Ислом ва Эронзамин (61)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши севвум

Хадамоти Эрон ба ислом (24)

Фалсафа ва ҳикмат (3)

Табақаи севвум (аз Розӣ то Форобӣ)

Дар ин табақа панҷ нафар қобили зикранд:

1) Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, ки ба “Ҷолинусул-араб” иштиҳор ёфтааст. Бештари шӯҳрат ва ҳам тахассуси вай дар тибб аст. Дар ин фанн аз тирози аввали торих шумурда мешавад. Бархе ӯро дар тибби амалӣ ва таҷрибӣ, бар Бӯалӣ тарҷеҳ додаанд. Дар соли 251 мутаваллид шуда ва дар соли 313 даргузаштааст. Қаблан гуфтем, ки Ибни ан-Надим ӯро шогирди Балхӣ шумурдааст ва эҳтимолан ин Балхӣ ҳамон Абӯзайди Балхӣ шогирди Кендӣ аст. Бинобар ин, Розӣ шогирди шогирди Кендӣ аст. Қароини дигаре ба даст омада, ки таъйид мекунад устоди Розӣ ҳамон Абӯзайди Балхӣ аст.

Абӯзайд дар соли 243 ё 244 мутаваллид шуд ва аз шогирди худ (Розӣ), ки дар 251 мутаваллид шудааст, 7 ё 8 сол бузургтар будааст, ва албатта ин баъид нест, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Розӣ дар бузургсолӣ ба таҳсил иштиғол пайдо кардааст. Абӯзайд 9 сол ҳам баъд аз шогирди худ зинда будааст. Устоди дигари Розӣ Абулаббоси Эроншаҳрист, ки қаблан ном бурдем ва иттилои дурусте аз ӯ дар даст нест.

Розӣ ақоиди фалсафии хосс дорад, ба фалсафаи арастуии замони хеш таслим набудааст. Дар боби таркиби ҷисм қоил ба “аҷзоъи зарраӣ” будааст. Ақидаи хоссе дар боби “қудамои хамса” доштааст, ки маъруф аст ва каму беш дар китобҳои фалсафа матраҳ аст. Ақоиди фалсафии Розиро дар боби “қудамои хамса” Форобӣ, Абулҳусайн Шаҳиди Балхӣ, Алӣ ибни Ризвони Мисрӣ, Ибни Ҳайсами Басрӣ рад кардаанд.

Дар феҳристи китобҳои Розӣ, китобе “Фин-нубуввот” омада, ки дигарон ба таъну истеҳзо номи онро “Нақзул-адён” ниҳодаанд. Ва китоби дигаре ба номи “Фи ҳиялил-мутанаббиъин”, ки дигарон ба таън номи онро “Махориқул-анбиё” гузоштаанд. Ин китобҳо дар даст нест, вале мутакаллимини исмоилӣ аз қабили Абӯҳотами Розӣ ва Носири Хусрав (ва шояд манқул аз Абӯҳотам) дар китобҳои худ ба нақли қавл аз Розӣ матолибе оварда мабнӣ бар ин ки ӯ мункири нубувватҳо будааст. Ҳарчанд Абӯҳотам номи Розиро набурдааст ва аз ӯ бо калимаи “Мулҳид” ёд кардааст, вале мусаллам аст, ки манзури ӯ Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ аст.

Назар ба ин ки он китобҳо дар даст нест, наметавон изҳори назари қатъӣ кард, вале аз маҷмӯи қароин метавон ба даст овард, ки Розӣ мункири нубувватҳо набуда ва бо “мутанаббъин” (муддаъиёни дурӯғини нубувват) дар ситеза будааст. Мубоҳисоти Розӣ бо Абӯҳотами исмоилӣ дар манзили яке аз бузургони Рай дар ҳузури акобир ва бузургони шаҳр ва ало руъусил-ашҳод маҳол аст, ки дар заминаи ибтоли нубувватҳо бошад ва Розӣ сареҳан ва аланан ҳамаи нубувватҳоро такзиб кунад ва ҳамаи мазоҳибро ботил бидонад ва дар ниҳояти эҳтиром ҳам зист намояд. Ин ки бархе иддао мекунанд, ки Абӯрайҳони Берунӣ китобе ба номи “Нақзул-адён” ва китобе ба номи “Махориқул-анбиё” ба Розӣ нисбат додааст, ба ҳеч ваҷҳ саҳеҳ нест. Абӯрайҳон яке аз он китобҳоро “Фин-нубуввот” ва дигареро “Фи ҳиялил-мутанаббиъин” мехонад ва ба дунболи номи ҳар кадом калимаи “юддаъо” (иддао мешавад)-ро изофа мекунад ва мерасонад, ки ин номро дигарон додаанд. Ибни Абиусайбиъа зимни ин ки нисбати чунин китоберо ба Розӣ инкор мекунад, эҳтимол медиҳад, ки бархе “ашрор” ин китобро сохта ва аз рӯи душманӣ ба Розӣ нисбат дода бошанд ва тасреҳ мекунад, ки номи “Махориқул-анбиё”-ро душманони Розӣ назири Алӣ ибни Ризвони Мисрӣ ба ин китоб додаанд, на худи Розӣ. Аз сухани Ибни Абиусайбиъа пайдост, ки китоби нубувватҳо ва китоби “Ҳиялул-мутанаббиъин” ғайри ин китобест, ки ин ном ба он дода шудааст, ва он ду китоб вазъи равшане дорад.

Ба илова, Розӣ сахт пойбанд ба тавҳид ва маъод ва асолат ва бақои руҳ аст. Китобе дорад “Фи анна лил-инсони холиқан мутқинан ҳакиман” (Дар ин ки инсон офаридгоре мутқин ва ҳаким дорад) ва китобе дорад дар радди Сисани санавӣ (рад бар Монавият) ва рисолае “Ило Алӣ ибни Шаҳид ал-Балхӣ фи тасбитил-маъод”  (Рисолае ба Алӣ ибни Шаҳиди Балхӣ дар ин исботи маъод) ва назараш дар он китоб — ҳамчунонки Ибни Абиусайбиъа мегӯяд — нақди назарияи мункирони маъод аст. Ва китобе “Фи аннан-нафса лайса би ҷисмин” (Рисолае дар ин мавзӯъ, ки нафс ҷисм нест). Чӣ гуна мумкин аст касе ҳамаи усули мабдау маъод ва руҳу нафсро пазируфта бошад ва мункири нубувватҳо ва шаройеъ бошад?! Ба илова, ӯ китобе дорад “Фи осорил-имомил-фозилил-маъсум” (Дар осори имоми фозили маъсум), ки ба эҳтимоли қавӣ бар тибқи мазоқи шиъа дар имомат навиштааст. Ва китобе дорад ба номи “Аннақз ълал-киёли фил-имома” ва китобе ба номи “Китобул-имом вал-маъмумил-муҳиққайн”, ва ҳама мерасонад, ки андешаи имомат фикри ӯро машғул медоштааст. Бадеҳист касе, ки мункири шаройеъ ва нубувватҳо бошад, дар бораи имомат ҳассосияте надорад.

Баъид нест ҳамчунонки баъзе гуфтаанд, Розӣ то ҳудуде тарзи тафаккури шиъии имомӣ доштааст ва ҳамаи муфаккироне, ки ин гуна тарзи тафаккур доштаанд, аз тарафи душманони шиъаи имомия муттаҳам ба куфру зандақа мешуданд.

Гузашта аз ҳамаи инҳо, истидлоле, ки аз Розӣ дар инкори нубувват нақл шуда, он қадр суст ва заъиф аст, ки аз муфаккире монанди Розӣ бисёр баъид аст, аз қабили ин ки агар мебоист мардум ҳидоят шаванд, чаро ҳамаи мардум паёмбар нестанд?!

Он чӣ метавон гуфт ин аст, ки Розӣ иштибоҳот ва инҳирофоте доштааст, вале на дар ҳадди инкори нубувватҳо ва шаройеъ. Душманони ӯ, ки суханони ӯро нақл кардаанд, ба ӯ чунин чеҳрае додаанд ва асли сухани Розӣ ҳам, ки дар даст нест. Мо дар асри худ китобҳое дидаем, ки холӣ аз иштибоҳот ва инҳирофоте нестанд, вале мухолифони он китобҳо чунон чеҳрае ба он китобҳо додаанд, ки агар касе асли он китобҳоро надида бошад, бовар намекунад, ки ин рисолот ва мақолот дар радди чунон китобе бошад.

Розӣ ду даста мухолиф доштааст: мухолифоне, ки бар орои фалсафии ӯ рад навиштаанд, монанди Форобӣ ва Шаҳиди Балхӣ ва Ибни Ҳайсам ва баъзе дигар. Ва мухолифоне, ки бар орои мазҳабии ӯ рад навиштаанд. Танҳо ин гурӯҳ, ки ҳамон исмоилиёнанд ва торих худи онҳоро “малоҳида” мехонад, чеҳраи “илҳод” ба Розӣ дар торих додаанд ва дигаронро ҳам то ҳадде таҳти таъсир қарор додаанд. Ахиран малоҳидаи асри мо ба наҳви дигар дар таъйиди малоҳидаи исмоилӣ чеҳраи илҳодӣ ба Розӣ медиҳанд, вале на ба манзури билотавҷеҳ сохтани Розӣ, балки ба манзури тавҷеҳ кардани худашон.

Матлаби дигар, ки бояд ногуфта намонад ин аст, ки Розӣ алорағми нубуғу тахассус дар тибб, дар андешаҳои фалсафӣ тавоно набудааст. Метавон ба Ибни Сино ҳақ дод, ки дар посух ба пурсишҳои Абӯрайҳони Берунӣ, Розиро

المتكلف الفضولي المتكلم بما لا يعنيه

(Мутакаллифи фузулии гӯяндаи он чи бемаънист) мехонад.

2) Абулҳусайн Шаҳид ибни ал-Ҳусайн ал-Балхӣ. Ҳам ҳаким буд ва ҳам шоир. Ба арабӣ ва форсӣ шеър месуруда ва аз қадимитарин шоирони забони форсӣ ба шумор меояд.

Ибни ан-Надим гӯӣ Шаҳид Балхиро дуруст намешинохтааст, зеро ӯро таҳти унвони

رجل يعرف بشهيد بن الحسين ويكنى أبا الحسن

(Касе, ки ба Шаҳид ибни Ҳусайн маруф аст ва кунияаш Абулҳасан аст) ёд мекунад. Баъд ҷумлае дорад, ки зоҳир ин аст, ки мехоҳад бигӯяд, вай шогирди Абӯзайди Балхӣ будааст, агарчӣ то кунун надидаем касе ин эҳтимолро дар гуфтаи Ибни ан-Надим дода бошад. Ибни ан-Надим мегӯяд, ин мард (Шаҳид) китобҳо тасниф карда ва байни ӯ ва Розӣ мунозироте будааст.

Шаҳид, ҳам назарияи Розиро дар масъалаи “лаззат” — ки дар китобҳои фалсафа мисли “Асфор” ва ғайра матраҳ аст — рад кардааст ва ҳам назарияи маъруфи ӯро дар боби “қудамои хамса”. Шаҳид дар соли 325 даргузаштааст.

3) Абӯаҳмад Ҳусайн ибни Абулҳусайн Исҳоқ ибни Иброҳим ибни Зайд ибни Котиб маъруф ба Ибни Курниб, аз фузалои мутакаллимини исломӣ ва аз ҳукамои табиӣ (дар муқобили ҳукамои риёзӣ) будааст, баръакси бародараш Абулҳусайн ибни Курниб ва бародарзодааш Абулъало ибн Абилҳусайн, ки аҳли риёзиёт будаанд ва Ибни ан-Надим номи онҳоро дар радифи риёзидонон овардааст. Абӯаҳмад ибни Курниб ҳам мутакаллим буда ва ҳам файласуф ва ҳам табиб. Мутобиқи он чӣ дар “Номаи донишварон” омада дар ҳар ду қисмат (калом ва фалсафа) тадрис мекарда ва шогирдон ва таломизае дошта ва шахсияти мумтозе ба шумор мерафтааст. Ибни ан-Надим мегӯяд: “Дар ниҳояти фазлу маърифат ва вуруд дар улуми табиии қадим буд.” Айни иборати Ибни ан-Надим, дар “Торихул-ҳукамо”-и Ибни Қифтӣ ва “Уюнул-анбиё”-и Ибни Абиусайбиъа такрор шудааст. Вале Масъудӣ — чунонки дидем — ӯро ҳамтабақаи Абӯбашари Матто ва дар табақаи баъд аз Қувайрӣ ва Марвазӣ шумурдааст. Баъид нест, ки назди онҳо таҳсил карда бошад, ҳарчанд гуфта мешавад Абӯбашари Матто назди Ибни Курниб таҳсил кардааст. Торихи вилодат ва вафоти Ибни Курниб ва ҳамчунин асотиди ӯ ва шогирдони ӯ дақиқан маълум нест, аз ин рӯ мӯҳтамал аст, ки аз табақаи дуввум ба шумор ояд.

Китобе, ки аз ӯ ёд мешавад китобест дар радди Собит ибни Қурра дар масъалаи фалсафии маъруф, ки ҳамакнун низ дар китобҳои фалсафа тарҳ мешавад, ва он “лузум ё адами лузуми тахаллули сукун миёни ду ҳаракати мутазодд” аст. Дар “Торихул-ҳукамо”-и Ибни Қифтӣ ва “Уюнул-анбиё”-и Ибни Абиусайбиъа ва ба табаъи онҳо дар “Номаи донишварон” “ҳаракатайни мутасовиятайн” забт кардаанд, ки албатта ғалат аст. Саҳеҳ ҳамон аст, ки дар “Алфеҳрист” омадааст: “ҳаракатайни мутазоддатайн”.

4) Абӯбашар Матто ибни Юнус (Юнон)-и Насронии Мантиқии Бағдодӣ. Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” мегӯяд, юнонӣ аст ва аҳли Дирқнӣ. Дирқнӣ мутобиқи он чӣ дар “Номаи донишварон” менависад, ҳамон Дайри Марморӣ аст, ки “Ускул Марморӣ” (мадрасаи Марморӣ) ҳам хонда мешавад ва дар наздики Бағдод аст. Ибни ан-Надим мегӯяд: риёсати мантиқийин дар асри худаш ба ӯ мунтаҳӣ шуд, ва ҳам ӯ мегӯяд, ки Абӯбашар назди Иброҳими Қувайрӣ ва Абиаҳмад ибни Курниб ва ду нафари дигар ба номи Дуфил (Руфил — Рубил) ва Бенёмин таҳсил кардааст. Қаблан нақл кардем, ки вай назди Яҳёи Марвазӣ низ таҳсил кардааст. Ибни Абиусайбиъа дар зимни шарҳи ҳоли Форобӣ мегӯяд: “Абӯбашари Матто “Исоғуҷӣ”-ро назди як насронӣ (зоҳиран ҳамон Бенёмин, ки “Алфеҳрист” ном бурдааст), ва “Қотиғуриё” (Мақулот)-ро назди Рубил ва “Қиёс”-ро назди Абӯяҳёи Марвазӣ омӯхт.”

Абӯбашар, ҳам мутарҷим буд ва ҳам файласуф, вале дар ҳақиқат мантиқӣ буда, на файласуф ба истилоҳи асри мо. Китобҳои мантиқии ӯ ва шуруҳи ӯ бар китобҳои мантиқии Арасту мадори тадрису таълиму таъаллуми муҳассилин будааст. Абӯбашари Матто мутобиқи он чӣ Ибни Қифтӣ навиштааст, дар солҳои миёни 320 ва 330 зинда будааст. Ибни Абиусайбиъа менависад, ки дар соли 328 даргузаштааст. Ин ки дар “Номаи донишварон” менависад, вафоти Абӯбашар дар соли 308 будааст, алаззоҳир ғалати нусха аст.

5) Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархони Форобӣ. Ӯ бениёз аз муаррифӣ аст. Ба ҳақ ӯро “Муаллими сонӣ” ва “Файласуфул-муслимин мин ғайри мудофеъ” лақаб додаанд. Аҳли Туркистон аст. Маълум нест, ки эронинажод аст ё туркнажод. Ҳам забони туркӣ медониста ва ҳам забони форсӣ, вале то охир дар ҷома ва зийи туркон мезистааст. Марде буда фавқулъода қонеъ ва озодманиш, ғолибан канори наҳрҳо ва ҷӯйборҳо ва ё гулзорҳо ва боғистонҳо сукно мегузид ва шогирдон ҳамонҷо аз маҳзараш истифода мекарданд. Навоқиси кори Кендиро дар мантиқ такмил кард.

Гӯянд, “фанни таҳлил ва анҳои таълимияи мантиқ”-ро, ки то он вақт дар ихтиёри касе набуд ва ё тарҷума нашуда буд, Форобӣ ба ибтикори худ афзуд, ва ҳамчунин “синоъоти хамса” ва мавориди истифода аз ҳар санъатро ӯ мушаххас сохт. Форобӣ аз афродест, ки азаматаш аз ӯ шахсияти афсонаӣ сохтааст то он ҷо, ки иддао кардаанд, ӯ ҳафтод забон медониста. Ӯ аз афроди худсохта аст.

Устоди қобили таваҷҷӯҳе надидааст. Устоди ӯ Юҳанно ибни Ҳайлон буда. Мантиқро назди ӯ омӯхтааст. Мутааххирин умуман менависанд, ки ӯ ибтидо дар Бағдод назди Абӯбашари Матто таҳсил кард ва сипас ба Ҳаррон рафт ва назди Юҳанно ибни Ҳайлон ба таҳсили мантиқ пардохт. Зоҳиран мадраки ин нисбат, сухани Ибни Халлакон аст; ӯст, ки чунин тасреҳе карда бидуни ин ки мадраке нишон диҳад. Вале аз гуфтаи Ибни Қифтӣ ва Ибни Абиусайбиъа маълум мешавад, ки Форобӣ муосири Абӯбашар буда ва шахсияте мофавқи ӯ дар замони худи ӯ доштааст. Ибни Қифтӣ мегӯяд:

وكان ابو نصر معاصرا لأبي بشر متى بن يونس الا انه كان دونه في السن وفوقه في العلم

Яъне Форобӣ бо Абӯбашар ҳамаср буд; аз ӯ ба сол поинтар ва ба илм болотар буд. Қариб ба ҳамин аст сухани Ибни Абиусайбиъа. Ба илова, бисёр баъид аст, ки Форобӣ пас аз дарки ҳавзаи Абӯбашари Матто ва истифода аз ӯ дар Бағдод, ба Ҳаррон назди Юҳанно ибни Ҳайлон барои таҳсили мантиқ биравад. Худи Форобӣ фақат аз Юҳанно ибни Ҳайлон ба унвони муаллим ёд кардааст. Ибни Қифтӣ муддаъист, ки Форобӣ дар Бағдод назди Юҳанно таҳсил кардааст.

Форобӣ дар соли 257 (шаш сол баъд аз таваллуди Розӣ ва як сол қабл аз даргузашти Кендӣ) мутаваллид шуд ва дар соли 339 даргузашт. 82 сол умр кард.

Форобӣ файласуфест машшоӣ ва дар айни ҳол холӣ аз машраби ишроқӣ нест, чунонки китоби “Фусусул-ҳикам”-и ӯ ҳикоят мекунад. Ӯ дар айни ҳол як нафар риёзидон ва мусиқидони дараҷаи аввал аст. Орои сиёсӣ ва назариёти хосс дар бораи мадинаи фозила дорад, ки маъруф аст. Форобӣ фалосифаи қабл аз худро таҳтушшуъо қарор дод. Толии тилви Арасту шумурда шуд ва “Муаллими сонӣ” лақаб ёфт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: