Маҳалгароӣ раво набувад!

Ёддошти Камол Қурбон

Беморӣ агар дармон карда нашавад, дарди дигареро ба бор меоварад. Каҷравӣ нахуст андак аст, вале кам-кам фузунӣ мегирад ва пас аз чанде зовияи он гушодатар мешавад ва доманаи он густурдатар мегардад. Ин қоъидаи тағйирнопазир буда, дар ҳама чизҳо ва авзоъ ва андешаҳо ва рафтору гуфтор ҷорӣ аст.

Яке аз бемориҳои кушандаву тикка-тиккакунанда, ки аз гулӯи миллат гирифта, онро дорад буғӣ мекунад, маҳалгароист, ки рӯз то рӯз бар шиддаташ афзуда мешавад ва на танҳо касе пайи дармон бахшидан ба он нест, балки шахсоне онро ба ғалаён меоранд ва пизишконе низ, ки мехоҳанд, давояш бикунанд, худ тӯъмаи ин дард буда, бемортар аз беморонанд ва ҳамон табибонанд, ки миллатро то марзи нобудгоҳ овардаанд.

Пайдо ва ошкор аст, ки вақте ба дунё омадем, на дурӯғро медонистему на чоплусиро ва на ғайбат мекардему на маҳалгаро будем. Замони навҷавонӣ маҳалгароямон карданд. Ёдам ҳаст, нахустин дарси маҳалгароиро кудом замон ва дар кудом макон гирифтаем ва «устод» низ фаромӯшат нашудааст. «Муаллим»-амон донишҷӯе буд, ки дар яке аз донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, дар пойтахт омӯзиш мегирифт. Вай бо боландагӣ аз набардҳояшон бо донишҷӯёни зодаи минтақаи дигари кишвар қиссаҳо кард ва мо шудем маҳалгаро ва дар жарфои қалбамон кинаи фаровон ва нафрати сахт нисбат ба чандсад ҳазор мардум нишаст, дар ҳоле ки он чандсад ҳазорро на номашонро медонистем ва на мешинохтем ва на дида будем.

«Гуноҳ»-ашон танҳо ҳамин буд, ки ҳамсояамон набуданд ва дар гӯшаи дигари диёрамон ба дунё омада ва ҳамон ҷо мезистанд. Ин беморӣ, ки инсони қурбонии худро ба чандин дарди дигар гирифтор мекунад ва дидаи инсофи ӯро кӯр месозад, рӯзгоре дар панҷаҳои оҳанини қавиаш моро нигоҳ дошта, ранҷ медод, то ин ки тафсири каломи Шофӣ шифобахшамон шуд.

Чизе, ки беш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад ва басо дарднок аст, ин мебошад, ки миллати моро донишиёнаш низ маҳалгароянд ва ин беморӣ ҳавоссашонро фалаҷ кардааст. Ишон аз ин дарди худ парда барнамедоранд ва бемор буданашонро пинҳон медоранд, аммо маҳалгароянд, маҳалгароянд, маҳаллгароянд!

Ва ба субут расондани ин иддиъо кори душворе нест. Бо ин ҳол, шуморе аз онон ончунон доди миллатдӯстӣ мезананд, ки гӯши фалакро кар месозанд. Якеашон сардабири ҳафтаномаест, ки аз ҳама бештар дови меҳанпарастӣ мезанад ва санги муҳаббати миллатро бар синаи пуръотифааш мекӯбад, аммо маҳалгаротарин тоҷики болои хокдони замин мебошад. Дар бораи чанд дузди ҳамшаҳриаш ончунон газофагӯӣ намуда ва ёваҳо суруда ва достонҳо бофта, ки гӯӣ, ишон аз шаҳидони Бадр будаанд. Наздик аст, ки пас аз номи бархе одамхӯрони аз дунё даргузаштаи маҳаллаш «ъалайҳи салом» бигӯяд. Ҳангоме ки аз муллоҳои он минтақа менависад, ту гӯӣ, сухан дар бораи яке аз имомони чаҳоргона аст. Дар васфи сарватмандони маҳаллаш ончунон газофагӯӣ намуда, ки «пиндорӣ тарёки зидди заҳр астанд, ё калиди хизонаи ризқу рӯзӣ мебошанд». Монанди ин бародарамон бештарини (агар нагӯем ҳамаи) академикҳои миллат низ маҳалгароянд. Солаке чанд гузаштааст аз он, ки дар расонаҳо гувоҳи «профессурҷанг»-и донишиён будем, ки ангезааш маҳалл буду бас. Аз ин рӯ (ва боз ба чанд сабаби дигар), агар ҳазорон фарёд барои ъадолату додгарӣ, покиву покизагӣ, бузургвориву бахшандагӣ, меҳрубониву дӯстӣ, фидокориву ҷонфидоӣ, миллатдӯстиву меҳандӯстӣ аз ҳанҷараашон буланд бигардад низ, даруни инсонҳоро аслан такон намедиҳанд.

Баъзан ба гӯш мерасад, ки ин падидаи вайронгари хонумонбарандозро «баномусӣ» меноманд ва агар ҳаққбарҷониб набудани яке аз ҳаммаҳаллаҳоятро дар борае ба субут бирасонӣ, барноми «беномус»-ро бар номат меафзоянд. Вале бояд ин падидаи нофархунда бо исми худаш ном бурда бишавад ва он ном ҳам ҷуз вожаи «гуноҳ» нест.

Аммо бигзарем аз ин ҳама ва биандешем, ки подзаҳри зидди ин заҳр чӣ аст?

Кӣ медонад?

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: