Фалсафа ва равиши реализм (110)

Зарурат ва имкон (12)

Идомаи таълиқаи баҳси пешин

Дар хотимаи ин матлаб (матлаби пешин) барои ин ки арзиши афкори моддигароёнро дар ин мавзӯъ равшан кунем, ба як матлаби дигар низ ишора мекунем. Ва он ин ки: фаразан мо бақои иллатро ба ҳамроҳи маълул шарт надонем, оё бақои иллат дар лаҳзаи ҳудуси маълул шарт аст ё ин қадр ҳам лозим нест, балки иллат ҳамвора дар замони ҳудуси маълул маъдум аст, чизе, ки ҳаст замони иллат муттасил аст ба замони маълул, ва лаҳзаи ҳудуси маълул лаҳзаи мавт ва адами иллат аст? Тасаввури моддигароён аз иллату маълул ин аст, ки фақат замони иллат муттасил аст ба замони маълул ва байни онҳо фосилаи замонӣ нест ва дар лаҳзаи ҳудуси маълул, иллат аз байн рафта ва фонӣ шуда.

Дуктур Аронӣ дар ҷузваи “Материализми диалектик” сафҳаи 45 мегӯяд:

Зимнан бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки набояд иллату маълулро ҳамзамон фарз кард. Эскулостик (Schoolastic)-и қуруни вусто мегӯяд, чун нуқтаи замон яъне “он” вуҷуди хориҷӣ надорад, пас мобайни иллату маълул ҳеч “он” фосила нест, яъне ҳамзамон мебошад. Ғалати ин сафсата возеҳ аст. Зеро замон мутаволиян мегузарад ва мумкин аст ду қазия ба дунболи ҳам тавре муттасил бошанд, ки миёни онҳо ҳеч фосилаи замонӣ вуҷуд надошта бошад, вале дар ҳар ҳол шурӯи яке дуруст ҳамон лаҳзаи хатми дигарӣ бошад, мисли ин ки ду хатт мумкин аст ба дунболи ҳам васл шаванд, ки мобайни ибтидои яке ва интиҳои дигаре маконе фосила набошад ва бо вуҷуди ин наметавонем бигӯем, ки ҳар ду хатт як маконро ишғол кардаанд. Эскулостики қуруни вусто қаҳран маҷбур буд, ки ин тавр сафсата кунад, зеро дар баёни мавзӯи шурӯи табиат ба ишкол бармехӯрд.”

Маълум нест, ки дуктур Аронӣ истидлол бар бақои иллат ба ҳамроҳи маълулро аз роҳи вуҷуд надоштан нуқтаи замон (он) аз куҷо пайдо кардааст? Мо мудофеи Эскулостик (Schoolastic)-и қуруни вусто нестем ва мумкин аст воқеан чунин истидлолҳое дар Урупо вуҷуд доштааст — хонандаи мӯҳтарам ба тарзи фикр ва тарзи истидлоли махсуси мо дар ин мавзӯъ ошно шуд — вале ин қадр маълум аст, ки муддаои дуктур Аронӣ дар мавриди адами бақои иллат дар лаҳзаи ҳудуси маълул ба дараҷоте аз истидлоли мактаби Эскулостик сахифтар аст. Дуктур Аронӣ ночор аст ин тавр назария бидиҳад, зеро ҳамин қадр, ки қоил бишавад, ки вуҷуди иллат (ҳарчанд фақат дар лаҳзаи ҳудуси маълул) ба ҳамроҳи маълул лозим аст, маҷбур аст, ки ба вуҷуди ҷаҳони дигаре, ки боқӣ ва доимист иқрор кунад, чунонки ба тадриҷ равшан хоҳад шуд.

* * *

Дар инҷо лозим аст ба пайравии матн дар бораи як масъалаи муҳимми дигар, ки дар матн ишора шуда ва аз масоили гузашта истинтоҷ шуда тавзеҳоти лозимро бидиҳем. Он масъала иборат аст аз “бутлони тасалсули иллатҳо”, ки дар ҳамаи улум ва ба хусус дар фалсафа зиёд мавриди истеъмол дорад.

Аз он чӣ то кунун таҳқиқ шуд маълум шуд, ки: низоми мавҷудот низоми вуҷубӣ ва зарурист ва ин вуҷуб ва зарурат яке аз он ҷо ношӣ шуда, ки ин низом низоми “вуҷудот” аст, на низоми “моҳиятҳо” ва вуҷуд мусовӣ бо зарурат аст. Ва дигар аз ин роҳ, ки ин низом низоми иллӣ ва маълулист ва иллат ҳамон тавре, ки вуҷуддиҳанда ба маълул аст, заруратдиҳандаи вай низ ҳаст. Яъне маълул вуҷуд ва зарурати хешро аз ноҳияи иллат касб мекунад ва то иллат вуҷуд ва зарурат надошта бошад, наметавонад вуҷуддиҳанда ва заруратдиҳанда ба маълул бошад. Ва зимнан маълум шуд, ки маълул ҳудусан ва бақоан вуҷуди хеш ва зарурати хешро аз ноҳияи иллат касб мекунад.

Натиҷа чунин гирифта мешавад, ки вуҷудоте, ки ба сурати “ҳодиса” акнун дар ин ҷаҳон ҳастанд ва мо вуҷуди онҳоро биловосита идрок мекунем, дорои зарурати вуҷуданд ва вуҷуд ва зарурати вуҷуди хешро аз ноҳияи иллатҳои мавҷуд ва зарурӣ, ки ҳамроҳи онҳо ҳастанд касб мекунанд.

Дар инҷо ду суол пеш меояд: яке ин ки он иллатҳои вуҷуддиҳанда ва заруратдиҳанда чӣ ҳоле доранд? Оё он иллатҳо вуҷуд ва зарурати вуҷуди хешро аз хориҷ касб накардаанд, яъне ҳувиятҳое қоим ба зот мебошанд, ё он ки он иллатҳо низ вуҷуд ва зарурати хешро аз ноҳияи иллатҳои дигаре касб кардаанд? Ва бар фарзи сонӣ, оё силсилаи ин иллатҳо мутаноҳист ё ғайримутаноҳӣ? Суоли дуввум: бино бар ҳар як аз ду фарзи боло, яъне чӣ ин ки силсилаи иллатҳоро мутаноҳӣ бидонем ва чӣ ғайримутаноҳӣ, оё тамоми риштаҳо ва силсилаҳои иллӣ ва маълулӣ ба як силсилаи ғайримутаноҳӣ ё ба як ҳувияти мустақилли қоим ба зот мунтаҳӣ мешавад ё ин ки ба силсилаҳои ғайримутаноҳӣ ё ба ҳувиятҳои мустақилли қоим ба зот мунтаҳӣ мешавад? Суоли аввал ҳамон аст, ки мӯҷиби тарҳи масъалаи “тасалсули иллатҳо” шудааст. Ҳукамо бурҳонҳои зиёде бар бутлони тасалсули иллатҳо иқома кардаанд. Аз давраи Юнони бостон бурҳонҳое бар бутлони тасалсул нақл шуда. Ҳукамои исломӣ аз қабили Форобӣ ва Ибни Сино ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва Мирдомод ва Садрулмутааллиҳин ҳар як бурҳоне бар бутлони тасалсули иллатҳо иқома кардаанд ва ё лоақал такмил ва ислоҳе дар бурҳонҳои иқомашуда аз тарафи дигарон ба амал овардаанд. Дар атрофи ҳар як аз он бурҳонҳо баҳсу интиқодҳои зиёде шуда ва лузуме надорад мо вориди он баҳсу интиқодҳо бишавем. Дар инҷо ба зикри як бурҳон, ки бо матолиби ин мақола иртиботи наздик дорад ва аз назари мо беҳтарин бурҳон аст бар бутлони тасалсули иллатҳо, қаноат мекунем.

Беҳтарин бурҳон бар имтиноъи тасалсули иллатҳо, бурҳонест, ки аз роҳи зарурати низоми мавҷудот иқома мешавад. Ин роҳ ҳамон аст, ки аввалин бор муҳаққиқ Хоҷа Насируддини Тӯcӣ аз он ворид шуда ва ба рӯи дигарон боз кардааст. Баёни мухтасари матн низ ишора ба ҳамин роҳ аст. Мо дар инҷо саъй мекунем он бурҳонро бо соддатарин ваҷҳе тақрир кунем, ба ин баён:

Низоми мавҷудот низоми иллӣ ва маълулӣ ва низоми зарурист ва ҳар маълуле зарурати хешро аз ноҳияи иллати худ касб карда. Ҳоло ё ин аст, ки дар воқеъ ва нафсуламр, ин низоми зарурии иллӣ ва маълулӣ яксара аз заруратҳои билғайр таълиф ёфтааст, яъне силсилаи иллатҳо ва маълулот, ғайримутаноҳист ва ҳар иллате ба навбаи худ маълули иллате аст ва ҳамин тавр… Ва ё ин ки ин низом аз заруратҳои билғайр ва зарурати биззот таълиф ёфтааст, яъне тамоми вуҷудот ва зарурот ҳама мунтаҳӣ ба мавҷудест, ки қоими биззот ва комили биззот ва зарурии биззот аст ва аз лиҳози шиддат ва тамомият, ғайримутаноҳист ва ӯ ба манзилаи асоси ҳамаи ҳастиҳо ва манбаъ ва сарчашмаи ҳамаи вуҷудҳо ва вуҷубҳо ва заруратҳо бо назму тартиби муайян аст.

Бино бар фарзи аввал, ин низом қобили тавҷеҳ нест, зеро агар маълули хоссеро дар назар бигирем ва бихоҳем бидонем чаро ин шайъ зарурат ёфта ва мавҷуд шуда, мумкин аст ибтидо ин тавр фарз кунем, ки иллаташ мавҷуд ва зарурӣ буда ва бо фарзи вуҷуди иллат, вуҷуди ин шайъ зарурӣ ва ғайриқобили тахаллуф буда. Вале думартиба суоле барои мо пайдо мешавад, ки чаро иллати вай вуҷуд пайдо карда, яъне чаро маълули мавриди назар аз роҳи маъдум будани иллаташ маъдум нашуда? Боз мумкин аст бигӯем, ки чун иллати ин иллат мавҷуд буда ва бо фарзи вуҷуди иллати ин иллат вуҷуди ин иллат низ зарурӣ ва ғайриқобили инфикок буда.

Барои мартибаи севвум ин суол пеш меояд, ки чаро маълули мавриди назари мо аз роҳи инъидоми иллати иллаташ маъдум нашуда? Ва албатта назири ҷавобҳои боло ҷавобе хоҳад дошт. Вале агар аз ақл бипурсем, ки чаро маълули мавриди назар аз роҳи инъидоми тамоми ин силсилаи ғайримутаноҳӣ маъдум нашуда ва чаро адами маҳз ба ҷойи ин силсила дар кор нест, дар ин сурат барои ақл посухе боқӣ намемонад. Ба иборати дигар, маълули мавриди назари мо ҳангоме вуҷуд пайдо мекунад, ки зарурат дошта бошад ва ҳангоме зарурати вуҷуд пайдо мекунад, ки ҷамиъи имконоти адами вай аз байн рафта бошад. Аз ҷумлаи имконоти адами вай иборат аст аз адами вай ба воситаи маъдум будани тамоми ин силсила. Албатта агар ин силсила аз зарурати зотӣ ва зарурати ғайрӣ таълиф ёфта бошад, адами ин силсила маҳол аст. Яъне маълули мавриди назари мо аз роҳи инъидоми тамоми силсила, имкони адам надорад, зеро адами ин силсила мусталзими адами воқеияте аст, ки зарурии биззот ва мумтанъеуладами биззот аст, ва он воқеият ҳеч гуна имкони адам надорад. Ва чун он воқеият мавҷуд аст, лозимаи вуҷуд ва зарурати вуҷуди вай, вуҷуд ва зарурати тамоми оҳоди силсила бо тартибу низоми муайян аст. Ва аммо агар фарз кунем ин силсила аз заруратҳои билғайри ғайримутаноҳӣ таълиф ёфта бошад, адами ин силсила аз роҳи инъидоми ҷамиъи оҳоди ин силсила маҳол нест, пас зимнан адами маълули мавриди назари мо низ маҳол нест, пас он маълул низ зарурат наёфта, пас наметавонад мавҷуд бошад.

Ба таъбири дигар: низоми мавҷудот низоми муҳаққақ аст ва чун муҳаққақ аст зарурӣ аст ва имкони адам надорад, яъне маҳол аст, ки аслан ин низоми мавҷуд набуд ва адами маҳз ба ҷойи он ҳукмфармо буд. Ҳоло, ки ин низом низоми муҳаққақ ва зарурист агар зарурати биззот дар ин низом вуҷуд дошта бошад, таҳаққуқи ин низом ва зарурати ин низом қобили тавҷеҳ аст, зеро иллати ин ки ин низом мавҷуд ва зарурист ин аст, ки дар ин низом воқеияте ҳаст, ки адам зотан бар вай маҳол аст ва аз ноҳияи он воқеияти зарурӣ ва мумтанъеуладам, ки онро “иллатул-илал” мехонем, зарурат ва имтиноъи адам ба соири ашё, ки адам зотан бар онҳо маҳол нест расидааст. Вале агар зарурати биззоте дар ин низом набошад, таҳаққуқи ин низом ва зарурати он қобили тавҷеҳ нест, зеро нисбати ин ки ин низом мавҷуд бошад бо ин ки мавҷуд набошад, мутасовист. Ва ба иборати дигар, ҳар воҳиде аз оҳоди ин низом (билоистисно) нисбати мавҷуд будани он (аз роҳи вуҷуди силсилаи иллатҳои ғайримутаноҳӣ) ва маъдум будани он (аз роҳи инъидоми ҷамиъи силсила) мутасовист, пас маншае барои зарурати ин низом ва ҳамчунин таҳаққуқи ин низом дар кор нест.

Бинобар ин, ба таври қатъ ва ҷазм ҷаҳони иллату маълул бояд муттакӣ ба иллати биззот ё иллатҳои биззот бошад. Аммо ин ки оё тамоми риштаҳои иллӣ ва маълулӣ мунтаҳӣ ба як иллати биззот ва як воҷибулвуҷуди биззот аст ё ин ки монеъе надорад, ки иллатҳои биззот ва воҷибулвуҷудҳои биззот дар кор бошад, ва ба иборати дигар, оё асос ва мабдаъ ва манбаъ ва сарчашмаи кулл, якест ё монеъе надорад, ки мутааддид бошад? Ва бино бар ҳар як аз ин ду фарз, оё ин иллати биззот ё иллатҳои биззот аз синхи модда аст ё муҷаррад аз модда аст? Матолибе аст, ки посухи суоли дуввуми моро медиҳад ва худ баҳси бисёр муфассал ва тӯлонист ва мақолаи 14, ки дар “илоҳиёт” баҳс мекунад, мутакаффили ин матолиб аст.

Дар хотима ёдоварӣ мекунем, ки мавзӯи баҳс дар “тасалсули иллатҳо” дар дараҷаи аввал иллатҳои фоъилӣ аст ва аммо ин ки тасалсули иллатҳо дар иллатҳои ғоӣ ё иллатҳои сурӣ ва иллатҳои моддӣ мумтанеъ аст ё мумтанеъ нест, баҳси дигарест, ки хориҷ аз мавзӯи баҳси ҳозири мост ва лозим ба тазаккур нест, ки шароит ва муъиддот яъне мароҳили вуҷуди шайъ, ки аҳёнан ба номи “иллатҳои эъдодӣ” низ хонда мешавад, аз мавзӯи баҳс ва мавриди бурҳонҳои тасалсули иллатҳо ба куллӣ хориҷ аст. Зеро чунонки дидем, бурҳонҳои бутлони тасалсули иллатҳо дар мавриди иллатҳое аст, ки воҷиб аст ҳамроҳ вуҷуди маълул мавҷуд бошад, аммо шароит ва муъиддот, ки маҷории вуҷуди шайъ бояд шумурда шаванд, на иллатҳои вуҷуддиҳандаи вай, лузуме надорад, ки ҳамроҳи вуҷуди маълул мавҷуд бошанд, балки бояд тақаддуми замонӣ бар вуҷуди он шайъ дошта бошанд. Бинобар ин, набояд чунин таваҳҳум кард, ки лозимаи бутлони тасалсули иллатҳо ин аст, ки силсилаи шароит ва муъиддот мутаноҳист, яъне ҳаводиси замонӣ, ки дахолат дар вуҷуди шайъ доранд мутаноҳист ва дар натиҷа замон ва ҳаводиси замонӣ мутаноҳӣ аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: