Шарҳи Маснавӣ (206)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (32)

* * *

Тафсири қавли ҳаким (6)

* * *

Аз ғаму шодӣ набошад ҷӯши мо,

Бо хаёлу ваҳм набвад ҳуши мо.

Ҷӯшу хурӯши мо аз ғаму шодии маъмулӣ нест, балки аз таҷаллиёти илоҳӣ ва аз тасарруфоти раббонӣ аст. Ҳамин тавр, ҳуши мо низ ношӣ аз хаёлу ваҳм нест.

Нукта: Ғам ношӣ аз таъаллуқи хотир ба амрест, ки аз даст рафта, ва шодӣ низ аз овезиши дил ба чизест, ки дар вуҷуд омада, пас, ҳар ду ҳолат машмули баҳраи нафс аст. Ва ҳол он ки Мавлоно мустағриқ дар ишқ аст ва ҷӯшишу ғалаёни ӯ маълули аҳволи мутағайири нафс нест. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.715)

Ҳолате дигар бувад, к-он нодир аст,

Ту машав мункир, ки Ҳақ бас қодир аст.

Балки ин ҳолати дигарест, ки сахт камёб аст, ту агар дарк намекунӣ, дастикам ин аслро мункир нашав, ки Худо бас тавоност. (Аҳволи мани Мавлоно аз намудҳои мутағайири ҷаҳон нест, балки дар тасарруфи ишқи Ҳақ аст.)

Ту қиёс аз ҳолати инсон макун,

Манзил андар ҷавру дар эҳсон макун.

Ту мартибаи ошиқони ҳақиқиро бо аҳволи мардумони маъмулӣ қиёс макун, ва дар мартибаҳои “ҷавру эҳсон” — ки ҳар ду аз мақулаи феъл ва аз ҷумлаи аърозанд ва субот надоранд — таваққуф макун ва ба он маёвез ва дар онҷо диранг накун.

Ҷавру эҳсон, ранҷу шодӣ ҳодис аст,

Ҳодисон миранду Ҳақшон ворис аст.

Зеро ҷавру эҳсон ва ғаму шодӣ ҳамагӣ ҳодис ва аразианд ва ба фано мераванд, ва танҳо Ҳақ Таъоло вориси ин ҳама аст.

Нукта: “Ҷавру эҳсон” давоме надорад ҳарчанд ки осорашон то дерзамон мепояд. Мавлоно таъкид мекунад, ки аҳволи мардони Худо маълули баҳраҳои нафсонӣ нест ва тобеъи аҳволи мутағайири руҳии одамиён низ нест. Мисроъи дуввум ба бахше аз ояти 23 сураи Ҳиҷр ишорат дорад, ки:

وَنَحْنُ الْوَارِثُونَ

Мойем вориси ҳама чиз.”

Субҳ шуд, эй субҳро субҳу паноҳ!

Узри махдумий Ҳусомуддин бихоҳ.

Мо ба назми Маснавӣ машғул будем, ки субҳ дамид. Эй Худованде, ки ёвару паноҳи субҳӣ! Аз ҷониби ман аз Ҳисомуддини Чалабӣ, ки махдуми ман аст узр бихоҳ.

Нукта: Ба ривояти Шамсуддини Афлокӣ, Мавлоно мутаволиян дар ҳолоти самоъу ҳаммом ва қиёму қуъуд ва истироҳат, ба иншоди Маснавӣ машғул буд ва гоҳ низ аз аввали шаб то бомдод ҳамчунон месуруд ва Ҳисомуддин менавишт. Афлокӣ менависад: “Ҳамчунон иттифоқ афтодӣ, ки аз аввали шаб то матлаъулфаҷр мутаволӣ имло мекард ва ҳазрати Чалабӣ Ҳисомуддин ба суръати тамом менабишт.” (Маноқибул-орифин, ҷ.1, с.742) Ба таъбири Онқуравӣ, Мавлоно аз Худо мехоҳад, ки узри қусурашро, ки дар ҳаққи заҳамоти Ҳисомуддин карда, ӯ ҷуброн кунад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.568-569)

Узрхоҳи ақли куллу ҷон туӣ,

Ҷони ҷону тобиши марҷон туӣ.

Эй карим! Туӣ узрхоҳи ақли куллу ҷон, ва туӣ ҷони ҷонҳо, ва дурахшандагии қалб аз туст.

Нукта: Мурод аз “марҷон” дар инҷо қалб аст. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.2, с.731)

Тофт нури субҳу мо аз нури ту

Дар сабӯҳӣ бо майи Мансури ту.

Нури сабоҳи саодат тобидан гирифт ва мо аз тобиши поки рӯйи тобноки ту, бо майи Мансур ва шароби покат дар ҳоли нӯшидани бодаи субҳи саодат ҳастем.

Сабӯҳ: Шаробе, ки бомдодон менӯшанд. Майи Мансур: Маҷозан ҳолате, ки аз шуҳуди ҳақиқат ва ғалабаи маърифат падид ояд; шӯру шавқи дарун, ки мавҷи дарёи ҷон аст ва аз мушоҳидаи ҷамоли “лам язал” мунбаъис мегардад.

Додаӣ ту, чун чунин дорад маро,

Бода, ки бвад, к-ӯ тараб орад маро?

Эй соқии ҳақиқат! Бодаи ишқе, ки ба ман додӣ, инчунин сармастам кард, ва илло шароби ангур чист, ки битавонад маро ба нишот дароварад?

Бода дар ҷӯшиш гадои ҷӯши мо,

Чарх дар гардиш гадои ҳуши мо.

Ин бодаи ангуре, ки дар ҳоли ҷӯшиш аст, худ ниёзманд ва мӯҳтоҷи ҷӯшиши мост, ва ин чархи гардун бо ҳамаи азамат ниёзманди ҳушу ақли мост.

Бода аз мо маст шуд, на мо аз ӯ,

Қолаб аз мо ҳаст шуд, на мо аз ӯ.

Бодаи ангур аз ҳақиқати мо маст шуд, на мо аз бода. Ва қолабу сурат аз мо ҳаст шуд ва ба зуҳур расид, на ин ки ҳақиқати мо аз қолаб падид ояд.

Нукта: Манзури ин байт ва байти қаблӣ ин аст, ки инсони комил дар кулли коинот тасарруф дорад, чунонки мастиовар будан ва сакронияти шароб аз худи шароб нест, балки аз тасарруфи инсони комил аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.570)

Мо чу занбӯрему қолабҳо чу мум,

Хона-хона карда қолабро чу мум.

Арвоҳи мо ҳамонанди занбӯрон ҳастанд ва колбадҳоямон монанди мум. Ҳамон гуна ки занбӯр мумро бо илҳоми Парвардигор хона-хона мекунад ва сипас бо асал онро пур мекунад, ҳамин тавр арвоҳи мо низ ба изни Худо баданҳои моро месозанд ва ҳар руҳ колбади худро ба иқтизои истеъдодаш аз асали илму маърифат пур мекунад.

Нукта: Мавлоно дар чанд байти ахир ба забони шоирона мефармояд: ҳамаи коинот мақҳури ҷони латифи одамӣ аст; чунонки Ибни Арабӣ ҷаҳонро колбад ва инсонро руҳи он донад.

“Мо” ва “занбӯр” киноя аз ҷон, ва “қолаб” ва хонаҳои мумини занбӯрон киноя аз ҷисму колбади зоҳирии ҷаҳон аст. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.570)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: