Ҳизби Ҳикматёр дар ҷанги Толибон ва ДОЪИШ, аз ДОЪИШ ҳимоят мекунад

Хабаргузории “Рушд”-и Афғонистон навишт: “Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр гуфтааст, ки дар ҷанг бо Толибон аз ДОЪИШ ҳимоят мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Рушд”, Ҳизби Исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр дар баёнияе гуфтааст, ки дар сурати ҷанг бо Толибон ва ДОЪИШ, аз доъишиҳо ҳимоят хоҳад кард.

Бар асоси ин баёния, Ҳикматёр ба ҳомиёни худ гуфтааст: “Дар сурате ки миёни Толибони аморатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон, ки ба ДОЪИШ пайвастаанд низоъе ба миён ояд, бояд аз ин ҷангҷӯён ҳимоят кард.”

Ҳикматёр гурӯҳи Толибон, кумунистҳо ва “Шӯрои низор”-ро гурӯҳҳои савгандхӯрдаи худ хитоб кардааст.

Бар асоси гузориши ин расонаи афғонистонӣ, эҳтимолан манзури Ҳизби Исломии Ҳикматёр аз “Шӯрои низор” раҳбарон ва нерӯҳои вобаста ба Ҷамъияти Исломии Афғонистон бошад; гурӯҳе, ки Ҳизби Исломӣ бо он пешинаи тӯлонии ҷангу рақобат дорад.

Бо ин ҳол, дар Афғонистон ҳеч гурӯҳе дар замони кунунӣ таҳти идеулужии кумунизм барои эҳрози қудрат мубориза намекунад ва ҳадафи Ҳизби Исломӣ аз “кумунистҳо” комилан возеҳ нест.

Ҳизби Исломии Ҳикматёр нахустин гурӯҳест, ки аз гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

ДОЪИШ ба куштори бераҳмонаи ғайринизомиён ва эҷоди хушунатҳои фирқаӣ миёни мусалмонони суннӣ ва шиъа муттаҳам аст.

Гурӯҳи Толибон пеш аз ин, дар номаи саргушодае, аз саркардаи ДОЪИШ дар Ироқ хоста буд, то Афғонистонро ба ҳоли худ бигузорад.

Возеҳ нест, ки ҳимояти Ҳизби Исломии Ҳикматёр барои густариши нуфузи гурӯҳи ДОЪИШ дар Афғонистон чӣ қадр кӯмак хоҳад кард, аммо ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки истротежии ҷанг бо ДОЪИШ-ро дар пеш гирифтааст.



Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: