ҲНИТ ҳамлаҳои теруристии Борселунро маҳкум кард

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо интишори баёнияе, ҳамлаҳои теруристии ахир дар маҳаллаи гардишгарӣ ва пуриздиҳом дар маркази шаҳри Борселуни Испониёро, ки мунҷар ба кушта шудани 13 нафар ва захмӣ шудани даҳҳо тани дигар шуд, шадидан маҳкум намуда, таслият ва ҳамдардии хешро ба давлат ва миллати Испониё иброз дошт.

Ба гузориши сойти ҲНИТ, дар ин баёния омадааст: “Ин ҷинояти хунин ва амали теруристӣ муғойир ба омӯзаҳои дини ислом ва арзишҳои инсонӣ буда, теруристҳо бо ин корашон мехоҳанд таҳаммулпазириву дигарпазирӣ ва ҳамзистии мусолиматомези ҷомеаи Испониёро халалдор кунанд, аммо онҳо ҳеч гоҳ ба аҳдофи шуми худ нахоҳанд расид.”

Баёния афзудааст: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин вақти душвор дар канори миллат ва давлати Испониё буда, барои хонаводаҳо ва бозмондагони қурбониёни ин ҳамла сабру бурдборӣ ва барои маҷруҳин шифои оҷилу комилро таманно дорад.”

Гуфтанист, рӯзи 17-уми август дар ҳамлаи як худрави Van ба пиёдагардҳо дар шаҳри Борселуни Испониё, 13 нафар кушта ва 100 маҷрӯҳ шуданд. Ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, пулиси Испониё мегӯяд, ки ронанда ин худрав фирор кард ва ҷустуҷӯи ӯ идома дорад. Расонаҳои Испониё гуфтаанд, дар ҳамлаи дуввум як мошин ба пиёдаравҳо дар шаҳри Камбрилс, ҳаддиақал ҳафт нафар захмӣ шуда ва ҳоли ду нафари онҳо вахим аст.

Бар пояи гузориши Озодӣ, мақомоти Испониё ҳамчунин субҳи ҷумъа аз кушта шудани чаҳор ҳамлакунанда ва захмӣ шудани як нафари дигар дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамла бо ҳамлаи дуввум дар Камбрилс рабт дорад. Камбрилс дар ҷануби Борселун воқеъ аст.

Ба гузориши расонаҳои Испониё, ин афрод қасд доштанд чанд соат пас аз ҳамла дар Борселун, ба мардум дар шаҳри Камбрилс ҳамла кунанд. Пулис мегӯяд, эҳтимолан ин афрод камарбандҳои интиҳорӣ доштанд.

Бар пояи ин гузориш, ДОЪИШ чанд дақиқа пас аз эълони шахсияти яке аз гумонбаршудаҳои ҳамлаи теруристӣ дар Борселун аз сӯи пулиси Испониё, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт. Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, шабакаи хабарии “Аъмоқ” вобаста ба гурӯҳи ДОЪИШ эълом кардааст, “омилони ҳамлаи Борселун сарбозони гурӯҳи ДОЪИШ буданд, ки ин амалиётро дар посух ба ҳамлаҳои эътилофи байналмилалӣ, анҷом доданд.”

Акс мутаъаллиқ ба Радиои Озодӣ

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: