Оё дастҳое пушти парда қарор дорад?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Вақте хуб фикр мекунед, мебинед ки ин сиёсатҳои зиддидинӣ ва дахолатҳои беҷои ҳукумати Тоҷикистон дар зиндагии хусусии мардум, ҳеч манфиате барои ҳукумат надорад. На танҳо манфиате надорад, балки баръакс мардуми бе ҳамин ҳам норозиро нисбат ба ҳукумат норозитар мекунад.

Пас чаро ҳукумат даст ба ин корҳо мезанад?

Аз мубориза бо сатру ҳиҷоб чи суде оиди ҳукумат мешавад? Ва умуман тарзи пӯшиш ва сатру ҳиҷоби бонувон чӣ зараре барои ҳукумат дорад?

Ҳамин тавр расму русуми мардум ва ҷашну маросими онҳо чӣ дахле ба ҳукумат дорад?

Оё мардум аз ҳисоби буҷаи давлат хароҷот мекунанд?

Танҳо чизе, ки ба зеҳн мерасад ин аст, ки ё дар миён дастҳое пушти парда қарор дорад, ки бо ин корҳо мехоҳад мардумро зидди ҳукумат бишӯронад. Ва ё ин ки ҳукумат гумон мекунад, бо ин корҳо метавонад мардумро даргири ин гуна масоил карда, зеҳни онҳоро аз мушкилот ва мутолиботи аслӣ мунҳариф намояд.

Дар ҳар ду сурат, ин корҳо бар зидди ҳукумат тамом мешавад. Зеро натиҷаи он дар ҳар сурат, эҷоди ноамнии равонӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто иқтисодӣ барои мардум аст. Ва ин ноамнӣ метавонад заминаи норозигӣ ва ҳатто эътирозоти умумӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд оварад.

Оё ҳеч нерӯи мухолифе ба ин андоза метавонад бар зидди ҳукумат кор кунад?

Асосан, бо вуҷуди чунин сиёсатҳои носанҷида, оё ниёзе ҳам ба мухолифони сиёсии ин ҳукумат боқӣ мемонад?

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: