Баёнияи муштараки Ато, Дӯстум ва Муҳаққиқ

Шӯрои олии эътилофи наҷоти Афғонистон дар вокуниш ба қазияи боздошти як узви шӯрои вилоятӣ ва иттиҳом ба Ато Муҳаммад Нур, бо интишори баёнияе, аз мақомоти ҳукумати ваҳдати миллӣ хост, то ба раванди ноамнсозии шимоли Афғонистон поён диҳанд.

Дар пайи судури ҳукми давлати Афғонистон барои баррасии даргирии мусаллаҳона дар фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф ва боздошти як узви шӯрои вилоятии Балх, Шӯрои олии эътилофи наҷоти Афғонистон, аз Ато Муҳаммад Нур эъломи ҳимоят кард.

Ахиран Осиф Миҳманд, аз мунтақидони волии Балх, дар пайи як даргирӣ ва кушта ва захмӣ шудани теъдоде, боздошт шуд ва аъзои хонаводаи вай муддаӣ шуданд, ки Миҳманд қабл аз интиқол ба риёсати амнияти миллӣ, мавриди зарбу шатми волии Балх қарор гирифтааст.

Пас аз ин изҳорот, дар камтарин фурсат Ашраф Ғанӣ бо судури фармоне ҳайъате муташаккил аз додситонӣ, мақомоти амниятӣ ва намояндагони афғонро барои расидагӣ ба ин мавзӯъ, ба Мазори Шариф фиристод.

Шӯрои олии эътилофи наҷоти Афғонистон низ дар пайи иқдомоти раисиҷумҳури Афғонистон, баёнияе дар ҳимоят аз Ато Муҳаммад Нур волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломии ин кишвар содир кард.

Дар ин баёния, бо ишора ба раис ва мушовири амнияти миллии Афғонистон омадааст, ки нақши чеҳраҳои маълумулҳол дар созмондиҳӣ ва тарҳи тавтиъа қобили таъаммул аст, зеро ин афрод барои барҳам задани назми сиёсӣ ва тазъифи ҳукуматдорӣ талош мекунанд.

Бар асоси ин баёния, даргирӣ ва муқовимати узви шӯрои вилоятии Балх дар баробари нерӯҳои амниятӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мазори Шариф, ба унвони як тавтиъа ёд шудааст.

Ин эътилофи сиёсӣ тасреҳ кард, ки афроди мусаллаҳ ва ғайримасъули вобаста ба мақомоти олирутбаи ҳукумати ваҳдати миллӣ, аз фарди муттаҳам, ки нерӯҳои амниятии афғон тибқи ҳукми додситонӣ ба боздошти ӯ муваззаф буданд, ҳимоят кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки аъзои Шӯрои олии эътилофи наҷоти Афғонистон аз Ато Муҳаммад Нур волии Балх ва аз аъзои раҳбарии ин эътилоф ҳимоят хоҳанд кард.

Баёния таъкид мекунад, ки мақомоти ҳукумати ваҳдати миллӣ бояд ба раванди ноамнсозии шимоли Афғонистон ва ба вежа вилояти Балх поён диҳанд ва беш аз ин субот ва амният дар Афғонистонро мухтал накунанд.

Бархе мӯътақиданд, ки Ашраф Ғанӣ талош мекунад, то бо истифода аз ҳарбаи иттиҳом, ки дар қазияи боздошти узви шӯрои вилоятӣ ба Ато Муҳаммад Нур ворид шуда ӯро низ монанди женерол Дӯстум ҳазф кунад.

Ато Муҳаммад Нур аз аъзои фаъоли Шӯрои олии эътилофи наҷоти Афғонистон аст, ки дар сурати ҳазфи вай ва адами ҳузури женерол Дӯстум дар Афғонистон, бузургтарин эътилофи мунтақидони Ашраф Ғанӣ бо фурӯпошӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар, аъзои Ҳизб Ҷунбиши Исломӣ низ дар дидор бо Ато Муҳаммад Нур ҳимояти худро аз волии Балх эълом кардаанд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: