Як ҳадиси бисёр ҷолиб аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҳадисе мефармоянд:

نَضَّرَ اللَّهُ امْرَأً سَمِعَ مِنَّا حَدِيثًا فَحَفِظَهُ حَتَّى يُبَلِّغَهُ غَيْرَهُ فَإِنَّهُ رُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ لَيْسَ بِفَقِيهٍ وَرُبَّ حَامِلِ فِقْهٍ إِلَى مَنْ هُوَ أَفْقَهُ

Худо хуррам созад чеҳраи он бандаеро, ки аз мо ҳадисе бишнавад ва забт кунад, он гоҳ бирасонад ба касони дигар. Зеро, чи басо ҳомили фиқҳ, ки худ фақеҳ нест, ва чи басо ҳомили фиқҳ, ки онро ба фақеҳтар аз худ мунтақил мекунад.”

(Муснади Аҳмад, ҷ.44, саҳ.75)

* * *

Яъне суханоне, ки аз ман мешунавед забт ва нигаҳдорӣ кунед ва ба наслҳои баъдӣ бирасонед, ки чи басо наслҳои баъдӣ маънои суханони маро беҳтар аз шумо бифаҳманд.

Нуктаи ҷолиб дар ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) таъбир ба “фиқҳ” аст. “Фиқҳ”, яъне фаҳми амиқ. Ҳазраташ мефармояд, басо мардуме, ки фиқҳеро ҳамл мекунанд, яъне ҷумлаеро, ки аз ман шунидаанд ҳифз доранд, вале ба умқи он фаҳм надоранд, ва нақл мекунанд онҳоро барои касе, ки аз худи онҳо фақеҳтар аст. Яъне нақл мекунанд барои касе, ки аз онҳо амиқтар аст ва умқи фикраш бештар аст; вақте барояш нақл мешавад, чизҳое мефаҳмад, ки худи ин ноқилон намефаҳмиданд.

Ин аст, ки мо мебинем суханони ҳазрати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҳар риштае, дақиқан қарн ба қарн умқи бештаре барои он кашф шудааст. Дар қарни аввал ва дуввум ҳаргиз ба андозаи қарни севвум наметавонистанд ба умқи матлаби Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бирасанд ва дар қарни севвум ба андозаи қарни чаҳорум ва дар қарни чаҳорум ба андозаи қарни панҷум ва ҳоказо…



Рубрики:Омӯзаҳои набавӣ, Фиқҳи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: