Ислом ва Эронзамин (59)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (22)

Фалсафа ва ҳикмат (1)

Фалсафа ба мафҳуми мутаораф, аввалин бор аз тарҷумаи китобҳои дигарон — яъне юнониён ва аҳёнан ҳиндиён — оғоз гашт, ва ин кор дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ шурӯъ шуд. Роҷеъ ба ин ки тарҷума ва нақли улуми бегона — аъамм аз тибб ва риёзӣ ва фалсафа ва ғайра — аз кай оғоз шуд, суханони зиёде ҳаст. Бархе муддаӣ ҳастанд, ки аввалин бор ин кор ба василаи Холид ибни Язид ибни Муовия дар қарни аввал шурӯъ шуд.

Гӯянд, Холид аввал касе буд, ки иддае аз уламои Искандарияро, ки забони юнонӣ медонистанд истихдом кард ва онҳо бархе аз китобҳои табиии марбут ба фанни кимиёро аз юнонӣ ва қибтӣ ба арабӣ баргардонданд. (Алфеҳрист, с.352)

Тарҷумаи китобҳои фалсафа қатъан дар замони Банӣ Аббос шурӯъ шудааст, монанди тарҷумаи бисёре аз улум ва фунуни дигар ва бисёре аз одоб ва ахлоқ.

Аз Эрон ҳеч китоби фалсафӣ тарҷума нашудааст. Китобҳое, ки аз Эрон тарҷума шудааст адабӣ, торихӣ, нуҷумӣ ва аҳёнан табиӣ будааст. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” дар ҷоҳои мутааддид китобҳои мухталифи эрониро, ки ба арабӣ баргардонда шудааст ном мебарад; ҳеч кадом аз онҳо фалсафӣ набудааст. Танҳо китоб аз навъи китобҳои фалсафӣ, ки аз забони паҳлавӣ баргардонда шудааст, қисмате аз мантиқи Арасту буда, ки қаблан ба забони паҳлавӣ баргардонда шуда будааст ва дар давраи ислом ба василаи Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва ё ба василаи писараш Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ баргардонда шуд.

Ибни ан-Надим дар фанни аввал аз мақолаи ҳафтум (мақолаи ал-фалосифа)-и “Алфеҳрист” мегӯяд:

Фалсафа дар Юнон ва Рум роиҷ буд, то вақте, ки Рум ба масеҳият гароид, дар ин вақт қадаған шуд; баъзе аз китобҳои фалсафиро сӯхтанд ва баъзе дигарро махфӣ карданд ва мардум аз баҳси фалсафӣ мамнӯъ шуданд, зеро фалсафаро бар зидди шаройеъ медонистанд. Сипас Рум аз масеҳият рӯ гардонд ва ба фалсафа рӯ овард, ва ин дар вақте буд, ки Сомистиюс, ҳаким ва муфассир ва шореҳи маъруфи китобҳои Арасту (дар ҳавзаи Искандария) ба вазорати имперотури Рум расид.”

Ибни ан-Надим он гоҳ достони ҷанги Шопури Зулактоф бо имперотури Румро зикр мекунад, ки Шопур асир мешавад ва пас аз муддате аз зиндон фирор мекунад ва имперотури Румро мекушад ва румиёнро аз Эрон ихроҷ мекунад ва сипас Қустантин бо таъйиди Шопур имперотури Рум мешавад. Дар ин вақт бори дигар Рум ба масеҳият мегарояд ва фалсафа қадаған мешавад. Он гоҳ мегӯяд:

Эрониён дар қадим чизе аз мантиқ ва тибб ба забони форсӣ тарҷума карда буданд ва Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ва ғайри ӯ ҳамонҳоро ба арабӣ баргардониданд.” (Ҳамон, с.351)

Ва зоҳиран ҳамчунонки ҳеч китоби фалсафӣ аз Эрон тарҷума нашудааст, ҳеч кадом аз мутарҷимини мантиқ ва фалсафа аз сурёнӣ ва юнонӣ низ эронӣ набудаанд. Вале назар ба ин ки тарҷумаи китобҳо яке аз мазоҳири хадамоти эрониён ба тамаддуни исломӣ аст, мо номи мутарҷимине, ки аз форсӣ ба арабӣ тарҷума кардаанд мутобиқи он чӣ Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” нақл кардааст зикр мекунем, ҳарчанд боз ҳамаи мутарҷимин аз форсӣ ба арабӣ низ эронӣ набудаанд. Касоне, ки Ибни ан-Надим онҳоро зикр кардааст, афроди зайланд:

1) Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ мутарҷими мантиқи Арасту ва “Худойнома”, ки реша ва манбаи аслии “Шоҳнома” аст ва мутарҷими “Калила ва Димна”, ки аз китобҳои Ҳинд аст ва дар замони Анушервон ба паҳлавӣ баргардонда шуда буд ва Ибни Муқаффаъ онро ба арабии бисёр фасеҳ баргардонд.

2) Абӯсаҳл Фазл ибни Навбахт мутасаддии Байтулҳикма дар замони Ҳорун ва Маъмун.

3) Ҳасан ибни Мӯсои Навбахтӣ.

4) Аҳмад ибни Яҳёи Билозарӣ, муаррихи маъруф ва соҳиби китоби “Футуҳул-булдон”.

5) Мӯсо ибни Холид.

6) Юсуф ибни Холид. (Ин ду нафар мустахдими Довуд ибни Абдуллоҳ ибни Ҳамид ибни Қаҳтаба будаанд).

7) Алӣ ибни Зиёди Тамимӣ.

8) Ҳасан ибни Саҳл.

9) Аҳмад ибни Яҳёи Ҷобир.

10) Ҷибилла ибни Солими Котиб.

11) Ҳишом ибни Абдулмалик.

12) Исҳоқ ибни Язид (ноқили “Ихтиёрнома”).

13) Муҳаммад ибни Ҷуҳами Бармакӣ.

14) Ҳишом ибни ал-Қосим.

15) Мӯсо ибни Исои ал-Курдӣ.

16) Зодуя ибни Шоҳуяи Исфаҳонӣ.

17) Муҳаммад ибни Баҳром ибни Митёри Исфаҳонӣ.

18) Баҳром ибни Мардоншоҳ.

19) Амр ибни ал-Фархон.

20) Суллам, мутасаддии Байтулҳикма.

21) Солеҳ ибни Абдурраҳмон, нависандаи Ҳаҷҷоҷ ва ноқили дафотири давлатӣ аз арабӣ ба форсӣ.

22) Абдуллоҳ ибни Алӣ, ноқили бархе китобҳои ҳиндӣ (ки қаблан ба форсӣ тарҷума шуда буд) аз форсӣ ба арабӣ.

* * *

Акнун дар бораи фалосифаи эронии исломӣ баҳс кунем. Саҳми эрониён дар фалсафаи исломӣ аз ҳар риштаи дигар бештар аст.

Дар инҷо лозим медонем кореро, ки то кунун надидаем касе анҷом дода бошад, анҷом диҳем, ва он ин ки “табақоти фалосифаи исломӣ”-ро аз оғоз то кунун мушаххас созем, яъне ҳамон коре, ки тақрибан дар бораи фуқаҳои шиъа анҷом додем.

Ин кор ҳарчанд кори осоне нест, вале ин банда назар ба алоқае, ки ба сайри фалсафа дар ислом дорад, рӯйи ин мавзӯъ корҳое кардааст, ҳарчанд ҳанӯз онро нотамом медонад. Таҳқиқ дар сайри фалсафа дар ислом бидуни шинохти табақоти фалосифа аз назари замонӣ муяссар нест. Мо дар инҷо ба таври мухтасар ин табақотро, ки бар ҳасби устоду шогирдӣ аст зикр мекунем. Яъне онон, ки дар як табақа қарор мегиранд ё воқеан аз асотиди табақаи баъдӣ ва шогирдони табақаи қабл ҳастанд ва ё ҳамзамони онҳо мебошанд.

Мақсуди мо дар ин табақабандӣ аз фалосифаи исломӣ, фалосифаи давраи исломист, ки дар ҷавви исломӣ ва муҳити исломӣ фаъолият доштаанд, ва албатта афроде — махсусан дар давраҳои аввалӣ — аҳёнан ёфт мешаванд, ки мусалмон нестанд, яҳудӣ ва ё масеҳӣ мебошанд ва ё — лоақал ба ақидаи баъзе — мулҳид мебошанд. Мо пас аз зикри ҳамаи табақот аз оғоз то замони худамон, ба бархе натиҷагириҳо мепардозем.

* * *

Табақаи аввал

Фалсафаи исломӣ бо Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқи Кендӣ маъруф ба “Файласуфул-араб” оғоз мешавад. Кендӣ араби холис аст. Муосир аст бо Маъмун ва Муътасим. Бо Ҳунайн ибни Исҳоқ ва Абдулмасеҳ ибни Ноъимаи Ҳимсӣ мутарҷимони маъруф муосир аст. Дар муқаддимаи китоби “Усулуҷиё” менависад: “Онро Абдулмасеҳ тарҷума кард ва Абӯяъқуби Кендӣ таҳзиб ва ислоҳ кард”. Дар ин ки оё ӯ худ мутарҷим ҳам будааст, тардид кардаанд, вале аз Абӯмиъшари Балхӣ шогирди Кендӣ нақл шуда, ки Кендӣ яке аз чаҳор мутарҷими дараҷаи аввали давраи исломӣ аст. Давраи Кендӣ давраи тарҷума аст, вале худи Кендӣ файласуфи соҳибназар ва баландқадр аст. Дар ҳудуди 270 китоб ва рисола ба Кендӣ нисбат дода шудааст. Ибни ан-Надим феҳристи китобҳои ӯро дар риштаҳои мухталиф: мантиқ, фалсафа, нуҷум, ҳисоб, ҳандаса, тибб, усули ақоиди динӣ феҳрист кардааст. Бархе аз нусхаҳои китобҳои Кендӣ ахиран ба даст омада ва чоп шуда. Маълум мешавад, арзиши ин файласуф бисёр беш аз он аст, ки қаблан тасаввур мешуд. Кендӣ қатъан яке аз нобиғаҳои ҷаҳон ва аз ситорагони қарни аввали давраи исломӣ аст. Бархе аз урупоиён ӯро яке аз дувоздаҳ чеҳраи ақлии торихи башар, ки таъсири фаровон доштаанд шумурдаанд.

Кендӣ марде худсохта будааст. Торих нишон намедиҳад, ки дар табақаи муқаддам бар ӯ ва ё дар табақаи худи ӯ файласуфе соҳибназар — аъамм аз мусалмон ё ғайримусалмон — вуҷуд доштааст.

Дар бораи Кендӣ ҳамин қадр навиштаанд, ки дар Басра ва Бағдод ба таҳсил пардохт ва медонем, ки дар он вақт на дар Басра ва на дар Бағдод файласуфе вуҷуд надоштааст. Ин аст, ки Кендӣ сарсилсилаи ҳалақоти фалосифаи исломӣ аст бидуни он ки худ ба ҳалқае ва табақае дигар вобаста бошад.

Оқои Тақизода дар “Торихи улум дар ислом” ва профессор Карбун дар “Торихи фалсафаи исломӣ” навиштаанд, ки Кендӣ дар рисолае муддати имперотурии араб (хилофат)-ро пешбинӣ кардааст, ки мутобиқ (ва лоақал наздик ба воқеъ) даромадааст. Мо дар инҷо иборати профессор Карбунро меоварем:

Ин файласуф дар рисолае муддати имперотурии арабро аз тариқи муҳосиботе, ки ҳам аз улуми юнонӣ минҷумла ахтаршуморӣ иқтибос карда ва ҳам аз тафсири мутуни Қуръон истифода намуда мусовии 693 сол пешбинӣ кард.” (Торихи фалсафаи исломӣ, с.199)

Ин ки бархе навиштаанд, “тамоюл ва ошноии мусалмонон бо фалсафаи юнонӣ бо тарҷумаи осори ҳукамои Юнон ва Искандария ва тафосир ва шуруҳи онҳо ва ҳамчунин бо таълимоти гурӯҳе монанди Қувайрӣ, Юҳанно ибни Ҳайлон ва Абӯяҳё ал-Марвазӣ ва Абӯбашар Матто ибни Юнус ва Абӯзакариё Яҳё ибни Удай оғоз шуд” саҳеҳ нест. Тамоюл ва ошноии мусалмонон ва балки пайдоиши файласуфи соҳибназар дар миёни онҳо қабл аз давраи афроди номбурда ба вуқӯъ пайваст. Фалсафаи исломӣ бо Абӯюсуф Яъқуби Кендӣ оғоз мешавад ва ба василаи шогирдони ӯ идома меёбад.

Шахсиятҳои номбурда, бархе (Иброҳими Қувайрӣ, Иброҳими Марвазӣ, Юҳанно ибни Ҳайлон, Ибни Курниб) бо шогирдони Кендӣ ҳамдавра ва ҳамтабақаанд ва бархе (Абӯбашар ибни Матто ва Яҳё ибни Удай) чунонки баъдан хоҳем гуфт, дар табақаи севвум ва чаҳорум маҳсуб мешаванд. Баъдан дар бораи ин матлаб тавзеҳи бештаре хоҳем дод ва миқдори таъсири афроди номбурдаро баён хоҳем намуд.

Кендӣ ҳамчунонки файласуфе олиқадр буда, мусалмоне пойбанд ва покэътиқод ва мудофеъ будааст. Китобҳои зиёде дар ҳимояти дини ислом навиштааст. Баъзе ба иттикои бархе қароин ӯро шиъа донистаанд. Кендӣ аз афродест, ки дар ҳар масъалае, ки миёни усули исломӣ ва усули фалсафа таъоруз ёфтааст, ҷониби исломро гирифтааст, чунонки аз ақидаи хосси ӯ дар бораи ҳудуси замонии олам ва ҳашри аҷсод пайдост. Кендӣ аз афродест, ки ҳамеша кӯшо будааст, ки маорифи исломӣ ва усули фалсафиро бо якдигар тавфиқ диҳад. Ин ҳамон корест, ки бо Кендӣ шурӯъ шуд ва идома ёфт. Аҷиб ин аст, ки бархе ӯро ба иллати ин ки номаш Яъқуб ва номи падараш Исҳоқ ва кунияаш Абӯюсуф аст, яҳудӣ пиндоштаанд! Ва аҷибтар ин ки дар баъзе ривоёт, ки қатъан маҷъул аст, аз ӯ ба унвони касе ёд кардаанд, ки дар назар дошта радде бар Қуръони Маҷид бинависад!

Имрӯз дар асари таҳқиқоте, ки ба амал омада равшан шуда, ки аввалан, арзиши илмӣ ва фалсафии Кендӣ беш аз он аст, ки қаблан тасаввур мешуд. Сониян, мусалмони покэътиқод ва мудофеъ ва эҳтимолан шиъа будааст. Солисан, ба воситаи мавқеияти илмӣ ва иҷтимоӣ маҳсуд будааст ва нисбатҳои нораво ба ӯ мавлуди он ҳасодатҳост.

Ҳамон тавр ки қаблан ишора шуд, Кендӣ шахсияти мунҳасир ба фарди табақаи худаш аст. Шахсияти дигар — аъамм аз мусалмон ва ғайримусалмон — ки файласуфе соҳибназар бошад, дар табақа ва давраи ӯ вуҷуд надорад. Кендӣ дар ҳудуди соли 258 даргузаштааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: