“Бештар кор кардем, то ин ки муваффақият ба як фарҳанг табдил шуд”

Муҳаммад ибни Рошид Оли Мактум, ноиби раис ва раиси ҳайъати вазирони Амороти Арабии Муттаҳида гуфт, рози муваффақияти Дубай ва Аморот “табдили донистаҳо ба амал” аст.

Муҳаммад ибни Рошид рӯзи ҷумъа дар паёми твиттерӣ навишт: “Хелеҳо аз ман дар бораи рози муваффақияти Дубай ва Аморот суол мекунанд. Дар ҷавоб мегӯям, ҳеч розе дар кор нест; мо чизе бештар аз дигарон намедонем ва донише дар ихтиёр надорем, ки пешиниён аз он бебаҳра буда бошанд.”

Ибни Рошид афзуд: “Танҳо коре, ки кардаем, табдили донистаҳои худ ва дониши перомунамон ба амал будааст. Бештар кор кардем, то ин ки муваффақият ба як фарҳанг табдил шуд… Муваффақияти миллатҳо дар гарави ниҳодина кардани фарҳанги муваффақият аст.”

Гуфтанист, Амороти Арабии Муттаҳида дар даҳаҳои ахир тавсиъаи фаровонеро таҷриба карда ва дар соли 2017 ба листи даҳ кишвари муҳим дар гузориши “Китоби солонаи рақобатпазирии ҷаҳонӣ” ворид шудааст.

Ин кишвар ҳамчунин дар садри гузориши ҷаҳонии беҳтарин тасмимгириҳои давлатӣ ва инъитофи сиёсатҳои давлатӣ ҷой дорад.

Аморот дар ҷойгоҳи панҷуми беҳтарин амалкарди иқтисодӣ ҳам қарор дорад.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: