Чаро Арабистон мункири миёнҷигарӣ бо Эрон шудааст?

Таҳлили Абдулборӣ Атвон

Изҳороти ҳамроҳ бо асабонияти як масъули саудӣ мабнӣ бар ин ки: “Арабистон ба ҳеч ваҷҳ хостори миёнҷигарӣ бо Эрон нашудааст ва ахбори марбут ба ин мавзӯъ сиҳҳат надорад ва Риёз ба мавзеъи худ дар радди ҳар гуна наздик шудани равобит бо Эрон пойбанд аст”, ғайримунтазира ва ҳайратовар буд ва аз тағйири шадиди мавзеъи Риёз ҳикоят дорад ва ҳар гуна хушбинӣ ва эҳтимоли гушоиш дар равобит бо Эрон ва ё оромиш байни ду кишварро аз байн бурд.

Дар ин шароит бояд пурсид, далели асабонияти раҳбарии саудӣ, ки мӯҷиби судури ин баёнияи шадидуллаҳн шудааст чист?

Ин дар ҳолест, ки ин Риёз буд, ки ба гармӣ мизбони раҳбарон ва сиёсатмадорони шиъаи ироқӣ буд, ки бархе аз онон ба Эрон наздик ҳастанд.

Яке аз ин меҳмонон Қосим ал-Аъраҷӣ, вазири кишвари Ироқ буд, ки монанди як меҳмони азиз озими Риёз шуд ва дар онҷо мавриди истиқболи гарми Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ қарор гирифт.

Он чи мӯҷиби тарҳи ин суол мешавад, раванди шитобони беҳбуди равобити Арабистон ва Эрон дар се моҳи гузашта аст, ки бисёр суолбарангез буд ва дар воқеъ аз оромиши қобили мулоҳиза дар равобити ду тараф ҳикоят дошт, ҳарчанд Муҳаммад бен Салмон пеш аз он дар гуфтугӯе, ки шабакаи MBC бо ӯ тартиб дод, сахт Эронро мавриди ҳамла қарор дод ва гуфт: “Гуфтугӯ бо Эрон маҳол аст ва бояд даргириро ба дохили ин кишвар интиқол дод.”

* * *

Пеш аз ҳар чиз ва қабл аз ин ки ба ин суолҳо посух дод, бояд ҷавониб ва шавоҳиди беҳбуди равобити Эрон ва Арабистонро ба таври хулоса ба шарҳи зер баён кард:

1) Бартараф шудани мамнӯияти сафари ҳоҷиёни эронӣ ба Арабистон барои анҷоми маносики ҳаҷ. Ҳамчунин, посухи Арабистон ба бештари дархостҳои Эрон дар хусуси ҳаҷ бо инъитофи бесобиқае ҳамроҳ буд ва ҳатто вазири ҳаҷҷи Арабистон дар садри касоне буд, ки ба истиқболи гурӯҳи нахусти ҳоҷиёни эронӣ рафт.

2) Даст додани вазирони хориҷаи Эрон ва Арабистон дар Истонбул ва дар ҳошияи Конфронси Созмони Ҳамкории Исломӣ дар иртибот бо Қудс ва таъкиди рӯзномаҳои эронӣ бар ин ки ин Одил ал-Ҷубайр буд, ки ба Муҳаммадҷавод Зариф даст дод.

3) Мувофиқати масъулони саудӣ бо ҳузури 10 диплумоти эронӣ барои ҳузур дар се шаҳри саудӣ барои таъмини ниёзҳои ҳоҷиёни эронӣ, он ҳам дар шароите, ки равобити диплумотик байни ду тараф қатъ буда ва сафоратхонаҳо ва консулгариҳои ду кишвар аз замони ҳодисаи сафорати Арабистон дар Теҳрон дар соли 2015 таътил шудааст.

4) Гушудани гузаргоҳи марзии Аръар байни Ироқ ва Арабистон барои нахустин бор дар тӯли 20 соли гузашта.

5) Томир Ассаҳбон дар 13 июл интиқодоти тунд алайҳи Имом Хумайнӣ (р)-ро пас аз 24 соат аз интишор, аз сафҳаи Твиттер ҳазф кард. Ассаҳбон, сафири Арабистон дар Бағдод буд, ки ба далели дахолат дар умури дохилии Ироқ бар асоси усули тоифаӣ, аз ин кишвар берун ронда шуд.

6) Гушоиши равобити Арабистон нисбат ба шиъаёни Ироқ ва истиқболи қобили мулоҳиза аз Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садри Ироқ ва эъломи гушудани консулгарӣ дар Наҷаф ва низ тарҳи барномаи муштараки Арабистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои эҳёи ҳувияти арабии Ироқ ва дур кардани он аз Эрон.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба ин масоил, бори дигар ин суолро матраҳ мекунем: далели таҳаввули ногаҳонии Арабистон чист, он ҳам дар шароите, ки тағйири мавзеъи Риёз умед ба наздик шудани равобит бо Эрон ва коҳиши таниш байни ду тараф ва тафоҳум бар сари парвандаҳои муташанниҷ аз ҷумла мавзӯъи ҷанги Яман ва бӯҳрон дар Сурияро ба бод медиҳад?

Дар посух ба ин суол, метавон далоили зерро пешбинӣ кард:

1) Арабистон, ки ба ҳифзи маҳрамона будани масоил ва кетмони он маъруф аст, аз изҳороти Қосим ал-Аъраҷӣ ва бармало кардани тамоюл ба миёнҷигарии Ҳайдар ал-Ибодӣ нахуствазири Ироқ байни Риёз ва Теҳрон, асабонӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ал-Аъраҷӣ дар конфронси матбуотӣ дар Теҳрон ва бо ҳамтои эронии худ, ин мавзӯъро фош кард ва мӯҷиб шуд Арабистон дар мавзеъи заъиф зоҳир шавад.

2) Асабонияти Ирон аз гушоиши равобити Арабистон бо раҳбарони шиъа ва мухолифи Ироқ ва истиқбол аз Муқтадо Садр ва талош барои эҳёи ҳувияти арабии шиъаёни Ироқ ва зинда кардани эҳсосоти носиюнолизми арабӣ дар чорчӯби тарҳи ҷудо кардани онон аз Эрон ва ташкили ҷабҳаи арабии муташаккил аз мухолифони шиъа ва аҳли тасаннуни Ироқ барои маҳори нуфузи Эрон дар Ироқ.

Шояд ҳамин асабонияти Эрон буд, ки мӯҷиб шуд аз ал-Аъраҷӣ бихоҳад рози тамоюли Арабистон ба гуфтугӯ бо Теҳрон бо миёнҷигарии ал-Ибодиро бармало кунад.

3) Баъид нест Омрико, ки Арабистонро ба гушоиши равобит бо раҳбарони шиъаи Ироқ ташвиқ кард, то аз ин тариқ монеъи нуфузи Эрон дар онҷо шавад, талош барои наздик шудани равобити Арабистон бо Эронро мутаваққиф карда бошад, зеро Вошингтун таҳримҳои ҷадиде алайҳи Эрон вазъ карда ва Рикс Тилерсун вазири хориҷаи он низ бори дигар иттиҳомот алайҳи Эронро такрор кард.

4) Муҳаммад бен Салмон ин рӯзҳо бештари масоил аз ҷумла равобит бо кишварҳоро аз зовияи наздикӣ ва ё дур будан аз Қатар арзёбӣ мекунад, ва бар ин асос, шакке нест, ки наздик шудани равобити Эрон бо Дуҳа ва гушудани бандари худ ба рӯйи колоҳои Туркия ва Осиё ва низ Урупо ва шикастани таҳрими Қатар мӯҷиби хашми валиаҳди саудӣ шуд.

Илова бар ин, Арабистон чӣ тавр метавонад дар шароите, ки аз Қатар ба далели наздик шудани равобит бо Теҳрон интиқод дорад, худ ба Теҳрон наздик шавад?

* * *

Бо ин тафосир метавон далели асабонияти ногаҳонии Арабистон аз Эронро мутаваҷҷеҳ шуд ва дарёфт, ки кашмакаш байни ду кишвар чӣ басо дар ҷабҳаҳои мухталиф ба вежа Ироқ дастхуши таниши ҳарчи бештар шавад, зеро Эрон иҷоза нахоҳад дод тарҳи Арабистон мабнӣ бар эҳёи ҳувияти арабии шиъаёни Ироқ, он ҳам ба зарари Теҳрон, ба самар бирасад.

Пас аз Ироқ, ҷанг дар Яман ва бӯҳрон дар Сурия аз дигар ҷабҳаҳое аст, ки эҳтимол дорад саҳнаи шиддати таниш байни Эрон ва Арабистон бошад.

Ба назар мерасад, ин ки ал-Аъраҷӣ дар изҳороти кӯтоҳ ва албатта тавҳиномез изҳороти худ мабнӣ бар тамоюли Арабистон ба миёнҷигарии ал-Ибодӣ бо Теҳронро такзиб кардааст, таҳти фишори ал-Ибодӣ сурат гирифта, ки ин вазъ низ ба навбаи худ баёнгари қуллаи кӯҳи яхест, ки аз умқи дастабандиҳои густарда дар маҳофили ҳокими Ироқ ҳикоят дорад ва чӣ басо ин вазъият дар марҳилаи оянда шиддат ва вахомати бештаре пайдо кунад.

Баъид нест ихтилофи Эрон ва Арабистон, он ҳам пас аз як давраи оромиши нисбӣ, ба навъе бар маросими ҳаҷ таъсир бигузорад ва чӣ басо изҳороти масъулони саудӣ мабнӣ бар ин ки ба ҳоҷиёни эронӣ иҷоза надодаанд ба зиёрати мароқиди Аҳли байт дар Бақеъ бираванд ва чунин таъаҳҳуде ба эрониҳо надодаанд, нишонаи муҳимме дар ин хусус бошад.

Мутаассифона рӯзҳои оянда саросар таниш хоҳад буд ва албатта умедворем маросими ҳаҷҷи имсол бидуни ҳеч мушкиле баргузор шавад ҳарчанд дар ин хусус тардид вуҷуд дорад, аммо умедворам баҷо набошад.

Raialyoum



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: