Фалсафа ва равиши реализм (107)

Зарурат ва имкон (9)

Матни мақола:

Баёни дигар

Аз ҷумла бадеҳиёте, ки мо кучактарин шакку тардид дар он раво надошта ва муассиртарин силоҳи илмии худ медонем, “қонуни иллият ва маълулият” аст (ҳар ҳодиса иллате дорад).

Ҳар падида, ки падидор мешавад, иллате дорад, ва агар ин иллат набуд, падидаи мафруз низ набуд.

Агар ба дари баста фишор овардем ва боз нашуд, бармегардем ва аз гӯшаву канор ба ҷустуҷӯ мепардозем, яъне мехоҳем бифаҳмем, чӣ каму косте дар иллати боз шудани дар пайдо шуда, ки дар боз намешавад? Чӣ, агар чунин каму косте набуд, фишори даст бо бақияи шароит ҳатман дарро боз мекард. Ва ҳамчунин як нафар меконисян (механик) мошинеро, ки ба кор андохта бо мушоҳидаи кучактарин халале дар ҳаракати мошин, фавран ба кунҷковӣ дар пайкараи мошин мепардозад, яъне мехоҳад бифаҳмад, ки кадом шарт аз шароити иллии ҳаракати мошин мафқуд мебошад? Чӣ, агар чунин воқеае дар кор набуд, мошин ҳаргиз дар ҳаракати худ ланг намешуд, яъне агар иллати томмаи ҳаракат мавҷуд буд, ҳаракат зарурӣ буд.

Пас ночор иллати томмаи ҳар маълул ба маълули худаш зарурат медода ва маълули вай дар дунболи ин зарурат ба вуҷуд меомада.

Бадеҳист, ки агар муҷарради вуҷуди хориҷии иллат дар як замоне (агарчи ба ҳамроҳи маълул набошад) кофӣ буд, ки пас аз нобуди он, маълул худ ба худ ба вуҷуди худ идома диҳад, ҳеч гоҳ ин тафтиш анҷом намегирифт. (1)

* * *

Таълиқот:

(1) Дар инҷо яке дигар аз қонунҳои муншаъиб аз қонуни иллият ва маълулият баён шуда. Ва он ин ки: “маълул ҳамон тавре, ки ҳудусан ниёзманд ба иллат аст, бақоан низ ниёзманд ба иллат аст”.

Дар муқаддимаи ин мақола ваъда додем, ки тафсили ин матлабро дар мақолаи 9 баён кунем, вале ҳоло муносибтар медонем, ки дар ҳаминҷо он чӣ мехостем бигӯем баён кунем.

Тасаввури ибтидоии ҳар касе ин аст, ки чӣ монеъе дорад, ки маълул дар бақои хеш аз иллат бениёз бошад, зеро робита ва алоқаи маълул бо иллат ба ин ваҷҳ аст, ки иллат ба вуҷудоварандаи маълул аст ва албатта ҳамин ки маълул аз ноҳияи иллат вуҷуд ёфт, қаҳран бояд робитааш бо иллат қатъ шавад, ва маъно надорад, ки он робита ва алоқа боқӣ бимонад ва қаҳран бояд маълул битавонад баъд аз он ки ба василаи иллат ҳудус ёфт, худ ба худ ба вуҷуди хеш идома бидиҳад, магар он ки иллат ё иллатҳои фоникунандае пайдо шавад ва он маълулро фонӣ ва нобуд кунад?

Тарафдорони бениёзии маълул аз иллат дар бақо, мисолҳо ва шавоҳиде низ барои муддаои худашон зикр мекунанд аз қабили бақои фарзанд баъд аз падар ва бақои соат баъд аз соатсоз ва бақои сохтмон баъд аз банно ва бақои ҳаракати санге, ки ба василаи даст партоб мешавад баъд аз ҷудо шудан аз даст ва аз байн рафтани фишори даст. Ва ҳатто иддаъо мешавад, ки дар илмулҳаракот ва физики ҷадид расман таъйид шуда, ки ҷисм дар ҳолоти ҳаракат ва сукуне, ки бар вай ориз мешавад, танҳо ҳангоме эҳтиёҷ ба таъсири нерӯи хориҷӣ дорад, ки бихоҳад тағйири ҳолате барояш пайдо шавад, мисли он ки сифр дараҷа ҳаракат дорад яъне сокин аст ва ба ҳаракат дарояд, ё он ки ба дараҷаи хоссе ҳаракат дорад ва баъд тағйири ҳолат диҳад ва дараҷае аз ҳаракат камтар ё зиёдтар пайдо кунад, ва агар ҷисм ба василаи таъсири нерӯи хориҷӣ ба ҳаракат даромад, модоме, ки омили хориҷӣ пайдо нашавад, ки он ҳаракатро кунд ё тунд ё мутаваққиф кунад, он ҷисм худ ба худ ва бидуни эҳтиёҷ ба омил ва иллати хориҷӣ ба ҳаракати аввалии худ идома медиҳад; ҳамон тавре, ки агар дар асари таъсири нерӯи хориҷӣ мутаваққиф шуд, модоме, ки омили хориҷӣ пайдо нашавад ва дараҷае аз ҳаракат ба вай надиҳад, ба таваққуфи худ идома медиҳад. Натиҷа ин ки ҳар дараҷае аз ҳаракат, ки барои ҷисми мутаҳаррик фарз кунем, он дараҷаи ҳаракат танҳо дар ҳудуси аввалии худ эҳтиёҷ ба омили хориҷӣ дорад, вале дар идомаи худ бениёз аз ҳар омил ва иллате аст.

Мо феълан бидуни он ки ба мисолҳои фавқ таваҷҷӯҳе бикунем ва муноқишаи онҳоро баён кунем ва бидуни он ки дар мақоми тавҷеҳ ва тафсири назарияи физикӣ аз лиҳози фалсафӣ баройем, як таҳлили ақлонии куллӣ дар мавриди робитаи иллат бо маълул ба амал меоварем, то бибинем фатвои ақл ва фалсафа дар ин маврид чист? Баъдан дар поварақиҳои дигар ба пайравии матн, мисолҳои фавқ ва ҳамчунин назарияи физикии фавқро баррасӣ мекунем, то бибинем, ки оё ин умур ноқизи ҳукми ақл ва мухолифи он аст ё он ки ноқиз ва мухолиф нест ва тасаввури муноқизат ва мухолифат, натиҷаи суистинботест, ки ба амал омада.

Тасаввуре, ки ҳар инсоне аз қонуни иллият дорад ин аст, ки: “иллат вуҷуддиҳанда ба маълул аст”. Ҳар кас, ки худро музъин ба ин қонуни куллӣ мешуморад ва робитаи иллӣ ва маълулӣ байни мавҷудот қоил аст — чӣ мутакаллим ва чӣ ҳаким, чӣ илоҳӣ ва чӣ моддӣ, чӣ олим ва чӣ файласуф — ин тавр фикр мекунад, ки иллат вуҷуддиҳанда ба маълул аст ва робитае, ки байни онҳо барқарор аст ин аст, ки маълул воқеияти худро аз ноҳияи иллат дарёфт мекунад.

Мо ҳамин фикри қатъӣ ва яқиниро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор медиҳем ва мегӯем: дуруст аст, ки иллат воқеиятдиҳанда ва вуҷуддиҳанда ба маълул аст, вале дар мавориди маъмулӣ, ки чизе чизеро ба чизе медиҳад — мисли он ки шахсе ба номи “А” ба шахси дигаре ба номи “Б” шайъи хоссеро ба номи “В” медиҳад, пойи чаҳор амри воқеиятдор дар кор аст:

1) Диҳанда (А);

2) Гиранда (Б);

3) Шайъи додашуда (В);

4) Додан (амал ва ҳаракате, ки аз ноҳияи диҳанда сурат мегирад).

Ва албатта мумкин аст дар бархе маворид амри 5-уме ҳам фарз шавад, ва он иборат аст аз “гирифтан” яъне амале, ки аз ноҳияи гиранда сурат мегирад.

Ба ҳар ҳол, дар инҷо лоақал чаҳор амри воқеиятдор дар кор аст, ки воқеияти ҳар як ғайр аз воқеияти се амри дигар аст.

Ҳоло бояд бибинем, дар мавриди иллату маълул, ки мо иллатро ба унвони вуҷуддиҳанда ба маълул мешиносем, пойи чанд воқеият дар кор аст? Ва оё воқеан дар инҷо низ пойи чаҳор воқеият дар кор аст? Ба ин тартиб:

1) Диҳанда (иллат);

2) Гиранда (зоти маълул);

3) Додашуда (вуҷуд ва воқеият);

4) Додан (эҷод).

Ва ба иборати дигар, оё дар мавриди иллият ва маълулият, “муҷид (вуҷуддиҳанда), эҷод, вуҷуд, мавҷуд” (ва ба таъбирҳои дигар “ҷоъил, ҷаъл, маҷъул ва маҷъулун лаҳу”, “муътӣ, эъто, муъто, муъто биҳи”) чаҳор амри воқеиятдор аст, ё он ки чунин нест? Ва бар фарзи ин ки чунин нест, пас чӣ гуна аст? Мо аввалан “гиранда” ва “додашуда”-ро дар мавриди иллату маълул дар назар мегирем ва баррасӣ мекунем, ки оё мумкин аст, ки ин ду мафҳум ду воқеияти хориҷӣ бошанд ё на? Мебинем, агар гиранда — яъне зоти маълул — қатъи назар аз он чӣ аз ноҳияи иллат дарёфт мекунад, воқеияте буда бошад, лозим меояд, ки он маълул маълул набошад, ва ба истилоҳ хулф лозим меояд. Зеро ба ҳасби асли аввалӣ ва таърифи аввалӣ, мо иллатро ба унвони воқеиятдиҳанда ба маълул шинохтем, ба ин маъно, ки маълул воқеияти худро аз ноҳияи иллат касб карда. Ва агар бино шавад он чӣ маълул аз иллат касб мекунад, воқеияте бошад ва худи маълул як амри воқеиятдори дигаре бошад, пас маълул воқеияти худро аз ноҳияи иллат касб накарда, яъне воқеан маълул маълул нест. Пас, дар мавриди иллату маълул, воқеияти “гиранда” айни воқеияти “додашуда” аст, ва ин зеҳни мост, ки барои як воқеияти айнӣ ду мафҳуми мухталиф (гиранда — додашуда) эътибор мекунад.

Барои мартибаи дуввум ба баррасӣ мепардозем, ки оё он чӣ мо онро ба унвони “ифоза” ва “эҷод” меномем (додан), воқеияте ҷудо аз воқеияти “додашуда” дорад ё на? Дар инҷо мебинем, агар воқеияти “додан” ғайр аз воқеияти “додашуда” бошад, лозим меояд, ки мо вуҷуди маълул (додашуда)-ро чунин фарз кунем, ки қатъи назар аз ифоза ва амали иллат, як воқеияте аст мустақил ва коре, ки иллат мекунад ин аст, ки бо он воқеияти мустақил изофа ва иртибот пайдо мекунад ва онро бармедорад ва ба маълул медиҳад. Ва албатта ин фарз мусталзими ин аст, ки мо барои “гиранда” низ воқеияте мустақил аз воқеияти “додашуда” фарз кунем ва ҳол он ки қаблан дидем, ки ин фарз маҳол аст. Пас, маънои воқеият додани иллат ба маълул ва воқеият ёфтани маълул аз иллат ин нест, ки воқеияти маълул дар канори ҷузъи соири воқеиятҳо анбор шуда ва кори иллат ин аст, ки он воқеияти каноргузоштаро бармедорад ва таҳвили маълул медиҳад, балки маънои воқеият додани иллат ба маълул ин аст, ки воқеияти маълул айни ифоза ва эътои иллат аст. Яъне ҳамон тавре, ки “гиранда” ва “додашуда” дар мавриди иллату маълул ду амри воқеиятдор нестанд, “додашуда” ва “додан” низ ду амри алоҳидаи хориҷӣ нестанд. Пас, дар мавриди иллату маълул, “гиранда” ва “додашуда” ва “додан” ҳама як чиз аст ва мо бояд маълулро ба унвони “айни ифозаи иллат” бишносем, на ба унвони чизе, ки чизи дуввумеро ба номи “файз” ба василаи воқеияти севвуме ба номи “ифоза” аз шайъ 4-уме ба номи “иллат” дарёфт кардааст.

Барои мартибаи севвум воқеияти “диҳанда”-ро дар назар мегирем, вале дар инҷо мебинем, ки воқеияти вай бояд мустақил аз воқеияти “гиранда” ва “додашуда” ва “додан” бошад, зеро “диҳанда” воқеияте аст, ки воқеияти дигаре аз ӯ ношӣ шуда ва ӯ маншаи он воқеияти дигар аст ва албатта имкон надорад, ки як шайъ худаш маншаи худаш бошад. зеро мусталзими судфа ва тақаддуми шайъ бар нафс аст, ки мусталзими таноқуз аст.

Аз инҷо ин тавр мефаҳмем, ки дар мавриди иллату маълул, ки мо иллатро ба унвони “вуҷуддиҳанда ба маълул” мешиносем ва ибтидо чунин тасаввур мекунем, ки вуҷуд додан мусталзими чаҳор чиз аст (диҳанда – гиранда – додашуда — додан) ин тавр нест, балки дар хориҷ ду воқеият бештар нест: воқеияти иллат ва воқеияти маълул, ки айни ифозаи иллат аст. Ва ба иборати дигар, пас аз баррасии комил дарк мекунем, ки дар мавриди маълулот, воқеияти “эҷод”, “вуҷуд” ва “мавҷуд” яке аст ва ин зеҳни мост, ки аз як воқеияти ваҳдонӣ се мафҳуми мухталиф сохтааст ва мӯҷиби тарзи тафаккури ғалати ибтидоии мо шудааст.

Ҳақиқат ин аст, ки иллати умдаи ин тарзи тафаккури ғалати ибтидоӣ, ки мутаассифона ғолиби муддаиёни фалсафа дучори он ҳастанд, бештар аз як қиёс гирифтани беҷо сарчашма мегирад.

Маъмулан мебинанд, ки агар филмасал касе ба каси дигар пуле бидиҳад ё гуле эҳдо кунад, ин худ мусталзими ин аст, ки лоақал пойи чаҳор амри воқеиятдор дар кор бошад, ва дидаанд, ба таври қатъ дар ин маворид, шайъи додашуда ғайр аз амали эъто ва додан аст, ва дидаанд, ки ҳар гоҳ масалан касе аз касе пуле ё гуле гирифт, танҳо дар ҳамон лаҳзаи аввал, ки он чизро аз ӯ мегирад, ба ӯ ниёзманд аст, вале дар лаҳазоти баъд худаш шахсан воҷиди он шайъи додашуда аст ва дар воҷид будани он шайъ ҳеч гуна эҳтиёҷе ба диҳандаи аввалӣ надорад, пас чунин хиёл кардаанд, ки “вуҷуд додан” низ назири пул додан ё гул эҳдо кардан аст, ки аввалан воқеияти гул ва пул ғайр аз воқеияти эътои он гул ва он пул аст ва ҳатто муғойир бо воқеияти гирандаи он аст. Ва сониян, дар лаҳзаи баъд аз лаҳзаи дарёфт, гиранда шахсан метавонад воҷиди он шайъ бошад, бидуни он ки эҳтиёҷе ба диҳанда дошта бошад. Ва аз инҷо натиҷа гирифтаанд, ки маълул дар бақои худ бениёз аз иллат аст.

Баъд аз ин ки бино бар асли куллии мусаллами аввалӣ қабул кардем, ки робитаи иллату маълул робитаи вуҷуд додан ва вуҷуд ёфтан аст, ва бино бар муқаддимаи гузашта донистем, ки ин робита, яъне вуҷуд додан ва вуҷуд ёфтани маълул, бо худи вуҷуди маълул воқеиятҳои муғойир ва ҷудо аз якдигар нестанд, яъне воқеияти маълул бо робитаи маълул бо иллат яке аст, пас дониста мешавад, ки воқеияти маълулро наметавон мунфак аз робитаи маълул бо иллат фарз кард. Яъне қатъи робитаи маълул бо иллат бо ҳифзи бақои маълул амре маҳол ва мумтанеъ аст. Ва аз инҷо натиҷа гирифта мешавад, ки маълул ҳудусан ва бақоан ниёзманд ба иллат ва муттакӣ ба иллат аст ва маҳол аст, ки як шайъ ба василаи иллате ба вуҷуд ояд ва баъд робитааш бо иллат қатъ шавад ва битавонад ба худии худ ба вуҷуди худ идома диҳад.

Аз назари фалсафии мо, ё бояд ба куллӣ қонуни иллату маълулро ба канор гузошт ва дар натиҷа таслими муддаъои суфастоиён ва қоилин ба судфа ва иттифоқ шуд, ва ё он ки бояд асли ниёзмандии маълулро ба иллат дар бақо пазируфт. Ва аммо тавҷеҳи мисолҳо ва шавоҳиде, ки бар адами ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо оварда шуда, баъдан хоҳад омад. Дар инҷо нукоти зайлро ба таносуби матлаби гузашта ёдоварӣ мекунем.

а) Мо мукаррар гуфтаем, ки аввалин вазифаи ҳар файласуф ин аст, ки ба зеҳн ва андешаҳои зеҳнӣ таваҷҷӯҳ кунад ва тарзи андешасозии зеҳнро бишносад. Ва ин қисмати муҳимро мо “қисмати равоншиносии фалсафа” хондем. Дар инҷо низ хонандаи мӯҳтарам мутаваҷҷеҳ шуд, ки мунтаҳои коре, ки мо кардем ин буд, ки андешаҳои зеҳнии худро дар мавриди иллату маълул бо иттикои яке ду асли мутаорафи фалсафӣ баррасӣ кардем ва собит кардем, ки ин такассур сирфан такассури мафҳумӣ ва зеҳнист ва ин такассури зеҳнист, ки маншаи бузургтарин иштибоҳ дар фалсафа мешавад. Аз ин рӯ муҷаддадан ҷумлаеро, ки қаблан низ адо кардаем такрор мекунем: мо то зеҳнро нашиносем, наметавонем фалсафа дошта бошем.

б) Бурҳоне, ки дар инҷо бар матлаб иқома кардем, як бурҳони ақлии холис буд ва мутобиқи он чӣ дар муқаддимаи мақолаи 7 гуфтем, ин масъаларо ҷузъи масоили фалсафии холис бояд талаққӣ кард, ки ба ҳеч асли таҷрибӣ ё ғайритаҷрибии хориҷ аз ҳавзаи фалсафа муттакӣ нест, балки як таваҷҷӯҳи дақиқ ба ин масъала равшан мекунад, ки ин масъала ҷузъи масоилест, ки таҳқиқ дар онҳо фақат аз роҳи бурҳони ақлӣ ба тартибе, ки баён шуд муяссар аст. Ва зимнан собит мекунад, ки назарияи касоне, ки ҳудуди ҳиссу ақл ва таҷрибаву таъаққул ва илму фалсафаро нашнохтаанд ва дар арзишм ҳиссу таҷриба роҳм иғроқ паймуда ва иддаъо кардаанд, ки масоили фалсафи низ аз роҳи ҳиссу таҷриба бояд таҳқиқ шавад, чӣ қадр музҳик ва масхара аст.

в) Моддигароён тарафдори адами ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо ҳастанд ва мо баъдан дар маҳалли дигаре, ки муносибате пеш ояд, гуфтори онҳоро нақл ва интиқод хоҳем кард. Ва иддае аз мутакаллимин низ ҳамин ақидаро доранд, вале муҳаққиқини фалосифа умуман тарафдори ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо ҳастанд ва ҳар дастае тибқи машраб ва маслаки худ бурҳон ё бурҳонҳое иқома кардаанд ва бархе аз он бурҳонҳо дар айни ин ки тарафдорони асолати вуҷуд ба онҳо эътимод кардаанд бӯи асолати моҳият медиҳад ва мо барои дурӣ ҷустан аз итола аз баҳсу интиқод дар он бурҳонҳо сарфи назар мекунем ва чунин гумон мекунем, ки он чӣ дар боло гуфта шуд беҳтарин ва соддатарин роҳест, ки то кунун баён шудааст. Ва ба ҳар ҳол, ин матлаб аз муҳимтарин масоилест, ки дар мабоҳиси илоҳиёт, ки дар мақолаи 14 хоҳад омад, мавриди истифода қарор мегирад.

г) “Иллат” дар истилоҳоти фалсафӣ ғолибан ба ҳамон маъно итлоқ мешавад, ки дар боло таъриф шуд, яъне “вуҷуддиҳандаи шайъ”, вале гоҳе ба маъное аъамм аз ин маъно итлоқ мешавад, ва он иборат аст аз: “мутлақи чизҳое, ки шайъ дар вуҷуд ёфтани худ мӯҳтоҷ ба онҳост”. Агар иллатро ба маънои аъамм итлоқ кунем, шомили муъиддот ва шароити вуҷуди шайъ низ мешавад, ҳамон тавре, ки агар маълул мураккаб бошад, шомили аҷзои ташкилдиҳандаи воқеияти вай низ ҳаст, чунонки агар қоил ба “иллати ғоӣ” бошем, шомили он низ ҳаст, зеро дар бораи ҳар як аз шароит ва муъиддот ва ҳамчунин дар бораи ғоят ва ҳамчунин дар бораи ҳар як аз аҷзои ташкилдиҳандаи воқеияти шайъ содиқ аст, ки гуфта шавад вуҷуди шайъ мӯҳтоҷ ба онҳост.

Вале таърифи аввалӣ, ки унвони “вуҷуддиҳандагӣ” дар он эътибор шуда, бар шароит ва муъиддот ва ҳамчунин бар ғоят ва бар аҷзои ташкилдиҳандаи воқеияти шайъ содиқ нест, балки танҳо бар он чизе содиқ аст, ки истилоҳан “иллати фоъилӣ” хонда мешавад. Ин ки дар боло гуфта шуд, ки маълул ҳудусан ва бақоан ниёзманд ба иллат аст, ҳамон “иллати фоъилӣ” дар назар гирифта шуда ва бурҳоне, ки дар боло иқома шуд, ҳамон тавре, ки возеҳ аст, танҳо шомили иллати фоилист ва ин бурҳон шомили шароит ва муъиддот ва ҳамчунин ғоят ва аҷзои ташкилдиҳандаи воқеияти шаъйи мураккаб намешавад. Оре, дар мавриди аҷзои ташкилдиҳандаи воқеияти шайъ (мисли он ки он шайъ мураккаби ҳақиқӣ бошад ва аз модда ва сурат таркиб ёфта бошад) аз роҳи дигар бояд гуфт, ки ҳувияти маълул ҳудусан ва бақоан ниёзманд ба онҳост ва ин матлаб хеле возеҳ ва равшан ва ғанӣ аз истидлол ба назар мерасад, зеро гумон намеравад, ки касе дар ин матлаб шак кунад, ки бақои мураккаб мавқуф ба бақои ҷамиъи аҷзои он аст ва бо интифои як ҷузъе (ҳаддиақал) мураккаб мунтафӣ мешавад ва то кунун ба назар нарасида, ки касе мухолифи ин матлаб буда бошад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: