Ҳамлаи теруристӣ бо худрави Van ба мардум дар Борселун ва кушта шудани 13 нафар

Як худрави Van бо вуруди ногаҳонӣ ба маҳалли тараддуди пиёдаравон дар маркази шаҳри Борселун (Барселона)-и Испониё, даҳҳо нафарро зер гирифт, пулис мегӯяд, ангезаи ин ҳамла “теруристӣ” будааст.

Он тавр, ки Reuters гузориш дода, пулиси вилояти Котолуниё вуқӯи ин ҳодиса ва захмӣ шудани пиёдаравонро таъйид кардааст.

Бар пояи ин гузориш, ронандаи ин Van пас аз зер гирифтани мардум, пиёда ва пинҳон шудааст.

Он тавр, ки дар тасовири мунташиршуда мушаххас аст, худрав мардуми бисёреро зер гирифтааст. Расонаҳо феълан омори 13 кушта ва 20 маҷрӯҳро таъйид кардаанд.

Пулиси Испониё эълом карда, ки ин ҳодиса ба эҳтимоли бисёр қавӣ теруристӣ будааст. Ҳанӯз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин ҳамла теруристиро бар ӯҳда нагирифтааст.

Тибқи ин гузориш, ду марди мусаллаҳ ба як рестурон дар наздикии маҳалли тасодуф ворид шуда ва мардумро ба гаравгон гирифтаанд.

Бархе расонаҳо мегӯянд, ки ин ду мард ҳеч гаравгоне дар ихтиёр надоранд ва дар ин рестурон муҳосира шудаанд. Гуфта мешавад, ки яке аз онҳо як силоҳи баланд дар даст дорад.

Пулиси Борселун таъйид карда, ки ин ду мард ҳамон ронандагони Van будаанд.

Шабакаи хабарии Sky News эълом кард, ки пулиси Испониё яке аз авомили ҳамларо бо зарби гулӯла куштааст. Пулис ҳамчунин гуфта, ки аслан нафари дуввуме дар кор набуда ва ҳамин як нафар, ки кушта шуда, ҳам омили ҳамла бо мошин ва ҳам омили вуруди мусаллаҳона ба рестурон будааст.



Рубрики:Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: