Фалсафа ва равиши реализм (108)

Зарурат ва имкон (10)

Матни мақола:

Ишкол

Мумкин аст гуфта шавад, ки дар мисоли ҳаракати мошин, мо ҳақиқатан аз иллати вуҷуди ҳаракат тафтиш намекунем, балки аз иллати сукуни мошин кунҷковӣ менамоем. Равшантар бигӯем: на ин аст, ки мо эътиқод дошта бошем, ки иллати ҳаракат ба ҳамроҳи ҳаракат то охири вуҷуди ҳаракат боқӣ ва заруратдиҳанда аст, то дар мавқеи пайдоиши халал, аз нақси иллати ҳаракат ҷӯё бошем, балки бо пайдоиши иллати ҳаракат мебоист вуҷуди ҳаракат идома пайдо кунад агарчи худи иллат аз миён биравад, чунонки бо аз миён рафтани банно сохтмон аз миён намеравад, ва бо нобуд шудани падару модар, фарзанд нобуд намешавад, ва чун дар мисоли фавқ, ҳаракат аз миён рафта ва сукун пайдо шуда, аз иллати пайдоиши сукун ҷустуҷӯ менамоем.

Посух

Мо посухи ин хӯрдагириро ба виҷдони худи ишколкунанда мавкул менамоем ва мепурсем, ки дар мисоли фавқ, оё меконисян (механик) дар муроҷиаи худ, дар аҷзоъи иллати ҳаракат ковиш мекунад ё ба кунҷковии тоза аз иллати пайдоиши сукун мепардозад?

Ин ишколкунанда агар ба виҷдон ва фитрати худ руҷӯъ кунад, хоҳад дид, ки сукун “адами ҳаракат” аст ва иллати “адами маълул” пайваста “адами иллат” мебошад, пас, дар ҳар ҳодисаи манфӣ — яъне дар мавқеи нобудии як ҳодисаи исботӣ — мо пайваста ба иллат ва аҷзоъи иллати ҳодисаи қаблӣ бармегардем. Бале, ҳангоми ҳудуси ҳодисаи исботӣ, ба иллати ҳодисаи қаблӣ руҷӯъ намекунем, вале истидлоли мо муттакӣ ба ин фарз нест.

Гузашта аз ин, бино ба назарияи худи ишколкунанда, мавҷуд будани иллати сукун низ ба ҳамроҳи сукун лузум надорад ва дар ин сурат ҷустуҷӯ кардан дар чизе, ки мумкин аст маъдум буда бошад, қобили тавҷеҳ нест.

Ишкол

Дуруст аст, ки ҷустуҷӯ аз маъдум ваҷҳ надорад, вале дар ин маворид, иллат мураккаб буда ва пайваста дорои аҷзоъе аст, ки бархе аз онҳо мавҷуд ва бархе маъдум мебошад, ва мо бо пай бурдан ба аҷзоъе, ки ҳанӯз мавҷуданд, ба аҷзоъи марбутаи дигар низ пай мебарем, ҷуз ин ки тамоми иллат мураккаб аст ва мураккаб бо инъидоми баъзе аз аҷзоъ нобуд мешавад. Пас, ҳеч гоҳ ҳамроҳ будани вуҷуди иллат (бо тамоми аҷзоъ) бо вуҷуди маълул лозим нест, чунонки навзоди инсонӣ танҳо ҳоҷат ва ниёзе, ки ба вуҷуди падару модар дорад, дар зоида шудан асту бас, ва пас аз зоида шудан дигар ниёзе дар миён нест.

Посух

Дар тақриби мафҳуми “иллат” дар ишкол, чунонки равшан аст, вуҷуди ҳар як аз аҷзоъи иллат мутлақ гирифта шуда, ва ин худ иштибоҳи бузургест, ва ба вежа аз касоне, ки бештар аз ҳама санги таҳаввулу такомулро ба сина мезананд, бисёр шигифтовар аст. (1) Зеро мо дар ҷаҳони модда мавҷуде мутлақ ва хориҷ аз қонуни ҳаракат ва такомул надорем ва ҳар падидае, ки пайдо мешавад, бо аҷзоъи маконӣ ва замонии ҷузъи вуҷудаш иртибот дорад.

Ва бинобар ин, “иллати мураккаб” яъне як силсила ҳаводиси марбут, ки барои пайдо шудани як падидаи моддӣ фарз мекунем. Дар ҳақиқат, моддаеро фарз кардаем, ки дар ҷодаи ҳаракат афтода ва як ришта аҳвол ва шароитеро ба наҳви таҳаввул ва такомул тай мекунад. Ва албатта ҳар як аз ин аҳвол ва шароит побанди ҷойи вежаи хеш буда ва пасу пеш нахоҳад шуд. Пас дар ҳақиқат, иллати мафруза бо аҷзоъи тадриҷӣ, ки дорад, аз вуҷуди маълули худаш ҷудо нашуда ва маҷмӯи иллат, ки ба маълул нисбат дода мешавад, ҳеч як аз аҷзоъи худашро гум накарда, зеро бадеҳист, ки ҳар як аз аҷзоъ дар ҷойи худ маҳфуз мебошад.

Масалан, дар навзоди инсонӣ аз ҷумлаи аҷзоъи иллат, анҷом ёфтани амали таносулӣ ва қарор гирифтани модда дар раҳми модар ва шароит ва аҳволи дигари таҳаввулу такомули нӯҳмоҳа мебошад ва дар ин силсила ҳар як аз аҳвол ва шароит, вуҷуди муқайяд доранд, на мутлақ, яъне анҷом ёфтани амали таносулӣ нӯҳ моҳ пеш аз таваллуд бояд бошад, на ҳар вақт ва на вақти таваллуд. Ва бисёр равшан аст, ки ҳамаи ин аҳвол ва шароит, бевосита ва мустақиман бо худи навзод (маълул — падидаи тоза) сару кор надошта, балки мухталиф буда ва бархе аз онҳо шарти шарт ва бархе шарти шарти шарт мебошад, чунонки анҷом ёфтани амали таносулӣ иртиботи мустақим ва билофосилае, ки дорад, бо истиқрори манӣ дар раҳм аст, на бо таваллуди навзод.

Танҳо дар миёни аҷзоъи иллат, онҳое, ки тамоси мустақим бо маълул доранд, бо нобуд шудани онҳо падидаи маълул мавҷуд нахоҳад буд, чунонки агар “моддае”-ро, ки навзод бо вай мавҷуд аст ва ё “сурат”-и навзоди инсониро ва ё кунандаи ин корро — яъне фоили таркибро — маъдум фарз кунем, навзоде дар миён нахоҳад буд. Инсони навзод бе модда маънӣ надорад ва ҳамчунин моддае, ки сурати навзоди инсониро надорад, инсон нахоҳад буд, ва ҳамчунин фоили кори таркиб ҳар гоҳ даст аз кор бикашад, кор ҳамонҷо мутаваққиф ва нима хоҳад монд. Пас, дар ҳар ҳол вуҷуди иллат ба ҳамроҳи маълул зарурӣ аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Ба воситаи печидагӣ ва аҳаммияти матлаб ночорем маҷмӯи он чӣ дар матн роҷеъ ба бақои иллат ба ҳамроҳи маълул ба сурати муддао ва сипас ба сурати ишкол ва посухҳои мутааддид баён шуда тавзеҳ диҳем, то беҳтар мавриди истифодаи хонандагон мӯҳтарам воқеъ шавад.

Муддао: Заруратдиҳанда ба маълул ҳудусан ва бақоан ҳамоно иллати он аст, ва бақои иллат, ҳам дар вуҷуд ва ҳам дар зарурати маълул, шарт аст. Ин ки (масалан) як нафар меконисян (механик) агар халале дар ҳаракати мошин бибинад, ба ҷустуҷӯ мепардозад аз ин ҷиҳат аст, ки ба ҳасби фитрат изъон дорад, ки модоме, ки иллати томмаи ҳаракат мавҷуд аст, ҳаракат биззарура мавҷуд аст, ва агар дар як лаҳза халале дар ҳаракат машҳуд шуд, кошиф аз ин аст, ки дар иллати ҳаракат нуқсоне роҳ ёфта, яъне фитратан изъон дорад, ки муҷарради вуҷуди хориҷии иллати ҳаракат дар як замоне, зомини бақои ҳаракат нест, балки бақои иллати томмаи ҳаракат аст, ки зомини бақои ҳаракат аст.

Ишкол: Ин гуна ҷустуҷӯҳо далел бар изъони фитрӣ ба муддаои фавқ нест, зеро мумкин аст гуфта шавад, ки ин ҷустуҷӯҳо барои кашфи нуқтаи нуқсони иллати ҳаракат нест, балки ин ҷустуҷӯҳо барои ин аст, ки тағйири ҳолате барои ҳаракат пайдо шуда ва ҳаракат, тунд ё кунд ё мутаваққиф шуда, яъне ҳодисаи ҷадиде рух дода ва шахс дар ҷустуҷӯи иллати ҳудуси ҳодисаи ҷадид аст (на дар ҷустуҷӯи ёфтани маншаи адами бақои иллати ҳодисаи аввалӣ). Пас, метавон иддаъо кард, ки як нафар меконисян масалан ба ҳасби фитрати соддаи хеш айнан бар хилофи муддаои фавқ изъон дорад, яъне медонад, ки бақои иллати ҳаракат дар бақои ҳаракат шарт нест, балки агар халале дар ҳаракат пайдо шуд — мисли он ки тунд ё кунд ё мутаваққиф шуд — аз ин ҷиҳат аст, ки иллати ҷадиде пайдо шуда ва асари иллати аз байн рафтаи собиқро хунсо кардааст.

Посух: Аввалан, сукун амри вуҷудӣ нест, ки мусталзими иллати вуҷудӣ бошад, балки амри адамист, зеро сукун адами ҳаракат аст ва бинобар ин, иллати сукун (ё адамулҳарака) ҳамон адами иллати ҳаракат аст ва бинобар ин ҷустуҷӯ аз иллати сукун айни ҷустуҷӯ аз адами бақо ва аз нуқсон ёфтани иллати ҳаракат аст. Ва сониян, бино ба фарзи фавқ, ки бақои иллати ҳодиса дар бақои ҳодиса шарт нест, агар фаразан мо сукунро як ҳодисаи вуҷудӣ бидонем, ҷустуҷӯ аз иллати сукун маъно надорад, зеро бақои иллати сукун (бино бар фарзи фавқ) дар бақои сукун шарт нест ва мумкин аст маъдум шуда бошад ва ҷустуҷӯ аз маъдум маъно надорад.

Ишкол: Қисмати дуввуми посух, ки гуфта шуд “иллати сукун маъдум шуда ва ҷустуҷӯ аз маъдум маъно надорад” дуруст аст, вале ин дар мавридест, ки иллатро басит ва ғайримураккаб фарз кунем, ва ҳол он ки иллатҳои басит ба ин сурат дар ҷаҳони табиат вуҷуд надорад, балки иллати ҳар чиз маҷмӯае аз ҳаводиси мутаадддае аст, ки дар тӯли замон воқеъ мешавад. Ин гуна ҳаводис, ки аҷзоъи иллатҳои шайъ мебошад, бақои онҳо дар бақои маълул шарт нест, балки мумкин аст баъзе ба ҳамроҳи маълул боқӣ бошанд ва баъзе боқӣ набошанд, ва албатта бо пайдо кардани он қисмат аз аҷзоъи илал, ки мавҷуд аст соири аҷзоъро метавон ба даст овард, ва ин худ далел аст, ки бақои иллати томма (тамоми аҷзоъи илал) дар бақои маълул шарт нест.

Посух: Ин гуна ҳаводиси тӯлии замонӣ, ки вуҷуди маълул машрут ба вуҷуди қаблии онҳост, ҳамонҳост, ки беҳтар аст ба номи “шароит ва муъиддот” номида шавад, на ба номи иллат. Масалан, санге, ки ҳаракат мекунад ва масофатеро тай менамояд, то тамоми нуқтаҳои васатро тай накунад, маҳол аст, ки ба нуқтаи охир бирасад. Ва ҳамчунин ҳар нуқтаеро, ки фарз кунем, расидан ба он нуқта қабл аз расидан ба нуқтаҳои қаблӣ маҳол аст. Яъне паймудани баъзе аз қисматҳои масофат шарти расидан ва паймудани бархе дигар аз қисматҳои масофат аст. Вале паймудан ва расидан ба ҳеч қисматеро наметавон ба унвони иллати муҳаррики он ҷисм дар қисмати дигар шинохт, балки иллати муҳаррик, ки ҳамаҷо ҳамроҳи ҳаракат ҳаст, ҳамоно он нерӯест, ки ҷисмро дар масири муайяне меронад. Бино бар асли таҳаввулу такомули ҷавҳарӣ ва зотии мавҷудоти табиат, ҳар мавҷуде аз мавҷудоти табиат, дар мароҳили вуҷудии худ ҳамвора ҳолати ҳамон сангеро дорад, ки дар ҷараёни тайи масофат аст ва гузаштан аз марҳилаи қаблӣ шарти убур аз марҳилаи баъдист ва дар айни ҳол он нерӯе, ки сайри такомулии мавҷудотро мубошарат мекунад, нерӯи боқӣ ва лоязоли дигаре аст. Бинобар ин, ин шароит ва муъиддот, ки ба манзилаи мароҳил ва манозили убури як шайъ аст ва аҳёнан ба номи “илал” низ хонда мешаванд, вуҷудашон шарти вуҷуди маълул аст, вале на ба таври мутлақ, балки ба таври нисбӣ, яъне вуҷуди ҳар як аз онҳо дар як марҳилаи муайян ва қитъаи муайян аз замон шарти вуҷуди маълул аст, на мутлақан. Ва ин ки мо гуфтем бақои иллат дар бақои маълул шарт аст, манзур иллати фоилӣ ва ҳамчунин иллати моддӣ ва сурӣ (аҷзоъи ташкилдиҳандаи воқеияти шайъ) буд, на мутлақи илал, ки ҳатто шомили шароит ва муъиддот низ бошад.

Ишкол: Мисолҳо ва шавоҳиди ҳиссӣ, ҳамаи ин истидлолоти ақлониро нақз мекунад. Мо ҳазорҳо кор дар ҷаҳон меёбем, ки фоили онҳо аз миён рафта ва феъл ҳамчунон ба сари пойи худ истодааст. Банно сохтмонеро месозад ва пас аз рафтани банно, сохтмон боқӣ мемонад. Соатсоз соате месозад ва солҳо он соат бидуни он ки эҳтиёҷе ба соатсоз дошта бошад, ба кори худ идома медиҳад. Падар фарзанд тавлид менамояд ва худаш мемирад ва фарзанд ба зиндагии худ идома медиҳад, ва ҳамчунин ҳазорҳо мисоли дигар.

Беҳтарин далел бар имкони як чиз, вуқӯи он аст. Вуқӯи ин ҳаводис далел бар имкони бақои маълул бидуни иллат аст.

Посух: Ин мисолҳои ҳиссӣ ноқизи ҳукми ақлӣ нест, зеро дар ин маворид мусомиҳае ба кор рафта ва он чӣ иллат фарз шуда иллат нест. Банно иллати ҳаракотест, ки анҷом медиҳад, на иллати сохтмон, ки маҷмӯае аз маводд бо хоссиятҳои муайян аст. Зомини бақои сохтмон он маводдест, ки бо хоссиятҳои муайян дар онҷо ба кор рафта ва банно ҳеч гуна иллияте нисбат ба он маводд ва хоссиятҳои он маводд надорад, танҳо иллияте, ки дорад нисбат ба ҳаракотст, ки шахсан мубошир буда ва бадеҳист, ки бо набуди банно он ҳаракоти муайян низ нобуд мешавад. Ва ҳамчунин дар мисоли соату соатсоз ва падару фарзанд, ки ҳар як аз падар ва соатсоз фақат иллати ҳаракот ҳастанд, ки дар лаҳзоти муайян бо мубошарати онҳо сурат мегирад ва албатта бақои онҳо бо бақои он ҳаракот, ки маълулоти воқеии вуҷуди онҳост шарт аст. Ва аз ҳаминҷо метавон фаҳмид, ки бино бар асли ҳаракат ва такомули зотии ашё ва ин ки вуҷуди ҳар мавҷуде аз мавҷудоти табиат, як вуҷуди сайёл ва мутағайир ва мутаҳаррикест ва ҳувияти ин мавҷудотро “ҳаракат” ташкил медиҳад ва бино бар назарияи фавқ, ки “ҳаракат” ҳодисаест, ки илова бар шароит ва муъиддот ва маҷорӣ ва мароҳил, ба “муҳаррик” ва “фоили мубошир” ниёзманд аст, вуҷуд як муҳаррики доим ва боқӣ ва мубоширро бояд тасдиқ ва изъон намуд. (Тафсили ин матлаб дар мақолаи 10, ки мустақиман аз ҳаракат ва замон баҳс мешавад, хоҳад омад).

Ишкол: Назарияи физикии Нютон, ки бо таҷрибаҳои ғайри қобили инкоре таъйид шуда ва мегӯяд “ҳар ҷисме ҳамеша…“ муноқизи истидлолоти ақлонии фавқ аст ва бадеҳист, ки ҳар гоҳ як қоидаи ақлонӣ муноқизи таҷрибиёти дақиқ дарояд эътиборе надорад.

Посух: Посухи ин ишколро дар поварақии баъдӣ тавзеҳ хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: