Оё мо мусалмонон Каъбаро мепарастем?

(Бознашр аз пойгоҳи пешини Кимиёи саодат, 2013)

Пурсиш: Салом, бародари азиз, суоли ман ин аст: ман бо як нафар баҳс доштам ва натавонистам ӯро қонеъ кунам. Хулоса, ӯ гуфт: бутпарастон ба санги бе ҷоне саҷда мекунанд, шумо мусалмонҳо низ ҳамчунин ба тарафи санге ба номи Каъба, чӣ фарқ дорад? Бародари азиз, ҷавоби қонеъкунандае бароям диҳед.

Саҷҷод

Посух: Ба номи Худо, ва алайкум салом. Сухани ӯ баҷост, аммо посух дорад бародари азизам. Ибтидо мо бояд бидонем, эрод ва ишколе, ки мо мусалмонон ба бутпарастон дорем ва онҳоро мушрик медонем, дақиқан чист? Ишколи мо ин нест, ки чаро шумо дар баробари санге меистед? Зеро агар чунин бигӯем, ӯ ҳам хоҳад гуфт, магар худи шумо мусалмонон ҳам дар баробари Каъба намеистед? Ба хусус, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки бутпарастон бутҳоро лузуман Худо намедонанд, балки муҷассамаҳои одамони солеҳ ва некӯкор медонанд.

Пас, ишколи корашон куҷост, ки Худо ононро мушрик дониста?

Барои ёфтани посух ба ин пурсиш, ибтидо лозим аст, тавҳиде, ки мо мусалмонон ба он мӯътақидем ва фарқи мо бо дигарон бад-он аст, бароятон тавзеҳ бидиҳам.

Тавҳид, яъне “яктогаройӣ, яктобинӣ, яктопарастӣ.” Тавҳид яъне ин ки: фақат Худоро офаридгор ва холиқ бидонем, фақат Худоро коргардон ва гардонандаи умури ҳастӣ бидонем, фақат Худоро кӯмаккунанда ва ёрирасон бидонем, ва низ фақат Худоро сазовори парастиш ва ибодат бидонем ва танҳо дар баробари Худо сар ба саҷда ниҳем. Тавҳид дар фарҳанги мо мусалмонон, ҳамин аст.

Бар ҳамин асос аст, ки мушрик аз назари ислом, фақат он кас нест, ки мӯътақид ба духудоӣ ва ё чандхудоӣ бошад (мисли ин ки бигӯяд, ҷаҳон ду ё чанд Худо дорад), балки мушрик аз назари ислом, ба касоне низ гуфта мешавад, ки агарчи мӯътақид ба Худои якто ҳастанд, вале корҳои худоӣ (мисли офариниш ва тадбир ва коргардонии умури ҳастӣ)-ро барои ғайри Худо ҳам бидуни изн ва иҷозаи ӯ қоиланд, ва ё парастиш ва ибодати ғайри Худоро ҳам ҷоиз мешуморанд.

Ҳол, посухи он суол: ишколи кори мушрикон дар ин аст, ки онҳо бо ин ки бутҳояшонро Худо ҳам надонанд, вале барои бут мақоми худоӣ қоил ҳастанд ва онро мепарастанд, ва ин дар ҳоле аст, ки ибодат аз назари фарҳанги тавҳидӣ, танҳо махсуси Худост: “Фақат Туро мепарастем ва фақат аз ту кӯмак мехоҳем.” (Сураи Фотеҳа)

* * *

Пас, таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ҳарфи мо ба бутпарастон ин аст, ки чаро ғайри Худоро мепарастед? Қисса фақат сангу чӯб нест, балки дар парастидан ва ибодати бутҳост, ки ба ҳамин сабаб мушрик дониста шудаанд.

Аммо мо мусалмонон он ҷо, ки дар баробари Каъба меистем ва намоз мехонем ва ё ҳангоми маросими ҳаҷ пиромуни Каъба мечархем ва ё Ҳаҷарул-асвадро мебӯсем, ҳаргиз Каъбаро парастиш накардаем ва ё Ҳаҷарул-асвадро ибодат накардаем, ва ё он ҷо, ки марқади мубораки Паёмбари Акрам (с)-ро зиёрат мекунем ва зареҳи муборакашро мебӯсем, ҳаргиз Паёмбар (с) ва ё марқади ӯро парастиш ва ибодат накардаем. Аммо як бутпараст, бо ин ки бутро Худо намедонад, вале онро мепарастад ва онро ибодат мекунад, ва вақте ҳам мепурсед, мегӯяд, ман ин бутро мепарастам, бо ин ки ӯро Худо намедонад.

Пас, ҳарфи мо – тамоми ҳарфи мо – бо онон дар ин аст, ки онон ғайри Худоро ибодат мекунанд ва ё ҳаддиақал ғайри Худоро дар ибодати Худо шарик месозанд. Яъне ҳам Худоро ибодат мекунанд ва ҳам ғайри Худоро.

* * *

Дар поёни ин навиштор ёдоварии нуктаеро лозим медонам:

Инки мо мусалмонон дар баробари Каъба намоз мехонем ва ё пиромунаш мечархем ва ё Ҳаҷарул-асвадро мебӯсем ва ё қабри шарифи Паёмбар (с)-ро зиёрат ва зареҳашро мебӯсем, инҳо беҷиҳат нестанд. Каъба ба ин ҷиҳат барои мо муқаддас аст, ки чун Худо онро хонаи худ қарор додааст (хонаи худ яъне маҳалли ибодати худ, вагарна Худо аз хона доштан поку барӣ аст) ва ҳар он чи ҳам, ки ба Худо нисбат дода бишавад, он чиз қадосат пайдо мекунад. Масалан, Худо масҷидро хонаи худ хондааст, ва чун чунин аст, намоз дар масҷид савобаш аз намоз дар манзил бештар аст.

Ва ё ҳарчи ба паёмбарамон таъаллуқ дошта бошад, он чиз ҳам бароямон муқаддас ва мояи баракат хоҳад буд. Агар мо қабри шарифи Паёмбар (с)-ро зиёрат ва зареҳашро мебӯсем, аз он ҷост, ки чун ба Паёмбар (с) таъаллуқ дорад ва Паёмбар (с) дар онҷо оромида, вагарна он ҳам оҳане беш нест. Мо ривоятҳои фаровоне дорем, ки саҳобаҳо ба ҳар он чи ба Паёмбар (с) таъаллуқ дошт, табаррук меҷустанд ва аҳёнан мояи шифои онҳо мешуд. Ҳол ду намуна бароятон биёварам:

1. Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Урва овардааст:

وَمَا تَنَخَّمَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — نُخَامَةً إِلاَّ وَقَعَتْ فِى كَفِّ رَجُلٍ مِنْهُمْ فَدَلَكَ بِهَا وَجْهَهُ وَجِلْدَهُ

Паёмбар (с) оби биниашро берун намеандохт, магар он ки дар кафи яке аз саҳоба воқеъ мешуд ва он гоҳ он саҳобӣ онро ба рӯй ва пӯсташ мемолид.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/423, Ашшомила)

Оби бинии як инсон, ба худии худ, ҳеч қадосате надорад, ки ҳеч, балки ишмиъзизовар аст, вале чун аз они Паёмбар (с) ва мутаъаллиқ ба ӯст, қадосат дорад ва мояи баракат аст.

2. Муслим дар Саҳеҳи худ аз Анас нақл мекунад:

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَتَى مِنًى فَأَتَى الْجَمْرَةَ فَرَمَاهَا ثُمَّ أَتَى مَنْزِلَهُ بِمِنًى وَنَحَرَ ثُمَّ قَالَ لِلْحَلَّاقِ خُذْ وَأَشَارَ إِلَى جَانِبِهِ الْأَيْمَنِ ثُمَّ الْأَيْسَرِ ثُمَّ جَعَلَ يُعْطِيهِ النَّاسَ

“(Ҳангоми ҳаҷ) Паёмбари Худо (с) ба Мино омад ва рамйи Ҷамара анҷом дод, сипас ба қароргоҳи худ дар Мино ташриф овард ва наҳр (қурбонӣ) кард, сипас ба ҳаллоқ (сартарош) фармуд, бигир – ва ишора ба тарафи рост ва чапи худ кард – сипас мӯйи мубораки хешро ба мардум тақсим мекард.” (Саҳеҳи Муслим, 6/443, Ашомила)

Дар Усудул-ғоба дар тарҷумаи Холид ибни Валид (р) омадааст: “Холид таъсире шигарф дар набардҳои Форс ва Рум дошт. Ӯ буд, ки Димишқро фатҳ кард. Дар кулоҳе, ки дар ин набардҳо дар сар дошт, тиккае аз мӯйи мубораки ҳазрати Расули Акрам (с) буд ва ба василаи он аз Худо кӯмак мехост ва ба баракати ҳамин тикка мӯй буд, ки пайваста пирӯзӣ насибаш буд.” (Усудул-ғоба, тарҷумаи ҳоли Холид ибни Валид)

Аз ин намунаҳо дар китобҳои ривоӣ зиёд дорем, ки ҳоло маҷоли зикри так-таки онҳо нест. Ҳадаф ин аст, мо вақте пиромуни Каъба мечархем ва ё Ҳаҷарул-асвадро мебӯсем, инҳоро ибодат накардаем, балки ба ҷиҳати он аст, ки аз он ҷо ки Худо онҳоро ба худаш нисбат дода, бароямон муқаддас аст. Ва ё агар қабри шарифи Паёмбар (с)-ро зиёрат ва зареҳи муборакашро мебӯсем, чун Паёмбар (с) дар онҷо оромида ва ҷасади муборакаш он ҷост ва лизо бароямон муқаддас аст ва мояи баракат; чунон ки ду ривоят бароятон зикр кардам.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: