Фалсафа ва равиши реализм (109)

Зарурат ва имкон (11)

Матни мақола:

Ишкол

Баёни гузашта дуруст аст магар дар фоъил. Ва дар ҳақиқат хӯрдагирии мо низ дар атрофи ҳамин иллати фоъилӣ мебошад.

Мо ҳаргиз намегӯем инсони бе модда боз инсон аст ё моддаи бе инсоният боз инсон аст, вале метавонем бигӯем, ки феъл пас аз нобуд шудани фоъил боқӣ мемонад. Мо ҳазорҳо кор дар ҷаҳон меёбем, ки фоъили онҳо аз миён рафта ва феъл ҳамчунон ба сари пойи худ истодааст, ва бо ин ҳол, чӣ гуна метавон гуфт, ҳаминки “коркунанда” даст аз кор кашид, “кор” нобуд мешавад?

Посух

Маншаи ишкол, сустгирӣ ва мусомиҳа дар боби ҳақоиқ ё пай набурдан ба ҳақиқати феъл ва фоъил аст. Мо агарчи биноро кори банно ва навзодро кори падару модар муаррифӣ менамоем, вале ба ҳасби ҳақиқат кори банно ҳамон ҳаракоти гуногуни дастҳои вай мебошад, ки бо муҷарради худдорӣ аз кор, аз миён меравад, вагарна сохтмон ҳаргиз ба банно қоим нест. Ва ҳамчунин дар соири маворид. Пас, мо аввалан, инро медонем, ки моддаи феъл ва сурати феъл қоим ба ин фоъил (банно масалан) нест. Ва сониян, инро низ медонем, ки ҳаракоти гуногуни дасти ин фоъил ба ӯ қоим аст, ки ба муҷарради тарк маъдум мешавад. Ва солисан, инро низ медонем, ки номи “феъл”-ро, ки ба ин ҳаракат додаем, танҳо барои ин аст, ки ҳаракат буда ва ба муҳаррики худ қоим мебошад, вагарна бардоштан ва гузоштани сангу оҷур рӯйи ҳам ва “банно” будани бардоранда ва гузоранда дар номгузорӣ хусусият ва дахолате надорад. Ва дар ин сурат ҳар ҳаракате (феъл) фоъил (муҳаррик) мехоҳад, ки ба вай қоим бишавад ва бе вай аз миён хоҳад рафт. Ва робиъан, инро низ медонем, ки ҳар як аз мавҷудоти ҷаҳони модда ҳаракатест ва муҳаррике мехоҳад, ки ба ҳамроҳи вай мавҷуд буда бошад.

Инҳо маълумоте ҳастанд, ки бо кучактарин тардид дар яке аз онҳо дастгоҳи иллияту маълулият ва таҳаввулу такомул аз миён хоҳад рафт. Ва аз ин рӯй ҳукм мекунем, ки фоъили феъл монанди модда ва сурати феъл, ба ҳамроҳи худи феъл бояд мавҷуд буда бошад.

Бале, чун мумкин аст, ки дар як феъл фоъилҳои гуногун алаттаволӣ (пушти сари ҳам) ширкат дошта ва ҳар як аз онҳо феълеро, ки анҷом медиҳад ба дасти шарик ва анбози худ бисупорад яъне фоъили дуввумӣ иттисоли вуҷудӣ ба фоъили аввалӣ пайдо карда ва пас аз вай ҷойи вайро бигирад, мумкин аст феъле пас аз рафтани фоъили нахустин ба фоъилҳои дигаре қоим буда ва аз миён наравад. Ва ҳамаи мавориде, ки феъл пас аз фоъил боқӣ мемонад, аз ҳамин қабил аст.

Чунонки равшан шуд, фалсафаи метафизик дар ин назария, қонуни иллият ва ҳаракати умумиро асоси назари худ қарор медиҳад ва илми имрӯза низ бо ҳар гуна талош, назарияи таҳаввулу такомул (ҳаракати умумӣ)-ро таъйид мекунад. Ва дар инҷо шигифтовар ин аст, ки материализми диалектик таҳаввулу такомулро, ки гардиши ҷаҳони модда рӯйи ӯст фаромӯш карда ва бар асоси вуҷудоти мутлақа бидуни тақйид фикр мекунад! Ва шигифтовартар аз ин ин ки мегӯяд, метафизик ба мафҳуми иллату маълул пай набарда!

Ишкол

Ин сухан бо фарзияи физикии Нютон, ки мегӯяд: “Ҳар ҷисме ҳамеша бар ҳолати сукун ё ҳаракати якнавохти худ боқӣ мемонад, магар ин ки қувваҳое, ки бар вай коргар меафтад маҷбураш созанд, ки ҳолати сукун ё ҳаракати худро тағйир диҳад”, ки аз рӯйи озмоишҳои ғайриқобили радд таҳия карда, мунофӣ аст, зеро бадеҳист, ки дар ҳаракати доимӣ муҳаррики аввалӣ аз миён рафта, бо ин ҳама ҳаракат боқӣ аст.

* * *

Таълиқот:

(1) Дар посухи охирин ишколе, ки гузашт, сухан ба инҷо расид, ки мавориде, ки маъмулан ба унвони шоҳид ва мисол оварда мешавад барои ин ки маълул баъд аз иллат, ва феъл баъд аз фоъил боқӣ мондааст, аз қабили падару фарзанд, банно ва сохтмон, соатсоз ва соат, назари мусомиҳии урфӣ ба ҷойи назари дақиқи ақлӣ ба кор рафта ва ба он чӣ сирфан аз назари урф “иллату маълул” ва “фоъилу феъл” шинохта мешавад истинод шуда. Аз назари урфии мусомиҳӣ албатта сохтмон кори банно ва соат кори корхонаи соатсозӣ ва фарзанд кори падар аст, вале аз назари дақиқи ақлӣ, ҳеч як аз инҳо кори ҳеч як аз умури номбурда нест; зеро маҷмӯаи маводде, ки вуҷуди фарзанд ё сохтмон ё соатро ташкил додааст, бо хоссиятҳои физикӣ ё шимиёӣ ё ҳаётӣ, ки дар ин маводд ҳаст, ҳеч кадом махлуқ ва маълули падар ё банно ё корхонаи соатсози нест. Кори ҳар як аз авомили номбурда дахлу тасарруфҳоест, ки дар маводди мавҷуди ин ҷаҳон ба амал меоваранд. Ва ин дахлу тасарруфҳо иборат аст аз: як силсила ҳаракоте, ки бо назми муайян аз онҳо сар мезанад ва албатта натиҷаи ин ҳаракот бо назми муайяне, ки сурат мегирад, бо дар назар гирифтани авомили физикӣ ва шимиёӣ ва ҳаётӣ, ки дар ин дунёи азим мавҷуд аст, пайдоиши як дастгоҳи мошинӣ ё як мураккаби шимиёӣ ё як мавҷуди зиҳаёт аст. Пас, умури номбурда, ки мо бо назари урфӣ ва мусомиҳӣ онҳоро фоъили фарзанд ё сохтмон ё соат меномем, дар ҳақиқат фоъили як силсила ҳаракоте ҳастанд, ки қоим ба онҳост, ва албатта нисбат ба ин ҳаракот, ки феъли воқеии ин фоъилҳо ва маълули воқеии ин иллатҳо ҳастанд, қоидаи ақлии фалсафии мо — яъне ин ки “маълул ҳудусан ва бақоан ниёзманд ба иллат аст” – ҷорист; зеро маҳол аст, ки ҳаракате пайдо шавад ва фоъили мубошири он ҳаракат аз байн биравад ва он ҳаракат битавонад ба вуҷуди худ идома диҳад.

Ҳаминки сухан ба инҷо расид, ишколи тозае пеш меояд. Ва он ҳамон охирин ишколест, ки дар матн баён шуда. Тавзеҳи он ин ки: дар илмулҳаракот ва физики ҷадид бо шавоҳид ва далоили амалӣ ва таҷрибии инкорнопазире собит шуда, ки идомаи ҳаракат мусталзими бақои фоъили ҳаракат нест ва расман таъйид шуда, ки назарияи эҳтиёҷи ҳаракат ба муҳаррики доимӣ, ки як назарияи арастуӣ аст — яъне аввалин бор тавассути Арасту иброз шуда — сад дар сад мухолифи таҷрибиёти дақиқе аст, ки аз сесад сол пеш то кунун ба амал омада. Пояи меконик (механика) ва физики ҷадид рӯйи қонуни ҷабри Голилей ва Нютон аст, ки дуруст нуқтаи муқобили назарияи арастуист. Ва бадеҳист, ки ҳар ҷо ҳукми ақл бар хилофи мушоҳидоти таҷрибӣ дарояд ва илм бар хилофи фалсафа фатво диҳад, бояд фатвои ақл ва фалсафаро ба канор гузошт ва аз илму таҷриба пайравӣ намуд.

Дар китоби “Хулосаи фалсафии назарияи Эйнштейн” тарҷумаи оқои Аҳмади Ором менависад:

Яке аз масоиле, ки дар натиҷаи буғранҷӣ ва печидагӣ, ҳазорон сол дар торикии комил монда буд, масъалаи ҳаракат аст. Ҷисми сокинеро дар маҳалли беҳаракате дар назар мегирем. Барои тағйири вазъ додан ба чунин ҷисме, лозим аст муассири хориҷӣ бар он асар кунад ва онро ба ҷилав биронад ё бардорад. Мо бо тасаввури ғаризӣ ва илҳомии хеш ҳаракатро вобаста ба аъмоле чун рондан ва баланд кардан ва кашидан медонем. Такрори таҷриба моро дар ин хатар меандозад, ки фикр кунем барои он ки ҷисме тундтар ҳаракат кунад, бояд онро сахттар баронем. Табиатан чунин ба назари мо мерасад, ки ҳар чи омили муассир дар ҳаракат шадидтар бошад, суръати бештаре натиҷаи он хоҳад шуд… Ин тарзи истидлоли ғаризӣ дар бораи ҳаракат ботил аст, ва ҳамин навъи тафаккур сабаб шуд, ки қарнҳои зиёде тасаввури мо нисбат ба масъалаи ҳаракат ғалат бимонад. Шояд шахсияти Арасту, ки муддатҳои мадид муқтадиртарин мақоми илмиро дар Урупо дошт, иллати асосии пойдории ин тасаввури ғалат ва илҳомӣ буда бошад. Дар китоби “Меконик”-е, ки мансуб ба ӯст ва ду ҳазор сол аз умраш мегузарад, чунин мехонем:

“Ҷисми мутаҳаррик мавқеъе ба ҳолати сукун дармеояд, ки қувваҳое, ки онро дар имтидоди худ ба ҳаракат водоштааст натавонад дигар таъсир кунад ва онро биронад”.

Иктишофи равиши истидлоли илмӣ ва ба кор андохтани он ба василаи Голилей яке аз бузургтарин пешрафтҳои фикри башар аст ва оғози ҳақиқии илми физикро бояд аз ҳамон мавқеъ донист… Ҳол бибинем оё дар масъалаи ҳаракат ба ростӣ нидои замир моро ба иштибоҳ андохтааст? Фарз кунем касе, ки дар имтидоди ҷоддаи софе арробаи дастиро ба ҷилав меронад, ногаҳон аз рондани он даст бидорад. Арроба пеш аз он ки биистад, муддате тайи масофат мекунад. Аз худ бипурсем, чӣ гуна мумкин аст ин масофатро зиёдтар кард? Ин кор чандин роҳ дорад, ки аз ҷумла равған задани чархҳо ва софтар будани ҷодда аст ва ҳар чи равғанзании чархҳо беҳтар ва ҷодда ҳамвортар бошад, масофате, ки он арроба пас аз қатъи амали рондан пеш меравад, афзунтар хоҳад шуд.

Бисёр хуб, бибинем равған задани чархҳо ва ҳамвортар будани ҷодда чӣ асаре дорад? Асари онҳо фақат ин аст, ки таъсироти хориҷӣ камтар ва кучактар шуда ва он омиле, ки “истикок” ном дорад ҳам дар чархҳо ва ҳам дар миёни чархҳо ва замини ҷодда нуқсон пазируфтааст. Ин ки мегӯем, як таъбир ва тафсири назарӣ дар бораи ҳодисае аст, ки машҳуд афтода ва албатта ин тарзи таъбир комилан эҳтимолӣ аст.

Як қадами муҳимтар, ки бардорем, мифтоҳи ҳақиқии муамморо ба даст меоварем. Фарз кунем, роҳе бошад дар камоли софӣ ва чархҳое, ки ҳеч молиш ва истикок надошта бошад. Дар ин сурат, ҳеч чиз боиси истодани арроба намешавад ва барои ҳамеша ба сайри худ идома хоҳад дод. Ин натиҷа ба василаи тафаккур дар бораи таҷрибаи хиёлӣ ба даст омад ва чун ғайримумкин аст, ки чунин роҳ ва чунин чархҳое дар ихтиёри мо бошад, ба ин таҷрибаи хиёлӣ ҳам ҳаргиз наметавон ҷомаи амал пӯшонид. Ин озмоиши хиёлӣ ҳамон калиди рамзест, ки шолудаи тамоми қонунҳои меконикии марбут ба ҳаракатро месозад. Аз муқоисаи ин ду тариқа тафаккур дар бораи масъалаи ҳаракат метавон гуфт, натиҷаи тарзи тасаввури илҳомӣ иборат аз ин аст, ки ҳар чи муассир қавитар бошад, суръат зиёдтар мешавад ва ба ин тартиб, аз рӯйи суръат метавон дарёфт, ки оё нерӯҳои хориҷӣ дар суръат таъсир доранд ё надоранд?

Бо калиди ҷадиде, ки Голилей пайдо кард, натиҷа чунин баён мешавад: агар ҷисме ронда ё бардошта ё кашида нашавад ва аз ҳеч роҳи дигаре ҳам таъсире бар он ворид наёяд — ба иборати соддатар, чун бар ҷисме ҳеч қувваи хориҷӣ кор накунад — ҳаракати якнавохт пайдо мекунад, яъне бо суръати собите дар имтидоди хатти мустақим тағйири макон медиҳад. Ба ин таъбир, суръат нишон намедиҳад, ки оё қувваҳои хориҷӣ бар рӯйи ҷисм таъсир доранд ё надоранд. Тарзи истидлоли Голилейро як насл баъд, Нютон ба шакли “қонуни ҷабр” мудавван сохт: “Ҳар ҷисме ҳамеша бар ҳолати сукун ё ҳаракати якнавохт худ боқӣ мемонад магар ин ки қувваҳое, ки бар он коргар меафтад, маҷбураш созанд, ки ҳолати сукун ё ҳаракати худро тағйир диҳад”.

Чунонки дидем, ин қонун наметавонад натиҷаи мустақими таҷриба бошад, балки тафаккури муҳаққиқонае, ки созгор бо мушоҳидоти ҳосилшуда аз таҷриба буда, сабаби пайдоиши он шудааст. Дар ҳолати феълӣ ҳаргиз наметавон ба чунин таҷрибае таҳаққуқи хориҷӣ дод. Бо ин вуҷуд, ҳамин таҷрибаи хиёлӣ василаи фаҳми комили таҷрибиёти воқеӣ ва имконпазир мебошад…

Пас аз ин муқаддимот, масъалаи дигаре нисбат ба ҳаракат пеш меояд. Агар суръат нишонаи нерӯҳои хориҷии муассир дар ҷисм нест, пас суръат чист? Ҷавоби ин суоли асосиро ҳам Голилей ёфт ва Нютон онро такмил кард ва ин худ нишона ва мифтоҳи рамзи дигаре барои таҷассусоти мо мебошад. Барои ёфтани ҷавоби саҳеҳ, боисте дар мисоли арробае, ки бар ҷоддаи комилан ҳамвор ҳаракат мекунад, каме амиқонатар фикр кунем. Дар мисоли хиёлии мо, якнавохтии ҳаракат натиҷаи фуқдони қувваҳои хориҷӣ буд. Агар фарз кунем бар арробае, ки ҳаракати якнавохт дорад, фишоре дар имтидоди ҳаракат ворид шавад, чӣ иттифоқе хоҳад афтод? Пурвозеҳ аст, ки суръати он зиёдтар хоҳад шуд, ҳамон гуна ки агар фишор дар ҷиҳати мухолифи ҳаракат ворид ояд, суръат таназзул хоҳад кард. Дар ҳолати аввал ҳаракати арроба тундтар шуда ва дар ҳолати дуввум кундтар. Аз ҳамин ҷо фавран ин қоида ба даст меояд: “Натиҷаи таъсири қувваи хориҷӣ тағйири суръат аст”. Аз ин қарор на худи суръат, балки тағйири он, натиҷаи рондан ё паскашидани арроба мешавад. Алоқа миёни нерӯ ва тағйири суръат (на мутобиқи тасаввури фитрии мо алоқа миёни нерӯ ва худи суръат) пояи меконики расмӣ аст, ки Нютон онро тадвин кардааст.”

* * *

Мутобиқи он чӣ дар боло гузашт, ҷисм дар ҳар лаҳзае ҳар суръат — яъне ҳар дараҷае — аз ҳаракатро, ки дорад (мусбат ё манфӣ), онро мадюни қувваи муассири хориҷӣ нест, балки мадюни хоссияти ҷабри худ ба худии он аст, яъне мадюни ин хоссият аст, ки ҷисм ҳар ҳолатеро, ки пайдо кунад, дар худ маҳфуз нигоҳ медорад то вақте, ки иллати хориҷӣ пайдо шавад ва он ҳолатро аз ҷисм салб кунад. Бинобар ин, агар ҷисм дорои сифр дараҷа суръат бошад — яъне сокин бошад — ин ҳолатро рӯйи хоссияти ҷабр ҳифз мекунад то вақте, ки омиле пайдо шавад ва ба он — масалан — як дараҷа суръат бидиҳад, ва агар дорои як дараҷа суръат буд, рӯйи хоссияти ҷабр, онро ҳифз мекунад то вақте, ки омиле пайдо шавад ва он суръатро камтар ё зиёдтар кунад.

Пас, асари таъсир нерӯ бар ҷисм, ҳамоно тағйири суръат аст, на худи суръат. Ва дар лаҳзаи баъд аз лаҳзаи тағйир суръат, он суръат эҳтиёҷ ба омили муассири хориҷӣ надорад магар он ки фарз кунем лаҳза ба лаҳза он суръат тағйир пазирад ва албатта фақат дар ин сурат аст, ки идомаи муассири хориҷӣ шарт аст.

Натиҷае, ки аз маҷмӯи баёноти гузашта гирифта мешавад ин аст, ки дар масъалаи ҳаракат “илм” сареҳан бар хилофи “фалсафа” раъй дода ва қонуни физикии Голилей ва Нютон, ки ба “қонуни ҷабр” мавсум аст, ноқизи қоидаи фалсафии “ниёзмандии маълул ба иллат дар бақо” аст.

Вале ҳақиқат ин аст, ки агар сирфан аз даричаи чашми физик нигоҳ кунем, сиҳҳати қонуни ҷабри Нютон ноқизи қоидаи фалсафии фавқуззикр ва ҳеч қоидаи фалсафии дигар нест, балки қароини фалсафӣ онро таъйид мекунад. Таваҳҳуми муноқизат аз онҷо пайдо мешавад, ки аҳёнан дар ин маврид низ монанди бисёре аз мавориди дигар истинбототи назарии ғайримантиқӣ бо назарияи физикии фавқуззикр омехта мешавад ва дар натиҷа ин гуна таваҳҳумот пайдо мешавад. Ин назария он гоҳ ноқизи қоидаи фалсафии “бақои иллат бо бақои маълул” хоҳад буд, ки идомаи ҳаракатро бидуни вуҷуди муҳаррики мубошир собит кунад, ва ҳол он ки агар сирфан аз даричаи чашми физик нигоҳ кунем ва истинбототи шахсии бемантиқи худро дахолат надиҳем, хоҳем дид, ки ин қонун сирфан дар мақоми баёни робитаи ҳолати ҷисм аст бо нерӯи хориҷӣ. Яъне ин қонун робитаи суръатро бо нерӯи хориҷӣ, ки бар ҷисм коргар меафтад баён мекунад ва мегӯяд, ки таъсири нерӯи хориҷӣ дар тағйири суръати ҷисм аст, на дар худи суръат. Вале ин қонун аз баёни иллати мустақими суръат ва ба иборати дигар аз баёни қувваи мубошири ҳаракат сокит аст ва ҳатто ин қонун наметавонад баён кунад иллати мустақим ва биловоситаи тағйири суръат чист? Ва оё иллати мустақим ва биловоситаи тағйири суръат ҳамон нерӯи хориҷист ё он ки таъсири нерӯи хориҷӣ аз лиҳози тағйири суръат низ ба таври ғайримустақим аст? Ва ба иборати дигар, ин қонун на танҳо иллати идомаи ҳаракатро баён намекунад, аз баёни иллати мустақим ва биловоситаи ҳудуси ҳаракат низ сокит аст.

Чизе, ки барои нигоранда бисёр шигифтовар аст ва ҳанӯз натавонистааст роҳи ҳалле барояш пайдо кунад ин аст, ки ҳамчунонки дидем, дар китоби собиқуззикр расман чунин изҳор медорад, ки то замони Голилей тарзи истинботи башар тибқи асли арастуӣ ин буд, ки ҷисми мутаҳаррик мавқеъе ба ҳоли сукун дармеояд, ки қуввае (нерӯи хориҷӣ), ки онро дар имтидоди худ ба ҳаракат водоштааст, натавонад дигар таъсир кунад ва онро биронад. Ва ҳол он ки он чи мо то кунун аз тарзи тафаккури фалосифа дар ин масъала суроғ дорем, робитаи ҳаракати ҷисмро бо нерӯи хориҷӣ ғайр аз ин наҳв баён мекунанд. Ибни Сино дар мабҳаси “Халаъ” мегӯяд:

Санге, ки ба ҳаво партоб мешавад, агар муъовиқати ҳаво (ё соири истикокот) дар кор набошад, он санг то сатҳи муҳаддадулҷиҳот ба ҳаракати хеш идома медиҳад.”

Маънои ин ҷумла ин аст, ки агар ҷисме дар асари нерӯи хориҷии ворид бар он ба ҳаракат дарояд, баъд аз он ки алоқаи ҷисм бо нерӯи хориҷӣ аз байн рафт, он ҷисм барои ҳамеша ба ҳаракати худ идома медиҳад магар он ки мавонеъе дар кор бошад ва монеъи идомаи он ҳаракат бишавад. Чунонки возеҳ аст, ин матлаб айни қонуни ҷабри Нютон ва Голилей аст. Ба илова, ин қонунро уламои физик ба ин сурат баён мекунанд, ки: “Ҳеч далеле нест, ки ҷисм ҳолатеро, ки касб карда аз даст бидиҳад”, вале фалосифа аҳёнан далоиле низ иқома кардаанд бар ин ки дар фарзи адами монеъ бояд он ҳолат маҳфуз бимонад.

Оре, фалосифа, ки аз даричаи дигаре назар мекунанд, рӯйи қароини хоссе иллати мубошири ҳаракати ҷисмро нерӯи хориҷӣ намедонанд, балки муҳаррики мубошири ҷисмро ҳамвора табъи худи ҷисм яъне қуввае, ки бо худи ҷисм як навъ иттиҳоди вуҷудӣ дорад медонанд, хоҳ он ки он ҳаракат ҳаракати табиӣ бошад ё ҳаракати қасрӣ. Рӯйи ин назария, фоъили мубошири ҳаракати ҳар ҷисме қувваи муттаҳид бо худи ҷисм аст на қувваи хориҷӣ, ва ҳатто ҳудуси ҳаракат низ асари биловоситаи нерӯи хориҷӣ наметавонад буда бошад. Асари мустақими нерӯи хориҷӣ танҳо эъдоди он қувваи муттаҳид бо ҷисм аст, ки истилоҳан “табиат” номида мешавад, ва он қувваи мубошири ҳаракати ҷисм, яъне табиати ҷисм, ҳудусан ва бақоан ҳамроҳи он аст, яъне иллати ҳаракат ҳудусан ва бақоан бо ҳаракат мавҷуд аст.

Албатта исботи ин ки “фоъили мубошири ҳаракат намешавад хориҷ аз ҷисм буда бошад” ва ҳамчунин исботи қувваҳои муттаҳид бо аҷсом, ки фалосифа онҳоро ба номи “табойеъ” мехонанд, хориҷ аз ҳавзаи физик аст ва бо усули физикӣ ҳам ҳеч гуна муноқизате надорад ва танҳо бо усули фалсафӣ қобили нафю исбот аст. Мо дар мақолаи 10 ба таҳқиқи ин матлаб хоҳем пардохт.

Мо дар инҷо намехоҳем иддао кунем, ки назарияи роҷеъ ба робитаи ҷисм бо нерӯи хориҷӣ мутобиқи он чи аз Ибни Сино нақл кардем, ва ҳамчунин ин назария, ки “фоъили мубошири ҳаракат наметавонад нерӯи хориҷӣ буда бошад” муттафақун алайҳи ҳамаи муддаиёни фалсафа аст, лекин ин қадр метавонем иддао кунем, ки ин ду назария дар миёни муҳаққиқини фалосифа собиқаи равшан дорад.

Инҷониб аз назарияи шахси Арасту дар ин боб феълан иттилои дурусте надорад ва феълан маҷол накард, ки мустақиман ба тарҷумаҳои китобҳои Арасту муроҷиа кунад, вале ин қадр медонад, ки фалосифаи исломӣ чунин нисбате ба Арасту надодаанд, ки ҷисм модоме ба ҳаракати худ идома медиҳад, ки нерӯи хориҷии муассир дар он боқӣ бимонад. Ва албатта бисёр баъид аст, ки Арасту чунин назарияе дошта бошад. Оё Арасту ин қадр намедонист, ки агар санге бо даст ба ҳаво партоб шавад, баъд аз он ки он санг аз даст ҷудо шуд, лоақал то муддате он санг ба ҳаракати худ идома медиҳад?!

Агар гуфтори Арастуро дар китоби “Меконик”, ки қаблан аз тариқи китоби “Хулосаи фалсафии назарияи Эйнштейн” нақл кардем, ба ин маъно ҳамл кунем, ки мақсуди вай аз қуввае, ки ҷисмро меронад, қувва аз назари фалсафӣ яъне ҳамон табиати дохилии ҷисм аст, на қувва аз назари физик (нерӯе, ки аз хориҷ бар ҷисм коргар меафтад) тавҷеҳи баъиде нахоҳад буд. Ин аввалан.

Ва сониян, фаразан мо қонуни ҷабри Нютонро мухолиф бо қоидаи фалсафии “бақои иллат ба ҳамроҳи маълул” бишносем, худи ин қонун як қонуни мусаллами таҷрибӣ нест, зеро ҳамон тавре ки аз гуфтори китоби “Хулосаи фалсафии…” равшан буд, имкон надорад, ки ин қонун мавриди таҷриба қарор гирад. Таҷрибаи мо дар мавриди ин қонун як таҷрибаи хиёлист, на як таҷрибаи воқеӣ. Пас асосан ин назарияро аз назари илмӣ як “фарзия” бояд талаққӣ кард, на як қонун.

Ва солисан, агар идомаи ҳаракат мусталзими вуҷуди муҳаррик набошад, лозим меояд, ки ҳаракат ҳудусан низ ниёзманд ба иллат набошад. Ва ба таъбири дигар, лозим меояд, ки тағйири суръат низ худ ба худ ҳосил шавад ва алоқае бо нерӯи хориҷӣ надошта бошад, зеро ҳаракат дорои як ҳолати ихтисосии муайянест, ки ба воситаи он ҳолати ихтисосӣ лозимаи адами ниёзмандии он дар бақо ба иллати ин аст, ки ибтидоан низ ниёзманд ба иллат набошад. Он ҳолати ихтисосӣ ин аст, ки ҳақиқати ҳаракат ҳудуси тадриҷӣ аст. Ба иборати дигар, ҳаракат ҳудуси мустамир аст ва идомаи ҳаракат айни идомаи ҳудус ва истимрори ҳудус аст. Ҳаракат амре нест, ки дар як лаҳза ҳодис шавад ва дар лаҳазоти баъд боқӣ бимонад, балки ҳар ҷузъе ҳаракат, ки дар як лаҳза мавҷуд мешавад, дар лаҳзаи дигар маъдум мешавад ва дар он лаҳза ҷузъи дигаре аз ҳаракат ҳодис мешавад ва ҳамин тавр… Бақои ҳаракат иборат аст аз истимрори иттисоли ин ҳудусот. Ва агар бино шавад, ки ҳаракат дар як лаҳза бениёз аз муҳаррик ва фоъили мубошир бошад, лозим меояд, ки шайъ дар ҳудус бениёз аз иллат бошад ва бадеҳист, ки агар дар як мавриди ба хусус шайъро дар ҳудус бениёз аз иллат донистем, ночор дар ҷамиъи маворид бояд бениёз бидонем. Ва ба иборати дигар, агар судфа ва иттифоқро дар як ҷо ҷоиз донистем, дар ҳама ҷо бояд ҷоиз бошад ва дар ин сурат барои ҳамеша бояд қонуни иллату маълулро ба канор бигузорем ва ҳеч чизро шарти ҳеч чиз надонем ва ҳеч робитае байни ашё қоил нашавем, яъне якбора илму фалсафа ва назму қонунро инкор кунем. Дар инҷо беш аз ин ба сухан идома намедиҳем. Баҳси бештар дар атрофи ин масъала мусталзими ин аст, ки бештар дар атрофи ҳаракат ба баҳс бипардозем. Баҳси мабсут дар бораи ҳаракатро мақолаи 10 мутакаффил шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: