Ислом ва Эронзамин (58)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (21)

Калом

Илми калом низ як илми сад дар сад исломӣ аст. Калом марбут аст ба таҳқиқ дар усули ақоиди исломӣ ва дифоъ аз онҳо, аъамм аз он ки амри мавриди эътиқод аз ақлиёти маҳз бошад — монанди масоили марбут ба тавҳид ва сифоти Худованд — ва ё аз нақлиёт бошад, ки эътиқод ва адами эътиқод ба он, дар сарнавишти инсон муассир бошад. Ва ба ҳамин ҷиҳат, калом муншаъиб мешавад ба каломи ақлӣ ва каломи нақлӣ.

Пайдоиши илми калом дар дине монанди ислом, ки масоили зиёде дар бораи мабдаъу маъод ва инсону ҷаҳон тарҳ кардааст, ва дар иҷтимое монанди иҷтимои исломии қуруни аввали исломӣ, ки як нишоти илмии нерӯманд бар он ҳукумат мекард, табиӣ ва зарурӣ аст.

Қуръони Карим расман бар бархе аз масоили эътиқодӣ — аз қабили тавҳид ва маъод ва нубувват — истидлол мекунад ва бурҳон иқома менамояд ва аз мухолифон ҳуҷҷат ва бурҳон мутолиба мекунад:

قُلْ هَاتُواْ بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Бигӯ: агар рост мегӯед, далели худро биёваред!” (Сураи Бақара, ояти 111)

Қатъан ва мусалламан аввал касе, ки дар масоили ақлии исломӣ ба таҷзия ва таҳлил пардохт ва масоиле монанди қидаму ҳудус ва мутаноҳиву ғайримутаноҳӣ ва ҷабру ихтиёр ва басотату таркиб ва амсоли онҳоро матраҳ сохт, Амирулмӯъминин Алӣ ибни Абӯтолиб алайҳис-салом аст.

Мо баҳси худро дар бораи хадамоти эрониён ба ислом дар заминаҳои каломӣ, аз эрониёни шиъа оғоз мекунем (сипас мутакаллимони эронии суннӣ):

1) Аввалин мутакаллими шиъа, ки китоб дар масоили каломӣ таълиф кардааст, Алӣ ибни Исмоил ибни Майсами Таммор аст. Худи Майсам ба унвони хатиб ва суханвари шиъа ва аз соҳибони сирри Амирулмӯъминин Алӣ алайҳис-салом маҳсуб мешудааст. Майсам аҳли Ҳиҷр аст ва баҳрайнӣ аст ва як фарди эронӣ ба шумор меравад. Наводааш Алӣ ибни Исмоил ибни Майсам муосири Зирор ибни Амр ва Абулҳузайли Аллоф ва Амр ибни Убайд, аз мутакаллимони маъруфи қарни дуввуми ҳиҷрӣ аст ва бо онҳо мубоҳисоте дар масоили эътиқодӣ доштааст.

2) Ҳишом ибни Солими Ҷузҷонӣ. Ин мард аз машоҳир ва маъорифи асҳоби Имом Содиқ алайҳис-салом аст. Дар миёни асҳоби Имом Содиқ алайҳис-салом гурӯҳе ҳастанд, ки Имом Содиқ онҳоро ба унвони “мутакаллим” хондааст ва дар китоби “Ал-ҳуҷҷа”-и Кофӣ мастур аст, аз қабили Ҳимрон ибни Аъян, Мӯъминут-Тоқ, Қайс ибни ал-Мосир ва Ҳишом ибни ал-Ҳакам ва ғайруҳум. Қайс ибни ал-Мосир ҳамон касест, ки гӯянд каломро аз Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом омӯхт.

3) Фазл ибни Абӯсаҳл ибни Навбахт. Аз Оли Навбахт аст. Оли Навбахт ҳамон тавр, ки Ибни ан-Надим гуфтааст, ба ташайюъ маъруфанд ва фузалои зиёде дар тӯли се қарн аз онҳо бархостааст, ки акнун маҷоли тавзеҳи он нест. Навбахт худаш мунаҷҷим ва дар дарбори Мансур буд. Рӯзе писараш Абӯсаҳлро ба дарбори Мансур бурд, ки ба ҷонишинии худ муаррифӣ кунад. Мансур номашро пурсид, гуфт: “Хуршед моҳи тимозоҳи мо бозорад боди хусрав на шоҳ”. Мансур гуфт: Ҳамаи инҳо исми туст? Гуфт: Оре. Мансур табассум кард ва гуфт: Падарат чӣ карда?! Исматро мухтасар кун, ё ҳамон калимаи “Тимоз”-ро аз ҷузъи исмат интихоб кун ва ё ман бароят калимаи “Абӯсаҳл”-ро ба унвони куния интихоб мекунам. Абӯсаҳл ба ҳамин куния розӣ шуд. Бисёре аз навбахтиён кунияашон Абӯсаҳл аст. Бисёре аз мутакаллимини шиъа аз хонадони Навбахтанд аз қабили: Фазл ибни Абисаҳл ибни Навбахт, ки дар замони Ҳорун дар раъси китобхонаи маъруфи “Байтулҳикма” буд ва аз мутарҷимини форсӣ ба арабӣ дар асри ҳорунӣ ва маъмунӣ ба шумор меравад. Ва ҳамчунин Исҳоқ ибни Абисаҳл ибни Навбахт ва писараш Исмоил ибни Исҳоқ ибни Абисаҳл ибни Навбахт ва писари дигараш Алӣ ибни Исҳоқ ва наводааш Абӯсаҳл Исмоил ибни Алӣ ибни Исҳоқ, ки ӯро шайхулмутакаллимин дар шиъа лақаб додаанд ва дигар Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ хоҳарзодаи Абӯсаҳл Исмоил ибни Алӣ ва иддае дигар аз ин хонадони эронӣ.

4) Фазл ибни Шозони Нишопурӣ. Дар охирҳои қарни дуввум ва аввалҳои қарни севвум мезиста, ки қаблан зикри хайраш гузашт. Фазл ибни Шозон аз асҳоби ҳазрати Ризо ва ҳазрати Ҷавод ва ҳазрати Ҳодӣ алайҳимус-салом будааст ва китобҳои зиёде дар калом навиштааст.

5) Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Мумаллаки Ҷурҷонии Исфаҳонӣ, муосири Абӯалӣ Ҷуббоӣ дар қарни севвум.

6) Абӯҷаъфар, Ибни Қуббаи Розӣ дар қарни севвуми ҳиҷрӣ. Миёни ӯ ва Абулқосими Каъбии Балхӣ мубоҳисот ва мунозироти катбӣ дар масоили имомат будааст.

7) Абулҳасани Сусангердӣ муосири Ибни Қуббаи Розӣ. Гӯянд, аз ғуломони Абӯсаҳл Исмоил ибни Алии Навбахтӣ буда ва панҷоҳ сафари пиёда ба ҳаҷ рафтааст.

8) Абӯалӣ ибни Мискавайҳи Розии Исфаҳонӣ, ки аз бузургони мутакаллимин ва ҳукамо ва атиббои исломӣ аст. Китобҳои “Алфавзул-акбар” ва “Алфавзул-асғар”-и ӯ чоп шуда ва дар даст аст. Китоби “Таҳоратул-аъроқ”-и вай дар илми ахлоқ аз муҳимтарин китобҳои ахлоқии исломӣ аст. Муосири Абӯалӣ Ибни Сино ҳаким ва табиби маъруфи исломӣ аст. Дар соли 431 даргузаштааст.

Мутакаллимини шиъа аъамм аз эронӣ ва ғайриэронӣ бисёранд. Мутакаллимини шиъаи эронӣ низ фаровонанд. Мо ба унвони намуна, афроди болоро аз қарни дуввум то қарни чаҳорум ёд кардем. Дар қуруни мутааххир, аркони илми каломи исломиро мутакаллимини шиъа ташкил медодаанд.

Пас аз зуҳури Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, ҳаким ва мутакаллим ва риёзидон ва сиёсатмадори маъруфи ҷаҳони ислом ва нигориш ёфтани китоби “Таҷрид”, каломи шиъа аҳаммияти бештаре ёфт ба тавре, ки аз он пас китоби “Таҷрид” беш аз ҳар китоби дигар меҳвари баҳсҳои каломӣ дар шиъа ва суннӣ қарор гирифт.

* * *

Аммо мутакаллимини аҳли суннат: бисёре аз мутакаллимони аҳли тасаннун ва шояд бештарашон эронианд.

1-2) Қадимитарин мутакаллими аҳли суннат Ҳасани Басрӣ ва сипас шогирдаш Восил ибни Ато аст, ки ҳар ду аз маволӣ мебошанд. Ҳасани Басрӣ дар нимаи дуввуми қарни аввал ва нимаи аввали қарни дуввум мезистааст. Вафоташ дар соли 110 воқеъ шудааст ва Восил, ки шогирди ӯст ва аз ӯ иншиъоб кард ва мустақил шуд ва роҳи ҷудогонае гирифт ва аз онҷо мактаби Мӯътазила поягузорӣ шуд, дар соли 181 даргузаштааст.

3) Абӯҳузайли Аллоф. Ин мард низ аз маволӣ аст. Ӯро поягузори каломи ақлӣ мешуморанд. Фавқулъода забардаст буда ва бо китобҳои фалсафӣ ошноӣ доштааст. Нависандае маҷусӣ ба номи Милос дошт. Ин нависанда рӯзе иддае аз маҷусиёнро бо Абӯҳузайл дар як маҷлис ҷамъ кард ва дар бораи тавҳид ва санавият баҳс карданд. Абӯҳузайл онҳоро маҳкум кард ва Милос мусалмон шуд. Шибли Нӯъмон ва дигарон навиштаанд, ки чандин ҳазор нафар эронии маҷусӣ ба дасти Абӯҳузайл мусалмон шуданд. Аз мунозира бо Абӯҳузайл ҳама иҷтиноб мекарданд, зеро фавқулъода қавӣ буд. Мунозираи маъруфе дорад бо Солеҳ ибни Абдулқуддус, шаккок ва зиндиқи маъруф, ки Ибни ан-Надим онро нақл кардааст. Абӯҳузайл аз танҳо касе, ки бим дошт ва аз мунозира бо ӯ мутаваҳҳиш буд Ҳишом ибни ал-Ҳакам, мутакаллими маъруфи шиъии араб аз асҳоби Имом Содиқ алайҳис-салом буд.

4) Иброҳим ибни Сайёр маъруф ба Наззом, вафотёфта дар 221. Ин мард мутобиқи он чӣ Ибни Халлакон дар ҷилди севвуми китоби худ зайли аҳволи Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ гуфтааст, балхӣ будааст. Назариёти Наззом дар калом ва аҳёнан дар фалсафа маъруф аст. Наззом шогирди Ҳишом ибни ал-Ҳакам будааст.

5) Амр ибни Убайд ибни Боб. Падараш аз асирони Кобул аст ва дар пулиси Басра хидмат мекардааст. Амр ибни Убайд дар соли 80 мутаваллид шуда ва пеш аз соли 150 даргузаштааст. Амр ибни Убайд тамоюли хориҷигарӣ дорад ва ба маноъат маъруф аст. Бо Мансури Аббосӣ қабл аз давраи хилофат дӯст буд. Дар айёми хилофати Мансур, рӯзе бар ӯ ворид шуд ва Мансур ӯро гиромӣ дошт ва аз ӯ тақозои мавъиза ва андарз кард. Аз ҷумлаи суханоне, ки Амр ба Мансур гуфт ин буд: “Мулку салтанат, ки акнун ба дасти ту афтода, агар барои касе пойдор мемонд, ба ту намерасид. Аз он шаб битарс, ки обистани рӯзест, ки дигар шабе баъд аз он рӯз (қиёмат) нест.” Вақте, ки Амр хост биравад, Мансур дастур дод даҳ ҳазор дирҳам ба ӯ бидиҳанд, напазируфт. Мансур қасам хӯрд, ки бояд бипазирӣ. Амр савганд ёд кард, ки нахоҳам пазируфт. Маҳдӣ, писар ва валиаҳди Мансур ҳозир дар маҷлис буд ва аз ин ҷараён нороҳат шуд ва гуфт: Яъне чӣ? Ту дар муқобили савганди халифа савганд ёд мекунӣ?! Амр аз Мансур пурсид: Ин ҷавон кист? Гуфт: Писарам ва валиаҳдам Маҳдӣ аст. Гуфт: Ба Худо қасам, ки либоси некон бар ӯ пӯшидаӣ ва номе рӯйи ӯ гузоштаӣ (Маҳдӣ), ки шоистаи он ном нест ва мансабе барои ӯ омода кардаӣ, ки баҳрабардорӣ аз он мусовӣ аст бо ғафлат аз он. Он гоҳ Амр рӯ кард ба Маҳдӣ ва гуфт: Бале, бародарзодаҷон! Монеъе надорад, ки падарат қасам бихӯрад ва амуят мӯҷиботи шикастани қасамашро фароҳам оварад. Агар бино бишавад ман каффораи қасам бидиҳам ё падарат, падарат тавонотар аст бар ин кор. Мансур гуфт: Ҳар ҳоҷате дорӣ бигӯ. Гуфт: Фақат як ҳоҷат дорам, ва он ин ки дигар пайи ман нафаристӣ. Мансур гуфт: Бинобар ин маро то охири умр мулоқот нахоҳӣ кард. Гуфт: Ҳоҷати ман ҳам ҳамин аст. Инро гуфт ва бо қадамҳои муҳками тавъам бо виқор роҳ афтод. Мансур хира-хира аз пушти сар нигоҳ мекард ва дар ҳоле, ки дар худ нисбат ба Амр эҳсоси ҳақорат мекард, се мисроъи маъруфро суруд:

 كلكم يمشي رويد

كلكم يطلب صيد

غير عمرو بن عبيد

Ин Амр ибни Убайд ҳамон касест, ки Ҳишом ибни ал-Ҳакам ба таври ношинос вориди маҷлиси дарсаш шуд ва аз ӯ дар боби имомат суолоте кард ва ӯро сахт муҷоб сохт. Амр ибни Убайд аз қуввати баёни пурсишкунандаи ношинос ҳадс зад, ки ӯ Ҳишом ибни ал-Ҳакам аст. Баъд аз шиносоӣ ниҳояти эҳтиромро нисбат ба ӯ ба амал овард.

Инҳо, ки баршумурдем, табақаи аввал ва дуввуми мутакаллимини эронии аҳли тасаннун мебошанд. Дар табақот ва қуруни баъд мутакаллимини суннимазҳаби зиёде аз Эрон бархостаанд ва мо ба таври ихтисор номи иддаеро ба тартиби қурун мебарем, аз қабили:

Абулҳусайн Аҳмад ибни Яҳё ибни Исҳоқи Ровандии Кошонӣ ва Ибни ал-Мунаҷҷим (надими Алмуваффақ ва Алмуктафи биллоҳ), ки худ аз наводаҳои Яздҷирди соcонӣ будааст ва Абулқосими Каъбии Балхӣ ва Абӯалии Ҷуббоии Хузистонӣ ва писараш Абӯҳошими Ҷуббоӣ дар қарни севвум, Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ ва Ибни Фураки Исфаҳонии Нишопурӣ ва Абӯисҳоқи Исфароинӣ дар қарни чаҳорум, Абӯисҳоқи Шерозӣ ва Имомулҳарамайни Ҷувайнӣ ва Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар қарни панҷум, Фахруддини Розӣ ва Абулфзл ибни ал-Ироқӣ ва Муҳаммади Шаҳристонӣ дар қарни шашум ва ғайри инҳо.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: