“Омрико, Саудӣ ва режими саҳюнистӣ алайҳи равобити Эрон ва Тоҷикистон вориди амал шудаанд”

Назари чанд тан аз намояндагони порлумони Эрон дар бораи сабабҳои бархӯрди носанҷидаи ҳукумати Тоҷикистон бо Эрон

Дирӯз ва имрӯз чанд тан аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон (порлумон) назари худро дар бораи бархӯрдҳои носанҷидаи ҳукумати Тоҷикистон бо Эрон иброз доштанд, ки дар зайл меояд:

Нақавии Ҳусайнӣ, сухангӯи Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон:

Сайидҳусайни Нақавии Ҳусайнӣ, сухангӯи Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Хонаи миллат” (вобаста ба Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон) гуфт: “Агарчи Эрон ва Тоҷикистон дорои таърих, фарҳанг ва тамаддуни муштараке ҳастанд, ахиран шоҳиди бурузи танишҳое дар таомулоти тарафайн будаем.”

Вай гуфт: “Зарфи ду даҳаи ахир таомулот ва муровидоти Теҳрон бо Душанбе ҳамвора раванди мусбате доштааст, ки дар ҷиҳати таъмини манофеи тарафайн будааст.”

Нақавӣ тасреҳ кард: “Мусалласи Омрико, режими Саудӣ ва режими саҳюнистӣ бо парвандасозӣ ва ҷаъли санад алайҳи равобити Эрон ва Тоҷикистон вориди амал шудаанд.”

Сухангӯи Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон гуфт: “Сармоягузориҳои калони Саудӣ ва фаъолиятҳои машкуки сафорати Арабистон дар Душанбе, муқаддимае барои намоиши филмҳои “ҳоливудӣ” алайҳи Эрон бо сармояи Саудӣ дар Тоҷикистон шуд. Тарроҳони ин тавтиъа муддаӣ шудаанд, ки Эрон дар даҳаи 90 муртакиби иқдомоте шудааст, аммо таърих намунае аз мушорикати Эрон дар фаъолиятҳои зидди тоҷикро ба ёд надорад.”

Вай баён дошт: “Тавтиъаҳои Саудӣ алайҳи Эрон бо таваҷҷӯҳ ба ҳаҷми болои дулорҳое, ки ҳазина шуда то ҳудуде мунҷар ба шакароб шудани равобити Эрон ва Тоҷикистон шудааст.”

Нақавии Ҳусайнӣ бо пеш кашидани ироаи 2 абарбарномаи Вазорати умури хориҷии Эрон тавассути Муҳаммадҷавод Зариф ба намояндагони Маҷлиси Эрон, гуфт: “Вазири умури хориҷа дар ҷиҳати ҳаллу фасли ихтилофот бо кишварҳои ҳамсоя шояд беш аз ҳама мутаваҷҷеҳи масъалаи пешомада дар Душанбе аст.”

Вай хотирнишон кард: “Зарурат дорад, ки дастгоҳи диплумосии Эрон бо тамоми қудрат дар ҷиҳати рафъи суибардошти пешомада ва нокомии тавтиъаи Саудӣ вориди амал шавад.”

* * *

Навбандагонӣ, узви ҳайъати раисаи Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон:

Муҳаммадҷаводи Ҷамолии Навбандагонӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Хонаи миллат” гуфт: “Эрон ҳамвора хоҳони равобити созанда бо Тоҷикистон будааст ва дар ин росто зимни анҷоми пружаҳои умронӣ фаъолиятҳои имдодрасонӣ анҷом гирифтааст.”

Ин намояндаи Маҷлиси Эрон гуфт: “Баъзе аз кишварҳо одат кардаанд, ки танҳо гирандаи хидмат бошанд ва дунболи рақобат байни кишварҳои минтақа барои касби манфиат ҳастанд.”

Вай дар идома афзуд: “Ҷумҳурии Исломӣ ба унвони нахустин кишваре, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт, дар ҷараёни ҷангҳои дохилии ин кишвар заминаҳои музокирот ва оташбасро фароҳам кард. Оқои Эмомалӣ Раҳмон гӯё фаромӯш кардааст, ки саудиҳо ба дунболи сирояти ҷанги Афғонистон ба Тоҷикистон буданд ва ин Теҳрон буд, ки поёнбахши ҷанг буд.”

Узви ҳайъати раисаи Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон гуфт: “Он чи ки дар бораи сафари яке аз мақомоти ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон матраҳ мешавад ва он чи баён мешавад, танҳо баҳонагирӣ аст.”

Вай баён дошт: “Ба назар мерасад агарчи саудиҳо нақши асосӣ дар бӯҳрони пешомада ифо карда аммо масъала ин ҷост, ки Душанбе бо баҳонагирӣ талош мекунад аз пардохти бидеҳиҳои Тоҷикистон тафра биравад.”

Ҷамолии Навбандагонӣ гуфт: “Ҳукумати Тоҷикистон муддаӣ шуда, ки давлати Аҳмадинажод бидеҳиҳои ин кишвар ба Эронро бахшидааст, аммо ҳеч раисиҷумҳуре ҳаққи анҷоми ин корро надоштааст ва ин мавзӯъ қавиян рад мешавад.”

* * *

Ардашери Нуриён, узви Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон:

Ардашери Нуриён дар гуфтугӯ бо “Хонаи миллат” гуфт: “Тоҷикистон аз кишварҳои порсизабон аст, ки ҷузъи тамаддуни эронӣ ва ҳавзаи Наврӯз шинохта мешавад, аммо ахиран равобити фимобайн бар асари суибардоштҳои тарафи муқобил, дучори рукуд шудааст.”

Ин намояндаи Маҷлиси Эрон гуфт: “Пас аз фурӯпошии Иттиҳодияи Ҷамоҳири Шӯравӣ, ин Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки аввалин шуда кишвари Тоҷикистонро ба расмият шинохт.”

Вай дар идома афзуд: “Навъи нигоҳи дӯстона ва самимонаи Теҳрон ба Душанбе мавзӯе нест, ки касе битавонад мункири он бошад. Эрон дар ҳамин росто дар иқдомоти умронӣ ва хидматрасонии Тоҷикистон иқдомоти хуберо то кунун амалиётӣ кардааст.”

Узви Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон гуфт: “Тоҷикистон кишваре дар Осиёи Миёна аст, ки дар таомулоти созанда бо Ҷумҳурии Исломӣ метавонад зимни муқобила бо таҳдидоти амниятӣ, ба манофеи иқтисодӣ ва фарҳангӣ даст пайдо кунад.”

Вай тасреҳ кард: “Бархе авомили берунӣ ба дунболи коршиканӣ дар равобити Эрон ва Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин росто омрикоиҳо ва режими Саудӣ нақши фаъолеро бар алайҳи Эрон дар Душанбе дунбол мекунанд.”

Нуриён гуфт: “Касоне, ки фазои суибардошти Тоҷикистонро фароҳам карданд, ба дунболи инзиво ва коҳиши таомулоти Ҷумҳурии Исломӣ ё ҳатто эҷоди таниши амниятӣ дар марзҳои Эрон ҳастанд.

Вай баён дошт: “Он чи ки дар расонаҳои тоҷикӣ бар алайҳи Эрон матраҳ шуда, кизб аст ва Эрон қавиян ҳар гуна иқдомеро, ки нақзи ҳокимияти Тоҷикистон бошад маҳкум мекунад.”

Ин намояндаи маҷлиси Эрон гуфт: “Эҳрози ҳусни нияти дутарафа байни Теҳрон ва Душанбе роҳкоре аст, ки бояд аз сӯи тарафайн дунбол шавад.”

Вай таъкид кард: “Тоҷикистон набояд асири ҳарфҳои хилофи воқеъи кишварҳои фароминтақаӣ шавад ва мо умедворем бо оянданигарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷиҳати таҳкими равобит гом бардорем.”

* * *

Ҳодии Шуштарӣ, узви Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон:

Ҳодии Шуштарӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Хонаи миллат”, зимни ибрози таъассуф аз тарҳи иттиҳомоти зидди эронӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Теҳрон ва Душанбе аз гузашта дорои равобити дӯстона ва самимонае будаанд.”

Вай гуфт: “Таомулоти густардаи Эрон ва Тоҷикистон, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва даҳаи 90-ум шакл гирифт, шоҳиди иқдомоти муносиб дар ҷиҳати таомулоти ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст будаем.”

Шуштарӣ дар идома афзуд: “Суитафоҳумҳое, ки ахиран пеш омада бояд аз тариқи мулоқотҳои диплумотик ҳаллу фасл шавад.”

Узви Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон гуфт: “Идомаи раванди феълӣ мунҷар ба латма хӯрдани манофеи муштараки Теҳрон ва Душанбе мешавад.”

Вай тасреҳ кард: “Таҳдидоти амниятӣ, ки дар Осиёи Миёна вуҷуд дорад, танҳо бо ҳамгароӣ ва ҳамкории муштараки Эрон ва Тоҷикистон қобилияти бархӯрд дорад.”



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: