Номаи саргушодаи Толибон ба Тромп

Ба гузориши ВВС форсӣ, гурӯҳи Толибон номаи муфассалеро ба панҷ забон — ангилисӣ, пашту, форсӣ, арабӣ ва урду — хитоб ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико мунташир кардааст.

Дар ин нома, гурӯҳи Толибон аз Тромп хостааст, ки дар истротежии ҷадиди Омрико барои Афғонистон, тасмим ба ихроҷи тамоми нерӯҳои омрикоӣ аз ин кишвар бигирад.

Бар асоси ин гузориш, гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки тими амниятии оқои Тромп бар сари эъзоми нерӯҳои бештар ба Афғонистон, гирифтори дудстагӣ шудааст.

Толибон дар номаи худ навиштааст, ки онҳо гурӯҳе муназзам бо масъулияти миллӣ, низомӣ ва сиёсӣ дар минтақа ҳастанд, ки монеъи бисёре аз “фитнаҳо” шудаанд, аммо Омрико набояд онҳоро маҷбур бисозад, ки даст ба сӯи “ҳарифони Омрико” дароз кунад.

Ин номаи гурӯҳи Толибон дар ҳоле мунташир мешавад, ки Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия дар Афғонистон, ба тозагӣ дар дар гуфтугӯ бо рӯзномаи русии “Известия”, маъмурияти низомии Омрико дар Афғонистонро “ноком” хонда ва гуфтааст, ки нерӯҳои омрикоӣ бояд Афғонистонро тарк кунанд.

Бар пояи ин гузоиш, кишварҳои Русия, Покистон ва Эрон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки муттаҳам ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Толибон дар номаашон ба Тромп, навишта, ки пас аз 16 сол аз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, вазъияти ин кишвар ҳар рӯз бадтар шудааст. Ба бовари ин гурӯҳ, нотавонии “дастнишондаҳои интихобшудаи Омрико” далели аслии ин вазъият аст.

Гурӯҳи Толибон, ба масрафи милёрдҳо дулор дар Афғонистон ва кушта шудани сарбозони омрикоӣ дар ин кишвар ишора карда ва аз Тромп хостааст, аз иштибоҳоти гузаштагони худ ибрат гирифта ва ба машварати баъзе мақомоти омрикоӣ мабнӣ бар афзоиши нерӯ дар Афғонистон гӯш надиҳад.

Толибон далели аслии ҷанг дар Афғонистонро “ишғоли хориҷӣ” хонда ва аз Тромп хостаанд бо хуруҷи нерӯҳояш, тасмими сулҳҷӯёна барои ин кишвар бигирад.

Гурӯҳи Толибон пеш аз ин низ замоне, ки оқои Тромп ба тозагӣ раисиҷумҳури Омрико интихоб шуда буд, ба ӯ номае навишта буданд ва аз ӯ хоста буданд, ки ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳад.

Эътилофи байналмилалӣ таҳти раҳбарии Омрико дар пайи ҳамалоти 11-уми сентябр дар соли 2001 ва бо таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, режими Толибон дар Афғонистонро ба далели ҳимоят ва ҷо додан ба Усома бен Лодан ва аъзои шабакаи Алқоъида дар Афғонистон суқут дод.

Аммо ҷангҷӯёни Толибон аз он замон то кунун ба набард алайҳи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ва нерӯҳои амниятии давлати Афғонистон идома додаанд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: