Ислом ва Эронзамин (60)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (23)

Фалсафа ва ҳикмат (2)

Табақаи дуввум

Ин табақа аз ду гурӯҳи мухталиф ташкил мешавад: гурӯҳи шогирдони Кендӣ ва гурӯҳе, ки шогирди Кендӣ набудаанд. Аммо гурӯҳи аввал:

1) Абулаббос Аҳмад ибни ат-Тайиби Сарахсӣ. Бузургтарин шогирди Кендӣ будааст. Дар соли 218 мутаваллид ва дар соли 286 ба дасти Қосим ибни Убайдуллоҳ вазири Мӯътазид ба қатл расидааст. Ибни Абиусайбиъа 54 китоб ва рисола аз ӯ ном мебарад, ки зоҳиран ҳеч кадом дар даст нест, аз ҷумла китоби “Алмасолик вал-мамолик” дар ҷуғрофиё ва шояд аввалин ҷуғрофиёнависи ҷаҳони ислом ӯ бошад. Дигар китобе дар фарқ байни наҳв ва мантиқ, дигар китобе дар ин ки усул ва аркони фалсафа баъзе мубтанӣ бар баъзеи дигар аст, ва дигар китобе дар қавонини омми фанни диалектик (ҷадал).

Ҳонри Курбан менависад: “Ӯ алифбои садодоре ихтироъ кард, ки ба василаи Ҳамзаи Исфаҳонӣ такмил шуд.” Ва ҳам ӯ менависад: “Дар мавриди тасмияҳое, ки дар забони арабӣ барои таъйини равоқиюн ба кор меравад, иттилооти гаронбаҳое ба даст дод, ки бидуни онҳо хотираи равоқиюн дар ривоёти исломӣ андаке дар пардаи ибҳом қарор дошт.

2) Абӯзайд Аҳмад ибни Саҳли Балхӣ. Ҳам адиб буда ва ҳам файласуф. Ибни ан-Надим шарҳи ҳоли ӯро дар радифи удабо ва нависандагон овардааст ва китобҳои фалсафии ӯро низ ҳамонҷо баён кардааст, вале дар зимни аҳволи Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (дар радифи атиббо), ки фалсафаро назди Балхӣ хондааст, мухтасаре дар бораи Ибни Балхӣ тавзеҳ медиҳад бидуни он ки маълум кунад ин ҳамон Абӯзайди Балхӣ аст ё шахси дигар аст ва мегӯяд: “Ман китобҳои зиёде ба хатти Ибни Балхӣ дар улуми бисёре дидаам, ки ҳама сиёҳнавис ва нотамом буд.” Балхӣ илова бар мақоми фалсафӣ, дар адаб аз тирози аввали удабои исломӣ ба шумор рафтааст. Ӯро бо Ҷоҳиз ҳамрадиф мешуморанд ва бархе ӯро бар Ҷоҳиз тарҷеҳ медиҳанд.

Ибни ан-Надим илова бар соири китобҳо, китобҳое аз ӯ ба номҳои “Шароеъул-адён” ва “Назмул-Қуръон” ва “Қавореъул-Қуръон” ва “Ғарибул-Қуръон” ва “Фазоилу Макка”-ро ном бурдааст. Вай дар соли 322 даргузаштааст. Дар “Алфеҳрист”-и Ибни ан-Надим ва “Торихул-ҳукамо”-и Ибни Қифтӣ зикре аз ин ки Балхӣ шогирди Кендӣ буда ба миён наомадааст, вале мутааххирон билиҷмоъ ӯро шогирди Кендӣ донистаанд. Зоҳиран мадраки ҳамаи онҳо “Муъҷамул-удабо”-и Ёқути Ҳамавӣ аст. Аммо агар воқеан соли вафоти Балхӣ 322 бошад, шогирдии ӯ назди Кендӣ бисёр баъид аст, зеро Кендӣ дар ҳудуди соли 258 даргузаштааст ва 64 сол миёни ин ду торих фосила аст; магар ин ки фарз кунем Балхӣ лоақал ҳудуди 100 сол умр кардааст, вале “Муъҷамул-удабо” тасреҳ мекунад, ки вай 87 ё 88 сол умр кард. Пас, агар ӯ дар соли 322 даргузашта бошад, дар вақти фавти Кендӣ 13 ё 14 сол доштааст. Шояд Балхӣ шогирди бовоситаи Кендӣ будааст.

Балхӣ низ эҳтимолан шиъа аст ва ҳам муттаҳам ба куфру илҳод шудааст. Мегӯянд, Абулҳасани Омирӣ, файласуфи маъруф — ки баъд дар борааш сухан хоҳем гуфт — шогирди Балхӣ будааст, вале чунонки баъдан хоҳем гуфт, баъид ба назар мерасад.

3) Абӯмиъшар Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ. Дар ибтидо аз асҳоби ҳадис ва душмани Кендӣ ва маслаки ӯ буд. Кендӣ бо ҳилаву тадбир ӯро ба нуҷум ва риёзӣ алоқаманд сохт ва аз озораш роҳат шуд. Ва бино бар нақли “Алфеҳрист”, дар ҳалқаи шогирдони Кендӣ даромад. Абӯмиъшар беш аз 100 сол умр карда ва дар соли 272 даргузаштааст. Ӯ пеш аз он ки файласуф бошад, муаррих ва мунаҷҷим аст.

Ибни ан-Надим чанд нафар ба номи Ҳасануя ва Нафтуя ва Саламуя ва як нафари дигар ба ҳамин вазн ёд мекунад, ки шогирди Кендӣ будаанд. Мо беш аз он чӣ Ибни ан-Надим зикр карда аз онҳо иттилое надорем. Ин қадр медонем, ки як нафар табиб ба номи Саламуя ибни Бинон муосири Кендист, ки табиби махсуси Муътасим буда ва Ибни ан-Надим ва Ибни Абиусайбиъа ба тафсил дар борааш баҳс кардаанд ва ӯ насронӣ ва сурёнӣ будааст, аммо ин ки ин Саламуя ҳамон аст, ки Ибни ан-Надим ӯро аз шогирдони Кендӣ шумурдааст, намедонем.

Аз ҷумлаи шогирдони Кендӣ марде буда ба номи Дабис Муҳаммад ибни Язид ва Ибни ан-Надим иҷмолан аз ӯ ёд кардааст ва шахси дигаре ба номи Зурнаб, ки Ибни Абиусайбиъа зимни шумориши рисолаҳои Кендӣ мегӯяд: “Рисолатун ило Зурнаб тилмизиҳи фи асрориннуҷум”.

* * *

Аммо гурӯҳи дуввум яъне афроде аз табақаи дуввум, ки шогирди Кендӣ набудаанд, онҳо иборатанд аз:

1) Абӯисҳоқ Иброҳими Қувайрӣ. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” баъд аз зикри Абулаббоси Сарахсӣ, аз Иброҳими Қувайрӣ ёд мекунад ва мегӯяд:

ممن أخذ عنه المنطق وكان مفسّرا

Яъне аз касонест, ки мантиқ аз ӯ омӯхта шудааст ва худ муфассир ва шореҳи калимоти пешиниён будааст. Албатта эҳтимоли ин ҳаст, ки феъли “ахаза” ба сурати маълум хонда шавад, на маҷҳул. Маънии иборат ин хоҳад буд, ки Қувайрӣ низ монанди Абулаббоси Сарахсӣ шогирди Кендӣ буда ва мантиқро аз ӯ омӯхтааст. Вале то кунун надидаем касе ин эҳтимолро дар иборати Ибни ан-Надим дода бошад.

Ибни Абиусайбиъа дар “Уюнул-анбиё” зимни шарҳи ҳоли Форобӣ, ҷараёне аз забони Форобӣ роҷеъ ба кайфияти зуҳури фалсафа дар Юнон ва сипас дар Искандария нақл мекунад ва номи Қувайрӣ дар он ҷараён омадааст.

Форобӣ баъд аз баҳсе дар бораи зуҳур ва нашри фалсафа дар Юнон ва сипас дар Искандария, мегӯяд:

Муқорини зуҳури ислом, таълим аз Искандарияи Миср ба Антокия мунтақил шуд ва муддате гузашт ва кори касодии ҳикмат ба онҷо кашид, ки дар Антокия ҷуз як муаллим вуҷуд надошт. Ду нафар яке аҳли Марв ва дигаре аҳли Ҳаррон аз ӯ ҳикмат омӯхтанд ва аз Антокия берун рафтанд, дар ҳоле, ки як идда китоб бо худ бурданд. Баъд аз он, Иброҳими Марвазӣ ва Юҳанно ибни Ҳайлон назди шахси марвӣ, ва Исроили усқуф ва Иброҳими Қувайрӣ назди шахси ҳарронӣ ба таъаллум пардохтанд. Исроил ва Қувайрӣ ҳар ду ба сӯйи Бағдод раҳсипор шуданд. Исроил ба умури динӣ пардохт ва Қувайрӣ ба кори таълим машғул шуд. Юҳанно ибни Ҳайлон низ ба корҳои динӣ пардохт ва Иброҳими Марвазӣ ба Бағдод омад ва Абӯбашари Матто назди ӯ таҳсил кард.”

Аз сухани Форобӣ пайдост, ки таълиму таъаллум дар ҳавзаи Антокия (ки ҳавзаи насронӣ буда) мунҳасир буда ба мантиқ, он ҳам то охирҳои ашколи вуҷудия. Форобӣ тибқи гуфтаи худаш, мантиқро назди Юҳанно ибни Ҳайлон омӯхтааст ва мегӯяд, ҳаминки кори таълим ба дасти мусалмонон афтод, таҳрими бақияи мантиқ — ки қаблан калисо таҳрим карда буд — лағв шуд.

Масъудӣ дар китоби маъруфи “Аттанбиҳу вал-ишроф” мегӯяд:

Мо дар китоби “Фунунул-маориф ва мо ҷаро фид-дуҳурис-саволиф” гуфтаем ба чӣ сабаб муқорини замони Умар ибни Абдулазиз, таълим аз Искандария ба Антокия мунтақил шуд ва муқорини айёми Мутаввакил аз Антокия ба Ҳаррон мунтақил гашт ва дар замони Мӯътазид (279-289) умури таълим ба дасти Иброҳими Қувайрӣ ва Юҳанно ибни Ҳайлон (вафотёфта дар айёми Муқтадир дар Бағдод) ва Иброҳими Марвазӣ афтод ва баъд аз онҳо мунтаҳӣ шуд ба Абӯаҳмад ибни Курниб ва Абӯбашари Матто ва баъд аз онҳо ба Абӯнасри Форобӣ расид.”

Қувайрӣ бино ба гуфтаи Ибни ан-Надим, устоди Абӯбашари Матто будааст.

2) Абӯяҳё Иброҳими Марвазии собиқуззикр. Ӯ низ устоди Абӯбашари Матто будааст. Ибни ан-Надим мегӯяд, марде фозил ва лекин сурёнӣ буд ва ҳар чӣ дар мантиқ китоб навишта ба луғати сурёнӣ аст.

3) Юҳанно ибни Ҳайлон. Ҳамон аст, ки номаш қаблан дар зайли номи Иброҳими Қувайрӣ бурда шуд ва гуфтем, ки устоди мантиқи Форобӣ будааст. Маълум нест, ки Форобӣ мантиқро дар куҷо назди Юҳанно таҳсил кардааст. Баъзе навиштаанд, ки Форобӣ барои таҳсили мантиқ назди Юҳанно ба Ҳаррон рафт. Ибни Қифтӣ тасреҳ мекунад, ки дар Бағдод будааст. Аз зоҳири сухани Форобӣ — ки қаблан аз “Уюнул-анбиё” нақл кардем — бармеояд, ки Юҳанно ба Бағдод наомадааст.

4) Абулаббос Муҳаммад ибни Муҳаммади Эроншаҳрии Нишопурӣ. Аз ин шахс иттилои саҳеҳе дар даст нест. Абӯрайҳони Берунӣ дар “Ал-осорул-боқия” ва Носири Хусрав дар “Зодул-мусофирин” аз ӯ ёд кардаанд. Гӯянд, бархе ақоиди фалсафии Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар бораи қидами макон ва ҳаюло муттахаз аз ӯст. Ва ҳам мегӯянд, муддаии нубувват ва паёмбарии аҷам будааст. Эроншаҳрӣ маълум нест аз гурӯҳи пайравон ва шогирдони Кендӣ аст ё аз гурӯҳи Қувайрӣ ва Ибни Ҳайлон ва Марвазӣ ва ё худ мустақил аз ҳамаи инҳост ва ба гурӯҳи севвуме вобаста аст.

Аз он чӣ то кунун гуфта шуд, маълум шуд то ҳудуди аввалҳои қарни чаҳорум ду ниҳлаи фалсафӣ вуҷуд доштааст: ниҳлае, ки аз Кендӣ оғоз шудааст, ки шомили таълими мантиқ ва фалсафа ва тибб ва нуҷум ва мусиқӣ ва ғайра будааст ва ниҳлаи ҳаррониҳо, ки зоҳиран дар ибтидо аз мантиқ таҷовуз намекардааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: