Ҷанги аъсоб

Ёддошти Сайидрасули Мӯсавӣ, сафири асбақи Эрон дар Тоҷикистон

Ҷанги аъсоб ба раҳбарии Омрико алайҳи Эрон бо ин ҳадаф тарроҳӣ ва ҳидоят мешавад, ки Эронро аз аслитарин бурди худ дар ҷанги иродаҳо, ки санади Барҷом аст ноумед созад ва Эронро ба ин натиҷа бирасонад, ки Барҷом натавонистааст ҳадафи роҳбурдии Эрон дар доштани фанноварии сулҳомези ҳастаиро муҳаққақ созад ва ба навъе Эронро ба таҷдиди назар водор намояд.

Дар даврони пеш аз Барҷом вақте мехостам шароити мавҷуд байни Эрон ва қудратҳои бузургро дар иборате муҷаз ва кӯтоҳ тавсиф кунам, аз истилоҳи “Ҷанги иродаҳо” истифода мекардам ва дар тафсири он тавзеҳ медодам, ки шароити мавҷуд ба гунае аст, ки ҳар тараф иродаи қавитаре дошта бошад, натиҷаи муноқишаро аз они худ хоҳад кард. Дар он мақтаи замонӣ ҳадафгирии тарафи аслии муқобили Эрон яъне Омрико иродаи Эрон дар пайгирии аҳдофи худ буд.

Эрон дақиқан медонист чӣ мехоҳад ва чӣ намехоҳад. Эрон фанноварии ҳастаӣ мехост ва аслан ба дунболи силоҳи ҳастаӣ набуд ва дар муқобил, ҳариф барои муқобила бо хостаи барҳаққи Эрон яъне фанноварии ҳастаӣ, мавзӯи силоҳи ҳастаиро матраҳ месохт ва дар “муноқишаи чӣ мехоҳем ва чӣ намехоҳем” он чи таъйинкунанда буд ирода буд, ки хушбахтона дар “ҷанги иродаҳо” Ҷумҳурии Исломии Эрон сарбаланд берун омад ва Барҷом санади пирӯзии Эрон дар ин ҷанг буд.

Дар бораи Барҷом бисёр сухан рафтааст ва хоҳад рафт ва баҳсҳои он тамомӣ нахоҳад дошт, вале як мавзӯъро ҳеч кас наметавонад дар хусуси Барҷом мункир шавад, ки Барҷом тавонист ин ҳадафи роҳбурдии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ биқабулонад, ки Эрон дар ҷустуҷӯи фанноварии сулҳомези ҳастаӣ буда ва дар пайи силоҳи ҳастаӣ нест ва Эрон дар доштани фанноварии ҳастаии сулҳомез муҳиқ аст ва метавонад дастовардҳои ҳастаии сулҳомези худро ҳифз карда ва он фаъолиятҳоро идома диҳад.

Барҷом санади пирӯзии Эрон дар ҷанги иродаҳо буд, вале ин пирӯзӣ ба маънии шикасти қатъии ҳариф ва оддӣ шудани шароити байналмилалӣ дар муқобили Эрон набуд ва мо дар даврони “пасобарҷом” бо ҷанги дигаре рӯ ба рӯ шудаем, ки метавон онро “ҷанги аъсоб” номид. Албатта дар ин марҳила Эрон бо сафбандиҳои ҷадиде рӯ ба рӯст, ки бо сафбандиҳои даврони “ҷанги иродаҳо” мутафовит аст, ҳарчанд ки раҳбарияти “ҷанги аъсоб” ҳам ҳамонанди давраи гузашта бо Омрикост.

“Ҷанги аъсоб” ба раҳбарии Омрико алайҳи Эрон бо ин ҳадаф тарроҳӣ ва ҳидоят мешавад, ки Эронро аз аслитарин бурди худ дар ҷанги иродаҳо, ки санади Барҷом аст ноумед созад ва Эронро ба ин натиҷа бирасонад, ки Барҷом натавонистааст ҳадафи роҳбурдии Эрон дар доштани фанноварии сулҳомези ҳастаиро муҳаққақ созад ва ба навъе Эронро ба таҷдиди назар водор намояд. Дар инҷо дар пайи вуруд ба баҳси Тромп ва ин ки тромпизм чӣ падидае аст ва Тромп аз оғози вуруд ба Кохи сафед дар иртибот бо мавзӯоти байналмилалӣ чи рӯйкарде доштааст нестем, вале рӯйкрад ва наҳваи нигариши Тромп ба Барҷом, мавзӯи ҳоизи аҳаммияте аст, ки бояд ба он пардохта шавад. Ба таври куллӣ, Тромп дар тамомии мавзӯоти дохилӣ ва байналмилалӣ як рӯйкарди куллӣ дорад, ва он “Убомозудоӣ” аз сиёсатҳои иттихозшудаи Омрико дар ҳамаи арсаҳост.

Тромп бо ҳассосияти ғайримутаорифе мероси Убоморо ба чолиш мекашад ва ҳар он чиро, ки дастоварди Убомо — чӣ дар арсаи дохилии Омрико монанди низоми саломат ва чӣ дар арсаи байналмилалӣ монанди Барҷом — маҳсуб мешавад ба чолиш кашида, дар садади нобудии он аст. Ва аз тарафи дигар, Тромп дар минтақаи Ховари Миёна “Исроил” ва Арабистонро ба унвони муттаҳиди худ интихоб кардааст ва тамоми масоили минтақаро аз даричаи чашми онон нигоҳ мекунад. Дар ин шеваи нигариш ба масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, мантиқ ва далел ва ҳуқуқ аслан ҷое надорад ва асл, манофеъ ва хостаҳои муттаҳиди минтақаӣ аст. Ва дар хусуси Барҷом дидгоҳҳои режими саҳюнистӣ ва Арабистони Саудӣ мушаххас аст ва онҳо аз ибтидо Барҷомро бар зидди манофеи худ медонистанд.

Ду омили фавқ, яъне сиёсатҳои убомозудоӣ ва авлавияти манофеи “Исроил” ва Арабистон дар минтақа, асоси сиёсати барҷомситезии Тромп аст, вале ҳамзамон Тромп ва тими Кохи сафеди ӯ ба ҷойгоҳи байналмилалии Барҷом вуқуфи комил доранд ва медонанд, ки ҳазинаи канор рафтани якҷониба аз Барҷом барои ҳама ҳатто кишваре дар андозаи Омрико бисёр зиёд аст, аз ин рӯ Омрикои тромпӣ шевае дар бархӯрд бо Барҷомро интихоб кардааст, ки бо асабӣ сохтани Эрон, коре кунанд, ки Эрон баҳонае дар хусуси нақзи Барҷом ба дасти Омрико бидиҳад ва ин фурсатро барои Тромп ва тими ӯ фароҳам оварад, ки бо доман задан ба таниш ва бузургнамоиҳои ғайримутаораф ва таҳрифи воқеиятҳо, Барҷомро ба ҳазинаи Эрон лағв кунад.

Дар шароити кунунӣ, ин шеваи рафтор ва рӯйкарди Омрико дар қиболи Барҷомро метавон “Ҷанги аъсоб” номид, зеро ҳадафи аслӣ дар ин ҷанг ҳамла ба аъсоби тарафи муқобил аст ва ҳарифе, ки асабӣ шавад, бозандаи саҳна хоҳад буд. Агар ин саҳнаро хуб ташхис диҳем ва муҳите ғайриасабиро бар низоми тасмимгирии кишвар ҳоким кунем ҳамон гуна ки пирӯзи “ҷанги иродаҳо” шудем, аз саҳнаи “ҷанги аъсоб” ҳам сарафроз берун хоҳем омад ва ин иҷозаро ба Тромп нахоҳем дод, ки манофеи режими саҳюнистиро ба ҳазинаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъмин намояд.

Khabaronline



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: