯубайда Муаммар ибни ал-Мусанно, вафотёфта дар ҳудуди 210.

Аз ин се нафар, танҳо Абӯубайда эрониюласл аст, аммо Абӯзайд араби мадании хазраҷӣ аст ва Асмаъӣ араби боҳилӣ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: